Зардолу яке аз меваҷоти қадимтарин ва пурарзиш мебошад.
Таърихи пайдоиши зардолу хеле кӯҳан буда, он сирри зиёди ин меваи пурқиматро аз мо ниҳон медорад. Ватани зардолу Чин ба ҳисоб меравад. Зардолу яке аз меваҳои беҳтарини субтропикӣ мебошад. Меваҳои зардолуро ҳам тару тоза ва ҳам хушк карда истеъмол мекунанд.
Аз рӯи арзиши ғизоии лаҳми зардолу дар байни меваҳои донакдор ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Дар меваҳои зардолу то 260 мг/100 г пайвастагиҳои гурӯҳи флавоноидҳо мавҷуданд, ки дорои хусусиятҳои зиддимикробӣ ва муҳофизати организм аз нур мебошанд. Ин мева аз пектинҳо, витаминҳои Р, А, В1, В2, В6, намакҳои минералии калий, калтсий, оҳан ва моддаҳои зиддибактериявӣ, инчунин ишқорҳои себӣ, лимӯӣ, кислотаи салисилӣ бой мебошад. Зардолу дар худ энергияи қанд, витаминҳо, минералҳо ва пектинҳоро захира мекунад, ки ҳама унсурҳои барои ҳаёти организм заруриро дар бар мегиранд. Ранги зарди меваҳо аз бета-каротин вобаста аст, ки дар таркиби зардолу хеле зиёд мавҷуд аст.
Аз зардолу мураббо, афшураҳо ва шарбатҳо тайёр мекунанд. Зардолуи хушки аз донак тозакардашуда махсусан машҳур аст. Зардолуи хушк калорияи баланд дошта, дорои карбогидратҳои тезҳалшаванда аст. Инчунин, таркиби он аз калий бой буда, калтсий, магний, фосфор, оҳан, витаминҳо, ишқорҳои органикӣ ва дигар моддаҳои фоидаовар дорад. Зардолуи хушкро ҳамчун манбаи серғизо ва шифобахш дар андозаи 100-150 грамм дар як шабонарӯз ба одамони лоғар, заиф ва беморон тавсия мекунанд. Истеъмоли зардолуи хушк ба одамони гирифтори касалиҳои дил, камхунӣ, гипо ва авитаминоз фоидаовар аст. Дар тибби миллии Чин тухми зардолуро ҳамчун воситаи муолиҷаи сулфа истифода мебаранд. Истеъмоли мағзи зардолу дар баробари дигар растаниҳои шифобахш барои муолиҷаи бронхит, трахеит, ларингит, сулфаи кабутак ва нефрит мувофиқи мақсад аст.
Зиёда аз 20 навъи зардолу маълум аст, ки бо роҳи тухмӣ ва пайванд афзоиш меёбанд. Навъҳои зардолуи Осиёи Марказӣ, ки таркибашон бо ширинии баланд фарқ мекунанд, "гулинг" номида мешаванд (мардуми туркзабон тамоми навъҳои зардолуро чунин меноманд). Навъҳои мазкур гармиро дӯст медоранд ва дар шароити табиии Русия одатан афзоиш намеёбанд.
Дар таркиби лахми зардолуи тару тоза аз 4,7 то 27 % қанд (дар меваҳои пухта сахароза афзалият дорад), миқдори на он қадар зиёди декстрин, инулин ва крахмал дида мешавад. Клетчатка — 0,8 %, ишқорҳои органикӣ — 1,3 %. Дар таркиби меваҳо ишқорҳои себӣ, лимӯӣ ва камтар салицил мавҷуд аст. Витамини С дар зардолуи тару тоза бисёр нест (ҳамагӣ 10 мг%), витаминҳои Р, В1 ва РР мавҷуданд, лекин аз ҳама бештар каротин ва провитамини А (то 16 мг%). Чунин миқдори каротин дар ягон меваи дигари дар мамлакатамон руянда дида намешавад. Махсусан каротин ба организми ҷавони инкишофёбанда зарур аст.
Дар меваҳои тару тоза тақрибан 305 мг% намаки калий (дар меваи хушк — 5—6 маротиба зиёдтар) мавҷуд аст. Барои ҳамин, истеъмоли зардолуро ба беморони дил ва гурда тавсия медиҳанд. Инчунин моддаҳои минералии калий, магний ва фосфор дар таркиби зардолу зиёданд. Аз микроэлементҳо намаки оҳан (2,1 мг%) ва пайвастагиҳои йод мавҷуданд, ки дар навъҳои армании зардолу хусусан фаровонанд.
Аввал зардолуҳоро тоза шуста, донаашро ҷудо мекунем ва дар зарф мегирем. Аз болояш шакар ва об рехта, дар оташи паст 30 дақиқа меҷӯшонем, сипас нӯшокиро бо блендер омехта мекунем, ки шарбаташ барояд. Блендер набошад, метавонед бо даст аз элак гузаронед, ки шарбаташ барояд. Пас аз ин шарбатро дар оташи паст 20 дақиқаи дигар ҷӯшондан лозим. Банкаҳоро дар бӯғ стрелизатсия карда, нӯшокиро дар онҳо бардошта, сарпӯшро хуб маҳкам кунед.
Барои интихоби зардолуи пухта ва хушсифат, ба баъзе нуктаҳои муҳим диққат диҳед:
1. Ранг: Зардолуи пухта ранги равшан, аз зард то норанҷии тира дорад. Беҳтар аст, ки меваи хира ё сабзрангро интихоб накунед, зеро ин нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пурра напухтааст.
2. Аромат: Зардолуи пухта бӯйи хуш ва ширине дорад. Агар мева бӯй надошта бошад, эҳтимол он дар шароити сунъӣ пухта шудааст.
3. Ҳолати пӯст: Пӯсти зардолу бояд ҳамвор ва бе доғ ё захм бошад. Зардолуро бо каф оҳиста пахш кунед: агар мева каме нарм бошад ва пайкари устувор дошта бошад, пас он пухтааст. Зардолӯи аз ҳад зиёд нарм ё вазмин эҳтимолан вайрон шудааст.
4. Ҳаҷм ва шакл: Зардолуи пухта одатан шакли мудаввар ва ҳаҷми баробар дорад. Меваҳое, ки шакли номунтазам доранд ё аз ҳад хурданд, метавонанд дар шароити номусоид нашъунамо ёфта бошанд.
5. Пӯст ва нуқсонҳо: Аз меваҳое, ки доғҳои сиёҳ, шикастаҳо ё тарқишҳо доранд, худдорӣ намоед. Ин нишонаҳои пухтани ғайритабиист.
6. Ширинии табиӣ: Агар имкон бошад, зардолуро бичашед — он бояд ширини табиӣ дошта бошад ва маззаи талх ё бе мазза надошта бошад.
Зардолуро ба даст гирифта ва бӯяшро санҷидан як роҳи оддии муайян кардани пухтагии он аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё