Зеҳн

ТО ГӮШИ ФАЛАК РАСИД ОВОЗИ “ФАЛАК”

КИ
Китобдор9 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Фалак яке аз жанрҳои суннатии мусиқии шифоҳии миллии мардуми мо мебошад, ки аз дилу ҷон бархоста, ба руҳу равон таъсири хосе мерасонад. Аз ин ҷост, ки бештар аз касбият, мардумӣ будани он маъмултар аст ва маҳбубияти хосаш ҳам дар ҳамин аст, ки моли мардумист, ҳамнаво, ҳамсадо, ҳамроз, ҳамдам ва ҳамболи мардум аст. Ин аст, ки онро гиромӣ доштаанд ва тавассути ҳунармандони мардумӣ ба идомаи мунтазами он мусоидат шудааст.

Бастакори маъруф Фаттоҳ Одина китобе дорад бо унвони зебои «Гулчине аз гулзори Фалак», ки дар он ба моҳияти ин санъати маҳбуби мардумӣ бештар ошно мешавем:

«Фалак яке аз жанрҳои машҳури овозхониву созу навоии қадимаи мардуми тоҷик буда, роҳи пайдоишу инкишоф ва тағйиру такомули тўлониро тай намудааст. Таърихи бою рангин ва тўлонии Фалак моҳияти иҷтимоиву фарҳангии онро амиқтар намудааст. Барои он ки «Фалак», ба хусус «Фалаки роғӣ», бо нолишҳову гардишҳои ҷонсўзи худ ба рагу пайванду мағзу устухон ва дилу ҷони инсон нохуну панҷа мезанад ва таъсири сахти гуворо мерасонад ва маҳз бо ҳамин падидаи ниҳоят фавқулоддааш аз дигар намудҳои суруду оҳангҳои мардумӣ фарқ мекунад.

Фалакхониву фалакнавозӣ асосан дар байни мардуми қисмати шарқу ҷануби Тоҷикистон – Дарвозу Рашту Хатлону Бадахшон ва дар қисме аз сарзамини Чину Афғонистон арзи вуҷуд карда ва маълуму машҳур аст… Фалакхониро бо номи ҳофизони маъруфу машҳур шинохтану донистан дар байни халқ хеле маъмул аст”.

Оре, Фалак пеш аз ҳама, эҳсосот аст, эҳсосоти инсонӣ, ки бояд ҳатман ифода ёбад. Баъзан сухан дар танҳоӣ онро ифода карда наметавонад. Бузургии Фалак ҳамин аст, ки чунин эҳсосотро ифода намуда, ҳолати руҳию равонӣ ва ботинии инсонро хеле хуб мегардонад.

Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар чӣ зебо мефармояд:

То гӯши фалак расид овози ФАЛАК,

Анҷом дигар маҷӯ зи оғози ФАЛАК.

Афзуд шукуҳи Тоҷикистон аз ин,

Бо чарх ҳамоҳанг бишуд сози ФАЛАК.

Бо ҷаҳду талоши ПЕШВОИ МИЛЛАТ,

Сад уқда кушода гашт аз рози ФАЛАК.

Сарҷамъ шавад дар бари рӯ зулфи пареш

Аз савту суруди дилкаши нози ФАЛАК.

Оҳанги мухотаб аст дар ҷодаи ишқ,

Мову дилу дидаем ҳамрози ФАЛАК.

Дар олами меҳру алами раҳпоӣ,

Дунёи дигар расад зи эъҷози ФАЛАК.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба