Зуком: аломатҳо, усулҳои пешгирӣ ва табобати он
Ҳар сол баробари пастшавии ҳарорати ҳаво моро бемории зуком (грипп) ба ташвиш меорад. Мо чӣ тавр бояд фаҳмем, ки ба бемории зуком гирифтор шудаем? Бар зидди ин беморӣ эм кардан фоидае дорад? Роҳи самараноктарини табобати ин беморӣ кадом аст? Мо кӯшиш кардем, ки ба ин гуна суолҳо ҷавоб ёбем ва бо шифокори тоифаи олӣ, дотсент Абдулло ЮСУФОВ ҳамсӯҳбат шудем.
— Зуком якбора сар мешавад: дар давоми чанд соат дар бемор баъзе нишонаҳо, чун баланд шудани табларза, сулфа (одатан сулфаи хушк), дарди сар, дарди мушакҳо ва буғумҳо, беҳолӣ, дарди гулӯ ва оби бинӣ пайдо мешаванд. Аммо табларзаи баланд ва ногаҳонӣ аломатҳои классикии ин беморӣ мебошанд. Бо ибораи дигар гӯем, агар кас якчанд рӯз худро бемор ҳис кунаду баъд «афтад», пас ин зуком нест, балки сирояти шадиди вируси репираторӣ, яъне дарди гулӯ аст. Аксари одамон дар давоми як ҳафта бетабобат шифо меёбанд. Аммо барои баъзе гурӯҳҳое, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, он вазнин гузаштанаш, ҳатто ба марг расониданаш ҳам мумкин аст.
— Ба ин гурӯҳ кадом тоифаи беморон дохил мешаванд?
— Ба ин гурӯҳ:
— кӯдакони то дусола;
— пиронсолони синнашон аз 65 боло;
— занҳои ҳомиладор;
— одамони ҳамаи синну сол, ки аз бемориҳои дил, шуш, гурда, ҷигар, хун, инчунин диабети қанд азият мекашанд;
— беморони синдроми норасоии иммунитет (масалан, шахсони мубталои ОИВ) дошта шомил мешаванд.
— Роҳҳои сирояти ин беморӣ чӣ хел аст?
— Вирус тавассути қатраҳои ҳаво ба осонӣ аз як кас ба каси дигар сироят мекунад. Аз ин рӯ, он дар мактабҳо, кӯдакистон, идораву ташкилотҳо ва дигар ҷойҳои серодам зуд паҳн мешавад. Аксар вақт ин беморӣ ба воситаи сулфа ё атса задану фишурдани дасти бемор мегузарад. Бинобар ин, чораҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ пӯшидани ниқоб ва мунтазам бо собун шустани дастҳо мебошад. Бояд гуфт, ки даври ниҳонии бемории сироятӣ (вақти муомила бо шахси бемор ва пайдоиши аломатҳо) ду рӯз аст.
— Ғайр аз пӯшидани ниқоб боз кадом роҳҳои пешгирии паҳншавии бемориро тавсия медиҳед?
— Якчанд роҳҳои пешгирии бемории зуком вуҷуд дорад. Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, аз мулоқот бо одамони бемор худдорӣ кардан;
— агар худро каме беҳол ҳис намоед, ба кор наравед;
— пас аз раҳо ёфтан аз беморӣ ва аз байн рафтани аломатҳои беморӣ низ боз як рӯзи дигар дар хона бимонед;
— агар бемор бошед, то ҳадди имкон аз мулоқот бо одамони солим худдорӣ намоед;
— ҳангоми атса ва сулфидан ҳатман бинӣ ва даҳони худро бо дастрӯмол ё рӯмолчаи якдафъаина пӯшед;
— дастонатонро зуд-зуд бо собун шӯед.
— ба чашм, бинӣ ва даҳон даст нарасонед, алалхусус дар ҷойҳои ҷамоатӣ.
Усули аз ҳама самараноки пешгирӣ эмкунӣ мебошад. Ваксинаи зуком самаранок ва бехатар аст. Ин усул зиёда аз 60 сол боз дар бисёр мамлакатҳо истифода мешавад. Дар ҷамъият гурӯҳҳои аҳолӣ вуҷуд доранд, ки бояд эм карда шаванд. Ба ин гурӯҳ занони ҳомиладор, кӯдакони аз 6 моҳа то 4-сола, пиронсолон (синнашон аз 65-сола калон), шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кормандони соҳаи тандурустӣ дохил мешаванд.
— Оё ҳолатҳои имконнопазирии эмкунӣ низ вуҷуд доранд?
— Албатта, ҳастанд, аммо ниҳоят кам аст. Дар ин ҷода, кӯдакони аз 6-моҳа хурд, онҳое, ки ба ваксинаҳои қаблӣ реаксияҳои шадиди аллергӣ доранд ва монанди инҳоро гуфтан мумкин аст.
— Бемориро бояд чӣ тарз зуд ва самарабахш табобат кард?
— Дар аксар ҳолатҳо табобати махсус талаб карда намешавад. Нӯшидани оби ҷӯш ва истеъмоли хӯрокҳои обдор хушкшавии организмро пешгирӣ мекунад ва ин ҳангоми табобати беморӣ муҳим аст. Чораву тадбирҳои дигар-доруҳое мебошанд, ки барои сабуксозии даври гузариши беморӣ (ба меъёр овардани ҳарорати бадан) истифода мешаванд. Дорувориҳои зиддивирусӣ мавҷуданд, аммо онро танҳо бо пешниҳоди шифокор гирифтан мувофиқи мақсад аст. Самаранокии табобат пас аз намоён шудани аломатҳои беморӣ дар 48 соати аввали оғози табобат ба даст меояд. Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки аз табобати беморӣ дида, пешгирии он самараноктар аст. Зеро, беҳуда нагуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Бинобар ин, ҳар як кас ба гигиенаи тиббӣ риоя карданаш лозим аст. Аз модарон хоҳиш мекардам, ки ба фарзандонашон аз хурдсолӣ риояи гигиенаро омӯзанд. Тарзи риояи онро бо амалҳои худ нишон диҳанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё