Зеҳн

ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

ВА
Валиев Султон9 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Корномаи академик Бобоҷон Ғафуров намунаи волои миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва фарзанди фарзонаи халқи хеш будан аст. Ба бахти миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров шахсияту ҳайсияти худро ба таври бояд нишон дода тавонистанд ва ҳамин буд, ки ба мақоми олии роҳбарии кишвари худ расиданд. Маҳз ҳамин мақом ба даъвои бузурги (ба маънои мусбаташ) устод Ғафуров муосидат кард. Дақиқ аст, ки агар мақоми расмии Ғафуров намебуд, ҳеҷ гоҳ асаре бо чунин бузургию шаҳомат ва вусъати беназир амсоли “Тоҷикон” ба миён намеомад, дар ҳоли омода гардидан ҳам, чоп намешуд.

Ривоят мешавад, ки вақте асари бебаҳои “Тоҷикон” ба табъ расид, дар ҳавзаи илмии Шӯравии собиқ ва махсусан, минтақа ҳангома бархост. Он академикҳои кишварҳои минтақа, ки тамғаи миллатчигиро ба Ғафуров часпонидан мехостанд, ҷавоби муносибе гирифта, хомӯш монданд. Аллома Ғафурови дурандеш пешакӣ чунин ҷавоби пухтаро барои масъулони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омода карда буд, то ба ҳасудон пешниҳод гардад… Чунин ҳам шуд, даъвогарони ҳасуд ноком гардиданд ва то замоне Ғафуров дар ҳаёт буд ва ҳатто пас аз пошхӯрии Шӯравӣ низ чанде хомӯш монданд.

Ҷашни 100-солагии аллома Ғафуров, ки бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили конференсияи бошукуҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, нишони қадршиносии заҳматҳои ин сипаҳсолори илми таърих ва шарқшиносии на танҳо ҳудуди Шӯравии собиқ, балки ҷаҳон буд.

Шоистаи таъкид аст, ки заҳматҳои ин абармарди илму сиёсат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин шинохтро дарёфтааст: “Бобоҷон Ғафуров дар давраи пур аз тазод ва муборизаҳои шадиди сиёсиву илмӣ, яъне дар солҳои мураккабу тақдирсози 30-юми асри гузашта, ки ҳазорон зиёиёну равшанфикрон таъқибу бадарға гардида, ҳазорҳо нафари дигар тарки Ватан карда буданд, бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлӯи устод Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо кардааст. Ӯ дар мақоми роҳбари Тоҷикистон на танҳо барои рушду ободии ҳамаҷонибаи он ҳадафмандона кӯшишу талош намудааст, балки «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва шоҳасари таърихии «Тоҷикон»-ро таълиф намуда, бо ҳамин иқдоми худ мактаби илмӣ ва суннати таърихнигории муосири тоҷикро бунёд гузоштааст. Академик Ғафуров бо овардани садҳо далелу бурҳони қотеъ ва дар асоси ҳазорҳо сарчашмаву манбаъҳои асил собит намуд, ки миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ба таҳрифи огоҳонаи таърих ё ба ибораи дигар, таърихсозӣ ва бузургтарошӣ умуман ниёз надорад. Зеро ин миллат соҳиби таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адабиёти пурғановат мебошад, ки ҳатто бо шинохту ошноии мухтасар нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ эҳсос кардан мумкин аст”. Ҳамзамон, ба ин муносибат бо пешниҳод ва назорати бевоситаи Пешвои миллат бо забони англисӣ ва сифати олӣ нашр гардидани “Тоҷикон” зарбаи сахте ба бадхоҳону ҳасудони миллати тоҷик буд.

Имрӯз мо бояд бо тамоми вуҷуд қимати ниҳоят бузурги “Тоҷикон”-и беназир ва шахсияти нотакрори аллома Бобоҷон Ғафуровро дарк намоем ва дар партави сиёсати ҷавонмардонаю қадршиносонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузориҳоро ба амали ҳамарӯзаи хеш табдил диҳем. Аз ҳар яки мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол масъулияти бузург – ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азизу ягонагии мардуми он ва вориси арзандаи чунин абармардон будан тақозо мешавад.

Хушдил РАҲИМҶОН

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба