АХТАРИ ТОБНОКИ ИЛМИ ТОҶИК
Дар ҳар давру замон олимону донишмандон номбардори миллат буда, дар рушду пешрафти илм ва ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Кор ва пайкори онҳо сазовори ситоиш ва арҷгузорист. Миллат бо онҳо камол меёбад ва онҳо ифтихори миллатанд. Академик Мухторов Аҳрор Мухторович аз зумраи чунин фарзонафарзандони миллат мебошанд. Устод Мухторов донишманди мумтозе буданд, ки дар қаламрави илми кишвар ва берун аз он маъруф ва нақши боризу барҷаста доранд. Академик Мухторов доктори илмҳои таърих, олими забардаст, катибашиноси маъруф, муҳаққиқи камназир, устоди мумтоз, инсони нексиришту фозил буданд.
Академик Мухторов А. М. тамоми умри бобаракати худро дар роҳи илм сарф намуда, аз худ мероси ғании илмӣ боқӣ гузоштанд. Устод дар илми таърихнигории садаи бисти тоҷик кашфиётҳои бузурге анҷом доданд, ки ба илми тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Тадқиқотҳои академик Мухторов А.М. инқилобе буд дар илми таърихнигории тоҷик. Устод Мухторов А.М. бунёдгузори самти нав — самти катибашиносӣ дар илми тоҷик мебошанд. Бо заҳматҳои сангин академик Мухторов А.М. садҳо сарчашмаҳои нодир, дастхатҳо, ёдгориҳои хаттӣ, адабӣ ва таърихӣ, сангнавиштаҳоро кашф ва умри ҷовидона бахшиданд. Воқеан устод ба катибаҳо ва сангпораҳо, ба истилоҳе “забони гӯё” доданд. Уфуқҳои пажуҳишҳои устод хеле фарох ва доманадор, услуби тадқиқоташон бунёдӣ ва камназир аст.
Меҳри донишандўзӣ дар қалби устод ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳашон дар шаҳри бостонии Истаравшан маъво гирифта буд. Асрори таърихи куҳандиёр, муҳити илмию фарҳангии шаҳри бостонии Истаравшан чандин насли ин алмоспораи ватани азизро ба омӯзиши илму ҳунар, адабу фарҳанг, ташвиқ ва ҳидоят мекард. Ин диёр аз даврони куҳан бо ҳунари косибӣ, наққошӣ, зарбофӣ, бо ҳунармандони чирадаст, бо адибону шоирон дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр маълуму машҳур буд. Дар оғӯши меҳрпарвари ин пораи ватани азизамон адибони маъруф Дилшоди Барно, Абӯбакри Шиблӣ, Ҳасанхоҷаи Оҷиз, Муҳаммади Истаравшанӣ, Саидалӣ Маъмур, олимони шинохта, академикҳо Раҷаб Амонов, Ҳабибулло Саидмуродов, Ӯлмас Мирсаидов, Пӯлод Бобоҷонов, Далер Почоҷонов, Маҳкам Маҳмудов ва дигарон ба камол расиданд. Ин шахсиятҳо номбардор ва ифтихори миллатанд.
Баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсил ў ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) дохил гардид. Аммо таҳсил дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба ӯ муяссар нагардид, зеро Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт ва ӯ дар қатори даҳҳо ҳазор ҷавонони ватанпараст ба ҳимояи ватан сафарбар гардид. Дар солҳои ҶБВ дар набардҳои шадид дар Полша, Чехия, Германия иштирок ва корнамоӣ нишон дода, бо ордени “Ҷанги ватанӣ” дараҷаи 2, медалҳои “Барои шуҷоат”, “Барои ғалаба бар Германия” “Барои озодии Прага” мукофотонида шуданд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ва бозгашт ба ватан таҳсилро дар Донишкадаи омӯзгорӣ идома дода, соли 1951 онро бомуввафақият хатм намуданд. Соли 1951 то 1954 дар аспирантура ва кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи омузгорӣ таҳсил ва фаъолият намуданд.
Соли 1954 фаъолияти меҳнатиро дар шуъбаи таърихи асрҳои миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда, дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ, мудири шуъбаи таърихи асрҳои миёна, директори Институт, фаъолияти бо самар намудаанд. Истеъдоду қобилияти зеҳнӣ ва дилбастагии устод А.М. Мухторовро ба илм ба назар гирифта, олими намоён, директори Институт академик Семёнов А.А. ӯро ба ҷодаи илм ҳидоят намуда, ба сифати мавзӯи илмӣ “Очеркҳои таърихи Ӯротеппа дар нимаи дуюми қарни XIX”-ро тавсия намуд. Рисолаи илмиро дар ин мавзӯъ соли 1956 бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илми таърих гардиданд. Вижагиҳои тадқиқоти устод дар он буд, ки аввалан он мавзуъ то ба ҳол омӯхтанашуда, сониян, бештар тадқиқот ва баррасиҳои устод бар асоси мадорик ва санадҳои бойгонӣ, дастхатҳо ва сарчашмаҳои нодир сурат мегирифт. Дар заминаи сарчашмаҳо ва дастхатҳои нодир устод Мухторов А. таърихи мукамали Истаравшани бостониро таълиф намуданд, ки дар шакли китобҳои “Таърихи Ӯротеппа аз охири асри XV то ибтидои астри XX”( М., 1998 ), “Маводҳо оид ба таърихи Ӯротеппа, маҷмуаи санадҳои асрҳои (XVII-XIX)” М., 1963, “Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо, асрҳои IX-X”, Душанбе 2002, “Ҳокимони Ӯротеппа”, Душанбе, 2006, “Гузарҳои Ӯротеппа”, Душанбе 2006 ва ғайра ба нашр расиданд. Дар ин асарҳо устод Мухторов А. таърихи ин шаҳри бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ашъор ва шарҳи ҳоли адибон, ҳофизон, мутрибон, хаттотон, ҳокимон ва шарҳи гузарҳои Истаравшанро ба қалам доданд. Дар асоси сарчашмаҳо устод муайян намуданд, ки дар нимаи дуюми асри ХVIII дар Осиёи Миёна ғайр аз хонигариҳои Хива, Қуқанд ва Бухоро, Ӯротеппа ҳам чун воҳиди маъмурӣ арзи ҳастӣ менамуд.
Бо ҳамин услуб устод Мухторов А.М. алмоспораҳои дигари ватан — Ҳисори шодмон, Суғду Зарафшон, Хатлону Балҷувон, ҳамчунин Бухорою Балхро бар мабнои катибаҳо ва дастхатҳои таърихӣ ба қалам доданд. Нахуст дар илми таърихнигории тоҷик катибашиносиро соҳаи афзалиятноки нигориш ва тадқиқи асрори гузашта муқаррар намуданд. Дастнавиштаҳои шоираҳо Дилшоди Барно, Анбаротун, катибаҳои Заҳируддин Муҳаммад Бобур ва ғайраро дар кӯҳистони болооби Зарафшон дарёфт намуда, навиштаҷоти онҳоро шарҳу тафсир дода, ба алоқамандони осори ниёгон ва хонандагон пешниҳод намуданд. Катибаҳои ёфтшуда ба қалами асосгузори империяи Темуриёни ҳинд Заҳируддин Муҳаммад Бобур таалуқ дошт ки арзиши таърихии он бебаҳо буд. Аз ин бозёфти таърихи воситаҳои ахбори оммаи 35 кишвари дунё маълумотҳо нашр намуданд.
Саҳми академик Мухторов А.М. дар таҳия ва нашри сарчашмаҳои таърихӣ – “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ,” Ҳудуд ал – олам”, “Мунтахаб-ат-таборих”-и Муҳаммад Ҳакимхон, “Зафарномаи Хусравӣ”, “Таърихи Муҳоҷирон”-и шоира Дилшод хеле калон аст. Бо заҳматҳои пайгиронаи устод А.М.Мухторов зиндагиномаи шоира Дилшоди Барно, шогирди ӯ Анбаротун, Муҳаммад Ҳакимхон, Саид Ҳасанхоҷа Оҷиз ва дигарон бозтоб шуданд. Аз рӯи тадқиқотҳои устод маълумотҳои нодир оид ба лаҳзаҳои зиндагии шоирон Абдураҳмони Ҷомӣ, Нақибхон Туғрал, Мавлоно Аҳмади Хучандӣ, Мирзо Сиддиқи Фано равшан гардиданд.
Устод борҳо ба Афғонистон ва Ҳиндустон сафарҳои илмӣ анҷом дода, дурдонаҳои маданияти тоҷикро дар ганҷинаҳои ин кишварҳо ҷамъоварӣ намуданд.
Соли 1972 устод бо мақсади омўзиши ганҷинаҳои хаттӣ ба Афғонистон сафар намуда, аз осорхонаҳои шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Балх, Ғазна, Қандаҳор дидан намуданд. Натиҷаҳои сафари илмии худро ба ин ҳамсоякишвар дар шакли китобе бо номи “Аз пайи таърихи куҳан” ба чоп расониданд, ки дар он маълумотҳои нодир оид ба осори безаволи Ҳофизи Шерозӣ, минётурҳои Беҳзод, дастхатҳои Таърихномаи Ҳирот, “Рисола дар бораи мазорати Балх” ва ғайра аз осорхонаҳо дастрас ва ба хонандагон муаррифӣ карда шуданд.
Асарҳои устод Мухторов “Позднесредневековый Балх” (Душанбе, 1980), “Балх дар марҳилаҳои охири қуруни вусто” (Кобул, 1985) дар заминаҳои санадҳои нодири таърихӣ эҷод гардида, саҳифаҳои норавшани таърихи асримиёнагии Балхи бостонро бозтоб намуд.
Соли 1985 академик А.Мухторов бори дуюм бо даъвати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Афғонистон ба Кобул сафар карда, таърихи бисёрҷилдаи Афғонистонро таҳия намуданд.
Соли 1982 устод ба Ҳиндустон сафари илмӣ анҷом доданд. “Мақсади сафар омўхтани сарчашмахои таърихию адабӣ роҷеъ ба таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик дар ганҷинахои қаламрави ин мамлакат буд”, — менависанд академик Мухторов АМ.
Ҳангоми сафар ба устод муяссар гардид, ки дар китобхона ва осорхонаҳои ин кишвар бо осори хаттии устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Асадулло Ғолиб ва дигарон шинос шуда, феҳристи онҳоро таҳия намоянд. Аз маълумотҳои устод бармеояд, ки дар осорхонаи вилояти Ҳайдаробод 8915 адад китобҳои қаламӣ ба забони форсӣ ва 6337 адад ба забони арабӣ маҳфуз аст. Пажўҳишҳои илмии худро дар шакли китобе бо номи “ Дурдонаҳои маданияти тоҷик дар Ҳиндустон” (соли 1984) таълиф ва ба чоп расониданд.
Ҷустуҷӯҳои худро дар бобати кашфу тафсири катибаҳо ҷамъбаст ва дар шакли рисолаи илмӣ соли 1972 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар шаҳри Москва бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои таърих гардиданд.
Соли 1978 узви вобаста ва соли 1991 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Соли 1987 академик Мухторов ба унвони фахрии Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф ва соли 1999 сазовори ордени “Шараф” гардиданд.
Ситоиш ва арҷгузории шахсиятҳои бузург, адибону олимон ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ибодулло Нарзиқулов, А. Семёнов ва дигарон дар осори устод мавқеи намоёнро ишғол менамоянд. Махсусан устод Мухторов ба аллома Бобоҷон Ғафуров эҳтироми зиёд мегузоштанд. Робита миёни онҳо хеле дӯстона буд. Академик Бобоҷон Ғафуров низ ба Мухторов меҳру эҳтироми хоса доштанд, аз рӯи ҳамин меҳру садоқат академик Б. Ғафуров таҳрири шоҳасари худ “Тоҷикон”-ро ба устод Мухторов супорида буданд ва устод бо як маҳорати баланд ин шоҳасарро ба забони тоҷикӣ таҳрир ва ба чоп омода намуданд.
Соли 1983 академик Мухторов А.М. дар ситоиши аллома Б. Ғафуров асареро бо номи “Академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳаммуаллифии Ш. Шарифов таълиф ва нашр намуданд, ки дар он саҳми бузурги академик Б. Ғафуров дар инкишофи илму маорифи Тоҷикистон возеҳ баён гардидаааст. Устод Мухторов дар таълифи китобҳои дарсӣ аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” барои макотиби миёна ва олӣ саҳмгузоранд. Академик Мухторов дар ҳаммуаллифӣ бо Б.А.Литвинский, А. Казачковский, Ю. Обидов соли 1959 китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик”-ро барои синфҳои 9 — 11 ва соли 1963 барои синфҳои 7 — 8 таҳия ва мурратаб намуданд. Бо ташаббуси устод соли 1987 “Хрестоматияи таърихи халқи тоҷик” нашр гардид. Академик Мухторов А. бо ҳаммуаллифии А. Ёғанӣ муаллифи аввалин луғатӣ тоҷикӣ -русӣ оид ба таърих мебошанд, ки соли 1974 нашр гардидааст.
Солҳои зиёд академик А.Мухторов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанҳои катибашиносии Шарқ ва таърихи асримиёнагии Осиёи Миёна дарс мегуфтанд, дарсҳои устод хеле шавқангез, ҷаззоб ва хотирмон буданд. Чандин сол раисии комиссияи имтиҳони давлатиро дар факултаҳои таърихи донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ба зимма доштанд. Устод садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба шоҳроҳи илм ҳидоят намуданд ва ба банда ҳам саодати бузурге насиб гардидааст, ки борҳо аз суханрониҳо, суҳбатҳо, машваратҳои устоди гиромӣ Мухторов Аҳрор Мухторович баҳравар гардида, як ҷаҳон маънӣ бардорам.
Академик Мухторов донишманди хеле пуркор ва сермаҳсул буданд, ба қалами устод беш аз 70 китоб, 500 мақола дар мавзуҳои мухталифи таърихӣ таълиф гардида, дар нашрияҳои гуногуни илмии ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расидаанд. Устод доир ба таърихи Истаравшан 20 китоб, оид ба таърихи Ҳисор 5 китоб таълиф намудаанд. Бо талошҳои устод беш аз ҳафт ҳазор санадҳои таърихӣ, зиёда аз дуҳазору панҷсад катибаҳо мутаалиқ ба асрҳои XI-XIX гирд оварда шуданд, ки имрӯз дар осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст.
Академик Мухторов А.М. олими сатҳи ҷаҳонӣ буданд. Асарҳо ва тадқиқотҳои илмии устод дар дохил ва хориҷи кишвар дар марказҳои бузурги ховаршиносии Шарқу Ғарб маълуму машҳуранд. Олимони намоёни хориҷӣ арзиши баланди асарҳои устодро борҳо зикр намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд, аз ҷумла шарқшиноси намоёни чех Иржи Бечка чунин баҳо додааст: “Мухторов А.М. мутахассиси дараҷаи олӣ аст, ки асарҳои ӯ ба таърих ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ равшанӣ меандозад”. Академики Академияи илмҳои Туркманистон, профессор М.Е. Массон, доктори илми таърих, мудири шуъбаи Эрмитажи давлатии Федератсияи Россия В.Д. Луконин ба осори илмии А.М. Мухторов баҳои баланд доданд. Професор В.Д. Луконин дар ситоиши устод чунин менигорад: “Асарҳои А.Мухторов илми археографияи тоҷикро дар Осиёи Марказӣ ба мақоми аввал баровард”.
Академик Мухторов дар чандин ҳамоишҳо, конференсияҳои байналхалқӣ чун намояндаи илми тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд. Соли 1957 дар конференсияи шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд, соли 1960 дар конгресси XV-уми байналхалқии шарқшиносон дар шаҳри Москва, дар мавзуи “Катибаҳои Бобур дар болооби Зарафшон” иштирок ва суханронӣ намуданд, ки таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёни конференсияро ба миён овард. Маърузаи устод дар шакли рисола ба забонҳои русӣ ва англисӣ чоп гардид. Соли 1964 дар конгреси XXVI-уми байналхалқӣ дар шаҳри Дехлӣ ва даҳҳо конференсияю ва симпозиумҳои байналмиллалӣ бо маърузаҳо баромад намудаанд. Ҳар суханрониҳои устод, ки фарогири бозёфтҳо ва дастовардҳои навӣ илмӣ буд, мавриди истиқболи гарми иштирокчиёни ҳамоишҳои илмӣ қарор мегирифт. Ҳар баромадашон дар конференсияҳо сухани тозае буд дар ифшои саҳифаҳои торики таърих.
Мақола ва асарҳои академик Мухторов А.М. дар нашрияҳои Россия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, ИМА, Англия, Германия, Чехия, Полша, Италия, Венгрия, Исроил ва дигар кишварҳо нашр гардидаанд, ки ин аз эътибори баланди олими тоҷик гувоҳӣ медод. Академик Мухторов Аҳрор шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб ба устод ва осори илмиашон арҷ гузошта, устодро пайваста ба ҳама чорабиниҳои илмӣ даъват менамуданд. Шоҳиди ин гуфтор он аст, ки устод Мухторов Аҳрор узви чандин ҷамъиятҳои илмии байналмиллалӣ, аз ҷумла узви асосиатсияи байналмилалии корпуси дастхатҳои Лондон, узви ҷамъияти эроншиносии Аврупо дар Германия, узви ҷамъияти эроншиносӣ дар Теҳрон, узви фахрии коллеҷи Зардуштияи Ҳиндустон интихоб шуда буданд. Соли 1994 Пажуҳишгоҳи Ҳолноманависии ИМА устодро ба феҳристи 500 шахсияти маъруфи ҷаҳон дохил намудааст. Соли 1995 ҳамин Институт устодро ба унвони фахрии “Одами соли 1995” пешниҳод кард, ки мояи ифтихори мо ҳамватанон аст. Ҳамаи ин аз шуҳрати ҷаҳонии академик Аҳрор Мухторов башорат медод. Дар баробари корҳои илмӣ устод ҷамъиятчии фаъол буда, узви чандин комиссиҳои ҳукумати ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҳиндустон буданд.
Соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1100-солагии давлати Сомониён ва соли 2003 2500-солагии шаҳри Истаравшан бо тантана таҷлил гардид. Дар баргузор гардидани ин санаҳои таърихӣ саҳми академик Мухторов А.М. хеле калон аст. Бахшида ба ин санаҳои таърихӣ устод як силсила асарҳои арзишманд эҷод ва нашр намуданд.
Академик Мухторов Аҳрор Мухторович фидоии илм буда, аз худ мероси бою рангин барои наслҳои оянда боқӣ гузоштанд. Барои хизматҳои бузургашон устод сазовори чандин ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо гардидаанд, вале беҳтарин мукофот ин меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқоди бепоёни шогирдон, дӯстон, хонандагон ва ихлосмандонашон аст, ки хотираи устодро абадан пос медоранд. Кор ва пайкори устод ҷовидонист.
Ниёз МИРЗОЕВ,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё