Зеҳн

Якчанд тавсия оиди бемории зуком

ЗЕ
Зеҳн12 ноябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Бемории зуком ва роҳҳои нафас ҳамасола бо шурӯъ гардидани фаслҳои сармо байни мардум паҳн мегарданд. Ин гуна бемориҳо ба оҳистагӣ хуруҷ ёфта, шахси гирифторашро ҳатто аз пой баъзан меафтонад. Дар бадани шахси гирифторӣ бемории зуком ва роҳҳои нафас, баланд гардидани ҳарорати бадан, кам гардидани иштиҳо, беқувватӣ дар аъзои бадан пайдо мешавад. Духтурон омилҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориро дар яку якбора сард шудани обу ҳаво шарҳ доданд.

Аз ҷумла иброз доштанд, бояд дар фаслҳои сармо шаҳрвандон сари вақт либосҳои мавсимиро ба бар намоянд, зеро риоя накардани чунин ҳолат боиси бемории зуком мегардад.

Сабаби дигарашро дар он шаҳр доданд,ки вақти сармо мардум дару тирезаҳои худро умуман кушода намемонанду ҳавои хона дамгир мешавад, ки ин боиси зуд паҳн гаштани вирусҳо ва бактерияҳо мегардад.

Сабаби дигари ин гуна бемориҳо ин вирусҳо мебошанд, ки агар сари вақт онро муолиҷа накунанд ба оризаҳои зиёд оварда мерасонад.

Инчунин гирифторони ин беморӣ қоидаҳои зеринро бояд риоя намоянд:

Тез-тез дастҳоро бо собун шустан.

Дар як руз на кам аз ду маротиба гузаронидани рубу-чини намнок дар хонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ.

Риоя намудани гигиенаи шахси

Ҳангоми сулфазанӣ ва аксазанӣ даҳонро пушидан бо руймолча

Сари вақт ҳозир шудан ба табиб ҳангоми пайдошавии нишонаҳои беморӣ.

Бемории зуком-ринит, илтиҳоби луобпардаи бинӣ мебошад. Бемории зуком ва роҳҳои нафас дар фасли сармо байни мардум хурӯҷ мекунанд. Ба ин беморӣ шахсони синну соли гуногун, алалхусус кӯдакону пиронсолон, ки масунияти заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Зуком, он тавре ки баъзеҳо мепиндоранд, бемории “сабук” нест. Он аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Шахси сироятшуда барои аҳли хонавода, ҳамкорон ва ҷомеа манбаи паҳнкунии беморӣ мебошад. Зимни сироятёбӣ, пеш аз ҳама, узвҳои нафаскашӣ осеб мебинанд. Дар натиҷаи варами луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд мешавад.

Мариз худро вазнин ҳис мекунад, бандшавии иштиҳо, қобилияти корӣ паст гардида, бо бинӣ нафас гирифтан душвор мегардад. Баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад. Хусусан, зукоми кӯдаки ширмак вазнин аст. Азбаски сӯрохии бинии онҳо хеле танг аст, варами луоби пардаи бинӣ ба нафаскашию хоб халал мерасонад, ки дар натиҷаи натавонистани ширхӯрӣ кӯдак лоғар мешавад. Ин бемориҳо ба оҳистагӣ хурӯҷ ёфта, шахси сироятёфтаро ҳатто аз пой меафтонад.

Ҳангоми зуком бештар нӯшидани чой, чой бо мураббои марминҷон, шир ва асалчой ба шахси бемор сабукӣ мебахшад. Мувофиқи тавсияи духтур аз доруи арақовар ва антибиотикҳо истифода бурдан зарур аст. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо мумкин нест. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мегардад. Беморони зуком вақти сулфидан дар гулу ва қафаси сина дардро ҳис мекунанд. Сахт афшонидани оби бинӣ ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш оварда мерасонад. Аз ин рӯ, оби биниро нарм афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст.

Ба табобати саривақтии зуком аҳамият надодан ва иҷро накардани тавсияи духтур ба инкишофи зукоми музмин оварда мерасонад. Дар натиҷаи зукоми музмин луобпардаи бинӣ ғафс шуда, оқибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роҳҳои нафас тунук мешавад. Баъзан илтиҳоб луобпардаи гулӯ, найчаи гӯш, ханҷара ва ҳатто касаба (бронхҳо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин қабил инкишофи зуком роҳ додан ҳаргиз мумкин нест.

Бо мақсади пешгирӣ намудан аз ин беморӣ, қоидаҳои зеринро бояд ҳатман риоя кард:

-зуд-зуд дастҳоро бо собун шустан;

-дар як рӯз на кам аз ду маротиба гузаронидани рӯбучини намнок дар хона ва ҳуҷраи корӣ; -риоя намудани гигиенаи шахсӣ;

-ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳонро бо рӯймолча пӯшидан ё аз респираторҳо истифода бурдан;

-сари вақт муроҷиат намудан ба табиб ҳангоми пайдошавии нишонаҳои беморӣ. Омилҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ бештар дар якбора сард шудани обу ҳаво мегардад. Барои пешгирии ин беморӣ бояд дар фасли сармо шаҳрвандон сари вақт либосҳои мавсимиро ба бар намоянд, зеро риоя накардани чунин ҳолат боиси бемории зуком мешавад.

Сабаби дигари авҷ гирифтану гирифтор шудан ба ин беморӣ дар он аст, ки вақти сармо мардум тирезаҳои хонаро умуман намекушоянду ҳавои хонаро тоза намекунанд. Ин боиси зуд паҳн гаштани вирусҳо ва бактерияҳо мегардад.

Кӯдаконро бояд бе назорат нагузорем ва ба сару либоси онҳо аҳамият диҳем. Барои пешгирии зуком обутоб додани организм басо муҳим мебошад ва бештар ба намудҳои тобистонаю зимистонаи варзиш машғул шудан лозим аст. Қабули ваксинаи зуком моро аз сироятёбии ин беморӣ эмин нигоҳ медорад.

Имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор шудаанд. Аз ин бемориҳо ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон азият мекашанд. Ин бемориҳо чӣ гунаанд ва роҳҳои пешгирии онҳо кадом аст? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табиби сироятшинос Адолат Саидова муроҷиат намуд.

Бемориҳои роҳҳои нафас кадомҳоянд?

«Дар фасли зимистон, яъне дар ҳавои хунук аз бемориҳои мавсимии сироятӣ бештар бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас дида мешаванд. Ин бемориҳои шадиди роҳҳои нафас як гурӯҳи калони бемориҳоро якҷоя менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо нишонаҳои заҳролудии бадан ва илтиҳоби болои нафас мегузаранд. Ба ин гуна бемориҳо зуком, парагрип, аденовирусҳо, риновирусҳо ва як намуди энтеровирусҳо дохил мешаванд. Дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас дида мешаванд»,-иброз дошт табиби сироятшинос.

Сабабҳои гирифторшавӣ ба ин бемориҳо

Ба гуфтаи ӯ, ба ин гуна бемориҳо ҳар шахс метавонад дар як сол чанд маротиба гирифтор шавад. Ба он бештар кӯдакон дучор мешаванд. Манбаи сироят дар бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас шахси бемор мебошад. Зеро шахси бемор аз давраи нави гирифторшавӣ то шифоёбӣ метавонад барои шахсони солим сироятнок бошад. Баъди 5-7 рӯз миқдори вирусҳое, ки бо нафас мебароранд, камтар шуда, зарари бемор ба атрофиён камтар мегардад.

«Гузариши ин беморӣ асосан ҳавоӣ-қатрагӣ мебошад, яъне дар вақти атса ё сулфа задан, суҳбат намудан ҳавои нафас ба атроф паҳн шуда, якчанд муддат дар ҳаво истода, барои шахсони дигар хатарнок мебошад», -афзуд табиб.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кадом намуди бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор мешаванд?

Табиби сироятшинос Адолат Саидова иброз дошт, ки дар муҳити Тоҷикистон аз ҳама бештар вируси зуком, яъне ларингатрахетҳо мушоҳида мешаванд, ки бештари одамон ба он гирифтор ҳастанд. Нишонаҳои асосии ин беморӣ гуногун аст. Аз ҷумла дарди сар, дарди бадан, дарди буғумҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, ҳарорати баланди бадан, беиштиҳоӣ ва дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, безобитагӣ, ҷорӣ шудани обӣ бинӣ, сулфазанӣ (хушку намнок), дар ҳолати вазнинии беморӣ дар кӯдакон хунравии бинӣ низ мушоҳида мешавад.

Бемории зукомро чӣ гуна метавон табобат намуд?

Ҳамзамон табиб тавсия медиҳад, ки бо пайдо шудани нишонаҳои аввали беморӣ, махсусан дар кӯдакон бояд ҳар шахс ба табиби оилавӣ ё ин ки ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намояд. Зеро дар ҳолати ҳарчӣ зудтар муроҷиат намудан ба табиб метавонанд хуруҷи бемориро кам намоянд.

Агар беморӣ дар ин ё он нафар ба шакли сабук гузарад, метавонанд онро дар хона низ муолиҷа намоянд, ин ҳам танҳо бо тавсияи табиб.

Мутахассис огоҳ менамояд, ки вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.

Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед

Аз ин рӯ мутахассис пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат намуд ва ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол намуд.

Мавсуф чунин мешуморад, ки имрӯз доруҳои гуногун бар зидди ин беморӣ зиёд шудаанду ҳар яки он интихоби фардӣ дорад.

«Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват намояд, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Чӣ бояд намуд, то зуком нашавем?

Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин, пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст, худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя намуд. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Ҳамзамон табибон тавсия медиҳанд, ки барои баланд бардоштани иммунитет меваҳои тару тозаро бояд истеъмол намуд. Инчунин табибон истеъмоли каду, карам, сирпиёз ва асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд. Онҳо хусусияти шифобахшии асалро махсус таъкид намуда, иброз медоранд, ки дар як рӯз истеъмоли ду қошуқи чойхӯрӣ асал кофӣ аст, ки инсон дар фасли сармо умуман мубталои бемориҳои сармохӯрдагӣ ва зуком нагардад. Аммо маҳлул намудани асал бо об ва ё чойи гарм тавсия дода намешавад. Чун ин амал хусусияти шифобахшии асалро аз байн мебарад. Инчунин нӯшидани чойҳои гиёҳӣ низ барои тақвият додани иммунитет нақши муҳим мебозанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба