Зеҳн

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон

ВА
Валиев Султон12 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни эҷодкор, олимон ва муҳаққиқон ба масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Воқеан, табиати беназири Тоҷикистон дорухонаи табииеро мемонад, ки зери осмони кушод ҷойгир мебошад. Мутаассифона, то ҳанӯз захираҳои гиёҳҳои шифобахш бештар дар тибби мардумӣ ва дар шакли банду басти аввалин мавриди истифода қарор доранду халос.

Яке аз вазифаҳои муҳими олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омӯзиши таркиби биохимиявӣ ва хусусиятҳои фармакологии гиёҳи шифобахши мамлакат ба ҳисоб меравад. Алҳол аз ҷониби олимони соҳаи ботаника оид ба хусусиятҳои фармакологии 200 намуди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маълумоти пурраи илмӣ гирд оварда шудааст, ки барои гузаронидани таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи фармакология заминаи мусоид фароҳам меоварад. Муттаҳид гардонидани нерўи илмии Академияи илмҳои тиб ба Академияи миллии илмҳо ба рушди соҳаи дорусозӣ мусоидат хоҳад намуд. Истифодаи оқилонаи захираҳои гиёҳҳои шифобахш тақозо менамояд, ки олимон дар оянда роҳҳои интродуксия ва парвариши мадании онҳоро таҳия намоянд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки дар байни онҳо барги зулф, шираи камол, бодом ва дигар растаниҳо машҳуранд. Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ дар як сол чун ашёи хом барои истеҳсоли доруҳо ба хориҷа интиқол меёбанд.

Мардуми Тоҷикистон аз гиёҳҳои табиӣ дар тибби мардумӣ ҳангоми табобати бемориҳои пӯст, дарди сар, асаб ва ҷумла садҳо намуд дард истифода мебаранд. Дар ин самт халқи тоҷик китоби «Канзи шифо”‐ро ҳамчун бойгонӣ, ки дар он гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд, васеъ истифода мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногунии олами наботот хеле ғанӣ ва гуногунранг мебошад. Табиати зебову аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ, хусусан, олами набототи бойи Тоҷикистон диққати бисёри сайёҳону тадқиқотчиёни дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Зиндагии 75 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодаи растаниҳои нафъовар вобастагӣ дорад. Растаниҳои нафъоварро аз қадимулайём инсон ҳамчун растаниҳои шифоӣ, ғизоӣ, равғандиҳанда парвариш намуда, то ҳол истифода мебаранд.

Меваи буттаву дарахтони худрўй дар гузашта ғизои асосии мардум ба ҳисоб мерафт. Ҳар сол аз таъсири омили антропогенӣ ва истифодаи нодуруст, дар табиат ҳолати растаниҳои нафъовар муташанниҷ гардида истодааст. Аз ин рӯ, чӣ қадаре захираҳои табииро сарфакорона, аз рӯи нақшаю пешниҳодҳои асосноки илмӣ истифода намоем, ҳамон қадар захираҳои табиатро нигоҳ медорем.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо аз 350 ҳазор намуд растании навъи олӣ 12 ҳазор намуди онҳо доругӣ мебошанд. Дар дунё беш аз 100 ҳазор навъ дору (даво) мавҷуд буда, зиёда аз 30 ҳазор навъи он аз растанӣ тайёр мешавад.

Дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 4500 намуди растаниҳои гулдор мавҷуданд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои илмӣ, аз ин миқдор 2700 намуди растанӣ ба сифати растаниҳои нафъовар (хӯрокворӣ, равғандиҳанда, рангдиҳанда, асаловар ва шифобахш) истифода бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон 1500 намуд растании шифобахш мавҷуданд ва онҳо аз замонҳои қадим аз тарафи аҳолӣ истифода мешаванд. Истифодаи бенизом ба он оварда расонидааст, ки миқдор ва захираи баъзе намудҳои растаниҳои шифобахш дар табиат камшумор гардад.

Аз ин хотир, ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототи рангин, аз ҷумла, растаниҳои шифобахш яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва мубрамтарин маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ “Оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ” қабул гардида буд.

Бояд қайд намуд, ки қисме аз гиёҳҳои шифобахш худрӯй буда, ба парвариш камтар эҳтиёҷ доранд, ба монанди чойкаҳак, пудинаи кӯҳӣ, кокутӣ, ҳазориспанд, амонқара, чоқула, рошак ва ғайраҳо. Қисми дигаре аз онҳо, ба монанди зелол, ҳулул, пиёзи анзур, ангат, ширинбия, камол, зира ва ғайраҳо ба парвариш эҳтиёҷ доранд.

Аз ҳамин лиҳоз, Барномаи мазкур парвариши он намудҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба онҳо талабот зиёд буда, дар соҳаи тандурустӣ ва хӯрокворӣ васеъ истифода бурда мешаванд ва захираҳои онҳоро бо роҳи парвариш нигоҳ доштан мумкин аст. Гиёҳҳои шифобахш, аз қабили камол, чукрӣ, зелол, татум, ангат, хуч ва ғайра бисёрсола ва хӯрданибоб буда, талу теппаҳои кӯҳистони ҷумҳуриро аз эрозия нигоҳ медоранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар гардида қайд намуданд, ки “Сарвати бузургро табиат ба мо додааст ва мо вазифадорем, ки аз он оқилона ва самаранок истифода барем”.

Тавре маълум гардид, дар Тоҷикистони биҳиштосо олами наботот хеле рангин буда, аксари растаниву гиёҳҳои кишвари офтобрӯяамон шифобахшанд. Онҳо метавонанд ба садҳо бемориҳои мухталиф саривақт даво бахшанд.

Пас, табиати зебою нотакрор, бахусус, олами набототи Тоҷикистони азизамонро дӯст дорем ва ҳифз намоем.

В.ЗИЁБОЕВА,

сармуаллимаи Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба