Мақсад ва аҳдофи нубувват
Бо вуҷуди фарқи мақому манзалат, ҳамаи паёмбарон шахсиятҳои баргузидае ҳастанд, ки ба таҷаллиёти Зоти Худованди Таборак ва Таъоло мазҳар гаштаанд. Худованд (ҷалла ҷалолуху) онҳоро ба Худ маҳрам қабул дошта, дар мақомҳои ба ағёр дастнорас тарбият намуда, мукаммал сохта, нагузоштааст, ки ба ҷуз ризои Ӯ дар хусуси чизи дигаре андеша кунанд.
Дар баробари тамоми паёмбарон ва ҳатто афзунтар аз онҳо барои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) олитарин арзиш ризоияти Худо буд. Воқеан ҳеҷ як арзиши ғайр назари Ӯро нарабуда ва хаёли Ӯро тира накардааст. Ӯ замоне ки чашм ба олам кушод, андешаи Худоро мекард ва ҳангоме ки рахт аз ҷахон мебурд, ҳамчунон дар фикри Худо буд ва мегуфт: «Худоё! Маро ба Рафиқи Аъло бирасон!». Уммулмуъминин Ҳазрати Оиша (р.а.) саргузашти болоро чунин ривоят мекунад:
«Баъзан ҳангоми беморӣ Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба наздам омада, мегуфтанд: «Бароям дуо бихон!» Ман дасти мубораки Ӯро дошта, бо баракати дастонаш, ба умеди шифо дасти дигари худро ба сари Ӯ, ки фаротар аз замону макон аст, мегузоштам ва дуо мекардам. Ҳангоми бемории вопасини Ӯ, вақте бо ҳамин мақсад мехостам дасташро бигирам, дасти худро ба шиддат бозгирифт ва дуо кард: «Худоё! Маро ба Рафиқи Аъло бирасон!».
Маълум аст, ки дар он ҳангом Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дӯстони заминиро не, балки дӯсти ҳақиқӣ, яъне Худоро талаб дошт ва дар абъоди дигаре мехост ба ӯ бирасад.
Инак, паёмбарон ва хусусан, Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки барои худ назистаанд, ба чӣ хотир ба дунё омада буданд ва ҳадаф аз фиристодани онҳо дар чӣ буд? Посухи ин суол вобаста ба ду паҳлӯи асосии он аҳамияти хоса касб мекунад:
Якум, нақши бузургу барҷастаи паёмбаронро шарҳ дода, байни онҳо ва инсонҳои муқаррарӣ фарқ гузоштан ва омода намудани посухҳои эътимоднок барои онҳое, ки анбиёро ҳамчун инсонҳои оди арзёбӣ мекунанд.
Дуюм, ишорат намудан ба роҳе, ки ворисони паёмбар бояд пеш бигиранд ва таъкид намудан ба сохторе, ки бояд ихтиёр кунанд.
Сарфи назар аз он ки мо масъалаи мазкурро аз кадом зовия мавриди баррасӣ қарор медиҳем, сатҳи аҳамиятнокии он тағйир намеёбад. Аз ин рӯ мо низ бе риояи ҳеҷ як тартиби хоса кўшиш мекунем, ки мулоҳизоти худро дар шакли моддаҳо тақдим намоем.
1. Парастиши Худо
Ҳадафи фиристода шудани паёмбарон бо мақсади офариниши инсоният дар як нуқта ҷамъ меояд. Зеро мақсади офариниши инсон ҳам парастиши Худо аст. Ин нукта дар Куръони Карим чунин тазаккур ёфтааст: «Ва Ман ҷинну инсро танҳо барои он офаридаам, ки Маро парастанд» (Сураи «Зориёт», 51/56).
Маълум мешавад, ки ҳадафи асосии офариниши инсон хӯрдану ошомидан, ҷамъоварии молу мулк ва ё ба даст овардани шароити зиндагии пурҳашамат набуда, балки шинохту маърифати Худо ва арзишмандона ба ҷой овардани вазифаи бандагӣ, яъне парастиши Зоти Ҳақ(қ) аст. Аввалиҳо эҳтиёҷоти фитрии инсон ба шумор мераванд, аммо ҳадафи офариниш нестанд. Ва паёмбарон ҳам ба хотири нишон додани ин роҳи арзишманд омадаанд.
Ояти карима дар ин маврид ишорат мекунад:
«Ва мо пеш аз ту ҳеҷ пайғамбаре нафиристодем, магар он, ки ба сӯйи ӯ ваҳй мефиристодем, ки ғай pu Ман ҳеҷ маъбуд (-и барҳақ) нест; пас Маро пара стиш кунед» (Сураи «Анбиё», 21/25).
Дар ояти дигар гуфта мешавад:
«Ҳамоно ба ҳар миллате пайғамбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бутҳо дурӣ ҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин сайр кунед ва бингаред, ки оқибати кори дурӯғдорандагон чӣ гуна шуд» (Сураи Наҳл, 16/36). Аз оятҳои мазкур бармеояд, ки ҳадафи фиристодани паёмбарон аз даъвати инсонҳо ба ибодати Худо ва нигоҳдорӣ аз парастиши бутҳо иборат аст.
Дар ин росто ҳолати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) боз ҳам фарқкунанда аст. Ӯ, ки ҳамчун раҳмат барои оламиён фиристода шудааст, уҳдадор аст, ки на танҳо инсонҳо, балки ҷинҳоро низ ба парастиши Зоти Ҳақ(қ) даъват намояд. Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ҳодисаи аз сар гузаронидаи худро ин тавр қисса мекунад:
«Боре ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ҷое рафтем. Ӯ ба атрофи ман даврае кашида, фармуд: «Аз ин хат берун набаро!» ва худ бирафт. Сипас садоҳои баланде ба гўшам расид. Ман дар ташвиш афтодам, ки бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нохушие рух надода бошад. Вале чун маро дар хусуси ба ҷое нарафтан амр намуда буд, ҳаракате накардам. Пас аз чанд муддат Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бозгаштанд. Ман пурсидам: «Ё Расулуллоҳ! Он чӣ сару садое буд, ки ба гӯш мерасид?» Гуфт: «Тоифаи ҷинҳо ба ман имон оварда, байъат намуданд. Сипас дар миёнашон муноқиша сар зад. Ҷинҳое, ки имон оварданд ва ҷинҳое, ки имон наёварданд, ба ҳамдигар дарафмоданд. Ҳамин буд садое, ки ту шунидӣ. Ҳамчунин ман дар хусуси фавти худ огоҳ гардонида шудам».
Ибораҳои охирини Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ин маънӣ буданд: «Мақсади фиристода шудани ман аз он иборат буд, ки роҳи ҳидоятро ба рӯйи инсонҳо ва чинҳо кушоям. Аз он ки имрӯз тоифаи ҷинҳо низ ба ман имон оварда, итоат карданд, минбаъд дар ин дунё мондани ман маънӣ надорад. Пас акнун мумкин аст, ки аз ин дунё рахти сафар бандам....
Ӯ ин гуна андеша мекард ва дар миёни таъбирҳои худ доир ба мақсаду ғояи нубувват паёмҳо мерасонд. Воқеан Ӯ доир ба тарҷеҳи охират ба мо низ чунин дуое таълим дода буд:
«Худоё, то замоне ки зиндагӣ дар ҳаққи ман хайр аст, умрам бидеҳ ва ҳар гоҳе ки фавтидан бароям авлотар аст, рӯҳамро қабз намо, даргузаштанро бароям арзонӣ бидор».
2. Таблиғ
Ҳадафи дигари фиристода шудани паёмбарон аз таблиғи дин иборат аст. Агар онҳо намеомаданд, мо ҳаргиз намедонистем, ки чӣ гуна бояд ибодат кунем, намефаҳмидем, ки иҷрои кадом амале фармуда шуда, иҷрои кадоме мамнуъ аст ва уҳдадориҳои мо; намозу рӯза ва закоту ҳаҷ чист. Ҳаргиз намедонистем, ки оё шаробнӯшӣ, қиморбозӣ, зино, судхӯрӣ, фоиз ва ғайра ҳаром аст ё ҳалол. Албатта ҳамаи ин масъалаҳоро мо тавассути паёмбарон омӯхтем. Инро мо ба таври кӯтоҳ «рисолати пайғамбарӣ» меномем ва мегӯем, ки ҳамаи паёмбарон барои иҷрои як рисолат омадаанд ва агарчи дар ҷузъиёти фармудаҳояшон фарқе ба назар мерасад, дар асл, ҳамаи онҳо як чиз гуфтаанд. Инак, Қуръони Карим дар бораи ин ҳадаф ва рисолати умумии паёмбарон мегӯяд:
«Касоне, ки пайғомҳои Худоро мерасонанд ва аз Вай метарсанд; ва ба ҷуз аз Худо аз ҳеч кас наметарсанд; Худо барои ҳисоб кардани амалҳояшон кофист» (Сураи «Аҳзоб», 33/39).
Бале, паёмбарони Худо барои амалӣ намудани ин мақсад омада буданд. Дар ин мавзӯъ, сарфи назар аз ҳама гуна монеаҳо, касе ва чизе наметавонист ба онҳо таъсир расонад. Онҳо тарсро намедонистанд, зеро танҳо аз Худо метарсиданд.
Дар ин хусус, ба Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хитоб шуда буд:
«Эй пайғамбар, он чиро, ки аз ҷониби Парвардuгорат ба сӯйи ту фуруд оварда шудааст, [ба мардум] бирасон. Ва агар [чунин] накунӣ, пайғоми Худоро нарасонида бошӣ. Худо туро аз мардумон нигоҳ медорад. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи кофиронро роҳ наменамояд» (Сураи «Моида», 5/67).
Яъне агар Ту дар вазифаи худ ба норасоие ҷой диҳӣ, пас он норасоӣ дар вазифаи нубувват хоҳад буд. Пас ин норасоие нест, ки танҳо ба зиндагии фардии Ту иртибот дошта бошад, балки ин масъала ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятии тамоми инсонҳоро фаро мегирад. Зеро вазифаи Ту аз он иборат аст, ки тамоми инсонҳоро маърифат биомӯзӣ. Агар Ту вазифаатро пурра ба иҷро нарасонӣ, тамоми инсоният дар зулмат хохад монд...
Аслан Ӯ медонист, ки дар сурати баръакс иҷрои рисолати Ӯ номумкин хоҳад буд. Агар чунин намебуд, сарнавишт рӯйи он қарор намегирифт, ки Ӯ бо чунин рисолат фиристода шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё