Автомобил сабаби кадом бемориҳо мешавад?
То фаровон шудани теъдоди автомобилҳо аз як ҷо ба ҷое рафтан рўзу соатҳои зиёдеро талаб мекард. Имрўз автомобил яке аз дастрастарин намудҳои нақлиёт буда, моро ба зудӣ ва роҳат ба манзили мақсудамон мерасонад.
Мутаассифона, автомобил дар баробари осонӣ оварданаш боиси хатару мушкилоти зиёде низ гаштааст. Аз рўи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳар сол дар садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон 1,2 миллион нафар фавтида, аз 20 то 50 миллион нафар маҷрўҳ мешаванд.
Агар аз рўи нуқтаи назари экологӣ бингарем, нақлиёт дар ифлоскунии атмосфера ҷои аввалро мегирад. Мувофиқи маълумоти World Energy Council қариб 17% ихроҷи газҳои парникии ҷаҳон ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Ҳар як дақиқа аз конвейери корхонаҳои мошинбарорӣ як автомобили нав мебарояд. Барои ҳар як миллион адад автомобили истеҳсолшуда 15 ҳазор километр хати нави роҳ бунёд карда, дар майдони 2-3 ҳазор гектар мошинсаро ва гараж, садҳо нуқтаҳои нави сўзишворӣ, даҳҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ ва корхонаҳои тармиму қисмҳои эҳтиётӣ сохтан лозим меояд, яъне, замини зиёди киштбоб аз гардиш мебарояд.
Ба замми ин садои ғурриши мотор ва ба роҳ бархўрдани чархи мошинҳо боиси пайдошавии мағал мегарданд, ки ба узвҳои шунавоӣ ва системаи асаби инсон зарар мерасонанду хобу истироҳати одамонро халалдор месозанд. Дар таркиби газҳое, ки аз дудбарои мошинҳо дар натиҷаи сўхтани сўзишворӣ ихроҷ мешаванд, қариб 200 номгўй пайвастагиҳо мавҷуданд. Хатарноктарини онҳо пайвастагиҳои сулфур, оксиди карбон, қўрғошим, бензапирен ва алдегидҳо мебошанд. Муҳаққиқони британӣ ба хулосае омаданд, ки теъдоди ашхоси аз заҳролудшавии дуди нақлиёт фавтида нисбат ба қурбониёни садамаҳои автомобилӣ дида зиёданд.
Масалан, агар инсон дар давоми 10 дақиқа ҳавои дорои 0,5% оксиди карбондоштаро нафас кашад, беҳуш шуда, фавтиданаш мумкин аст. Чунин ҳолатҳо зимистон вақти дар гаражҳои маҳкам (ҳавонорас) “гарм” кардани мошин зиёд рух медиҳад. Ҳатто ҳангоми андаке аз он нафас кашидан низ сари кас ба дард меояд.
Газҳои заҳрноки аз автомобил хориҷшуда бо чанд роҳ ба инсон зарар мерасонанд. Якум, ба воситаи роҳҳои нафас ба ҷисми кас роҳ ёфта, таъсири манфӣ мерасонанд. Дуюм, ба воситаи бориш замину обро ифлос месозанд. Сеюм, дар баргу пояи растаниҳо таҳшин шуда, ба нашъунамояшон халал мерасонанд. Чорвое, ки аз гиёҳҳои канори роҳ истеъмол мекунанд, пайвастагиҳои заҳрнок дар таркиби ширу гўшташ роҳ меёбад.
Қўрғошим тавассути роҳи нафас ба организм ворид шуда, синтези гемоглобинро вайрон месозад, боиси сарзании бемориҳои роҳи нафас, роҳҳои пешоб ва системаи асаб мегардад.
Вақте оксиди карбон ба хун меафтад, эритроситҳо қобилияти таъмин намудани бофтаҳо бо оксигенро гум мекунанд. Оксиди карбон ба системаи асаб, дил ва рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида, нафастангӣ ба миён меорад.
Оксиди нитроген гази заҳрнокест, ки ба узвҳои нафаскашӣ таъсири манфӣ мерасонад. Туршии нитроген дар роҳҳои нафас бо об пайваст шуда, боиси пайдошавии кислота мегардад, ки ба пардаҳои луобӣ зарар расонида, боиси пайдошавии бемориҳои вазнин мешавад.
Карбогидрадҳо бошанд, таъсири наркотикӣ расонида, боиси сардард, сарчахзанӣ ва ғайра мегарданд.
Алдегидҳо зимни таъсири дурудароз пардаҳои луобии чашм ва роҳҳои нафасро бемор сохта, боиси гумшавии иштиҳо ва бехобӣ мешаванд.
Дар натиҷаи аз ҳавои бо газҳои автомобил заҳролудшуда нафас кашидан бемориҳои роҳи нафас, саратони шуш, бронхити музмин, зиққи нафас, сардард авҷ мегирад. Масуният (иммунитет)-и инсон заиф мегардад.
Зарарҳои сершумори авомобилро ба назар гирифта, фаъолони ҳифзи муҳити зист ҳар сол 22 сентябрро чун Рўзи бидуни автомобил таҷлил мекунанд. Дар ин рўз аз истифодаи автомобил даст кашида, электромобил ва велосипедсавориро тарғиб менамоянд. Ин чорабиниҳо то андозае таъсири заҳрҳои автомобилро кам мекунад.
Дилшод ВАСИХОВ,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё