Соҳибҳунарӣ - ифтихору тавоноӣ
Ба таъкиду тасдиқи умум, муҳимтарин ҳадафи таълиму тарбия ба зиндагии мустақилона ва ба меҳнати муфиду босамар омода намудани насли наврас мебошад. Барои ин, муҳимтарин аз ҳама, дар ниҳоди хонандагон бояд нисбат ба касбу ҳунар меҳру муҳаббат парвариш намуд. Ҳунар кафолати зиндагии осоиштаю бофароғат ва таъмингари мавқеи фаъоли ҷамъиятии ҳар шахс мебошад.
Дар кишварамон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он эҳёи ҳунарҳои ниёгон ва тақвиятбахшӣ ба ҳунаромўзии наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Тарғибу тавзеҳи ҳунарҳо, ошноӣ бо онҳо танҳо марбут ба зинаҳои болоии таҳсилот нест, балки ба ин кор аз синфҳои ибтидоӣ шурўъ бояд кард. «Илм дар хурдӣ нақш бар санг»,мегўянд. Шавқу ҳаваси хурдтаракон низ дар ҷодаи ҳунаромўзӣ моҳияти зиёд дорад, зеро ба қавли маъруф, «аз шарора аланга сар мезанад». Агар дар умқи дили кўдакон нисбат ба касбеву ҳунаре оташаки муҳаббат пайдо шавад, аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда он боиси дилгармию пайвандии амиқаш ба касбу ҳунари мазкур гардад. Муҳимтарин омил дар самти бедор намудани шавқу рағбати кўдакон нисбат ба касбу ҳунарҳо маълумоти ҷолибу дилангезу муассир оид ба пешаҳои гуногун аст. Барои ин омўзгори синфҳои ибтидоӣ метавонад аз мавзўъҳои дарсҳои ҳамарўза, аз китобҳои рангаи махсус, аз нақлу ривояту шеъру чистонҳо, аз суратҳо, аз намоишу саҳначаҳо, аз воситаҳои техникӣ... васеъ ва пурсамар истифода намояд. Масалан, дар ситоишу ташвиқи касбу ҳунарҳо як силсила зарбулмасалу мақолҳои таъсирбахшу самимӣ гуфта шудаанд, ки дар маҷмўъ маводи хеле муфиду таъсиргузоранд барои омўзгор зимни таълиму тарбияи шогирдон. Чанде аз онҳоро мисол меоварем: «Ба як ҷавон чил ҳунар кам», «Шахси боҳунар хор намешавад», «Ҳунар дорӣ, хазинаи зар дорӣ», «Ҳунар-тоҷи сар», «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад арҷманд», «Сари баланди ҳар кас ҳунари ўст», «Касби ман-ифтихори ман».
Дар мадҳу санои ҳунарҳо шоирон низ абёти баланду дилрас ва ҳидоятгар иншо бинмудаанд, ки аз онҳо низ омўзгорон метавонанд бамавриду пурсамар истифода намоянд. Яке аз беҳтаринҳои ин абёт байти зер аст:
Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Дар афсона ва нақлу ривоятҳои мардумӣ низ соҳибони касбу ҳунарҳо ситоиш мешаванд. Онҳо ба ҳама кори нек қодиранд ва бо шарофату бо имдоди ҳунарашон аз банди бисёр мушкилиҳо, аз вартаҳои муҳлик мераҳанд. Нақлу тафсири ин гуна афсонаҳо аз ҷониби омўзгор барои хонандагони хурдсол, албатта, бетаъсир нахоҳад монд.
Бояд таъкид кард, ки зимни тарғибу тавзеҳи ҳунарҳову ситоиши ҳунармандон дар машғулиятҳои тарбиявӣ, омўзгор бояд танбалию беҳавсалагӣ, муфтхўрию коҳилӣ барин хислатҳои ношоистаро, ки ҳаргиз бо ҳунаромўзию ҳунармандӣ мутобиқат надоранд, танқиду маҳкум намояд ва батакрор гўшзад созад, ки шахси коҳилу танбал ҳаргиз ҳунарманди асил намешавад ва аз ин рў, бояд ҳамеша кўшову фаъол буд.
Умуман, тарғиби ҳунарҳо, тавсифи онҳо ва таъкиди моҳияти ҳунармандӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти омўзгорон, аз ҷумла, муаллимони синфҳои ибтидоӣ қарор дошта бошад. Хушбахтона, дар ин мавзўъ аз ҷониби олимони варзидаи соҳа ва омўзгорони эҷодкору соҳибтаҷриба китобу мақолаву рисолаҳои пурарзишу пурмуҳтаво навиштаву эҷод шудаанд, ки истифода аз онҳо фаъолияти омўзгоронро аз ин лиҳоз вусъат мебахшад.
Китоб дўсту ҳамдами инсон буда, шахсро ба дунёи рангини илму маърифат раҳнамун месозад. Омўзиши васеи китоби бадеӣ донишу ҷаҳонбинии шахсро тавсеа бахшида, ўро дар ҷомеа соҳибэҳтиром мегардонад. Аз тарафи дигар, ҷомеае, ки аҳли он соҳибмаърифатанд, ҳамеша инкишофу пешрафт мекунад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи омўзиши фарогири осори бадеӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид, ки ба рушди инкишофи ҷаҳонбии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Ин ҷо як нуктаро махсусан таъкид бояд кард, ки озмуни мазкур аз як тараф, ба рушди ҷаҳонбинии насли наврас ташаккул бахшад, аз ҷониби дигар, онҳоро забондон мегардонад. Имрўз бисёриҳо
қоидаҳои забонро медонанд, вале ҳангоми навишт ба ғалатҳои зиёд роҳ медиҳанд. Бинобар ин, дар муассисаҳои таълимӣ аз зинаҳои поёнӣ дар баробари омўзонидани қоидаҳои забон, хонандагонро бояд ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ҷалб намоем. Чунки хонанда ҳамон вақт беғалат менависад, ки захираи луғавияш ғанӣ бошад. Забон оинаи тамомнамои миллат буда, соҳибони ин забон бояд чунон сухан ронанд, ки мусоҳиби мо дар ҳар калимаву ибора ва ҷумла як ҷаҳон маънӣ ба худ гирад..
Хуб донистани забони модарӣ имкон фароҳам меорад, ки забонҳои хориҷиро низ дар сатҳи баланд азхуд намоем. Аз ин рў, ҳангоми омўзиши забони модарӣ ин нуктаро ба хонандагон бояд гўшзад намуд, то ба қадру манзалати забони хеш бирасем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намуданд: «Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Барои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон роҳҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан, самараноку муфид пешниҳод намудани порчаҳои назмиву насрӣ барои азёд намудан муҳассилин нақши бузург мебозад. Аз як тараф, бо ин роҳ хонандагонро сухандон мегардонад, аз ҷониби дигар, ҳангоми навишт ба иштибоҳ роҳ намедиҳанд.
Мо, омўзгорон, ҳангоми дарс метавонем барои сухандону суханвар гардидани хонандагон аз роҳу усулҳои гуногуни таълимӣ истифода намоем.
Яке аз муҳимтарин, паҳншудатарин, ҷолибтарин ва пурҳаводортарин фанҳо дар ҷомеаи мо, бешубҳа, география ба шумор меравад. Аҳамияти ин фан марҳила ба марҳила бештар мешавад ва сафи пажўҳишгаронаш низ меафзояд. Дар мактаби таҳсилоти умумӣ барои таълими география соатҳои зарурӣ ҷудо шудаанд ва аксари хонандагон ба омўзиши ин фан таваҷҷуҳи зиёд доранд. Омўзгорони географияро мебояд, ки таълими ин фанро ҳар чӣ бештар ҷолибу шавқовар ва ба тариқи мароқовар ба роҳ монанд. Барои ин воситаҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, зимни таълими мавзўи дарёҳо омўзгори огоҳманд дар баробари воситаҳои дигар аз адабиёти бадеӣ низ метавонад бамавриду пурсамар истифода бурда, дарсашро боз ҳам шавқовартару хотирмон созад.
Дар илми география дарё (наҳр, рўд) оби равонест, ки аз чандин чашмаю ҷўю сой маҷро мегирад ва ба самте ҷорӣ мешавад. Дарёҳо хурду бузург, дарозу кўтоҳ мешаванд. Дарёҳои кўҳӣ тезҷараён ва дарёҳои водиҳо нисбатан ороманд. Муҳимтарин манбаи обҳои ширин ва воситаи обёрӣ дарёҳо мебошанд. Дарёҳои калонтарини ҷаҳон Нил (Африқо), Миссисипи (Амрикои Шимолӣ), Амазонка (Амрикои Ҷанубӣ), Об, Амур (Россия)... эътироф гардидаанд, ки аз 6800 км то 4400 км дарозӣ доранд. Тоҷикистони мо манбаи обҳои ширин аст ва дарёҳои зиёд аз ҳудуди он ҷорӣ мешаванд, ки калонтаринашон инҳо мебошанд: Ому, Сир, Панҷ, Кофарниҳон, Зарафшон, Вахш, Ғунд, Варзоб... Ҳангоми таълими мавзўи дарёҳо аз ашъори шоирон метавон истифода кард, то дарси география бо фанни
адабиёт алоқаманд ва мавзўъ муассир гардад. Устодон М.Турсунзода, А.Лоҳутӣ, М.Миршакар, М.Шералӣ, Қ.Киром, Лоиқ, Гулназар, Ҳ.Ғоиб, К.Насрулло дар тавсифу ситоиши дарёҳо шеърҳои пурмазмуну хотирмон гуфтаанд. Шеърҳои «Рўди кўҳӣ» ва «Рўди ман»-и устод М.Турсунзода хеле машҳуранд.
Як силсила шеърҳои хуби шоирони тоҷик дар бораи дарёҳои алоҳидаи кишвар иншо шудаанд. Ин шеърҳо ба Вахшу Сиру Зарафшону Варзоб... мутааллиқанд ва баёнгари муҳаббат ба диёри маҳбуб мебошанд.
Таъкид менамоем, ки вобаста ба дигар мавзўъҳои дарси география низ аз ашъори шоирон метавон намунаҳои мувофиқ дарёфту истифода кард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё