Душанбе пойтахти мо
Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг- пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд. Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст.
Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи ваҳдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.
Оҳиста-оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шахри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи қадимааш барқаpop карда шуда, қомат афрохта, қабои рангин дар бар кард. Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст. Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода далели андешаи болост:
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.
Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки бо қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ - об, замин, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурузон нигоҳ дорем.
Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест дар домони кӯҳҳои сарбафалак. Давлатест, ки бо доштани маконҳои дилфиребу дилнишин ва назаррабо таваҷҷӯхи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, бо доштани табиати нотакрор ба оламиён маҳбубу маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масълаи сайёҳӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса дода, дар шаҳру навоҳии мамлакат барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароит фароҳам месозад, зеро инкишофи соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори мамлакат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону осоиш, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, бо хушҳолӣ васфаш мекунанд. Азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад.
Соли 2021 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуда буд,ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардида буд,ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда буданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мазкур роҳандозӣ шуда буд. Бояд гуфт, ки Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт, аммо солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида шудаанд.
Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе симои худро куллан дигар намудаву дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст. Бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нестанд. Ободониҳое, ки имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шуда истодаанд, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Хушбахтона мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, «шаҳри накӯкорон» табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонидем.
Эй дуст биё ба сайри гулзори Душанбе,
Лаззат бибари дар сари бозари Душанбе,
Гўи ба назар равзаи ризвони биҳишт,
Идона бувад кучаю бозори Душанбе.
Дар робита ба ин баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рўзи Пойтахт, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати зебою озода намудани шаҳри Душанбе, тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои истиқоматию таълимӣ, гулзоркунии саҳн ва гирду атрофи донишгохҳо ва қитъаҳои вобасташуда, боз ҳам зеботару муаттар гардонидани фазои пойтахт ҳамарӯза шанбегӣҳо баргузор мегардад.Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш бо ҳидоятҳои роҳбари хирадманду сипоҳсолор, хислатҳои зебоипарастӣ, тозагию озодагӣ, бо маънавиёти баланди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқу рафтори ҳамидаи сокинонаш ва фарҳанги волои шаҳрдорӣ Душанбешаҳрро ба «шаҳри накӯкорон» табдил дод ва барои ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам овард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё