Эҷодиёти халқ ва тарбияи насли наврас
Эҷодиёти халқ дорои беҳтарин намунаҳои адабиёти бачагона буда, ҳиссае аз онҳо дар маҷмўаҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик», «Латифаҳои тоҷикӣ», «Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ», «Намунаҳои фолклори диёри Рўдакӣ», «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» ва ҳоказо ворид гаштаанд ва дар инкишофу ғанӣ гардонидани адабиёти тоҷик саҳми арзанда доранд.
Эҷодиёти халқ (даҳонӣ ва шифоҳӣ) роҳнамои ҳаёти мардум буда, барои инкишофи завқи эстетикии хонандагон низ нақши муҳим мебозад. Муҳаббату шавқи онҳоро нисбат ба табиати зебо, наботот, ҳайвонот афзун намуда, захираи луғавии онҳоро бой мегардонанд. Донистани қонунҳои табиат дар кўдакон аз синни 1,5 солагӣ ибтидо мегирад ва барои инкишофи завқи баланди кўдак замина мегузорад.
Аз ин ҷост, ки чи дар муҳити оила, чи дар муҳити муассисаҳои таълимӣ мутолиаи асарҳои фолклорӣ ҳатмист. Дар китобҳои дарсӣ намунаҳои фолклор ба чашм мерасанд.
Дар адабиёти тоҷик намунаҳои аввалин асарҳои фолклорӣ барои бачагон ҳанўз аз солҳои бистуму сиюми асри гузашта ба воситаи китобҳои дарсӣ ба табъ расидааст. Асарҳои фолклории бачагона аз ҷиҳати шакл хеле гуногунанд, вале аз ҷиҳати мазмун бештар ба ҳаёти маишӣ ва расму ойинҳои халқ нигаронида шудаанд. Дар дарсҳои ҳаррўза омўзгор бояд аз фолклор истифода бурда, мазмуну мақсади гўяндаро ба шогирдон кушода диҳад. Аксарияти қаҳрамонони асарҳои фолклорӣ ҳайвонот ва парандагон мебошанд ва ҳамчунин, ба воситаи ин персонажҳо хулқи неку бади одамӣ инъикос ёфтааст. Масалан: рўбоҳ дар ҳамаи афсонаҳо фиребга-ру маккор, дурўя, хушомадгў, гург даранда, бераҳму ҷоҳилу нодон, харгўш тарсончаку буздил, сагсодиқ ва вафодор, шағол дузду тороҷгар, мўрча меҳнаткаш қурбоққа-танбалу холабеғам, акка-хабаркашу иғвогар, фароштурук-дўсти инсон тасвир шудааст. Ман дар таҷрибаи 39 солаи омўзгориам бештар аз фолклор истифода мебарам. Ҳамеша кўшиш мекунам, ки шогирдон ба маънои асар сарфаҳм раванд. Инак, чанд намуди истифодаи фолклор дар синфҳои ибтидоӣ. Ҳангоми хондани зарбулмасали «фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар»-ро гуфта аз кўдакон мазмуни онро мепурсам. Онҳо мувофиқи фаҳмиши худашон маънидод мекунанд. Ҷавоби шогирдонам ин буд: Касе аз фармони падару модар набарояд, ҳамеша ба хизматашон омода бошад, меҳнатдўст бошад, ў фарзанди нек аст. Фарзанде, ки дурўғгўӣ кунад, супоришҳои волидонро иҷро накунад, ў фарзанди бад аст. Ҳамин тариқ, хонандагон бо навбат зарбулмасалро мувофиқи қобилияташон маънидод намуданд. Мисоли дигар, истифодаи чистон низ мувофиқи мақсад аст, чунки барои ёфтани чистон кўдакон фикрронӣ намуда, мекўшанд, ки ҷавобашро ёбанд.
Омўзиши пайваста ва ҳамешагӣ аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти омўзгорон аст. Дар баробари такмили донишҳо оид ба фанҳои таълимӣ ҳар як омўзгорро мебояд, ки аз як силсила фанҳои муҳими соҳаи таълиму тарбия, чун педагогика, психология ва физиологияи огаҳии комил дошта бошад ва донишҳои худро оид ба ин фанҳо мунтазам вусъат бахшад. Зарурати донишҳои педагогӣ дар ҳар машғулияти омўзгор бо шогирдон амиқ эҳсос мешавад. Илми педагогика низ пайваста рушд меёбад, навгонию бозёфтҳои тоза вобаста ба ин фан марҳила ба марҳила ба миён меоянд. Замоне мафҳумҳои дарсҳои ҳамгиро, методи тафриқа, таълими салоҳиятнок ва амсоли инҳо дар илми педагогика маъмул набуданд, имрўз бошад, бидуни онҳо ин илмро тасаввур кардан имкон надорад. Ҳоло аз методу усулҳои мазкур омўзгорони фаъол бомуваффақият истифода мебаранд.
Дар педагогика мафҳуми навъи дарсҳо (типи дарсҳо, гурўҳи дарсҳо, хели дарсҳо...) маъмул ва серистифода аст. Фаъолияти омўзгор дар ҷодаи таълиму тарбия хеле фарогиру доманадор мебошад, вале асоситарин самти амали ў маҳз дарс эътироф шудааст. Аз ин рў, омўзгоронро мебояд, ки ҳар чӣ бештар ба дарсҳои худ эътибор диҳанд ва ба самаранокии дарсҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дарс машғулияти ҳамарўзаву бардавоми (аз 4 то 5-6 соат дар як рўз) омўзгору хонандагон аст ва агар он якрангу қолабию сатҳӣ сурат бигирад, барои шогирдон дилбазану камтаъсир ва камсамар мешавад. Аз ин рў, омўзгоронро мебояд, ки вобаста ба мазмуну муҳтавои мавзўъҳо дарсҳои худро рангину ҷолибу шавқовар баргузор намоянд ва диққати хонандагонро ҷалб созанд, онҳоро хастаю дилгир насозанд. Падагогҳои маъруф ва пажўҳишгарони комёби соҳа дарсҳоро ба риштаи таҳқиқ кашида, мундариҷаву сохтору тарзи гузариш ва махсусиятҳои дигарашонро ба инобат гирифта, навъҳои дарсро муқаррар кардаанд, ки маъмултаринашон инҳо мебошанд: дарси омехта, дарси шиносоӣ бо маводи нав, дарси мустаҳкамкунӣ, дарси ҷамъбастӣ, дарси мустаҳкамкунии мавзўъҳо ва тақвияти малакаю маҳорат, дарси санҷиши хонандагон.
Умуман, оид ба навъи дарсҳо олимони зиёде изҳори назар кардаанд, мухолифати ақидаҳо низ дар ин боб мавҷуд аст, вале он навъҳои дарс, ки дар боло номбар кардем, алоқаманд аст ба нуқтаи назари аксар муҳаққиқон.
Ҳоло ифодаи дарси ғайримуқаррарӣ низ маълум аст, аммо қисми зиёди педагогҳо таъкид намудаанду собит сохтаанд, ки ин гуна дарс, аслан, аз нигоҳи мазмуну муҳтаво аз навъҳои маъмулии дарсҳо тафовути чашмгире надорад. Ба ҳар ҳол, омўзиши ҳаматарафаи навъҳои дарс ва корбасти онҳо дар ҷараёни таълиму тарбия аз самтҳои имтиёзманди худомўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон маҳсуб меёбад.
Дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки гурўҳҳои тундгарои динӣ бо амалҳои даҳшатбори хеш ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷойи аввал қарор мегирад. Гурўҳҳои ифротгаро меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мекунанд. Имрўз,китехнологияҳои гуногуни иртиботӣ фароҳам омадааст, созмону ташкилотҳои террористӣ ба ин васила дар мафкураи ҷавонони ноогоҳ ғояҳои ғаразноки хешро таҳмил намуда, онҳоро барои иҷрои амалҳои даҳшатбор ва халалдор намудани амнияту субот ва оромии кишварҳои гуногуни дунё ташвиқ мекунанд.
Бинобар ин, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир бояд кард. Барои ин зарур аст, ки дарсҳои тарбиявиро самаранок истифода бурда, ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа тақвият бахшида шавад. Дар ин масъала наврасону ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳанд ва мо, омўзгорон, онҳоро дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва садоқат ба арзишҳои миллию умумиинсонӣ ба камол расонем.
Дар ҷумҳурӣ барои дар рўҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани наврасону ҷавонон қарору барномаҳо қабул гардидаву иқдомҳои шоиста ба анҷом ра-сонида мешаванд. Яке аз иқдомҳои наҷиб тақдими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» мебошад, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ тақсими он дар шаҳру навоҳии кишвар бомаром идома дорад.
Дарвоқеъ, омўзиши фарогири таърихи пурғоновати хеш хонан-дагону донишҷўёнро аввалан, дар рўҳияи ифтихори миллӣ тарбия менамояд, аз ҷониби дигар, қаҳрамониву ҷоннисории фарзандони фарзонаро муаррифӣ менамояд. Арзиши таърихии китоб баланд буда, дар заминаи асарҳои муътамади илмӣ таълиф гардидааст ва заҳмати чандинсолаи академик Бобоҷон Ғафуровро дар бар мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии кишвар баҳои баланд дода, ба донишандўзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, тарбияи маънавию варзишии онҳо аҳамияти ҳамешагӣ доранд. Ҳамзамон, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ онҳоро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин робита, ҳар чӣ бештар шудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кашфу ихтироот ва корҳои эҷодиву фарҳангии ҷавонон айни муддаост. Зеро мо ҳама умедворем, ки ояндаро ҷавонони донишманду баҳуш месозанд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ ишора карда буданд, ки аҳли кишвар дар муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон бештар фаъол бошанд. Ба ин мазмун, ҳар кас метавонад новобаста аз касбу кори хеш дар тарғиби дастовардҳои замони истиқлол ва талқини дурусти таъриху маданияти миллӣ саҳм бигирад.
Аз ҷумла, метавонем тавассути интернет, ки хазинаи бузурги маълумот ва воситаи беҳтарини муошират аст, ба ҷаҳониён гўшаҳои сайёҳии кишвар, манзараҳои дилрабо, олами ҳайвоноту наботот, қадамҷоҳои таърихӣ ва бузургони илму адабамонро муаррифӣ намоем. Аксбардор метавонад аксҳои беҳтарин гузорад, ҳунарманд дастранҷи меъмориву кандакории худ, аҳли санъат навору намунаҳои ҳунарии худ ва қаламкашон асарҳои гуногунжанри худро пешкаши мухлисони маҷозии худ намояд.
Намунаи он дар миқёси ЮНЕСКО муаррифӣ шудани аксҳои Тоҷикистон аз ҷониби суратгири ҷавони тоҷик Дидор Саъдуллоев аст. Аксҳои зебову бомазмуни ў тавонистанд тақвими «ЮНЕСКО2021»-ро зебу оро бахшанд. Ба ин монанд корҳои неки ҷавонони боғайрати мо идома доранд.
Мутаассифона, аксари ҷавонони мо аз интернет, ки уқёнуси беканореро монад, чанд қатрае бо худ мебаранду бас. Ҳоло имкониятҳои пурвусъат ва ҳайратовари ин системаи иттилоотиро хуб дарк накардаанд.
Бо шарофати амалӣ шудани Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бовар дорем, ки сабқатҳои илмӣ, озмунҳои илмиву интеллектуалӣ ва чорабиниҳои мухталиф бо иштироку иқдоми ҷавонон вусъати тоза мегирад. Дар давоми бистсола аз ҷавонони фаъолу донишманд ва чусту чолок намунаҳои беҳтарини корҳои эҷодиву илмӣ ва нишондодҳои баланди варзиширо интизор мешавем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё