«Илм ва ҳаёт»
Интиҳои солҳои 80-ум замони шӯравӣ бо эҳё гаштани худшиносии миллӣ дар кишвар ба табъ расидани маҷаллаи ягонаи илмӣ-оммавӣ амри воқеан зарурӣ ва шоистаи дастгирӣ буд. Олимону муҳақиқони тоҷик ба чунин як минбари боэътимоди илмии хусусияти оммавидошт бо забони тоҷикӣ ниёз доштанд.
Суҳбати мо дар ин мавзӯъ бо собиқ ходими маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” журналист, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Каримбой Комилов.
-Муаллими муҳтарам, аз таъсиси маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” 35 сол сипарӣ шуд. Шумо аз ҷумлаи аввалинҳо будед, ки аз рӯзҳои аввал барои заминагузорӣ, ташаккул ва ба роҳ мондани кори идораи маҷалла иштироки бевосита доштед. Ба фикрам барои чунин маҷалла муҳим аз ҳама аз оғоз ба таври лозимӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни идораи маҷалла ва олимону хонандагон буд. Мегуфтед, ки ин кор чӣ тавр амалӣ мешуд?
-Мақсад аз чопи маҷаллаи мазкур пешниҳоди минбар барои олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, ашхоси ҳавасманд, дар маҷмӯъ барои зиёиёну равшанфикрони тоҷик буд. Албатта, то андозае кори ташвиқу тарғиби илми тоҷик ва ҷаҳонро анҷом медод.
Гуфтан ҷоиз аст, ки қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, маҷаллаҳои илмӣ-оммавии худро доштанд, лекин Тоҷикистон надошт. Масалан, дар Тифлис “Мнатоби” (“Нур”), Алмаато “Билим жане енбек” (“Дониш ва меҳнат”) ва Тошкент “Фан ва турмуш” (“Илм ва ҳаёт”) чоп мешуд, ки байни олимони ин кишварҳо нуфуз доштанд ва ҳатто маҷаллаи Гурҷистон таърихи беш аз 100-солаи фаъолият дошт.
Аксари олимону муҳаққиқони варзидаи кишвар вақте ки аз нашри маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” воқиф шуданд, аз ҳамкории судманд изҳор доштанд. Академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммаҷон Шакурӣ, Акбар Турсон, Раҳим Масов, Рашид Раҳимов, профессорон Юсуф Исҳоқӣ, Абдумаҷид Пӯлодов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Баҳриддин Камолиддинов, Иброҳим Усмонов, Холназар Муҳаббатов, Абдуманнон Насриддинов ва даҳҳо дигар олимони барҷастаи тоҷик, мутахассисони соҳаҳои гуногун ба маҷалла ҳамкорӣ мекарданд. Ҳолатҳое ҷой дошт, ки баъзе олимони пуртаҷриба барои беҳтар намудани маводи саҳифаҳои маҷалла пешниҳодҳо доштанд, аз ҷумла, М. Расулӣ истилоҳу мафҳумҳои тоҷикии тиббӣ, М. Собиров тарғиби ҳаёти солим, роҳҳои иҷрои машқҳои йога. Дар ҳамкорӣ бо устодони Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи политехникӣ гӯшаи “Илм ва техника”, гиёҳшиносон гӯшаи “Табиат мекунад моро табобат” ва боз якчанд пешниҳодҳои ҷолиб барои ранга ва пурмазмуну хонданбоб шудани маҷалла мусоидат намуданд. Худи сармуҳаррир Мақсуд Ҳоҷиматов зери ин гӯша чун биолог маълумоти ҷолиби илмӣ бо расми рангаи рустании шифоҳӣ пешниҳод менамуданд. Донишманди маъруф Амон Нуров порчаҳо аз “Ғиёс-ул-луғот” омодаи чоп мекарданд.
Дар маҷалла маводи ҷолиб ва нодир зиёд чоп мешуд, ҳар бахши маҷалла ба гӯшаҳои махсуси қисмат шуда буд. Масалан, дар бахши осори бебаҳои ниёгон, маводи зиёд ба табъ мерасид. Дар ёдам ҳаст, “Ҷавдия”-и Буалӣ Сино, “Таҳсиб-ус-сибён”-и Устод Айнӣ, асари мансури “Арӯси Фарғона” ба тарзи силсила дар чандин шумораҳо рӯи чоп омада буд, ки аз ҷониби хонандагони сершумори маҷалла хуш қабул карда шуд. Порчаҳо аз мактубҳои муштариёну хонандагон ҳар шумора дар гӯшаи “Чакидаҳо аз нома” оварда мешуд.
-Давраи омоданамоии шумораҳои аввали маҷалла ба ҳукми таърих аст. Эҳтимол, хотираҳои ҷолиб аз он рӯзҳо зиёданд, хуб мешуд, аз онҳо ёдовар мешудед?
-Бале, ҳама ҳолатҳои марбут ба кори маҷалла таърих аст. Ёд дорам, нақшаи шумораи якум аввали моҳи ноябр чӣ тавр тарҳрезӣ шуда буд. Тибқи нақша корҳои омодасозӣ моҳҳои ноябр-декабр пешбинӣ шуда буд. Мақолаҳои олимони номии кишвар, аз соҳаҳои гуногун: тиб, иқтисод, илмҳои гуманитарӣ, дақиқ омодаи чоп мешуд. Мақолаҳои файласуфи маъруф Акбар Турсон, доктори илми тиб Абдумаҷид Пӯлодов, иқтисодчии шинохта Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба идора расида буд. Қисмати суханҳои табрикотӣ ба муносибати нашри маҷалла аз номи сиёсатмадорону олимони номӣ ва нашрияҳои шинохтаи кишвар низ саҳифабандӣ мешуд.
Пешниҳод намудем, ки агар маҷаллаи “Наука и жизнь” (нашрияи илмӣ-оммавии Иттиҳоди Шӯравӣ, ш. Маскав) низ табрик кунад, беҳтар мешуд. Роҳбарият иҷрои ин пешниҳодро ба зиммаи худи ман вогузошт. Азбаски ду-се маротиба ҳангоми донишҷӯӣ дар Маскав ба идораи маҷаллаи “Наука и жизнь” рафта будам, ба сармуҳаррираш занг задам. Ӯ пешниҳоди моро хуш қабул кард ва гуфт, ки ба шакли телеграмма табрикот мефиристем ва фиристод ҳам, ки он дар саҳифаи табрикотии маҷаллаи шумораи якуми “Илм ва ҳаёт” ҷой гирифт.
-Ва шумораи аввалин соли 1989 чоп шуд…
-Ҳамин тавр, лекин аслан шумора андаке пештар моҳи декабр тайёр ва омодаи чоп буд, лекин қарор дода шуд, ки акнун якбора аз соли нав ба табъ расад. Ин ҷост, ки шумораи якуми маҷалла моҳи январи соли 1989 бо андозаи А4 дар ҳаҷми 64 саҳифа ба миқдори 6 000 нусха ранга чоп шуд.
Мавриди зикр аст, ки аллакай, соли баъдӣ шумораи обуначиён ба 30 691 ва 1991 ба 48 007 нафар расид, ки нисбат ба соли аввала беш аз 42 ҳазор хонанда зиёд шуд.
Ба гуфти профессор Иброҳим Усмонов он солҳо “маҷалла аз обрумандтарин ва серхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон буд. Вай ба ханандагон босавод ва зиёӣ такя мекард.”
-Ҳанӯз давраи шӯравӣ буд ва маҷалла Қуръони Каримро бо тарҷумаи тоҷикии он рӯи чоп овард. Ба фикрам ин аввалин чопи оммавии Китоби Муқаддас дар кишвар буд. Замони шӯравӣ, идеологияи коммунистӣ ҳанӯз барҷо буд, чӣ тавр шуд, ки чопи Қуръонро иҷозат доданд?
-Воқеан, маҷалла дар кишвар аввалин шуда, Қуръони Маҷидро ба таври оммавӣ дар матбуоти даврӣ рӯи чоп овард, ки ин ҳолат низ таърихчаи худро дорад.
Дар маҷлиси назди сармуҳаррир масъалаи пешниҳоди мавзӯъҳои ҷолиб пеш омад. Аз ҳар корманд сармуҳаррир пешниҳоди алоҳида талаб менамуд. Пешниҳод шуд, ки Қуръонро чоп кунем. Баъзе ҳамкорон шубҳа карданд, гуфтанд, ки Кумитаи Марказии ҳизби коммунист иҷозат намедиҳад. Барои тақвияти пешниҳод арз кардам, ки маҷаллаи “Наука и жизнь” Қуръонро бо тарҷумаи русӣ чоп кардааст.
Азбаски рухсатии меҳнатиро дар Маскав гузаронида будам, аз идораи маҷаллаи “Наука и жизнь” дидан кардам. Ҳамкорони рус чанд шумораи маҷалларо доданд ва хонда бинам, Қуръонро чоп кардаанд. Он вақт фикре пайдо шуд, ки чаро мо чоп накунем. Дар маҷлис он шумораҳои маҷалларо ба ҳамкорон нишон додам.
Сармуҳаррир Мақсуд Ҳоҷиматов розӣ шуданд. Маслиҳат шуд, ки барои ин кор бо олимони Академияи илмҳо машварат кунем. Арабшинос Абдуллоев чопи тарҷумаи тоҷикии Қуръони Маҷидро, ки аз ҷониби Муҳаммад Афғонӣ сурат гирифтааст, мувофиқ донист ва розӣ шуд, ки матни маводро омода ва мусаҳҳеҳии чопи онро ба ӯҳда гирад.
Чопи Қуръони Маҷид бо тарҷумаи тоҷикиаш ҳангомаро мемонд. Хонандагони зиёд на танҳо аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, балки тоҷикони кишварҳои ҳамсоя: Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон сафи хонандагонро зиёд намуданд. Масалан, аз деҳаи Нури Атои ноҳияи Китоби Ӯзбекистон обуначӣ доштем, лекин якбора сафи онҳо ба 200 нафар расид. Аз як деҳа 200 нафар! Обуначиён аз Самарқанд, Бухоро, водии Фарғона, вилоятҳои Қашқадарё, Сурхандарёи Ӯзбекистон, вилояти Шимкенти Қазоқистон, тоҷикони деҳоти Андарақ, Учқурғон, Лолаки вилояти Боткенти Қирғизистон ба идоари маҷалла мактуб менавиштанд.
-Аз чопи Қуръони Маҷид ёдрас шудед. Воқеан, дар давраи шӯравӣ ба табъ расонидани китоби муқаддаси мусулмонон ғайриимкон буд. Чӣ тавр шуд, ки ба чопи оммавии Қуръони Шариф тавассути маҷалла иҷозат доданд?
-Бале, идеалогияи шӯравӣ ба ин кор мусоидат намекард. Аз кори чопи Қуръони Шариф ду ҳолате дар ёдам мондааст. Баъд аз чопи аввалин пораи Китоби Муқаддас, дар маҷлиси редаксия шумораи навбатӣ муҳокима шуд. Сармуҳаррир Мақсуд Ҳоҷиматов хабар доданд, ки ӯро ба Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҳукумати давр) даъват кардаанд. Мо фаҳмидем, ки барои чопи Қуръони Маҷид. Тавре дар боло қайд кардам, аз Маскав чанд шумораи “Наука ва жизнь” оварда будам, ки дар онҳо нусхаҳо аз Қуръон чоп шуда буд. Сармуҳаррир онҳоро гирифта ба Кумитаи марказӣ рафтанд. Баъдан аз нақли М. Ҳоҷиматов маълум шуд, ки котиби идеологии Кумитаи марказӣ, ки он вақт ин вазифаро як нависандаи машҳури тоҷик иҷро мекард, пурсидааст, ки бо иҷозати кӣ Қуръонро чоп кардед.
Сармуҳаррир шумораҳои “Наука и жизнь”-ро нишон дода гуфтаанд, ки бубинед Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷозат додааст. Котиби идеологӣ хомӯш маҷаллаҳоро варақгардон карда, баъдан ба сармуҳаррир қаноатмандона нигоҳ карда, оромона “майлаш, равед” гуфтааст.
Боз як ҳолат, як нафар собиқ низомӣ, поковники мустаъфии қирғиз аз шаҳри Бишкек (ному насабаш дар ёдам нест) ба идораи маҷалла мактуб фиристода, хоҳиш кардааст, ки ҳамаи шумораҳои дар он Қуръони Маҷид чопшударо ба ӯ фиристем. Ӯ забони форсиро медонистааст. Бо супориши сармуҳаррир хоҳиши полковники қирғизро иҷро кардем. Пас аз чанд вақт ба подоши хизмати мо ӯ мактуби миннатдорӣ ва тавассути почта кӯлоҳ, ҷомаи қирғизӣ фиристодааст.
-Шахсан, худи Шумо чӣ тавр шуд, ки мутахассиси ҳанӯз ҷавон, тавре ки мегӯянд “пас аз курсии донишҷӯӣ” рост ба маҷаллаи ҷиддӣ илмӣ-оммавӣ омадед?
Ҳамзамон, хоҳиш мекунам аз аввалини ходимони маҷалла ёдовар мешудед?
-Бале, вақте ки ба маҷалла омадам ҳанӯз як рӯз ҳам дар рӯзномаҳо кор накарда будам, таҷриба набуд. Ба маҷалла ба кор омаданам таърихча дорад.
Оғози соли 1988 пас аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов (ДДМ) ба пойтахти азиз – шаҳри Душанбе омадам. Азбаски дар даст роҳхат ба аспиратураи Донишгоҳи Маскав доштам, ба шуъбаи марбутаи Совети Вазирони ҷумҳур (таъминот ба ҷойи кори хатмакардагони донишгоҳҳои марказ – Маскав салоҳияти онҳо буд) муроҷиат намудам. Масъули шуъба Усмонов (мутаассифона номаш дар ёдам нест) барои гирифтани ризоият ба аспирандура ба назди мудири шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) профессор Асрорӣ В. фиристоданд, лекин бо баъзе сабабҳои ба ман номаълум, ризоият гирифта нашуд. Ранҷурии маро дида, Усмонов гуфт, ки соли оянда худи мо ҳатман ба аспирантура мефиристем. Таклиф кард, ки алҳол, агар хоҳиш дошта бошед, Шуморо барои кор ба як маҷаллаи нав вобаста менамоем. Азбаски сахт хоҳиши дар аспирантураи ДДМ таҳсил кардан доштам, аввал розӣ нашудам. Баъдан Усмонов фаҳмонданд, ки маҷалла илмӣ-оммавӣ аст ва дар он таҷрибаи чӣ тавр бурдани корҳои таҳқиқотиро меомӯзед. Розӣ шудам ва маро бо роҳхат ба назди сарвари ҷамъияти “Дониш”-и ҷумҳурӣ Суфиев фиристоданд, ки ҷамъият муассиси маҷаллаи нав “Илм ва ҳаёт” буд. Суфиев ба як масъул супориш дод, ки кабинетро ба ман нишон диҳад. Дар кабинет чор мизи корӣ буд ва касе наменамуд. Аз масъул пурсидам, ҷавоб дод, ки ҳоло Шумо аввалин коргар. Тахминан як моҳ танҳо будам ва баъдан кормандон таъин шуданд, сармуҳаррир, инсони бамаърифат Мақсуд Ҳоҷиматов (равонаш шод), муовин, нависандаи номвар Бароталӣ Абдураҳмонов, котиби масъул, рӯзноманигори пуртаҷриба Абдураҳим Холов, кормандони ҳайати эҷодӣ, журналисти собиқадор Турдиалӣ Бойбобоев ва мо ду журналисти ҷавон–Валӣ Сайёрабеков хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) ва камина. Рассоми ҷавон Замира ва мусаҳҳеҳ апаи Ҷамила буданд. Ҳамин тавр 8 нафар корманд будем.
Дар фарҷом мехостам ба ҳайати имрӯзаи маҷалла изҳори миннатдорӣ намоям, ки бо вуҷуди мушкилиҳо, бавижа молиявӣ чопи нашрияро идома медиҳед. Албатта, идора коргоҳи шумо ва чопи маҷалларо вазифаи худ медонед, лекин муҳим аст, ки чунин як нашрияи миллии таърихиро ҳифз менамоед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё