ПАВЛОНИЯ ВА ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН
Таъсис додани боғҳои павлония (филгӯш) барои кишвари мо айни замон ба яке аз масъалаҳои мубрами рўз табдил ёфтааст. Далел бар ин андеша он аст, ки гарчанде дар матбуоти илмию даврии кишварамон оид ба таъсис ва ташкил додани плантатсияи павлония аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ мақолаю рисолаҳо интишор нагардида бошад ҳам, аммо бархе аз соҳибкорони мо феълан кўшиш бар он доранд, ки дар кишварамон плантатсияи онро ташкил диҳанд.
Ба назари онҳо, гўё ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами рушди саноатикунонии кишварамон ба бунёди чунин плантатсия вобаста аст. Ба ибораи дигар, бунёди чунин плантатсия ба рушди самтҳои мухталифи саноатикунонии кишварамон мусоидат менамояд. Ин андеша то чӣ андоза воқеият дорад, баҳси дигар аст, аммо ҳақиқат ин аст, ки айни ҳол онҳо ақоидеро роиҷ намуда истодаанд, ки метавон аз як гектар плантатсияи он аз 200 то 300 куб чӯби хушсифат ба даст овард, ин ҳам дар ҳоле, ки ҷангалҳои Тоҷикистон аз буттаҳо иборат буда, аз онҳо ба даст овардани чўби корӣ ғайриимкон аст. Ин андешаи худро онҳо чунин тақвият медиҳанд: дар кишвармон 90-95%-и чўби корӣ ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.
Сабаби руҷўи мо ба пажуҳиши ин мавзуъ он аст, ки соҳибкори инфродӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Очилдӣ Умаралиев борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала муроҷиат намуда, ахиран иброз намудааст, ки «олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба ҷавоби мактубҳо беаҳамиятона рафтор мекунанд, хоҳиш менамоям, ҷиддӣ баррасӣ кунед, ки чаро ба пешниҳодҳои зинаҳои поён дар Академияи илмҳои кишоварзӣ хунукназарона муносибат мекунанд».
Муҳтавои чунин масъалагузорӣ моро водор намуд, ки бори дигар аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ зуҳуроти чунин тарзи мулоҳизарониро мавриди назарсанҷӣ қарор диҳем, то ки ҳақиқат муайян шавад. Нисбат ба ин масъала агар адабиётҳои мухталифи илмиро таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки павлония ё худ филгўш дарахти зудбавоярасанда буда, мардум онро дарахти адам ё ҳаёт ҳам ном мебаранд. Бархе аз олимону муҳаққиқон дар табиат аз ҳафт то даҳ намуд, бархе дигарашон то 20 намуди онро ёдрас менамоянд.
Омўзиш нишон дод, ки ватани аслии ин дарахт Ҷумҳурии мардумии Чин буда, барои мардуми Чин ва Япония он хамчун рамзи миллӣ ҳисобида мешавад. Тибқи маълумотҳои дастрасшуда, дар як зумра кишварҳои ҷаҳон ин рустании экзотикӣ ба сифати дарахти ороишӣ ва сояафкан мавриди истифода қарор мегирад. Новобаста аз ин далели мусаллам, соҳибкор зикр менамояд, ки «дар Ҷумҳурии Ўзбекистон корҳонаҳое ҳастанд, ки баъди фурӯхтани ниҳолҳои павлония баъди 5-7 сол худи онҳо аз мизоҷон ҳар як куб чўби тайёри онро бо нархи аз 100 то 120 доллари Амрико харидорӣ менамоянд. Агар маҳсулоти пешниҳод намудаи онҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгў бошад, яъне ғафсии чўби барои фурўш тайёркардашуда 35-45 см ва дарозии он то 20 м бошад». Дар баробари ин, ў таъкид менамояд, ки «кӯчатҳое, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш бароварда мешаванд, ягон хел сертификати сифат надоранд». Аз нигоштаҳои ў чунин бармеояд, ки ҳоло ин ниҳолҳо ба ягон талаботҳои стандартӣ ҷавобгўй нестанд.
Пеш аз он ки дар атрофи ин андеша баҳс намоем, як нуқта қобили зикр аст, ки дарахти павлония хоси минтақаи ҷанубу шарқи Осиё буда, иқлими он муътадилу намнок буда, тибқи нигоришҳои илмӣ, намуди Форчина ва Сапфирови он аз 90С то 170С ба сармо тобовар мебошад. Вобаста ба ин масъала соҳибкор иброз менамояд, ки баъзе аз намудҳои он то -300С ба хунукӣ тобовар мебошанд.
Иқлими кишвари мо континенталии сахт ва тез тағйирёбанда мебошад. Ҳатто дар ноҳияҳои гармтарини ҷумҳурӣ (водии Вахш) баъзе солҳо ҳарорати моҳи январ то 24 — 320С паст фаромада, аз таъсири он ҳатто дарахтони субтропикӣ осеби сахт мебинанд.Чунончи аз тадқиқотҳои олимони Россия, Украина ва Ўзбекистон бармеояд, вобаста ба шароити иқлимӣ дар бисёр ҳолатҳо парвариши ин рустанӣ самараи дилхоҳи иқтисодӣ намедиҳад. Ин омилест, ки моро водор менамояд, ки минбаъд аз нигоҳи дигар ба муҳтавои чунин масъалагузориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем. Ҷоизи зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари камзамин буда, парвариши ин дарахт заминҳои ҳамвор ва обёришавандаро тақозо менамояд.
Ба ибораи дигар, ба роҳ мондани парвариши ин дарахт зарурати истифодабарии заминҳои обёришавандаро дар майдонҳои васеъ талаб менамояд, аммо дар кишвари мо чунин заминҳо маҳдуданд. Дар ҷумҳурии мо заминҳои обёришаванда барои парвариши зироатҳои афзалиятнок истифода мешаванд. Дар чунин вазъ вазифаи асосии олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дарёфти усулҳои таъмини амнияти озуқавории кишварамон мебошад на рушди павлония.Аз ин бармеояд, ки муҳтавои масъалагузориҳои соҳибкор ба фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ягон иртибот надорад.
Қазоват намоед, соли 1940 аҳолии Тоҷикистон як миллион нафарро ташкил медод, ҳоло ин нишондиҳанда зиёда ба даҳ миллион расидааст. Бо чунин маҳдудияти заминҳои корам наметавон сабади истеъмоли аҳолиро таъмин ва ҳамзамон соҳаи филгӯшпарвариро дар он рушд дод. Таҷрибаи рўзгор имрўз воқеъбинона собит менамояд, ки давоми чор панҷ соли охир аз тарафи баъзе соҳибкорон парвариши дарахти павлония аз тариқи сайтҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда мешавад, аммо он аз тарафи ҷомеа дастгирӣ намеёбад. Боиси таассуф аст, ки боре ҳам соҳибкорони мо тасмим нагирифтаанд, ки холисона афкори ҷомеаро дар қиёс бо назару андешаҳои худ мавриди назарсанҷӣ қарор диҳанд.
Зимни арзёбии ин мавзуъ, аз суҳбату мулоҳизарониҳои деҳқонони асил бармеояд, ки баъзе соҳибкорони мо ба мақсади ба даст овардани фоида ба таври густурда ин дарахтро тарғибу ташвиқ менамоянд, аммо дар тарғиботи онҳо омилҳои маҳаллӣ аз лиҳози иқтисодӣ ба инобат гирифта нашудааст. Ин афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ бори дигар моро водор намуд, ки ба таҳқиқи ин мавзуъ аз нигоҳи дигар назар андозем.Зимни чунин мулоҳизарониҳо суоле ба миён меояд, ки дар кадом сатҳ плантатсияи павлония ба рушди иқтисоди миллӣ таъсир мерасонад?
Вобаста ба ин масъала таҳлилҳои олимони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ нишон дод, ки самараи иқтисодии пахтаи маҳиннах нисбати миёнанах ду баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда барои картошка 3, сабзавот 3.7, меваҳои донакдор 2.8, меваҳои тухмакдор 8.3, ангур 7.3 ва лимон аз 50 то 75 маротибро ташкил медиҳад.Ё далели дигар, як гектар гармхонаи бодиринги соҳибкор Саидмурод Давлатов дар ноҳияи Сарбанд дар як мавсими сол то 300 тонна маҳсулот медиҳад. Агар самараи иқтисодии ин гармхонаро дар қиёс ба даҳ соли парвариши дарахти павлония арзёбӣ намоем, он ҳам ноҷиз аст. Аз ин ҷиҳат, тарғибу ташвиқи плантатсияи павлония зарурат надорад.
Дар чунин вазъ иқтисодчиёни моро лозим меояд, ки барои музофотҳои алоҳидаи кишварамон самараи иқтисодии як га дарахти павлонияро дар қиёс бо дигар зироатҳои кишоварзӣ мавриди омўзиш ва назарсанҷӣ қарор диҳанд. Бо чунин натиҷагириҳои илмӣ метавон муҳтавои чунин масъалагузориҳоро бо тамоми паҳлуҳояш ошкор намуд. Дар баробари ин, Умаралиев зикр менамояд, ки дар давоми як сол аз як га плантасияи палвония метавон аз 35 то 40 тонна хӯроки серғизои чорво ба даст овард. Ин миқдор хӯроки чорворо аз лиҳози воҳиди ғизонокӣ дар муқоиса нисбат ба 5 дарави беда, агар аз рўйи сифату миқдор мавриди арзёбӣ қарор диҳем, онҳо ҳам ночиз мешавад. Ҷоизи зикр аст, ки то ҳол дар ягон адабиёти илмӣ ва илмию оммавӣ наомадааст, ки ягон кишвар аз плантатсияи павлония соҳаи чорводории хешро рушд дода бошад.Чӯби корие, ки аз дарахти павлония ба даст оварда мешавад, сабук ва ба оташу намӣ тобовар буда, онро бештар на дар саноати сохтмон, балки асосан мебелсозӣ ва арғумонҳо истифода мебаранд.
Ҳамзамон, аз таҳлилҳои илмӣ бармеояд, ки ҳар як намуди рустании интродуксионӣ бештар аз даҳ касалию ҳашаротҳои зарарасонро ворид менамояд. Як далел, чанд сол пеш дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар парвариши сафедори калифорнӣ ҳамчун маводи сохтмонӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ мешуд.Имрўз воқеияти рўзгор собит менамояд, ки ба туфайли мутобиқгардонии он дар кишвар ҳашароти хавфноки карантини сипарболаки калифорнӣ паҳн гардида, ба рушди соҳаи кишоварзӣ мушкилоти зиёде ба вуҷуд овардааст. Собит шуд, ки чӯби ин сафедор ҳам ҳамчун маводи сохтмонӣ аз нуқоти сохторӣ нокифоя мебошад.
Барои ҳамин, нашавад, ки мутобиқгардонии дарахти павлония низ боиси чунин ҳузнангезиҳо гардад. Айни замон иқтидори илмии кишвар имкон намедиҳад, ки бе омӯзиши илмӣ ба таври васеъ ба мутобиқ гардонидани ин намуди дарахт машғул шавем.Зуҳуроти чунин омилҳоро кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба инобат гирифта, феълан кўшиш намуда истодаанд, ки бештар рустанию дарахтони маҳаллиро мавриди пажуҳиш қарор дода, ба ин васила муаммою мушкилоти рўзгорри хешро ҳал ва таносуби нигоҳдошти мувозинати табииро таъмин намоянд. Таъсиси боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ба ин манзур шуда метавонад. Аз ин бармеояд, ки айни замон аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бештар ба парваришу баланд бардоштани ҳосили буттаю дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ таваҷҷуҳ хосса зоҳир намуда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва нигоҳдоштани таносуби мувозинати табии тавъам нақши калидӣ гузошта истодаанд. Дар фаъолияти соҳибкорони мо акси ин андеша ба назар мерасад.
Зимни як пажуҳиши назариявӣ маълум гардид, ки бархе аз мутасаддиёни соа то ҳол бар он назаранд, ки дар самти омўзиш ва мутобиқгардонии дарахти павлония ягон тадқиқот гузаронида нашудааст. Аммо таҳлилҳои ҷузъӣ аз он башорат медиҳанд, ки дар гузашта аз тарафи пажуҳишгарони боғи ботаникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як намуди филгӯш мавриди омўзиш қарор дода шудааст, шояд аз сабаби надоштани самараи иқтисодӣ он таваҷчуҳи олимонро ба худ ҷалб накард.Дар гузашта бо дастгирии лоиҳаҳои мухталиф бунёди плантатсияи ин рустании ороишӣ дар масоҳати 0,8 га дар ҳудуди филиали Суғдии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва як миқдори плантатсияи ночизи дигари он дар шаҳри Панҷакент ба роҳ монда шудааст. Мушоҳидаҳои фенологии олимони соҳаи кишоварзӣ нишон дод, ки бунёди плантатцияи филгӯш ба низоми обёрии заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз нигоҳи онҳо, як га плантатсияи павлония 32 га меъёри солонаи истифодабарии оби зардолузорро истифода мебарад. Мантиқии ин далел он аст, ки бунёди як га плантатсияи павлония боиси аз байн рафтани 32 га зардолузор дар вилояти Суғд мегардад. Аз ин ҷиҳат, бемуболиға метавон гуфт, ки бунёди плантатсияи он ба рушди соҳаҳои дигари хоҷагии қишлоқ таъсири манфи мерасонад.
Ҳамзамон, бархе аз соҳибкорон пайваста иброз менамоянд, ки ин дарахт ба ягон касалӣ дучор намегардад. Аммо аз таҳлилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ бармеояд, ки ҳоло аксар баргҳои ин дарахт ба касалиҳои замбурӯғи гирифтор шудааст…
Андеаше ҳам ҳаст, ки ба ҷойи хати ҳимоявии тутзорҳои атрофи заминҳои кишоварзӣ парвариши павлония ба роҳ монда шавад. Ин андеша низ ба фикри мо, саҳеҳ нест, зеро нақши дарахти тут дар системаи ягонаи биоэкологии кишварамон аз нигоҳи илмӣ таҳлилу таҳқиқ гардидааст, вале вазъи филгӯш ҳоло аниқ нест.
Баъдан, аз байн бурдани тутзорҳо боиси коҳиш ёфтани соҳаи пилапарварӣ ва дар маҷмуъ, сабаби ташаккул наёфтани соҳаҳои мухталифи саноати миллӣ бахусус, саноати сабук дар кишварамон мегардад.
Ахиран филгӯшпарварӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар сатҳи пилапарварӣ самараи дилхоҳи иқтисодӣ барои ҷумҳурӣ ба бор намеорад.
Хулоса, барои кишвари мо дар навбати аввал таъмини амнияти озуқавори меистад, аз ин рӯ, тарғиби ба таври васеъ мутобиқ гардонидани павлония ба ин ҳадаф мутобиқ нест. Боз ҳам, вақт довар аст.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили эколог ӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё