Раҳнамои ҳамешагии хонандагон
Маълум, ки китобҳои дарсӣ вобаста ба барномаҳои таълимӣ навишта мешаванд. Китоби дарсӣ воситаи асосии омўзиш барои хонанда ҳисоб меравад ва дар он мундариҷаи асосии фанни таълимӣ инъикос меёбад. Вазифаи китоби дарсӣ ба хонанда барои мустақилона мустаҳкаму амиқ намудани захираи донишҳои дар дарс омўхтааш ёрӣ расондан мебошад.
Баробари китоби дарсӣ мактаббачагон аз дастурҳои гуногун низ истифода мекунанд: маҷмўаи масъалаву машқҳо, хрестоматияҳо, фарҳангу маълумотномаҳо, атласҳо ва ғайра. Ҳамаи ин воситаҳои дидактикии ёрирасон барои мустаҳкам шудани фаҳмишу маҳорати амалии хонандагон мусоидат мекунанд.
Китобҳои дарсиву дастурҳои гуногуни таълимӣ ба омўзандагон чун манбаи муҳими таъсиррасонии ғоявӣ хизмат менамоянд.
Дар баъзе аз кишварҳои олам китобҳои дарсӣ бо ғаразҳои синфию ғоявӣ олуда карда мешаванд, ки ин ҳаргиз раво нест.
Хушбахтона, китобҳои дарсии кишвари мо аз ҳама гуна маҳдудиятҳо ориянд ва дар онҳо ба донишҳои воқеию ҳаётӣ бадтарӣ дода мешавад.
Илми дидактика тавсия медиҳад, ки зимни таълифи китобҳои дарсӣ ба равиши ғоявии мундариҷаи маълумот эътибор дода, ба назари хонандагон манзараи олами воқеиро беғаразона ошкор намуда, сабабу натиҷаҳои инкишофи ҳодисаҳои табииву ҷамъиятӣ нишон дода, муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ ва ахлоқии одамон равшан карда шавад.
Истиқлолият тақозо намуд, ки китобҳои дарсӣ таҷдид назар шаванд.
Аз нав сохтани мундариҷаи маълумот табиист, ки вобаста ба талабҳои нав боиси тағйир ёфтани китобҳои дарсӣ шуданд. Дар онҳо баробари дохил карда шудани комёбиҳои навтарини илму фарҳанг ҷанбаҳои назариявӣ пурқувват гашта, маълумотҳои куҳнашуда аз китобҳо бароварда шудаанд. Китоби дарсӣ дар асоси риояи талаботи нав бояд тавре таҳия шаванд, ки хонандаро ҳавасманд намуда, ба фикру андешаронӣ водор созанд ва боиси вусъати ҷаҳонбиниву дар омўзиши донишҳо, мустақилона амал кардани ў гарданд. Ҳар китоби дарсӣ бояд ба талаботи умумии педагогӣ ҷавоб диҳад ва ба таълим рўҳияи ғоявӣ бахшида, ҷаҳонбинии воқеии хонандагонро бавусъат намояд.
Дар ин китобҳо донишҳои боэътимоди дар амал санҷидашуда дар шакли ба фаҳмиши хонандагон дастрас ва дар ҳаҷми муайянкардаи барномаи таълимӣ дода шаванд. Китоби дарсӣ фаъолияти мустақилона ва эҷодии хонанда, тафаккури ўро бояд инкишоф диҳад, дар оянда хонандаро ба мустақилона омўхтани донишҳо тайёр намояд. Дар китоби дарсӣ расмҳо, нақшаҳо, таблитсаю схемаҳои зарурӣ бояд ҳар чӣ бештар истифода шаванд.
Ба он ноил бояд шуд, ки китоби дарсӣ ба дўсти ҳақиқии хонанда, ҳамсафару такягоҳи доимии ў табдил ёбад.
Ниёгони мо дар бахшҳои гуногуни илму адаб аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Зиндагинома ва осори шахсиятҳои илмдўсту ватандўст барои имрўзиён ва фардоиён дарси илму адаб буд, ҳаст ва мемонад.
Яке аз чунин абармардон дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Хатлонӣ ё Кангуртӣ мебошад.
Шоири ширинкалому рангинхаёл, хаттоти хушсалиқа Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Хатлонӣ соли 1868 дар маҳаллаи Қарақамиши Кангурти вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъд аз омўхтан ва аз худ намудани илмҳои замон Муҳаммад Ҳусайн ба ҳаҷ рафта, Эрону Афғонистон, Ҳиндустон, Ироқ ва Арабистонро сайр менамояд. Пас аз сафар ба зодгоҳаш баргашта, пурра ба кори эҷодӣ мепардозад. Тахаллусашро Ҳоҷӣ ва баъзан Ҳоҷ интихоб намуд. Нуфузи шоириаш ба зудӣ ҳатто берун аз зодгоҳаш ба Бухоро ва Самарқанд расид.
Фаъолияти адабии Ҳоҷӣ ба шакли “Куллиёт” соли 1913, ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш дар матбааи шаҳри Тошканд чоп гардидааст. Бояд гуфт, ки дар заминаи ин ва дигар маъхазҳои доир ба аҳволу осори Ҳоҷӣ бо ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ аз нав бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ дар ҳаҷми 1280 саҳифа чоп шуд. Дар ин асари нодир ва гаронарзиш ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, марсияҳо, мусаддасот, моддаҳои таърих, номаҳо, маснавиҳои “Комде ва Мадан” , “Таърихи ҷавда”, “Василат-ун наҷот” гирдоварӣ шудаанд.
Осори лирикии Ҳоҷӣ, хусусан, рубоиёташ, фарогири мавзўъҳои шарҳиҳолӣ, панду ахлоқӣ, инсондустӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро доро мебошад. Чунончи, шоир дар рубоии зерин таъкид менамояд, ки инсон даврони ҷавониашро, бояд самаранок ва бо кору пайкори нек сипарӣ намояд. Бо ҳардамхаёлӣ ва беҳудагӣ фурсате роҳ надиҳад, чунки ин айём ҳамчун тири аз камон ҷаста зуд мегузарад.
Бо булҳавасӣ гузашт айёми шубоб,
Андар пайи молу ҷоҳу фикри асбоб.
Чун дид, ҷавонӣ ҳамчу тире бигузашт,
Пирӣ ба қади ҳамчу камон кард шитоб. Воқеан ҳам, рубоиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи ниҳоят баланд меистад. Ҳоҷӣ таъкид месозад, ки ҳар як инсон дар зиндагӣ ҳамнишини шахси ҳунарманду оқилу доно бошад ва аз нишасту суҳбати ҷоҳилону нолоиқон дурӣ ҷўяд:
Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно,
Гар заҳр диҳад, бихўр чу шаҳду ҳалво.
В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил
Пайванд агар бувад, табарро бинмо.
Ҳоҷӣ дар айни камолоти эҷодӣ, соли 1917 ҷаҳони фониро падруд гуфтааст. Ўро дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супориданд. Имрўзҳо мазори Ҳоҷӣ зиёратгоҳи аҳли илму адаб ва сайёҳон мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё