Зеҳн

Ӯ дигар бораш ба боло бурду бар курсӣ нишонд

ЗЕ
зеҳни сунъӣ10 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Дар робита ба пардабардорӣ аз нимпайкараи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Лондон

«Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», — фармудааст устод Рӯдакӣ ва ҷои дигар таъкид мекунад: «Дониш андар дил чароғи равшан аст». Ганҷи фарҳанг ва чароғи дониш одамизодаро ба кӯи мурод мерасонад. Мо — тоҷикон, соҳиби ин ганҷи бузург ва чароғи оламтоби илму маърифат ҳастем. Масалан, Наврӯзе, ки аз тамаддуну фарҳанги мо рӯидааст, дарси шод зистан, худро ба хубиҳою покиҳо расондан, ба авҷи камоли маънавӣ расиданро ба халқҳои ҷаҳон меомӯзад. Осори гаронарзиши устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар дар пайкари маънавии ҷомеаи башарӣ ҷон дамидааст.

Фарзандони мо ба ҳар куҷои ҷаҳон, ки сафар карданд, бо худ фарҳанг, илм, адабиёт ва суннатҳои некамонро бурданд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ муаррифгари тамаддуну фарҳанги мо дар ақсои олам аст.

Пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи Одам-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи шарқӣ ва африқоии Донишгоҳи (SOAS)-и Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар тасдиқи гуфтаҳои болост. Дар ин донишгоҳи бонуфуз на танҳо аз рӯи нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пардабардорӣ шуд, балки адабиёт, дониш ва хиради мардуми тоҷик муаррифӣ гашт.

Дар он маросими бошукӯҳ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рухшона Эмомалӣ, муовини ректори SOAS, профессор Ҷоанна Нюман, олимон, рӯдакишиносон, санъаткорон ва дӯстдорони илму адаб аз кишварҳои мухталиф ширкат варзиданд.

Забон ва адабиёти тоҷик дар замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташаккул ёфт ва дар ин роҳ Рӯдакию Фирдавсӣ ва ҳам­асронашон хидматҳои бузург карданд. Ибни Ямин ин нуктаро нисбат ба бузургтарин хамосасарои ҷаҳон Фирдавсии Тӯсӣ ин гуна баён мекунад:

Сикае к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,

То напиндорӣ, ки кас аз зумраи фурсӣ нишонд.

Аввал аз болои Курсӣ бар замин омад сухан,

Ӯ дигар бораш ба боло бурду бар курсӣ нишонд.

Устод Рӯдакиро нахустин шоири бузург ва падари шеъри тоҷику форс мегӯянд. Шоире, ки бо ашъори пур аз панду ҳикмат таъсири мусбат ба раванди ташаккули адабиёти тоҷик гузошт. Вай мисли офтобе дар саргаҳи адабиёти мо дурахшид ва дун­ёи шеъри моро мунаввар намуд. Унсурӣ мегӯяд:

Ғазал Рӯдакивор неку бувад,

Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.

Носири Хусрав мефармояд:

Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст,

Он тирачашм шоири равшанбин.

Пардабардорӣ аз пайкараи устод Рӯдакӣ дар Донишгоҳи SOAS-и Лондон бештар аз 200 олиму алоқамандони шеъри шоирро аз нуқоти гуногуни дунё гирд овард ва чорабинии илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмию фарҳангӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ ширкат дошт.

Устод Рӯдакӣ на танҳо шоири бузург, балки мусиқидон ва сарояндаи барҷаста буд. Қудрати эъҷози ӯ дар дунёи хунёгарӣ ба ҳадде будааст, ки бо сурудани «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» шоҳи хушгузарон ва моҳҳо дур аз пойтахтро ба Бухоро бармегардонад. Мавсуф дар шеъре ҳунари навозандагию овозхониашро чунин тасвир мекунад:

Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

Барои муаррифӣ кардани санъати мусиқӣ, овозхонӣ ва рақси тоҷик, ки дар саргаҳи он устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меистад, дар он маҳфили илмию фарҳангӣ устодони санъати тоҷик низ ширкат варзиданд.

Баргузор кардани ин гуна чорабиниҳо дар ақсои олам аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон муаррифгари чеҳраи маънавӣ ва дунёи рангини мардуми тоҷик аст.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба