Зеҳн

Фарзанди худро «асир»-и олами виртуалӣ накунед

ЗЕ
зеҳни сунъӣ13 ноябри 2024 · 14 дақиқа хондан

Дар мамлакатамон ба таъмини ҳуқуқҳо ва қонеъ гардонидани талабу эҳтиёҷи бачаҳо, ҳифзи саломатӣ, васеъ кардани имкониятҳо барои пурра намоён намудани иқтидор ва салоҳияти онҳо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ эътибор медиҳанд. Пурра ба асоси нав инкишоф додани сохтори таълими томактабӣ исботи гуфтаҳои мазкури мо аст. Бо таъбири Раисҷумҳурамон гӯем, ба воситаи аз хурдсолӣ инкишоф додани бачаҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб ба онҳо барои дар оянда пурра намоён кардани худ заминаи мустаҳкам бунёд мекунанд. Чунки сармоягузориҳое, ки барои чунин мақсадҳои нек сарф карда мешаванд, бе ҳеҷ шубҳа чанд баробар зиёд шуда бармегарданд.

Ӯзбекистон ба панҷ конвенсияи байналхалқӣ роҷеъ ба ҳуқуқҳои бача ҳамроҳ шудааст. Мақсад ва вазифаҳое, ки дар Конвенсияи СММ роҷеъ ба ҳуқуқҳои бача дар назар дошта шудааст, пайваста татбиқ карда мешаванд. Ҳуқуқи наврасонро бар асоси Сарқонун ва як қатор қонунҳои дигар таъмин мекунанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кафолати ҳуқуқи бача», «Дар бораи ҳимоя кардани бачаҳо аз ахборе, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонанд» барои ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб накардан, ҳаматарафа ҳимоя кардан ва ҳифзи бачаҳо аз таҳдид ва хурӯҷҳои маънавӣ хизмат мекунанд.

Дар давлатҳои мутараққӣ асосҳои қонунии пешгирӣ, бартараф кардан ва бар зидди ҷараёни ахборе, ки ба саломатӣ ва тарбияи бачаҳо таъсири манфӣ мерасонанд, мубориза бурдан бунёд гардидааст. Дар ин самт конвенсияҳои «Дар бораи кибер ҷиноятҳо», тавсияҳои Иттиҳоди Европа «Дар бораи ҷорӣ кардани интернети бехавф ва онлайн ресурсҳо барои наврасон», қонунҳои Олмон «Дар бораи ҳифзи ҷавонон», Литва «Дар бораи ҳифзи наврасон ва таъсири манфии ахбори оммавӣ» ва ҳуҷҷатҳои дигарро мисол овардан мумкин аст.

Дар диёри мо масъалаи таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқҳои бача ҳамеша яке аз мақсадҳои устувор буд. Дар ин самт як қатор ташкилотҳо, ваколатхонаи Хазинаи бачаҳои СММ (ЮНИСЕФ) дар Ӯзбекистон, Бунёди ҷамоатии дастгирии бачаҳо фаъолият мебаранд. Институти вакили Олий Маҷлис роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон (омбудсмани бачаҳо) таъсис гардид. То имрӯз Ӯзбекистон доир ба иҷрои конвенсияи СММ роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон 5 ҳисоботи даврӣ тақдим кардааст.

«Wi-­Fi» ё ки вой-вой?

Тамоми дунё тез тағйир меёбад. Бинобар ин, тарзи зиндагӣ ва муносибат ба тарбия чун дирӯза нест.

Мувофиқи маълумотҳо дар мамлакатамон қариб 7,5 миллион бачаи то 10-сола ҳаст. Агар ба ин нишондиҳанда ҷавонону духтарони то 30-соларо зам кунем, наздики 20 миллион мешавад. Оё мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон, аз ҳама беш дар давре, ки медиабозор пайваста ривоҷ меёбад, аз ӯҳдаи аз хатарҳои гуногун муҳофизат кардани хурдсолони аз ҷон азиз ва ширину шакар, фарзандони синни мактабӣ ва ҷавонони ба воя нарасидаи худ мебароем?

Тараққиётро боздошта намешавад, албатта. Воситаҳои алоқа, ки дар миёнаҳои солҳои 80‑уми асри гузашта ба истифода аз хизматҳои алоҳидаи махсус имкон медоданд, дар давоми чоряк аср чунон оммавӣ шуданд, ки илоҷи бо ҳеҷ гуна қувва боздоштани ҷараёни мазкур нест. Ҳоло авлоде ба воя мерасад, ки аз интернет сар намебардорад, аз пагоҳӣ то бегоҳӣ аз «Wi-­Fi» истифода барад ҳам, зиқ намешавад. Вале аксарияти мо намедонем, ки онҳо чиро мебинанду мехонанд? Қисми асосии падару модарон ба он мароқ ҳам зоҳир намекунанд. Чунин бепарвоӣ бошад, ба оқибатҳои мудҳиш меорад. Ба гапи волидайн гӯш накардан, қайсарӣ, танбалӣ, дурӯғгӯӣ ва иллатҳои дигар авҷ мегиранд.

Ба фикри мутахассисон, олами интернет рӯз аз рӯз ба ҳудуди хавфнок табдил меёбад. Ҳоло ба куҷо нигоҳ кунед — дар кӯчаҳо, роҳҳои серодам, автобус, метро наврасон, донишомӯзон, донишҷӯён дар гӯши худ ким-чиҳоро гузошта, чашми худро аз телефони мобилӣ намекананд ва ба атроф, умуман ба дунё коре надоранд. Аз он ки, шумо бигузор ягон чизро хонад, худашро бо чизе андармон кунад, гуфта фикр мекунед, фоидае нест. Агар гӯем, ки онҳо ғайр аз интернет, клипҳои гуногуни беҳаё, рафторҳои бемаънии шоуменҳо дигар чизҳоро намебинанд, ҳеҷ муболиғае нахоҳад шуд. Суханҳои бесаводона ва бепардаро бошад, мондан гиред. Мутаассифона, дар байни онҳое, ки ин хел чизҳоро тамошо мекунанд, кам андар камашон ба худ саволи «Ин барои ман чӣ фоида дорад?»-ро медиҳанд.

Ту дар хобу телефонат бедор

Рости гап ҳамин, ки ҳамаамон ё ки камаш аксарияти мо ба бачаҳои худ телефони мобилӣ харида додаем. Агар гирифта надиҳем, худи онҳо ба қарз мегиранд.

Хӯш, оё мо онҳоро ҳамеша назорат карда метавонем? Агар ҳа, дар куҷо ва кай? Умуман, шумо фикр мекунед, ки аз маълумотҳои фаҳшу беҳаёе, ки аз шабакаҳои ахбори дунё чун анкабут мебароянд, онҳо бехабаранд? Агар ҳамин тавр фикр кунед, иштибоҳи сахт мекунед. Ҳол он ки ба шуури бачаҳоро заҳролуд, хулқ ва ахлоқи онҳоро вайрон кардан нигаронида шудани ҳамаи инҳо аллакай исботи худро ёфтаанд.

Ё ки ҳамаи мо хабар дорем, ки олимон ба ҳуҷайраҳои мияи инсон таъсири ҷиддӣ расондани нури телефони мобилиро муайян кардаанд. Шифокорон низ доимо таъкид мекунанд, ки истифодаи аз меъёр бисёри телефони мобилӣ сабаби ба бемориҳои гуногуни хавфнок дучор шудани одам мешавад.

Вале мо ҳамин қадар маълумотро дидаю дониста боз, телефонамонро ба бачаҳоямон медиҳем. Дар кӯчаву майдон, хонаву тӯй, хулоса аксар вақт ҷавонону духтарон дар даст телефон доранд.

Дуруст аст, ки ҳоло асри техника ва имкониятҳои он беҳудуд мебошад. Бачаҳо надониста ин корро мекунанд гӯем, баъзан одамони калонсол низ соатҳо тавассути телефон ҳарф мезананд. Интернети беҳудуд, имкониятҳои беохири телефон, олами виртуал пайдо шуд. Телефони мобилӣ ва стансияи базавии он ба таври доимӣ дар радиоалоқа мешаванд. Ҳангоми иваз шудани ҷойҳо мавҷҳои телефони мобилӣ ба таври мунтазам аз як стансия ба дигараш гузашта, кӯшиш мекунад, ки сигнали пурқувваттарро дорад. Ҳангоми набудани робита ва дар режими даъват будани телефон ҳам он фаъолият пеш мебарад.

Дар натиҷа, осеб дидани бофтаҳои мия оғоз мегарданд. Ба фикри тадқиқотчиён пас аз 15–20 сол шумори ҷавононе, ки гирифтори бемории саратони мия шудаанд, мумкин якбора афзояд. Чунки ҳар рӯз робитаи ҳамагӣ 15-дақиқаинаи телефонӣ ҳам кифоя будааст, ки дар мия варами саратон пайдо шавад…

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ огоҳ мекунад

Агарчи таассуфовар аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд будани наздик ба 10 ҳазор сайте, ки қасд ба ҷони худ, беш аз 4 ҳазор сайте, ки бадахлоқиро тарғиб мекунанд, инкор карда намешавад.

Мутаассифона бачаҳои ба телефони мобилӣ руҷӯ гузошта, ба ин сайтҳо хеле вобаста шудаанд. Дар натиҷа номуросоиҳо дар оила, ҳолатҳои ҷудо шудани арӯсу домодҳои ҷавон, ба туфайли шиносоии виртуалӣ дигаронро фиреб додани қаллобҳо зиёд мешаванд.

Имрӯз миқдори абонентҳои алоқаи мобилӣ беш аз 2 миллиард шудааст. Ин — миқдори одамоне, ки дар оянда мумкин ба беморӣ маҳкум шаванд. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ин суханҳоро барои тарсондан нагуфтааст. Мутаассифона, натиҷаҳои тадқиқот аз чунин офатҳо далолат медиҳанд. Шояд шумо пурсед, ки ҳамин миқдор одам телефон доштааст, ё дар бораи бемор шудан ё ки фавтидани ягон кас далел ё маълумоти саҳеҳ доред?

Барои маълумот: ҳоло дар дунё аз ҳар 20 кас як нафар қурбони нури алоқаи мобилӣ мешавад. Хеле ташвишовар аст, ки аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд. Агентии байналмилалӣ роҷеъ ба омӯзиши бемории саратон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ одамонро огоҳ мекунанд, ки телефонҳои мобилӣ дар инсонҳо ба пайдо шудани варами саратон сабаб мешаванд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳисоботе, ки роҷеъ ба зарари телефон ба парламенти Европа пешниҳод кард, таъкид намудааст, ки таъсири онҳо ба гирифтори бемории саратон шудани одамон пурзӯр мешавад. Одамоне, ки телефонҳои камерадорро истифода мебаранд, нисбати шахсони телефони оддидор бештар нур мегиранд.

Мавҷи нуре, ки ҳангоми робита бо телефони мобилӣ паҳн мешавад, аввало ба асаб ва маҷмӯи иммунии одам таъсир мерасонад. Истифодаи доимӣ бошад, гирифтори бемории музмин мекунад.

Телефон ҳангоми истифода набурдан низ фаъолияти худро идома медиҳад. Чунки вай ба стансия роҷеъ дар доираи шабака ва ба қабули занг, SMS ва маълумотҳои дигар тайёр будани худ бояд ахбор диҳад.

Наҷот — назорати падару модарон

Ӯзбекистон ба қатори давлатҳое дохил мешавад, ки истифодаи телефонҳо бо шиддат меафзоянд ва беш аз нисфи истифодабарандагонро ҷавонон ташкил мекунанд. Ин аз як тараф нишонаи ҳамнафаси замон инкишоф ёфтани мамлакатамон бошад, аз тарафи дигар баланд бардоштани сатҳи маданият ва таҷрибаи аз интернет истифода бурдани аҳолиро тақозо мекунад.

Ҳоло на ҳама медонанд, ки ҳаёти хурдтаракон бо хархаша аз дасти падару модари худ телефонро гирифта, тамошову бозӣ мекунанд, зери хавф аст. Ташкилотҳои байналмилалӣ, омбудсмани бачаҳо ҳам онҳоро аз ин хавф халос карда наметавонанд. Ягона роҳи наҷоти бачаҳо назорати падару модарон аст.

Ба гуфти психологҳо бачаҳоро бояд бефосила назорат кардан зарур мебошад. Чунки нури телефонҳои мобилӣ ба бачаҳо бештар таъсир мекунад.

Олимон борҳо огоҳ карданд, ки ба хавфу хатари вайрон шудани хотира ва хоб бештар бачаҳои аз телефони мобилӣ бисёр истифодабаранда дучор мешаванд. Мавҷҳои электромагнитӣ, ки суст ҳаракат мекунанд, дар навбати аввал ба қабати хурд ва нисбатан борики мияи бача дохил мешудаанд. Ин нур ба ритмҳои мия таъсир карда, ба маҷмӯи иммуни бача, ки дар ҷараёни инкишоф аст, зарар мерасонад.

Қаблан бачаҳо монда нашуда дар компутер бозиҳое чун муштзанӣ, ба якдигар тирпарронӣ ва ғайраро тамошо мекарданд. Вале дар аснои тамошо худашон нафаҳмида, таҷовузкор мешуданд. Ҳоло аз сабаби ба телефонҳои мобилӣ гузаштани ин «тамошоҳо» худи компутер даркор нест.

Фаромӯш накунед, телефони мобилӣ бозича нест. Мо бояд дар ёд дорем, ки ҳама чиз меъёр дорад. Баробари пойбанди бозиҳои телефонӣ ва интернетии пури саҳнаҳои хунин шудани ҳар як наврас дар феъли ӯ хусусиятҳои бетоқатӣ, бешафқатӣ ташаккул меёбанд.

Яъне, агар гӯем, ки бисёр чиз ба кӣ ва бо чӣ хел мақсад аз ресурсҳои ғании ахбори интернет истифода мебарад, вобаста аст, хато нахоҳем кард.

Ба телефонҳои мобилӣ асир шудани кӯдакон ба оқибатҳои бад мерасонад

Набераам Доноҷон телефони волидонашро аз онҳо беҳтар медонад. Аз ин рӯ, баробари холӣ шудани телефон якбора ба он мечаспад. Вазъият то ба дараҷае расид, ки агар телефонро аз дасташ гиранд, худро ба ҳар ҷо зада, фарёд мезанад. Онҳо ба ин ҳолати ӯ тоб наоварда, боз телефонро медиҳанд. Аммо вақтҳои охир набераам тез-тез чашмак мезадагӣ шуд. Аз санҷиши тиббӣ гузаронидем, шифокорон гуфтанд, ки ин натиҷаи аз ҳад зиёд тамошо кардани телефон аст. Ҳоло набераам дар шифохона муолиҷа мегирад.

Ин ҳолатест, ки танҳо дар як хонадон рӯй додааст. Агар онро дар сатҳи ҷумҳурӣ таҳлил намоем, яъне барои оромкунии кӯдак аз телефон истифода бурдани ҳар як падару модари ҷавонро ба назар гирем, манзараи воқеъан ташвишовар намоён мешавад.

Асири телефону шабакаҳои интернетӣ шудани кӯдаки навзод мумкин ба оқибатҳои бад оварда расонад. Телефонҳои мобилӣ қобилияти зеҳнии онҳоро суст карда, шавқу ҳавасашро нисбати атрофу муҳит, хондану навиштан ва ё ягон машғулияти фоиданок коҳиш медиҳад.

Ҳоло дар саросари ҷаҳон ба ин муаммо эътибори ҷиддӣ нигаронида мешавад. Дар Ҳиндустон истифодаи телефонҳои мобилӣ ба кӯдакони то шонздаҳсола қатъиян манъ аст. Дар мамлкатҳои Япония, Франсия, Испания ба кӯдакон барои истифодаи телефонҳои мобилӣ маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунанд, ки қатъиян манъ кардани истифодаи телефонҳои мобилӣ ғайриимкон аст, лекин ташаккул додани маданияти истифодабарии он мумкин самараи хуб диҳад. Аммо натиҷаи таъсири ин огоҳӣ кофӣ нест. Агар ин масъулиятро волидон бар зимма нагиранд, фардо ҳатман дер мешавад.

Тамошои телевизорро манъ кардан мумкин нест, аммо…

Набераам Улуғбек ҳар рӯз аз муассисаи томактабӣ бо кайфияти болида бармегардад. Ӯ ҳар рӯз баробари баргаштан оиди бозиву чизҳои омӯхтааш ва навгониҳои дигар моро хабардор мекунад. Ба саволи «Телефонбозӣ накардӣ?»: «Дар он ҷо телефон нест, телефон зараровар аст», — гӯён ҷавоб медиҳад.

Воқеан, барои аз телефон дур кардани кӯдак ба сайру гашт баромадан, якҷоя бозӣ кардан ва то хоб кардани ӯ гуфтани афсонаҳои шавқовар самарабахш мебошад.

Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки набераам баъди аз боғча баргаштан, ҳарчанд ба телефон эътибор надиҳад ҳам, тавассути оинаи нилгун ба тамошои мултфилмҳои гуногун аз ҷумла, «Маша ва Хирс» машғул мешавад. Чунки телевизор ба «Wi-­Fi» пайваст карда шудааст, бинобар ин, аз он чизҳои писандидаатонро ёфта, тамошо кардан мумкин аст.

Мувофиқи маълумонтҳо мултфилми «Маша ва Хирс» дар Россия, Италия, Британияи Кабир, Германия, Индонезия, инчунин Ӯзбекистон хеле машҳур аст.

Назар ба ақидаи равоншиносон мултфилми «Маша ва Хирс» ба гурӯҳи зараровартарин мултфилмҳо мансуб аст, ки ба рӯҳияти кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, дӯстии Маша бо яке аз ҳайвонҳои ваҳшии ҷангал — Хирс, рафтори таҳқиромезонаи духтарак нисбат ба хирс, тамасхур, инҷиқӣ ва одатҳои бади вай ба тарбияи кӯдак таъсири бад мерасондаанд.

Дар мултфилмҳои мултипликаторҳои америкоӣ — «Монстор Хай» ҳам қаҳрамонҳои мултфилм бо забони «кӯчагӣ» ҳарф мезананд. Ҳар гуна суханҳои ҳақоратомези онҳо дар хотираи кӯдакон мӯҳр баста, фонди луғавии онҳоро вайрон мекунад.

Ташаккули иммунитети маънавӣ — роҳи самарабахш

Ҳоло дар асри техника зиндагӣ дорем, ки табодули ахбор босуръат ривоҷ меёбад. Бо мақсади ҳифзи кӯдакон аз ҳар гуна ахбори носолиму зараровар, хурӯҷҳои маънавии ба маънавияти мо бегона моҳи сентябри соли 2017 қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизати кӯдакон аз ахбори ба саломатии онҳо зараровар» қабул шуд. Дар он эътибори асосӣ ба гардиши озоди ахбор, инчунин ба бехатарӣ ва эътимоднокии ахборе, ки тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ паҳн мегарданд, дода мешавад.

Мувофиқи қонунҳоямон истифода аз воситаҳои ахбори оммавӣ, паҳн кардани адабиёт ва намоиши филмҳое, ки фаҳш, бераҳмӣ, зӯроварӣ, шаъну шарафи инсонро поймол мекунад, ба рӯҳияти кӯдакон таъсири бад мерасонад ва боиси ҷиноят мегарданд, манъ аст. Аммо вақте ки сохтори интернет торафт пурқувват мегардад, фарзандонамонро кӣ аз таъсири ҳар гуна ахбори тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оянда муҳофизат мекунад? Ба бехатарии паёмҳое, ки аз сомонаҳои кишварҳои хориҷӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид мешаванд, кӣ кафолат медиҳад? Ё ин ки, он видеонаворҳои беҳаёро, ки дар шабакаи «Ютуб» ҷойгир карда шудааст, фарзандонамон тамошо намекунанд?

Дар нимаи дуюми соли 2022 дар портали my.gov.uz хизмати «Аккредитатсия кардани коршиносон аз рӯи муҳофизати кӯдакон аз ахбори ба саломатии онҳо зараровар» ба кор андохта шуда буд. То имрӯз чиҳо тағйир ёфт? Ягон дигаргунии мусбӣ ба чашм мерасад? Саволҳо бисёр, аммо ҷавобҳо қаноатбахш не…

Воқеан, муҳофизати рӯҳи кӯдакон аз ахбори зараровар кори ниҳоят мураккаб аст. Дар ин бора, пеш аз ҳам ба воситаи тарбия дар оила, яъне бо баланд бардоштани маданияти истифода аз интернет дар байни писарону духтарон натиҷаи мусбӣ ба даст овардан мумкин аст. Инчунин, дар ин масъала ваколатҳои комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравии кор бо ноболиғон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии муассисаҳои таълимӣ, органҳои идоракунии сохтори тандурустӣ муайян шудаанд.

Ғайр аз ин, на танҳо органҳои ваколатдори дар боло зикршуда, балки органҳои худидоракунии шаҳрвандон, ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ низ бояд барои риояи қонунгузорӣ дар бораи муҳофизати кӯдакон аз ахборе, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонад, масъулиятшинос бошанд ва назорати ҷамоатӣ муқаррар карда шавад.

Замони муосирро бидуни техникаву технология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки ҳамасола ҷадидтарин технологияҳо рӯйи кор омада, мушкилии мардумро дучанд осон мекунанд. Вале ҳар як дастгоҳи ихтироъшуда ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Дар айни ҳол таҷҳизоти аз ҳама лозима барои инсон ин телефони мобилӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути он метавонем озодона муошират намоем, аммо аз меъёр зиёд истифода бурдани он ба саломатии инсон зарари калон дорад. Мутасифона имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки қишри зиёди аҳолӣ хусусан кӯдакону наврасон, истифодабарандагони ин дастгоҳи ҷадид гаштаанд. Аксари мардум бештари вақташонро бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пушти сар мекунанд, ки ин ба саломатии ҳар яки онҳо зиён дошта, эшонро ба бемориҳои гуногуни дилу рагҳо, хирашавии чашм ва сактаи мағзи сар оварда мерасонад. Яке аз сабабҳои гирифтор шудани чунин бемориҳо дар он аст, ки бисёриҳо ҳангоми хоб рафтан телефони мобилиашонро дар назди худ нигоҳ медоранд. Бемуҳобо метавон гуфт, ки ин таҷхизоти ҳозиразамон инсонҳоро ғуломи худ кардааст. Ҳамасола аз ҷониби даҳҳо ширкатҳои гуногуни хориҷӣ телефонҳои мобилие ихтироъ мешаванд, ки нархи ҳангуфте доранду дар баробари ин харидори худро пайдо кардаанд. Ҳатто доштани гаронтарин телефони мобилӣ дар байни мардум муд шудааст. Ба гуфтаи мутахасисони соҳаи тиб ҳангоми аз меъёр зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ инсон ба дарди шадиди сар гирифтор шуда, хастагӣ ва заифиро дар худ мушоҳида мекунад. Истифодаи ками телефон ба фоидаи ҳар як инсон аст. Пас мебояд кӯшиш кард то худро аз чунин бемориҳои зараровар ҳифз намуд то солимии худро аз даст надиҳем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба