Асосҳои ҳуқуқии тиҷорати электронӣ
Мафҳум ва аломатҳои тиҷорати электронӣ
Дар адабиётҳо баъзан “тиҷорати электронӣ” ва баъзан “савдои электронӣ” истифода мешавад. Тиҷорат нисбати савдо маънои васеътар дорад. Тиҷорат на танҳо савдо, балки ҷараёни коркад ва истеҳсолотро низ дар бар мегирад. Тиҷорати электронӣ, ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ, муомилотҳои молиявию тиҷоратиеро дар бар мегирад, ки тавассути шабакаҳои компютерӣ сурат мегирад. Ҳамин тавр, агар мафҳуми дар боло зикршударо таҳлил намоем, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки тиҷорати электронӣ чунин аломатҳо дорад1:
-
намуди фаъолияти иқтисодиест, ки барои ба даст овардани фоида равона шудааст;
-
ин фаъолият иборат аст аз муомилотҳо, яъне аҳдҳо, мубодилаи иттилоот ва дигар амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ;
-
он тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад.
Аломати аввал аз мақсади фаъолият дарак медиҳад, ки он барои ба даст овардани фоида равона карда шудааст. Аломати дуввум таваҷҷӯҳи моро бештар ҷалб менамояд. Зеро, он аз 3 гурӯҳи амалҳо иборат аст: 1) аҳдҳо, 2) мубодилаи иттилоот, 3) дигар амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ.
Дар қисмати аҳдҳо ду масъала бештар мавриди назар аст.
-
Ҳастанд аҳдҳое, ки электронӣ баста мешаванд, аммо иҷрои кору хизматрасонӣ ва таҳвили мол воқеан сурат мегирад. Масалан, тавассути сайти мағозаи «Волна» имкони бо тариқи электронӣ бастани шартномаи хариду фурӯши таҷҳизот ҳаст, ки баъди он, фурӯшанда таҷҳизотро ба манзили харидор таҳвил медиҳад.
-
Ҳастанд аҳдҳое, ки электронӣ баста мешаванд ва иҷроиши онҳо низ тавассути воситаҳои электронӣ анҷом мешавад, масалан, хизматрасониҳои машваратӣ, тарҷумонӣ, иттилоотӣ ва ғайра.
Қисмати мубодилаи иттилоот хеле васеъ аст, зеро иттилоте, ки тоҷирон дар давоми фаъолияташон истифода мекунанд реҷаҳои гуногун доранд. Масалан, онҳо метавонанд тавассути интернет реклама намоянд, мукотибот бо истеъмолкунандагон ва дигар муштариёнро анҷом намоянд ва ғайра.
Қобили зикр аст, ки тоҷирон дар ин ҷода бояд пеш аз ҳама реҷаи ҳуқуқии иттилоотро риоя намоянд. Дар илми ҳуқуқ асосан ба ду гурӯҳи реҷаи ҳуқуқии иттилоот таваҷҷӯҳ доранд: маҳдуд ва озод. Чунин таснифот дар моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”2 низ ифода ёфтааст. Тоҷирон низ ҳангоми мубодилаи иттилот бояд реҷаҳои зикршударо ба инобат гиранд, зеро ҳангоми вайрон намудани талаботи реҷаҳои иттилоот онҳо метавонанд ба душворӣ дучор шаванд.
Қисмати дигар амалҳои аҳамияти ҳуқуқидошта фарогири он амалҳое мебошад, ки дар натиҷаи онҳо шахс соҳиби ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ мегардад. Масалан, ҳангоми расонидани зарар, аз ҷумла тавассути интернет ба рақиб, шахс уҳдадор аст ҷуброни зарар намояд. Аломати сеюм аз он дарак медиҳад, ки се гурӯҳи амалҳои зикршуда тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегиранд ва маҳз бо ҳамин унсур онҳоро ҳамчун тиҷорати электронӣ баррасӣ менамоянд.
Қонунгузории Тоҷикистон доир ба тиҷорати электронӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷа Дар Тоҷикистон қонуни хоса доир ба тиҷорати электронӣ қабул нашудааст. Гарчанде якчанд қонунҳо (Қонунҳои ҶТ: “Дар бораи иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи реклама”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”, “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” ва ғайра3) баъзе паҳлӯҳои онро фаро мегирад, аммо онҳо фарогири паҳлӯҳои асосии тиҷорати электронӣ нестанд. Аз зумраи қонунҳои зикршуда Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”4 бештар ба ин самти танзими ҳуқуқӣ наздик аст. Масалан, тибқи моддаи 6-и қонуни мазкур ҳуҷҷати электронӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат кунад: тавассути воситаҳои барномавӣ ва техникӣ тайёр шуда, коркард шавад, ирсол, қабул ва ҳифз гардад; дорои нишонаҳое бошад, ки имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунии он бошанд; дар шакле пешниҳод гардад, ки қобили қабули фаҳми инсон бошад.
Талаботҳи зикршуда ба тамоми ҳуҷҷатҳо мутаалиқ аст ва он метавонад нисбати аҳдҳои электронӣ низ татбиқ шавад. Аммо ин талаботҳо умумӣ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар назди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” кор карда истодааст ва умедворем, ки оянда чунин қонун қабул мегардад.
Доир ба тиҷорати электронӣ дар якчанд давлатҳои пасошӯравӣ қонунҳои алоҳида қабул шудаанд (Украина, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдова). Дар дигар давлатҳо гарчанде қонуни алоҳида қабул нашуда бошад ҳам, аммо паҳлӯҳои алоҳидаи тиҷорати электронӣ дар қонунҳои алоҳида ба танзим дароварда шудааст.
Масалан, дар доираи Қонуни Қазоқистон “Дар бораи танзими фаъолияти савдо”, савдои электронӣ низ танзим шудааст ва баъдан Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Низомнома дар бораи савдои электронӣ қабул намудааст6.
Дар сатҳи байналмилалӣ қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ “Дар бораи тиҷорати электронӣ” ва дар сатҳи ИДМ Қонуни намунавӣ “Дар бораи савдои электронӣ” қабул шудааст. Дар Аврупо якчанд директиваҳои Иттиҳоди Аврупо қабул шудааст.
Умуман, агар ба матни қонунҳои давлатҳои номбурда ва қонунҳои намунавӣ назар намоем, онҳо чунин масъалаҳои асосиро фаро гирифтааанд:
- масъалаҳои умумӣ (доираи амал, мафҳумҳо, принсипҳо);
- субъектҳо (фурӯшандаҳо, хизматрасонҳо, муштариён ва миёнравҳо);
- талаботи умумӣ ва махсус доир ба аҳдҳои электронӣ;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо дар аҳдҳои электронӣ;
- тартиби муомилоти электронии итилоот;
- таъмини бехатарӣ дар аҳдҳои электронӣ;
- аҳдҳои электронии байналмилалӣ ва қонуни татбиқшаванда нисбати он.
-технологияи дар ҷараёни бастани шатнома истифодашаванда;
- технологияи истифодаи имзоҳои электронӣ;
- тартиби мувофиқа ва ворид намудани тағйиротҳо ба шартнома;
- тарз ва тартиби аксепт;
- тарз ва тартиби бозхонди аксепти хатошуда;
- шарти муайян кардани иқтибос ба дигар ҳуҷҷатҳои электронӣ ва дастрасӣ ба он;
- тартиби нигоҳдорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ ва дастрасӣ ба он;
- пешниҳоди нусхаи электронии ҳуҷҷат.
Масъалаҳо
Масъалаи №1. Аҳмад барои пеш бурдани фаъолияти тиҷоратиаш дар интернет мағозаи интернетӣ кушод. Намояндаи мақомоти андоз аз Аҳмад ҳисобот талаб карданд, ки худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирад, барои тиҷорати электрониаш ҳисобот пешниҳод намояд ва андоз супорад. Аҳмад ҷавоб дод, ки тиҷорати электронии у дар дохили Тоҷикистон сурат намегирад, балки тамоми муомилоти ӯ бо шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Оё Аҳмад дар чунин сурат вазифадор аст ҳамчун соҳибкор худро қайд намояд? Оё Аҳмад дар чунин сурат ба мақомоти андоз ҳисобот ва андоз месупорад?
Масъалаи №2. Самад сомонае кушод, ки дар он тоҷирони дигар бо ҳам имконияти пешниҳоди мол ва хариди онро доштанд. Худи Самад аз он тоҷирон ягон маблағ талаб намекард. Аз сабабе, ки сайти мазкур машҳур шуда буд, дар он рекламадиҳандагон рекламаҳои худро мегузоштанд ва як маблағи муайян ба Самад пардохт мекарданд.
Дар ҳамин ҳолат амали кадоме аз субъектҳо (Самад, тоҷироне, ки тавассути сайт шартнома мебанданд, рекламадиҳандагон) ба тиҷорати электронӣ дохил аст?
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё