НБО «РОҒУН» – ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи стратегии халқу давлати Тоҷикистон эълон гардида, бо татбиқи пайгиронаи ин ҳадафи олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт. Бо талошҳои хастанопазири роҳбарияти давлат ва миллати тоҷик ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун-иншооти тақдирсози аср ба кор дароварда шуд, ки самараи арзишманди истиқлолияти давлатӣ ва қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳадафи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин неругоҳ аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО –и «Роғун», ба истифода додани ду агрегати ин иншооти бузурги аср, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, зеристгоҳҳои барқии 500- киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500- киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220- киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA – 1000 аз комёбиҳои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Татбиқи босамари лоиҳаҳои бахши энергетикӣ агарчи аз як ҷониб ба рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои устувор гузошта бошад, аз сӯи дигар дар эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидати фаъол намудааст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».
Албатта, бунёду навсозии ин иншооти аср дар тавлиди корхонаҳои саноатии миёнаву бузург манфиати зиёдеро ба миён оварда бошад ҳам, вале иҷрои ин тарҳи миллӣ обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқи аз лиҳози энергияи сабз дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле устувору қавӣ гардонид.
Мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Иқтидори умумии гидроэнергетикии мамлакати мо ба 527 миллиард киловатт-соат дар як сол баробар аст. Аз ин рӯ НБО-и “Роғун” дар истифодаи зарфияти обҳои дохилии Точикистон нақши ҳалкунанда мебозад. Барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, ки НБО-и “Роғун” пурра ба фаъолият дарояд ва ба ин васила моро на танҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ наздиктар намояд, балки барои рушди истеҳсолоти миллӣ шароит фароҳам оварад ва инчунин давлати моро ба бузургтарин содироткунандаи неруи барқ ба мамлакатҳои Авруосиё табдил намояд. Тибқи ин стратегия Тоҷикистон тавассути ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ ба афзоиши ҳамгироии системаҳои энергетикӣ бо давлатҳои ҳамсоя дар асоси муносибатҳои бозорӣ мусоидат менамояд.
Воқеан ҳам НБО-и “Роғун” ифтихори ҳар сокини сарбаланду ватандӯсти диёр буда, бо итминону сафарозӣ метавон афзуд, ки бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои содиқонаи мардуми тоҷик ин сохтмони аср марҳила ба марҳила ба итмом расида, ин Кохи бузурги нурафзо Тоҷикистонро дар ояндаи наздик, ҳамчун кишвари неруманду тавоно муаррифӣ хоҳад намуд.
КАРИМЗОДА А.И., МИРЗОЕВ Н.М.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё