Зеҳн

Бодранҷбӯя

ЗЕ
зеҳни сунъӣ13 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, бодранҷбӯя гаштааст.

Ба русӣ лимонная трава (лимонная мята) ва мелисса меноманд.

Ин дар ҳама ҷоҳои намнок мерӯяд.

Қадди гиёҳаш то 85 сантиметр мехезад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи дигареро баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандонадор, пояаш монанди райҳон пуршох, гулаш бунафши моил ба сурхӣ, ки инро ба ҷойи сабзӣ бо таом мехӯранд.

Гули қисми дигараш майда ва гиёҳаш баҳорӣ ва тобистонӣ мешавад, ҳар сол аз тухм ва аз реша низ месабзад...

Тухмаш ба тухми зағир монанд, вале аз он майдатар ва ғуборнок.

Қисми дуввумаш дар бӯй ба навъи якум шабоҳат дорад, каме тундтар, баргаш гирдак — ин навъаш низ намудҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад, аз як бех чанд шох мерӯяд, баргаш нисбатан дағал ва дурушттар аст.

Мизоҷи ҳамаи намудҳои он дар миёнаи дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст...

Ин гиёҳ мансуб ба сайёраи Муштарӣ мебошад.

Ба қавли баъзе табибон мизоҷаш мӯътадил дар гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.

Аммо қавли якум саҳеҳтар ва қавитар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ қувватбахши дил, майна, ҳамаи даҳ ҳисси бадан ва ҳисҳои меъдаву ҷигар аст.

Агар бихӯранд ва бибӯянд, фараҳ мебахшад, гиреҳҳои узвҳои майнаро мекушояд, моддаҳои ғафсро нарм ва рақиқ мекунад, дар хоб сиёҳӣ пахш карданро ба ибро меоварад; барои ваҳшати савдовӣ, яъне тарсончакӣ аз зиёд шудани моддаи савдо дар майна, дилтапак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ҳиккаки (ҳиқичоқи) бодӣ дармон мегардад...

Агар бихӯранд ва гузошта банданд, моддаи савдоро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад; бемориҳоеро, ки аз бисёр гаштани балғам ба амал омада бошанд, дарди рӯдаҳо, иллатҳои сурин ва гурдаро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, бӯйи шаробро дафъ месозад ва бадбӯйии даҳанро дур мекунад — дар ин бобат хеле пуртаъсир аст...

10,5 грамм барги хушкашро бо 1,75 грамм танакори арманӣ (танакори сурх) бихӯранд, захми рӯдаҳо ва дарди ин узвҳоро даво мешавад.

13,5 граммашро бо 4,5 грамм танакори сурх биё- шоманд, таъсири заҳри занбӯруғҳоро мешиканад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои пӯсидани дандонҳо дармон мебошад...

Кӯфтаи ин гиёҳро бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас)- ро дору мешавад.

Аз 17,5 то 35 грамм кӯфтаи онро бо шароб биёшоманд, барои газидани саги девона ва ғунда даво мешавад.

Инро кӯфта гузошта банданд ҳам, барои бемориҳои номбурда шифо мебахшад, дилро қувват медиҳад, савдоро ба таҳлил мебарад ва дафъ мекунад; агар бо сирко даромехта гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро дафъ созад, меъдаи сарди тармизоҷро қувват мебахшад, таомҳои бадҳазмро латиф мегардонад, оруғ ва хоб меоварад фавран...

Оби баргашро бимоланд, барои қӯтури савдовӣ, мӯрчагазак, нори форсӣ ва захмҳои хӯранда даво мешаванд; агар инро бо намак даромехта дар ҳаммоми гармиаш мӯътадил бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад, инчунин кашокашӣ ва ларзонидани табҳоро дафъ мекунад.

Баргашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд...

Онро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, ҳайзи бандгаштаи онҳоро мекушояд.

Вале ба сурин зарар дорад гуфтаанд.

Дар ин ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд...

Ба ҷойи ин гиёҳ ду баробари вазнаш абрешим ва аз ду ҳиссаи он пӯсти меваи турунҷро бихӯранд, равост.

Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як рӯз то 35 ва аз тару тозаи он то 70 грамм аст...

Феълҳои тухмаш дар шифоӣ заифтар аз барги он мебошад.

4,5 грамм аз ин бихӯранд, барои ларза ва кашокашии бадан ва дарди рӯдаҳо дору мешавад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин 9 грамм аст.

— Дарди сар сабабҳои зиёде дорад. Он метавонад натиҷаи асабоният, зарбхӯрӣ ё чалақидани майнаи сар (сотрясение мозга) бошад. Одатан духтарҳо тез-тез оббозӣ карда, бо сари тар ба кӯча мебароянд, ки ин боиси шамолхӯрӣ ва дарди сар мегардад. Ман ба шумо чанд давои одиро тавсия медиҳам, ки ҳама намудҳои дарди сарро бартараф карда метавонанд.

Якум. Бобуна (ромашка), тухми шибит, бодранҷбӯя ва пудинаи боғӣ. Аз гиёҳҳои номбурда якқошуқӣ ба термос андохта, аз болояш 800 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед ақаллан як соат истад. Аз ин гиёҳоб дар давоми рӯз чанд маротиба якпиёлагӣ нӯшед, аз дарди сар ному нишоне намемонад.

Дуюм. Дарди сар агар бар асари чалақидани майнаи сар дар натиҷаи зарбхӯрӣ ба вуҷуд омада бошад, давои он гарди гул — перга аст. Миқдори истеъмоли перга барои калонсолон 1-қошуқӣ рӯзе се маротиба ва барои кӯдакон рӯзе 3 бор нимқошуқӣ мебошад.

Сеюм. Вақте бо мақсади оббозӣ кардан ба ҳаммом медароед, ба саратон асал молида, то арақ кардани саратон дар ҳаммоми гарм нишаста, бо ду даст оҳиста-оҳиста саратонро маҳс кунед, баъдан бо оби гарм саратонро нағзакак шуста, рӯймоли пашмӣ бандед, то шамол нахӯред. Ду-се бор ин амалро такрор карда, гарм печида хоб равед, агар дарди саратон аз хунукӣ бошад, сокит мешавад.

Барои нест кардани хориш шумо бояд миқдори баробари гиёҳҳои бӯй модарони маҳинбарг, баргизуф, гули говзабон, ҳамешабаҳор, бодранҷбӯя, гулу баргигазнаро гирифта, нағзакак шӯед ва омехта карда, 2 қошуқашро дар термос андозед. Аз болояш ним литр оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед ним соат ё як соат истад. Пас аз ин гиёҳ обро полонед ва рӯзе се маротиба, ним соат пеш аз хӯрок 100 граммӣ аз ин гиёҳоб нӯшиҷон намоед. Дар хона асал дошта бошед, камтар асал илова кунед, таъсираш бештар мешавад.

3-4 дона анҷирро бегоҳ дар оби ҷӯш тар карда, саҳар дар дили наҳор, аввал худи анҷир ва сипас обашро нӯши ҷон созед. Ба дарди шумо, ҳамчунин, гиёҳҳои морчӯба, чилбуғум, гули ҳамешабаҳор, тухми шибит, решаи ширинбуя ва гулӯ, барги газна даво шуда метавонанд. Ин гиёҳҳоро дар якҷоягӣ нӯшонда, обашро рӯзе 3-4 маротиба нӯшед. Бодранҷбӯя, морчӯба ва мармарак ҳам ба простатит фоида доранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба