Зеҳн

ТАҲЛИЛИ МАЪНОИИ ВОЖАИ “ИШҚ” ВА МУРОДИФОТИ ОН ДАР “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”

ЗЕ
зеҳни сунъӣ10 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ 30 сентябри соли 1207 дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва бо тахаллусҳои “Муллои Рум”, “Мавлавии Румӣ”, “Мавлоно”, “Мавлавӣ”, “Мавлои Рум”, “Мавлонои Румӣ”, “Румии Балхӣ” ва “Хомӯш” шинохта шудааст. Мавлоно аз зумраи он донишмандонест, ки дар инкишофи илму фарҳанги Шарқу Ғарб саҳми босазое гузоштааст.

Ба андешаи мавлоношинос Карим Замонӣ “Падари Мавлоно Баҳоуддини Валад аз пешравони сӯфия ва орифон буд ва гузаштаи ӯ ба Аҳмади Ғаззолӣ мепайваст. Дар улуми ирфон ва сулук собиқаи дерин дошт. Ӯ аҳли кашфу завқ буд ва олиме комил, ки дар ҳамаи улум ва фунуни замони худ ба мақоми устодӣ расида буд”:

Буд андар ҳама фунун устод,

Ҳақ ба вай илмро тамомат дод.

“Падари Мавлоно Баҳоуддини Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Аҳмад Хатиби Бакрӣ, фаровон аз суннатҳои падар дар арсаи рӯҳоният ва маърифат ба ирс бурд. Ӯ аз ҳарду сарват яъне ҳам сарвати моддӣ ва ҳам маънавии падарро ба мерос бурда буд. Баҳоуддини Валад дар рӯзгори худ марде бас фозилу ориф шинохта шуд ва ба “Султон-ул-уламо” мулаққаб гашт. Дар замони таваллуди Мавлоно соли 1207/604 ҳиҷрии қамарӣ Баҳоуддин панҷоҳу нуҳ сол дошт ва дар авҷи қудрату маҳбубият буд”. Таъсири ӯ дар сирри рушди шахсияти Мавлоно ба ҳадде аст, ки ӯро ҳамчун орифи фозил дар арсаи ҷаҳон ба тамоми Шарқу Ғарб шиносонид ва ӯро машҳур кард.

Аз Баҳоуддин Валад асаре бо номи “Маориф” иборат аз чаҳор ҷилд ба мо расидааст. Мавлоно дар зери тарбияи чунин падар ба воя расидааст.

Мавлоно то пеш аз мулоқот бо Шамс дар соли 642-юми ҳиҷрии қамарӣ низ ба далели шуҳрати хонаводагӣ ва баргузории нишастҳои омӯзишии улуми ирфонӣ, аз афроди саршиноси рӯзгори хеш буд, аммо ин дидор ба нуқтаи бозгашт ба зиндагии ӯ бадал шуд ва Шамс даричаеро ба рӯи Мавлоно гушуд, ки таъсири он бар рӯҳу ҷонаш, ӯро ба таҳқиқ ва ҷустуҷӯ дар бораи хештан водошт. Аз он замон табъи баланд ва завқи салими ӯ дар шеъру шоирӣ шукуфо шуд ва ба таълифи ашъори пуршӯру ҳоли ирфонӣ пардохт. Шамс ба Мавлоно чӣ гуфту чӣ омӯхт ва чӣ фасонаву фусуне сохт, ки саропо дигаргунаш кард? Ин муаммоест, ки «кас нагшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо».

Орифонро шамъу шоҳид нест аз беруни хеш,

Хуни ангурӣ нахӯрда бода-шон аз хуни хеш.

Ҳар касе андар ҷаҳон маҷнуни лайлое шуданд,

Орифон лайлои хешу дам ба дам маҷнуни хеш.

Мавлоно инсоне аст мутафовит, ки ҷаҳонбиниаш бо фалсафа, мантиқ ва илм фарқ мекунад, зеро Мавлоно на дар пайи истидолол аст ва на думболи баҳси ақлонӣ ва на ҳам таҷрибаҳои ҳиссиро ҷиддӣ мегирад. Бинобар ин тафовути ӯ бо дигарон, Мавлоноро ҳар чи бекаронатар ва бузургтар ҷилва медиҳад, ки фақат метавонад ин бекаронагии ӯ дар ирфон биғунҷад ва фаротар аз фалсафа ва илм, ҳастӣ ва ҷаҳонро бо рамзу розаш дарёбад ва ин рамзу розӣ олами ҳастиро Мавлоно на бо ақл, балки бо ишқ мехоҳад бикушояд. Осори Мавлоноро метавон дар ду дастаи манзум ва мансур табақабандӣ кард. «Девони кабир» ё «Куллиёти Шамси Табрезӣ» (ғазалҳо ва рубоиҳое, ки маҳсули ваҷд ва шӯри ғаное ношӣ аз ҳамнишини бо шамс аст, ки беш аз чиҳил ҳазор байтро дар бар мегирад) ва «Маснавии маънавӣ» осори манзуми Мавлоноро ташкил дода ва осори мансури ӯ низ шомили кутуби «Фиҳӣ мо фиҳӣ» (маҷмуаи гуфторҳо), «Мактубот» (маҷмуаи номаҳо) ва «Маҷолиси сабъа» (маҷмуаи мавъиза ва маҷолис) мебошад.

Маълумоти мухтасар дар бораи “Маснавии маънавӣ”. “Маснавии маънавӣ” аз бузургтарин ганҷинаҳои адабиёти ирфонии ҷаҳон мебошад, ки дар муошират бо «Бурҳон Салоҳуддин» ва «Ҳисомуддини Чалабӣ» таълиф гардидааст. Китоби “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар ва 25632 байт иборат аст: дафтари аввал - 4003 байт, дафтари дуввум - 3810 байт, дафтари севум - 4810 байт, дафтари чаҳорум - 3855 байт, дафтари панҷум - 4238, дафтари шашум - 4916 байтро фаро гирифтааст.

Дақиқ гуфтан мумкин аст, ки “Маснавии маънавӣ” рисолаи мусалсали манзуми фалсафӣ-ирфонӣ ва мазҳабӣ-ахлоқӣ буда, дар пайравию дастгирии осори пешвоёну афкори донишмандони бузурги сӯфия, аз ҷумла, «Ҳақиқату-л–ҳадиқа»-и Ҳаким Абулмаҷди Саноӣ (1080—1140) ва «Мантиқу-т-тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ (1145—1221) гуфтаву навишта шудааст.

Бори нахуст матни илмӣ-интиқодии “Маснавии маънавӣ”-ро олими англис Р.А. Николсон дар солҳои 1925-1937м. ба табъ расонид, ки шомили 25632 байт мебошад. Дар Эрон матни комили асар ва қисматҳои алоҳидаи он чандин дафъа нашр гардид, ки матни таҳиякардаи доктур Муҳаммад Истеъмолӣ, доктур Абдулкарими Суруш ва матни дар заминаи матни Р.А.Николсон тайёрнамудаи Азизуллоҳи Косиб аз он ҷумлаанд. Дар Тоҷикистон «Ҳикояҳои халқии «Маснавӣ» соли 1963 дар интихобу таҳияи Расул Ҳодизода чоп шуда, дар чанд шумораи маҷаллаи «Фарҳанг» дафтари аввали он дастраси ниёзмандон гардида буд”. Ҳамчунин ба хатти кирилӣ «Маснавии маънавӣ» бар асоси матни Рейнолд Николсон ва муқобала бо нусхаҳои дигар дар Теҳрон, нашриёти “Замон”, соли 2001 дар 728 саҳифа нашр гардидааст.

“Маснавии маънавӣ” соли 2008 ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ дар шаш дафтари алоҳида дар шаҳри Қуния ба табъ расид. Инчунин соли 2013 “Маснавии маънавӣ” дар се ҷилди силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” нашр шуд. Матни комили “Маснавии маънавӣ” бар асоси матни Рейнолд Николсон ва муқобала бо нусхаҳои дигар бо ҳуруфи кирилли тоҷикӣ дар Душанбе, нашриёти “Адиб”, соли 2022 дар 688 саҳифа ба нашр расидааст.

Ба хатти арабӣ дар баробари матни интиқодии “Маснавии маънавӣ” шарҳҳои ҷомеъ хеле зиёд нашр шудаанд. Аз ҷумла шарҳи ҷомеи “Маснавии маънавӣ” дар ҳафт ҷилд аз Карим Замонӣ.

Китоби мазкур ба зумраи шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон дохил гардида на танҳо адабиётшиносони форсу тоҷик, балки шарқшиносону адабиётшиносон ва равоншиносони ҷаҳонӣ низ дар бораи он рисолаву мақолаҳои арзишмандеро таълиф намудаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки паҳно ва андешаи Мавлоно фаротар аз ҳудуди форсизабонон аст. Ҳамчунин ин асари безаволи Мавлоно дар сурати назм навишта шудааст ва яке аз намунаҳои баланди шеъри ирфонии олам маҳсуб меёбад. “Маснавии маънавӣ” асари таълимӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ирфониву равоншиносӣ буда, дар баҳри рамали мусаддаси маҳфуз эҷод гардидааст. Ба воситаи ин китоб ба адабиёти форсу тоҷик истилоҳоти зиёде ворид шуд, ки қаблан камистеъмол буданд. Аз ҷумла истилоҳоти ирфонӣ дар “Маснавии маънавӣ” ба таври васеъ истифода шудаанд. Пеш аз ин ҳам шоирони бузурге ба монанди Саноии Ғазнавӣ ва Аттори Нишопурӣ чунин маснавӣ суруда буданд, ки як раванди оғози таҳавулоти истилоҳоти ирфонӣ буд, вале дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно мазмуну корбурди ин истилоҳот мақоми хосаро соҳиб гардид.

Матни ирфонӣ ва истилоҳоти ирфонӣ, мероси навишташуда, ҳуввияти фарҳангию миллии ҳар сарзаминест, ки шарҳ ва бозкушоии онҳо дар воқеъ бозсозии ҳуввияти фарҳангии як кишвар аст.

Аз он ҷо, ки олами дарунии орифон қобили кашф барои умум нест бо тааммуле дар ашъор ва сурудаҳое, ки ҷилва ва дурахшҳое аз макнуноти қалби эшон аст, шинохти тавъам бо лаззатҳои маънавӣ насиби ҳоли ташнагони маърифат ва маънавият мегардад. Ирфон, баёни забонӣ ва истилоҳоти хосси худашро дорад, ки ҳамин вижагӣ сабаби тафовути адабиёти ирфонӣ дар қаламрави дигар мавзӯъҳои адабиёт мешавад. Ирфон дар қаламрави худ низ тафовутҳое дорад, зеро ҳар мактаби ирфонӣ тасарруфи забони мутафовит нисбат ба мактаби ирфонии дигар дар арсаи забон дорад ва ҳамин тавр ҳар ориф аз забон барои ироаи диди ирфониаш, истифодаи махсус ва вижаи худро дорад.

Зеботарин вожаи забони тоҷикӣ, ки то чанде пеш ҳама онро арабӣ медонистаанд ва дар шеъру адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва бавижа ирфон ҷойгоҳи баланд дорад, вожаи "ишқ " аст. Ин вожа решаи ҳиндуаврупоӣ дорад ва пешинаи он бад-ин қарор аст:

Вожаи "ишқ" авестоӣ ба маънии “хост, хоҳиш, майл” реша мегирад, ки он низ бо вожаи авестоии ба маънои "хостан, майл доштан, орзу кардан, ҷустуҷӯ кардан" пайванд дорад.

Вожаи авестоии дорои ҷудошудаҳо ( муштаққот)-и зер аст: орзу, хост, ҷустуҷӯ; мехоҳад, орзу мекунад; хоста, маҳбуб; орзу, мақсуд.

Пасванди -ka низ, ки дар iška-и авестоӣ вуҷуд дорад, корбурди бисёр дорад ва барои намуна дар вожаҳои зер дида мешавад: mahrka марг; -araska рашк, ҳасад; -aδka ҷома, рӯпӯш; -huška хушк; -pasuka чаҳорпо, сутур; -drafška дирафш; - dahaka газанда (Заҳҳок).

Вожаи авестоии -iš ҳамреша аст бо:

дар санскрит: -eṣ орзу кардан, хостан, ҷустан; -icchā орзу, хост, хоҳиш; icchati мехоҳад, орзу мекунад; -iṣta хоста, маҳбуб; -iṣti хост, ҷустуҷӯ; дар забони лаҳистонӣ: -icchaka хоҳон, орзуманд.

Ҳамчунин, ба андешаи забоншиноси паҳлавӣ Баҳром Фараҳвашӣ, ин вожа дар форсӣ- тоҷикии миёна “ба шакли išt ба маънии хоҳиш, майл, сарват, хоста ва мол боз мондааст” [10]. Худи вожаҳои авестоӣ ва санскрит ном бурда шуда дар боло аз решаи ҳиндуаврупоӣ нахустин, яъне -ais ба маънии хостан, майл доштан, ҷустан меояд, ки шакли исмии он -aisskā ба маънои хост, майл, ҷустуҷӯ аст.

Берун аз авестоӣ ва санскрит, дар чанд забони дигар низ гунаҳое аз вожаи ҳиндуаврупоӣ нахустин -ais ҳифз шудааст, аз он ҷумла:

дар славянии куҳани калисоӣ isko, išto “ҷустуҷӯ кардан, хостан”; iska орзу; дар русӣ iskat “ҷустуҷӯ кардан, ҷустан”;

дар литвиягӣ ieškau “ҷустуҷӯ кардан”;

дар арманӣ aic “бозрасӣ, озмун”;

дар лотинӣ aeruscare “хоҳиш кардан, гадоӣ кардан”;

дар олмонӣ болоии куҳан eiscon “хостан, орзу доштан”;

дар англисии куҳан ascian “пурсидан”

дар англисӣ имрӯз ask “пурсидан, хостан”.

Аз онҷо, ки арабӣ ва ибрӣ ҷузви хонаводаи забонҳои сомианд, вожаҳои асили cомӣ маъмулан дар ҳар ду забони арабӣ ва ибрӣ бо маъноҳои ҳамонанд иштиқоқ меёбанд. Ва ҷолиб аст, ки вожаи "ишқ" ҳамтои ибрӣ надорад ва вожае, ки дар ибрӣ барои ишқ ба кор меравад аҳау (ahav) аст, ки бо арабӣ ҳабба (habba) хешовандӣ дорад. Вожаи дигари ибрӣ барои ишқ "хашақ" (xašaq) аст ба маънои хостан, орзу кардан, васл кардан, часбонидан, лаззат, ки дар Тавроти аҳди атиқ борҳо ба кор рафтааст (барои намуна: сафари тасния; Аввал подшоҳон; Хурӯҷ; Пайдоиш).

Профессори Донишгоҳи Вашингтон Скотт Ногел дар китобаш “Wordplay in ancient Near Eastern texts” бар ин бовар аст, ки: “Вожаи ибрӣ хашақ xašaq ва арабии ашақа ašaq' ҳамреша нестанд. Воки "х" ибрӣ баробар "ҳ" ё "х" арабӣ аст ва "ъ" ибрӣ баробар "ъ" ё "ғ" арабӣ, ва онҳо бо ҳам дар намеомезанд. Ҳамчунин, маъмулан "ш"-и ибрӣ ба "с"-и арабӣ тағйир мекунад ва баръакс. Хашақаи ибрӣ ба эҳтимол дар оғоз ба маънои "бастан" ё "фишурдан" будааст, он гуна, ки баробари оромии он нишон медиҳад.

Нуктаи дигар ин, ки "ишқ" дар Қуръон наомадааст ва вожаи ба кор рафта дар он ҳамон масдари ҳабба (habba) аст, ки ёд шуд бо ҷудошудаҳояш монанди шакли исми ҳубб (hubb).

Дар арабии имрӯза низ вожаи ишқ корбурди бисёре надорад ва бештар ҳабб (habba) ва шакли ҷудошудаи он ба кор мераванд монанди: ҳубб, ҳабиб, ҳабиба, маҳбуб ва дигарҳо.

Фирдавсӣ низ, ки барои посдорӣ аз забонӣ форсӣ-тоҷикӣ аз ба кор бурдани вожаҳои арабӣ огоҳона ва ҳӯшмандона худдорӣ мекунад (агарчи вожаҳое аз он забонро ба ногузир дар ин ҷо ва он ҷойи Шоҳнома ба кор овардааст) бо ин ҳол вожаи ишқро ба осонӣ ва рағбат ба кор мебарад ва бо онки озодии шоирона ба ӯ имкон медиҳад вожаи дигареро ҷойгузини ишқ кунад. Вожаи ҳубро, ки вожаи аслӣ ва роиҷ барои ишқ дар арабӣ аст ва монанди ишқ низ як ҳиҷоӣ аст ва аз ин рӯ вазни шеърро ба ҳам намезанад, ба кор намебарад.

Муаллифи китоби “Шоҳнома”, бо он ки шинохти имрӯзини моро аз забон ва решашиносии вожаҳои ҳиндуаврупоӣ надоштааст, ба эҳтимоли қавӣ медонистааст, ки ишқ вожаи форсӣ-тоҷикӣ аст. Вай аз ҷумла мегӯяд:

Набояд, ки бар хира аз ишқи Зол,

Ниҳоли сарафканда гардад ҳамол.

Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки Фирдавсӣ худ вожаи ишқро на бо "ъ", балки ба шакли "ишқ" навишта бошад, ки албатта пай бурдан ба ин нукта кори осоне нест, зеро куҳантарин дастнависи бозмондаи “Шоҳнома” дар ҳудуди ду садаи пас аз Фирдавсӣ бармегардад. Дақиқтар бигӯем, ин дастнависи нусхае аст, ки дар таърихи 15-уми майи 1217 мелодӣ иншо шудааст.

Ба таври хулоса, вожаи авестоии -iš , ки худ аз решаи нахустини ҳиндуаврупоӣ, яъне - ais ба маънии “хостан, майл доштан, ҷустан” меояд, вожаи –iška ва баъд išk-ро дар форсии миёна падид овардааст ва сипас ба арабӣ роҳ ёфтааст, ки дар бораи чигунагии гузари ин вожа ба арабӣ низ метавон ду гунаи равишро тасаввур кард:

Нахустин имкон он аст, ки išk дар даврони Соcониён, ки эрониён бар ҷаҳони араб тасаллут доштаанд (бавижа, Баҳрайн, Уммон, Яман, ва ҳатто Ҳиҷоз) ба арабӣ ворид шудааст... (барои огоҳии бештар аз чигунагии таъсири форси бар арабӣ дар даврони пеш аз ислом нигаред ба китоби Азарташ Азарнуш "Роҳҳои нуфузи форсӣ дар фарҳанг ва забони тозӣ", чопи донишгоҳи Теҳрон, 1354).

Имкони дувум ин аст, ки ишқ шояд дар оғози даврони исломӣ ба арабӣ ворид шуда бошад ва аз он ҷо, ки луғатнависон ва нависандагони он давра аз хостагоҳи форсии ин вожа огоҳӣ надоштаанд, ки мафҳуми "хостан ва ҷустуҷӯ кардан"-ро дорад, онро бо арабӣ ашақа, ки ба маънии "часбидан" аст, даромехтаанд.

Як нуктаи ҷолиб дар ин робита ҷустуҷӯ дар мафҳуми ишқ дар ирфони форсу-тоҷик аст, ки ишқро бо "ҷустуҷӯ" ва "гаштан" пайванд медиҳад. Ба ёд оваред “Мантиқуттайр”-и Аттор ва ҷустуҷӯи мурғонро дар талаби Симурғ ва ё байти маъруфи Мавлоноро:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Нишондиҳандаи маънии вожаи ишқ бо решаии форсӣ-тоҷикии он яъне "хостан" ва "ҷустан" аст.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” вожаи ишқ ба чунин маънӣ омадааст: “Ишқ - ҳисси дилбастагӣ ва дӯстдории аз ҳад зиёд ба чизе ё ба касе, муҳаббат, шефтагӣ”.

Ошиқе, к-аз ишқи Яздон хӯрд қут,

Сад бадан пешаш наярзад тарратут.

Дар “Фарҳанги Деҳхудо” бошад вожаи ишқ чунин тафсир шудааст: “Ишқ. [ъашақ] (исм) - ишқ овардан ва чира гардидани дӯстӣ бар касе (аз “Мунтаҳ-ал-араб”). Ошиқ шудан (Аламсодири Зузанӣ). Некшигифтӣ доштан (“Тоҷ-ул-амасодир”-и Байҳақӣ). Тааллуқи қалб ба касе (аз Ақраб-ул-маворид). || Часбидан (аз “Мунтаҳал-араб”). Илтисоқ ба чизе (аз “Ақраб- ул-маворид”). ‘ishq, маъшақ. Руҷуъ ба ишқ ва маъшуқ шавад”. Руҷуъ кунед ба “ашақа”.

Иштиқоқи “ишқ” аз “ашақа” гирифта шуда, дар луғат он гиёҳе мебошад, ки дар дарахт печидаву дарахтро зард карда бесамар мегардонад ва инчунин баргҳояшро резонида хушк мекунонад. Луғатноманависони суннатии мо вожаи ишқро ба вожаи ъашақ арабии (ašaq') ба маънои "часбидан" марбут кардаанд. Нависандаи китоби " Ғиёс-ул-луғот" мекӯшад миёни "часбидан, илтисоқ" ва "ишқ" робита барқарор кунад ва менависад:

«Маразест аз қисми ҷунун, ки аз дидани сурати ҳусайн пайдо мешавад ва гӯянд, ки он маъхуз аз ашиқа аст ва он наботест, ки онро лаблоб гӯянд, чун бар дарахте бипечад онро хушк кунад. Ҳамин ҳолат ишқ аст бар ҳар диле, ки торе шавад, соҳибашро хушк ва зард кунад».

Ишқ ҷӯшад баҳрро монанди дег,

Ишқ сояд кӯҳро монанди рег.

Ишқ он шӯъласт, к-ӯ чун барфурӯхт,

Ҳар чӣ ҷуз маъшуқ, боқӣ ҷумла сӯхт.

Муаллифи “Фарҳанги форсии Амид” ишқро чунин тафсир кардааст:

  1. ишқ /'ešq/ - дӯст доштан ба ҳадди ифрот;

  2. шефтагӣ, дилдодагӣ, дилбастагӣ ва дӯстии муфрат;

  3. (исм) [омиёна] маъшуқ.

Ишқ варзидан (масдари лозим) ишқ доштан, ишқбозӣ кардан.

Ишқ баҳре, осмон бар вай кафе,

Чун Зулайхо дар ҳавои Юсуфе.

Дар “Фарҳанги форсии Муин”, “Ишқ”- чунин шарҳ дода шудааст:

  1. ба шиддат дӯст доштан;

  2. (исм) шефтагӣ, дилдодагӣ;

  3. лаззат.

Ҳафт сол аз сӯзи ишқи ҷисмпаз

Дар биёбон хӯрдаам ман барги раз.

Синонимҳои вожаи ишқ дар забони тоҷикӣ: муҳаббат, меҳр, шефтагӣ, дӯстӣ, таашшуқ, хуллат, ҳаво, алоқа, маваддат, вадод (видод), ҳуб, муштоқӣ, дилдодагӣ мебошанд.

1. Муҳаббат (вожаи арабӣ буда маънояш “дӯстӣ, ишқ, меҳр, дӯстдорӣ, дӯст доштани касе ё чизе, меҳрубон будан нисбат ба касе; дар тасаввуф ва ирфон маънии шӯру шавқи бисёр доштани солик барои расидан ба Худованд”).

2. Меҳр (вожаи форсӣ мебошад, ки маънояш “ишқ, муҳаббат, навозиш” аст).

3. Шефтагӣ (вожаи форсӣ буда чунин мафҳумҳоро ифода мекунад “орзумандӣ, дилбохтагӣ, дилдодагӣ, шайдоӣ, ошиқӣ, ишқӣ”).

4. Дӯстӣ (вожаи форсӣ буда маънояш “ошноӣ, иродат, унс, рафоқат, самимият, ишқ, утуфат, муҳаббат, муроқибат, меҳрубонӣ”)

5. Таашшуқ (вожаи арабӣ буда синонимҳояш “ишқварзӣ, ошиқӣ, ишқ мебошанд”).

6. Хуллат (вожаи арабӣ буда маънояш “иродат, дӯстӣ, муҳаббат, ишқ, рафоқат, самимият” мебошад).

7. Ҳаво (вожаи форсӣ буда маънии “ишқ, орзӯ, майл, ҳавас, иштиёқ, муҳаббат”-ро дорад).

8. Алоқа (вожаи арабӣ мебошад, ки “дӯст доштан, робита, иртибот, дилбастагӣ” синонимҳояш мебошанд).

9. Маваддат (вожаи арабӣ буда синонимҳояш “дӯстӣ, муҳаббат, ишқ” ҳастанд).

10. Вадод(видод) (вожаи арабӣ буда синонииҳояш “ишқ, дӯстӣ, муҳаббат, муваддат” мебошанд).

11. Ҳуб (вожаи арабӣ буда синонимҳояш “дӯстӣ, хуллат, ишқ, муҳаббат, вадод, меҳр”).

12. Муштоқӣ (вожаи арабӣ буда маънояш “орзумандӣ, иштиёқ, ишқ, майл” аст). Синонимҳои калимаи “ишқ” (love ) дар забони англисӣ: devotion, adore, flame,

cherish, fondness, emotion, charity, enderness, kindness, infatuation, admire, like, friendship, desire, passion, affection, longing мебошанд.

Нақши осори сӯфиёна дар инкишофи забони адабии имрӯзаи мо басо назаррас буда, тадқиқ ва баррасии он дар забоншиносӣ аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Зеро осори ирфонӣ, забони адабиро ба ҳадди беандоза сайқал дода, дар баробари густариш, ҳамчунин мукаммал гардонид. Таърихи забони адабӣ дар асоси забони осори адибони бузург таҳия ва тадқиқ мегардад. Аҳли тасаввуф аз ибтидои воридшавии андешаҳои ирфонӣ ба адабу фарҳанги тоҷикон асарҳои барҷастаи насриву назмӣ эҷод кардаанд, ки яке аз бузургтарину ғанитарин ганҷинаи адабиёти ирфонии мо ин китоби “Маснавии маънавӣ” мебошад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз шоирони пешсафи орифон буда, суханвари фарҳеҳта дар байни тамоми форсизабонон мебошад. Мавсуф бо таълифи асарҳои безаволаш тавре дар боло ишора намудем фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст. Мавлоно дар олами тамаддун қабл аз ҳама чун ориф маъруф аст, табиист, ки мундариҷаю муҳтавои осори ӯро тасвиру тарғиби ақидаҳои ирфонӣ ташкил медиҳанд. Аз ин ҷост, ки корбасти истилоҳу ифодаҳои орифона дар ашъори шоир мақоми аввалиндараҷа дорад. Мавлоно бо таълифи ин асари бузург, истилоҳоти ирфонии зиёдеро ба забони адабии форсу тоҷик ворид намуд, ки қаблан камистеъмол буданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба