ХУЧ БУТТАИ СЕРВИТАМИН ВА ФОИДАОВАР АСТ
Тоҷикистон сарзамини биҳиштосову нотакрори ҷаҳон аст, ки бо табиати зебову кӯҳҳои сар ба афлок, бо буттаву дарахтони мевадиҳандаи худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат меорад. Аз таъму лаззати меваҳои худрӯи кӯистон,(хуч, дулонаи сагак, олуча ва ғ.)аз хусусиятҳои шифобахшии онҳо мардуми кӯҳистон, бахусус дар қишлоқҷойҳо ҳазорсолаҳо боз истифода мебаранд.
Дар байни гуногуншаклии азими растаниҳои дарахтию буттагии Тоҷикистон ҷои намоёнро намудҳои хуч(настаран) (Rosa L.). ташкил медиҳад. Бо дар назардошти дар таркиби мевааш мавҷуд будани маҷмӯъи зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ, бахусус витамини С, солҳои охир ба ин растанӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар таркиби меваи хуч витаминҳои гуногун мавҷуданд. Ғализати миёнаи туршии аскорбинӣ дар меваҳои хушки хуч, ки ба корхонаҳои истеҳсоли витамин ворид карда мешаванд, 1200—1500 мг %-ро ташкил медиҳад. Аввалҳо меваи онро асосан аз рӯи дар таркибашон мавҷуд будани туршии аскорбинӣ қадр мекарданд. Аммо тадқиқотҳои минбаъда нишон доданд, ки дар меваи хуч дигар витаминҳо низ хеле фаровон мавҷуд будааст. Ҳамин тавр, таркиби каротиноидҳои меваҳои хуч то имрӯз хеле хуб омухта шудааст. Дар натиҷаи омӯзиши меваҳои хуч таркиби моддаҳои флавоноидӣ (витаминҳои гуруди Р) чунин муқаррар гардидаанд: кверсетин, кемпферол, изокверситрин. Аз моддаҳои антосианӣ бошад, сианидин пайдо карда шудааст. Ҳамчунин меваи хуч аз витаминҳои B 2, K, P, E, равғанҳои чарбӣ, қанд, моддаҳои пектинӣ, туршиҳои органикӣ хеле ғанӣ мебошад.
Ғализати туршии аскорбинӣ дар меваҳои хучи худрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 0,69 то 1,28% , нисбати вазни комилан хушки меваҳои онро ташкил медиҳад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии дигар, мавҷудияти туршӣ дар меваи хучи сагак аз 0,1 то 2% нисбати вазни комилан хушки дилаи меваи ӯ ба мушодида мерасад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳи Ҷумҳурӣ ғализати туршӣ дар меваи хуч ҳамеша нисбат ба пастхамиҳо болотар мебошад.
Ғализати каротин дар меваи хучи сагак дар Тоҷикистон—аз 0,01 то 0,07% - ро нисбат ба бозҳисобкунӣ ба вазни хушки мева ташкил медиҳад.
Ғализати равғанҳои эфирӣ дар гулҳои хучи сагак 0,07%-ро ташкил дода дар тухми он равғани зиёд пайдо карда шудааст.
Аз мева ва дигар қисмҳои хучи сагак изокверситрин, 3-глюкозид кемпферол ва кверсетин дарёфт карда шудааст. Моддаҳои рангкунандаи меваҳои он шомили каротин, ликопин, ксантофил мебошанд. Ғализати моддаҳои пектинӣ дар меваҳои худрӯи растании хуч (бо %) нисбати моддаҳои хом чунин ҳисоб карда шудааст: гидропектин - 2,081, протопектин 1,390.
Дар гушти хушки меваҳои хучи дорчинигӣ (бо %) қанди умумӣ 23,93; қанди инвертӣ 18,56; бофтаҳои хом 12,52; моддаҳои пектинӣ 14,10; хокистари хом 6,40; туршии умумӣ 2,84 муайян гардидааст. Дар хокистари он ғализати олии намакҳои калий, магний ва фосфор муайян шудааст.
Ҳаммонандкунии моддаҳои фаъоли биологӣ нишон медихад, ки ба ғайр аз туршии аскорбинӣ, дар меваҳои хуч моддаҳои флавонӣ, катехинӣ, антоцианӣ ва (витамини Р), каротиноидҳо ва токоферолҳо мавҷуд мебошанд.
Имрӯзҳо дар илм нақшаҳои гуногуни тайёр кардани меваи хуч барои равандҳои диффузионӣ таҳия шудааст ва дар онҳо нишон дода шудааст, ки бо ин мақсад истифодаи меваи хуч бидуни ҷудо кардани тухмии он беҳтар ба назар мерасад, зеро ҳангоми ҷудокунии тухмӣ аз дилаи он талафоти витамини С- 7,3%-ро ташкил медиҳад.
Хуч беҳтарин маводи пайвандӣ барои садбарги боғӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба сифати пайванди асосӣ истифода менамоянд. Агар ҳоло дар сарзамини мо садбаргзорҳо танҳо дар заминҳои обӣ ташкил карда шаванд, бо истифодаи ин навъи пайванд садбаргзорҳоро дар назди истироҳатгоҳҳо- дар доманаи куҳҳо ташкил кардан мумкин аст. Он ҳамчун моддаи сафророн ва такондиҳандаи мубодилаи моддаҳо хеле манфиатнок мебошад. Хучи хушк дорои қанд (наздики 18%), моддаҳои пектинӣ (3,7%), моддаҳои тонин (то 4,5%), туршии лиму (наздики 2%), туршии себ ва дигар туршиҳои органикӣ, витамини С (ба хисоби миёна 2—3% ва ё 2000—3000 мг%), каротин (12— 70 мг%), витамини В (наздики 0,03 мг%), К (то 40 воҳиди биологӣ), Р (ситрин), глюкозидҳои флавонолии кемпеферол ва кверсетин, пигментҳои ликопин ва рубиксантин мебошад.
Аз меваи хучи моҳи май усора, қиём, ҳаббҳо-таблетка, драже ва дигар дорувории тиббӣ - табобатӣ исеҳсол мекунанд. Меваи хуч инчунин ба таркиби зиддиастматикии микстураи
Трасков, таркибҳои витаминӣ ва поливитаминӣ дохил мешавад; бештар аз ҳама онро дар шакли маҳлули обдор дар табобати тибби хонагӣ истифода мебаранд. Ба ғайр аз он, аз меваҳои он равғани хуч ва каротолин (ки дорои каротиноидҳо, витамини Е ва туршии линолий мебошад) истехсол менамоянд. Баъзан меваи хучро барои гирифтани холосас, галаскорбин ва туршии аскорбинӣ ба кор мебаранд. Холосас — қиёмест, ки дар усораи обии ғафси меваи хуч ва шакар тайёр карда шудааст. Ҳангоми холеститсит, гепатит онро асосан истифода мебаранд. Каротолин — усораи равғанӣ аз бофтаҳои нарми меваи хуч мебошад.
Маводи доруворӣ аз меваи хуч асосан ҳамчун воситаҳои поливитаминӣ ҳангоми гипо- ва авитаминозҳо, хусусан ҳангоми авитаминози С, инчунин дар бемориҳои дигари вобаста бо талаботи зиёди организм дар мубориза бо ҳолатҳои алоҳида ва умумии инфексионӣ ва интоксикатсионӣ, камхунӣ, пастшавии туршии шираи меъда, атеросклероз, беқувватии бадан истифода бурда мешавад. Хучро барои зиёд кардани витамини ғизо ва маҳсулоти ғизоии кудакона дар муассисаҳои кудакона, беморхонаҳо ва муассисаҳои хуроки умумӣ истифода мебаранд.
Хуч растании поливитаминӣ буда, меваи он аз рӯи нишондоди сифатӣ ва гуногунии витаминҳояш хеле аз дигар маҳсулотҳо бартарии зиёд дорад. Маҳлули обдори хучи хушк муқовимати баданро нисбати бемориҳои инфексионӣ зиёд карда, инкишофи артериосклероз, геммофилияро пешгирӣ менамояд, дар хунравиҳои раҳмӣ, бемориҳои гуногуни инфекционӣ, маҷруҳӣ, сухтагӣ ва сармозадагиҳо ба таври фаровон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Маҳлули обии хуч дорои хусусияти кувватбахшӣ, бардамсозӣ буда, ҳамчунин ҷудошавии сафроро зиёд мекунад, вазифаҳои ғадудҳои ҷинсиро тадрик бахшида, нуфузпазирӣ ва шиканандагии мубаргҳои хунро коҳиш медиҳад. Маҳлули обии меваи он инчунин равандҳои тақвиятфизоянда ва эҳёкунандаи бофтаҳои нарм ва устухон буда, захмҳо, сухтагиҳо ва сармозадагиҳоро шифо мебахшад. Гушти меваи он дорои таъсири сабуки зидди бавосир ба шумор меравад.
Дар меваи хуч кариб 10 баробар зиёд туршии аскорбинӣ нисбат ба буттамеваи қоти сиёҳ ва 50 маротиба аз лиму зиёдтар мавҷуд аст. Меваи хуч дорои хусусиятҳои фитонситӣ ва бактерисидии қавӣ мебошад. Он дорои миқдори зиёди антиоксидантҳо мебошад.
Ҳамин тавр, меваи хучро ба таври зайл истифода менамоянд:
Дар шакли тару тоза дар чой ва ё дигар нушобаҳо ва ё шарбатҳо. Меваи хушки хучи сагакро барои истеҳсоли препарати «Холосас» (қиёми обии ғафс). «Холосас»-ро ҳамчун моддаи сафророн дар бемориҳои ҷигар - холесистит ва гепатит истифода менамоянд.
Ба шакли маҳлули обдор, усора, қиём истифода мебаранд; хуч ба таркиби витаминӣ ва поливитаминӣ ва микстураи Трасков дохил мешавад; он барои истеҳсоли витамини С истифода мегардад.
Ҳамчун воситаи поливитаминӣ ҳангоми гипо- ва авитаминозҳо ва бемориҳои вобаста бо талаботи бадан ба витамин, истифода мегардад. Аз меваи он, ба ғайр аз равғани хуч, ки аз витамини Е ва каротиноидҳо ғанӣ мебошад инчунин каротолин, ки ҳамчун воситаи шифобахши захмҳои бадан истифода мешавад, истеҳсол менамоянд.
Обмаҳлули он, қиём ва чои хучӣ ба бадан таъсири хуб дошта, устувории онро ба таъсири зараровари муҳити атроф қувват мебахшад.
Хучи сагак барои растаниҳои боғӣ пайванди хуб буда, барои маҳкам намудани гирду атрофи ҳавлиҳо хеле хуб истифода мегардад.
Аз меваи хуч равған низ мекашанд ва хокаҳо низ тайёр мекунанд. Дар саноати қаннодӣ меваи онро барои истеҳсоли ранги зебои норинҷӣ истифода мекунанд.
Равғани хуч. Равған бо роҳи буғронии он бо маҳлулкунандаи органикӣ аз тухмии хокашудаи хуч истеҳсол мегардад. Он аз витамини Е ва каротин бой буда, дорои туршихои носери чарбӣ мебошад. Равған дар табобати кафидаҳо, ҷароҳати сари сина, истифода мешавад - салфеткаи дар равғани хуч тар кардашударо ба сари сина баъди ҳар як ширдиҳии кудак ба мӯҳлати 20-30 дақиқа, дар давоми 4-5 рӯз мегузоранд. Дар табобати захмҳои беморони бистарӣ ва захмҳои трофикии зону - тарбандҳои он истифода мешавад.
Хока аз меваи хуч низ дар тибб васеъ мавриди истифода қарор дорад. Ашёи хоми асосӣ: меваи тари хучи табиӣ мебошад. Антиоксидантҳои табиӣ ва фаъоли витамини C амали радикалҳои озодро барҳам додан доранд. Хучи худруй дар бешаҳои шимолӣ - шарқии кишвари Чин мавҷуд аст, ки ба таркиби он 17 навъи аминокислотаҳо, 28 навъи унсурҳои зарурӣ барои инсон дохил мешаванд ва дар байнашон C, E, B 1, B 2, A, P, B, каротинол ҷои аввал дошта, маҳзани поливитаминҳои табиӣ ба шумор меравад. Технологияи истеҳсолаш дар ҳарорати 400 0 С поёнтар аз сифр бо тарзи навтарини технологияи муосир тавлиди микрохокаи андозаи зарраҳояш то 5 микрон мебошад. Таркиби нодири хокаи он моддаҳои ғизоии аввалия ва дигарро нигоҳ дошта дар меъдаи инсон хеле хуб ҳал шуда, маҳсулоти табии шифобахши беҳдоштӣ ба ҳисоб меравад.
Дар даҳсолаҳои охир дар бисёр минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, таъсири номатлуби омилхои гуногун ба худрӯиҳои табии хуч мушоҳида мегардад. Инро дар шакли камшавии худрӯиҳои табиӣ, камбағалшавии ареали таксимшавии табиӣ, камшавии хосилнокии онҳо дидан мумкин аст. Аз ин хотир лозим меояд, ки ҳоло ҳам дер нашуда омилҳоеро, ки ба сохти табиии онҳо таъсир мерасонад ва онҳоро ба ин ҳолат оварда расонидааст, ҷустуҷӯ намуда, ба ин раванд аз диди нав сару кор гирифт. Тадқиқотҳои солҳои охир муайян намудаанд, ки дар байни омилҳое, ки ба онхо таъсири бештар доранд ва ба бадшавии ҳолати табии хучи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон оварда расонидаанд, ин таъсири зараррасонҳо ва касалихои он мебошанд. Барои коркарди чораҳои манфиатовари мубориза бар зиди организмҳои зараровари хуч ва ҳалли вазифаҳои муҳими амалии беҳнамоиии ҳолати фитосанитарии худрӯиҳои табии хуч пеш аз ҳама донистани хусусиятҳои намудии зараррасонҳо, характери вайронкорӣ ва хусусиятхои биоэкологии онҳоро донистан лозим аст. Мавҷуд набудани корҳои тадқиқотӣ дар ин самт аз рӯи омӯзиши таркиби намудӣ, экология ва динамикаи микдори зарарасонҳо ва касалиҳои растаниҳои мевадиҳандаи худрӯй моро водор намуд, ки ба ин масъала рӯ оварем, ва ин яке аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё