Зеҳн

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ – ЗАМИНАИ ОМОДА КАРДАНИ МУТАХАССИСОН

АХ
Ахбор12 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Машғулиятҳои таълимӣ барои донишҷўёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 3-юми январи соли 2024 оғоз гардиданд. Дар шуъбаи фосилавӣ донишҷўёни зиёде ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар баробари кору фаъолият дар истеҳсолот ба омўзиш машғуланд.

Айни замон раванди таълиму тар- бия дар шуъбаи фосилавӣ хело хуб ба роҳ монда шуда, мушовир- эдвайзеро- ни факултетҳо дар ҳамкорӣ бо садора- ти факултет ва кафедраҳо иштироки ҳузурии донишҷўёнро таъмин ва аз ра- ванди дарсҳои тахассусӣ назорат бурда истодаанд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо мақсади пурзўр намудани корҳои тарбиявӣ ми- ёни донишҷўёни таҳсилоти фолсилавӣ ҷиҳати риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии

Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.06.2016 таҳти №237, суҳбату вохўриҳои судманд баргу- зор мегарданд. Зимни суҳбат масъулини самти тарбия доир ба масъалаҳои таълиму тарбия, аз ҷумла риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, дастурамалӣ либосҳои тавсиявӣ барои донишҷўён, одобу ахлоқ, худорӣ намудани онҳо аз фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худ- шиносии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба пайваста дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва тахассусӣ баргузор мегар- данд, ки ба мақсад мувофиқ аст. Чунин дарси кушод бо донишҷўёни таҳсили фосилавӣ дар гурўҳи 203- и факулте- ти сиёсат ва идораи давлатӣ аз ҷониби омўзгори кафедраи фалсафа Сафаралӣ Каримов дар мавзуи "Фалсафа: доираи проблемаҳо ва нақши он дар ҷомеа" доир карда шуд.

Дар факултети забон ва адаби- ёти рус дарси намунавии муаллима Қурбонбӣ Ҷумаева аз фанни амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ бо донишҷўёни гурўҳи 101-и ихтисоси забон ва адабиёти рус, таҳсили фосилавӣ доир гардид. Дар факултети информатика бо донишҷўёни ихтисосҳои информатика - математи- ка таҳсили фосилавӣ дарси намунавии омўзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ Давлаталӣ Шоҳиён дар мавзуи

"Мафҳум ва аҳамияти омўзиши фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ" баргузор гар- дид.

Баргузории чунин дарсҳои кушод им- кон медиҳад, ки донишҷўён маҳорату ма- лакаи хешро ба зудӣ сайқал дода, барои фаъолияти минбаъда таҷриба андўзанд.

Имрўз дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ барои қонеъ на- мудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

Ин намуди таҳсил аз ҳисоби ташки- ли васоити зудамали таълимӣ буда, ҳамзамон донишҷўён имконият доранд, ки новобаста аз макони воқеъ будаашон бо омўзгор, тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар роби- та бошанд. Ташкил намудани раванди омўзиш бо нигоҳдории сифати он, сатҳи нави дастрас будани таълимро таъмин менамояд.

Таълим дар ин раванд бо ис- тифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мувофиқи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ, ки онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ба роҳ монда мешавад.

Таҳсилоти фосилавӣ бо истифо- даи усулҳои навтарини тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии гуманитарӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар ихтисосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор, менеҷмент, ҳуқуқ, иқтисод, ки дар дохил ва хориҷи кишвар тайёр карда мешаванд, мусоидат менамояд.

Бошад, ки донишҷўёни мо аз ин намуди таҳсил бештар воқиф шаванду аз илмҳои замона бохабар гарданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба