Гелос пурарзиш
Маълумоти умумӣ
Гелос намояндаи оилаи садбаргиҳост. Баландии миёнаи ин дарахтон 10 метрро ташкил медиҳад, вале дарахтоне вомехӯранд, ки 30 м баландӣ доранд. Давомнокии умри ин дарахтон қариб як аср аст. Гелос дар чорсолагӣ, баъзан дар панҷсолагӣ ба ҳосил медарояд.
Пурарзиштарин растании асаловар аст, ки дар моҳҳои апрел – май ба замбурони асал нектар ва дигар маҳсулотҳоро медиҳад. Аз як гектар майдони боғзори гелос то 35 кг асал гирифтан мумкин аст. Дарахти гелос ширеши бисёр мебарорад, ки дар саноати бофандагӣ барои коркарди матоъ истифода мегарданд. Гелос худ аз худ гардолудшаванда нест. Барои гардолудшавӣ шинондани 2-3 дарахт лозим аст. Дарахтон то 15 сол истифода мегарданд.
Меваи гелос аз 82% об, 16% карбогидрат, 1% сафеда ва равған (0,2 г дар 100г) дорад. 100 грамм маҳсулот дорои 52 ккал энергия мебошад. Дорои витаминҳои А, В1, В2, С, Е, макроэлементҳо - калий, калтсий, магний, микроэлементҳо - оҳан, йод мебошад.
Меваи гелос бо мазаи ширини худ қимат дорад. Меваҳо дар намуди тару тоза ва дар намуди коркардшуда: компот, мурабо, ҷем, винои мевагӣ истифода мегарданд
Роҳҳои афзоиши гелос
Ду усули асосии афзоиши растаниҳо мавҷуданд - тухмӣ ва нашвӣ. Ниҳоли гелосро метавон тариқи шинонидани донак ва ё тариқи истифодаи қаламча зиёд намуд. Усули дуввум нисбат ба якум бешуҳба як қатор бартариҳо дорад, барои он ки:
ниҳол тезтар ба самар меояд;
ниҳоле аз тухмӣ ба даст омада, кафолати нигоҳдории тамоми хусусиятҳои растании модарӣ надорад.
Бо вуҷуди ин, қаламчакунонӣ низ камбудиҳо дорад: аз боғбон таҷрибаи муайян ва малакаро талаб мекунад; то решадавонии қаламча нигоҳубини махсусро тақозо дорад. Агар нигоҳубни дуруст набошад, мумкин аст дар соли дувум қаламча нобуд гардад. Бо роҳи нашвӣ гелос бо ду усул зиёд карда мешавад – решагири муқарарӣ дар замин ё пайванд кардан дар тагпайванди намуди ёбоӣ.
Дар ҳолати аввал, боғбон растании худреша, дар дуввум - навъҳои пурқувват, ба зимистон тобооварӣ дар тагпайванди дигар дарахтон (гелоси ёбоӣ, олучабандак...) пайвандшударо ба даст меорад.
Азбаски эҳтимолияти решагирии бомуваффақияти қаламчаҳо аз 10 - 15% зиёд нест, бояд то ҳадди имкон қаламчаи зиёдтар дар майдон ҷой дода шавад. Мумкин аст қаламчаҳоро дар қатор бо нигоҳ доштани масофа байни қаламчаҳо дар ҳама самт
15-20 см ҷойгир кард. Оғози раванди ташаккули решавӣ пас аз 3-6 ҳафта шинонидани қаламчаҳо рух медиҳад. Вақте ки муғча дар қисмати болои заминии қаламча ба қадкашӣ сар мекунад, хулоса кардан мумкин аст, ки қаламча ба решагирӣ оғоз кардааст.
Гелос зироати серҳосил (ҳосилнокии дарахтони 8-10 сола 50 – 80 кг ва бештар) ва зуд ба ҳосилдароянда (дар соли сеюми шинонидан ба ҳосил медарояд (баъзе навъҳо аз соли дуюм)) аст.
Навъҳои серҳосил аз як дарахт зиёда аз 200 кг мева медиҳанд.
Навъҳо
Ревна
Навъи миёнапаз. Миёнақад. Буттамева сурхи торик, андозаи миёна, мудаввар ва каме ҳамвор. Пӯст зич, ҷилодор. Диллаи мева зич, сурхи дурахшон, боллазату шаҳдбор ва ширин. Ҳосилнокӣ 30 кг/дарахт. Меваҳо дар намуди тару тоза, мураббоҳо ва консервҳои лазиз истифода мегарданд.
Сармотобовар (дер гул мекунад), таҳаммулпазир ба интиқол, меваҳо хеле кам мекафанд
Кавказӣ
Навъи тезпазак, миёнақад. Меваҳо маззаи ширини гуворо доранд, ранги буттамева сурхи баланд.
Баҳосилдароӣ дар соли панҷум; ҳосилнокӣ 60 кг/дарахт, вазни мева 6-6,5 гр. Ба бемориҳои маъмул устувор, нигоҳдориаш дароз, ба интиқол таҳаммулпазир. Таъми мева баъди коркарди ҳароратӣ ва яхкунонӣ боқи мемонад.
Крупноплодная
Навъи миёнапаз, қадбаланд. Баҳосилдароӣ аз соли сеюм, ҳосилнокӣ 50 кг/дарахт. Вазни мева 10,0 -
18,0 г, мудаввари васеъ. Пӯст сурхи торик, тунук, вале мустаҳкам. Диллааш сурх, боллазату шаҳодатнок, маззаи хуби ширини ба туршӣ моил, ранги афшура сурхи баланд. Интиқолаш хуб, ҳадафи истифода универсалӣ. Ҳосилдиҳӣ мунтазам, ба сармотобоварӣ баланд, ба касалии монилиоз устувор.
Наполеон
Дерпазак, қадбаланд (6м), ширин. Ҳосили аввал дар
4-5 солагӣ, ҳосилноки 30-70 кг/дарахт. Ба сармотобовар, барои нигоҳдорӣ мувофиқ, таҳаммулпазир ба интиқол, ба касалиҳои замбуруғӣ устувор, устувор ба накафидан ҳатто дар шароити баланд будани намнокӣ.
Ипут
Навъи пешпазак. миёнақад. Вазни меваҳо то 9,7 гр, ранги мева сурхи тираи дилшакл, ҳангоми пурра пухтан қариб сиёҳ. Дилла зичии миёна, боллазату шаҳдбор. Таъмаш ширин. Мева барои истифодаи универсалӣ, ба зимистон ва бемориҳо тобовар аст.
Ҳосилбандӣ аз 4-5 солагӣ. Ҳосилнокӣ 50 кг/дарахт.
Италянка
Навъи барвақтӣ. Миёнақад. Вазни мева то 8,0 г, ранги мева сурхи торик, дилшакли мудаввар.
Диллаш зич. Таъмаш ширин. Донак аз дилла хуб ҷудо мешавад. Мева барои истифодаи универсалӣ.
Ба зимистон ва касалии коккомикоз тобовар. Баъди
4-5 солагӣ ба ҳосил медарояд. Аз гули худ гардолуд намешавад. Ҳосилнокӣ 80 кг/дарахт.
Кордия
Навъ бо сифатҳои беҳтарини истеъмолӣ, муқовимат ба интиқол ва ҳосили устувор байни истеҳсолкунандагон талаботи калон дорад.
Нисбатан дертар гул кардан, хавфи сармозаниро кам мекунад. Вазни буттамева 8-10 г, пӯсти меваҳо зич, рангаш қариб сиёҳ, диллааш боллазат аст.
Ярославна
Рекордсмен оид ба қанднокӣ - то 14,2%. Дар солҳои пурсамар як дарахт то 60 кг буттамева медиҳад. Меваҳо ҳангоми пухта расиданашон намекафанд ва пас аз ба дараҷаи камолоти техникӣ расидан, метавонанд, дар давоми ду ҳафтаи дигар дар дарахт боқӣ бимонанд.
Саммит
Тезпазак. Вазни мева 9-10 г, дилшакли васеъ. Пӯст сурхи дурахшон, вақти комилан пухта расидан сурхи торик, ҷилодор аст. Дилааш сурхи равшан, боллазату шаҳодатнок ва хеле болаззат аст, донакаш хурд. Меваҳо ба кафидан устувор буда, қобилияти олии интиқолӣ доранд. Сармотобовар, ба касалиҳои замбуруғӣ ва пажмурдашавии бактериявӣ устувор, ҳосилдиҳӣ мунтазам.
Юлия
Миёнадерпаз. Баландқади зудафзоишёбанда. Вазни меваҳо 5,0 - 6,0 г, мудаввар ё дилшакл, ки аз паҳлӯҳояшон каме ҳамворанд. Ранги асосӣ зарди қаймоқӣ бо гулобии сурх. Таъмаш ширини каме бо туршӣ моил. Қобилияти хуби интиқолӣ дорад.
Барои истифодаи универсалӣ. Мевабандӣ аз 4-5 солагӣ. Сармотобовар, ба касалиҳои коккомикоз ва монилиоз хеле тобовар аст.
Россошанская золотая
Миёнадерпаз, миёнақад. Вазни мева 6,0 - 7,0 г, мудаввар ё дилшакл, зарди дурахшон; Диллаш зарди қаймоқӣ, зичии миёна, хеле ширин бо туршии ба назар на он қадар намоён ва маззаи хеле хуши асал дорад. Аз навъҳои болаззаттарини ассортименти ҷаҳонӣ мебошад (баҳогузории меваҳои тару тоза - 5 хол). Ҳосилнокӣ аз ҳисоби миёна баландтар аст.
Зимистонгӯзарониаш хуб аст.
Раванди тайёр намудани гелос барои содирот
Гелосро чи тавр бояд интихоб кард?
Дар аввал бояд ба намуди зоҳирии он назар намуд: Думчаи сабз нишони он аст, ки дараҷаи пӯхтарасии мева дар ҳадди муқарарӣ қарор дорад ва дар рӯзҳои наздик чида шудааст.
Мева кафидагӣ нест – ҳангоми пӯхтарасӣ намнокии зиёд набуд; Ҳангоми ламс бояд мева чандир бошад; агар мулоим бошад,, пас ин гувоҳи он аст, ки мева алакай дуру дароз нигоҳ дошта шудааст. Аз ин гуна мева бӯи хос ва мазза дур мегардад, дар ҳолати аз ҳаму хуб қандаш боқи мемонад; бисёр бад нигоҳ дошта мешавад.
Меваҳо бояд хушк, пурра ва ҷилодор бошанд. Бӯи туршӣ ва пӯсиш набояд дошта бошанд.
Агар мева бе думча бошад, вале намуди зоҳириаш муқарарӣ бошад, ягон бадӣ надорад, вале набояд фаромӯш кард, ки меваҳои обдор хеле кам меистанд, ин гуна меваҳоро бояд ҳар чи зудтар мавриди истифода қарор дод.
Нишонаҳои гелоси сифати баланд дошта: меваҳои андозаи якхела; бо думчаҳои сабз ва ё бе думча; дар ламс чандир ва ҷилодор; сатҳ бе захм ва бе асари пӯсиш; бӯи нафис ва ширин.
Ҷамъоварии ҳосили гелос
Ҳосили гелос барои истеъмоли фаврӣ дар давраи камолоти пурра ҷамъоварӣ мегардад, барои консервабарорӣ 3-4 рӯз пештар, вақте ки диллаи мева каме сахттар аст ва барои интиқолдиҳӣ бошад - 5-7 рӯз пеш аз пухтани пурра ҷамъоварӣ мегардад. Меваҳоро бо думчааш мечинанд ё бо қайчӣ 2/3 ҳиссаи дарозии думчаро боқӣ гузошта мебуранд.
Барои масофаҳои дурдаст, гелос дар мошинҳои махсуси муҷаҳҳаз дар ҳарорати аз 0-0.5 ° C интиқол дода мешавад, ин имкон медиҳад, ки сифати меваҳо то ду ҳафта нигоҳ дошта шаванд. Ҳангоми ҷамъоварии гелос қуттиҳои чӯбин ё пластикии хурд истифода мешаванд. Истифодаи зарфҳои қулай имкон медиҳад, ки хароҷоти меҳнат коҳиш ёбанд, меваҳо камтар захмдор гарданд, ба онҳо хубтар шамол расад ва бештар нигоҳ дошта шаванд.
Ҷамъоварии гелос барои нигоҳдорӣ
Гелос вобаста ба навъ мӯҳлати мухталифи нигоҳдорӣ дорад. Баъзе навъҳоро метавон 2-3 рӯз нигоҳ дошт, навъҳои дигарро то як ҳафта дар ҷои хунук нигоҳ доштан имконият дорад.
Ҳангоми ҷамъоварии ҳосил бояд якчанд қоидаҳо бояд риоя кард:
• Навъҳои дерпазак қобилияти хуби нигоҳдорӣ доранд. Мумкин аст, барои нигоҳдорӣ навъҳои пешпазакро низ интихоб намуд, вале танҳо он навъҳоеро, ки дилаи зич доранд.
• Ҳангоми пухтани мева гелосро сероб кардан нашояд, пӯст аз рутубати зиёдатӣ мекафад.
• Ҳосилро субҳ чидан беҳтар аст. Меваҳои донакдор субҳгоҳон бештар чандиранд.
Агар гелос ба мақсади нигоҳдорӣ дар яхдон ҷамъоварӣ гардад, бояд меваҳо танҳо бо думчаашон чида шаванд. Думчаи аз мева кандашуда ба озодшавии афшураи мева мусоидат мекунад. Меваҳои пурра ва зарардида набояд омехта карда шаванд. Дар меваҳо набояд нишонаҳои пӯсиш, кафида, захм бошанд. Агар гелос дар бозор харида шавад, бояд меваҳои чандир интихоб карда шаванд. Онҳо набояд доғҳои равшан дошта бошанд. Ин аз оғози раванди вайроншавӣ шаҳодат медиҳад. Барои он ки гелосҳои харидашуда дарозтар нигоҳ дошта шаванд, бояд меваҳои думчаи тозаи сабздошта, интихоб карда шаванд. Думчаи чубгашта, ранги хокистарӣ гирифта аз он шаҳодат медиҳад, ки меваҳо барвақт чида шудаанд ва алакай барои нигоҳдорӣ номувофиқанд.
Нигоҳдории гелос
Гелос маҳсулоти зуд вайроншаванда аст, аз ин рӯ, дар ҳар сурат, ҳатто дар ҳарорати хунук, он аз 1 ҳафта зиёд нахоҳад монд. Мӯҳлатро бо якчанд роҳ дароз кардан мумкин аст:
• Ях кардани буттамева. • Хушк кардан.
• консервабарорӣ. • Нигоҳдории муваққатӣ дар яхдон.
Мева бояд дар марҳилаи камолоти муқарарӣ – на аз ҳад зиёд пӯхтарасида, вале барои истеъмол омода будан, ҷамъоварӣ гардад. Барои беҳтар нигоҳ доштани гелос, онро аз думчааш ҷудо намекунанд. Меваҳоро намепартоянд, балки бодиққат дар зарф ҷой медиҳанд. Агар дар иншоот ҳарорат дар ҳудуди 0…+4°С нигоҳ дошта шавад, пас мӯҳлати нигоҳдориро то 2 ҳафта зиёд кардан мумкин аст.
Усулҳои нигоҳдории гелос
Дар сармодон(хунукӣ)
Барои нигоҳдорӣ дар сармодон танҳо навъҳои дерпазӣ гелос мувофиқанд. Дилла бояд мустаҳкам бошад. Пеш аз яхкунонӣ, меваҳоро шуста, думчаҳои меваро ҷудо кардан лозим аст. Меваҳои тоза бояд паҳн карда шуда ва бо латта мулоим тар карда шаванд. Буттамева бояд комилан хушк бошад.
Ҳангоми ин усул зарфҳои пластикӣ ё халтаҳои ҳавоногӯзар лозим аст, махсусан барои яхкунонии дарозмуддат. Халтаҳои полиэтилении оддӣ кор намеоянд, зеро онҳо ҳаргуна бӯйи берунаро ба худ мегирад; Ҳангоми яхкунонӣ, дар буттамева тамоми витаминҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Дар яхдон
Гелосро пеш аз ба яхдон гузоштан, агар тар бошад, бояд хушк карда шавад. Меваҳоро шустан мумкин нест. Ин мӯҳлати нигоҳдории онҳоро кӯтоҳ мекунад. Буттамеваҳои вайроншуда, пӯсида ва ё ба таври механикӣ зарардида набояд бо меваҳои яклухт якҷоя карда шаванд. Гелосро бояд дар зарфҳои пластикӣ ва ё шишагин ҷой дода, дар қисмати поёни яхдон гузошт. Зарф бояд герметикӣ маҳкам карда шавад. Ҳарорати беҳтарин барои нигоҳдорӣ аз 0 то +2 дараҷа аст.
Хушк
Барои ин танӯр ё хушккунаки барқӣ лозим аст.
Аввал бояд буттамева ҷудо, шӯста сипас хушк карда шаванд. Метавон донакҳоро берун кард. Пас аз коркард, меваҳоро дар варақаи нонпазӣ паҳн кунед ва дар танӯре, ки пешакӣ гарм карда мешавад, хушк карда гузоред. Ҳарорат бояд на бештар аз 50 дараҷа бошад, вагарна буттамева хушк намешавад, балки мепазад. Пас аз 2 соат ҳароратро ба 75 дараҷа расонидан мумкин аст. Меваҳои хушки тайёр набояд шарбат бароранд ё ба якдигар часпанд.
Консервакунӣ
Барои коркарди ҳароратӣ, интихоби навъҳои зичии дерпази гелос афзалтар аст. Буттамева ҳангоми пухтупаз шакли худро гум намекунад. Ҳар гуна навъ барои мураббо мувофиқ аст. Компотҳои гелос таъми бой доранд. Истифодаи навъҳо, ки ранги сурхи торик ва маззаи туршии барҷаста доранд, матлуб аст. Зиёда аз як сол нигоҳ доштани гелоси консервашуда номатлуб аст. Ҳангоми тайёр намудани компотҳои гелосӣ ба банка илова намудани олучабандак хуб аст. Мазза ва ранг бештар зоҳир хоҳад шуд.
Фазои танзимшаванда
Камераҳои нигаҳдорӣ бояд чунон мустаҳкам бошанд, ки ҳавонагӯзарониро дар муҳити афзоянда газӣ таъмин карда тавонанд, бо ин мақсад маводҳои махсус дар сохтмонӣ болопӯши камераҳо ва дарҳои махсуси герметикӣ истифода мешаванд. Барои ташкили фазои танзимшаванда дар камераҳо, генератори нитроген, адсорберҳое CO2, SO2, конвентерҳои этилен ва дигар дастгоҳҳои махсус истифода мегарданд.
Тиҷоратӣ
Барои нигоҳдории тиҷорӣ дастгоҳҳои махсус мавҷуданд. Талабот барои муқаррар кардани реҷаи ҳарорат ва интихоби зарфҳо ба назар гирифта мешаванд. Ҳарорати ҳаво набояд аз +2оС дараҷа баланд бошад. Анбори тиҷоратӣ барои нигоҳдории гелос дар тули 20-30 рӯз пешбинӣ шудааст. 1.
Қуттиҳои чӯбӣ бо буттамева пур карда шуда, бо халтаҳои махсуси полиэтиленӣ, ки тибқи талаботи махсус сохта шудаанд, пӯшонида мешаванд. 2.
Қуттиҳои картонӣ гелосро ҳангоми интиқол хуб нигоҳ медоранд.
Технолгияи Xtend
Маркази махсуси бастабандиро барои тез хӯнук намудан ва бастабанди кардани сабзавоту меваҳо.
Вобаста аз намуд ва миқдори маҳсулот, марказҳои бастабандӣ метавонанд аз рӯи масоҳат, маҷмӯи пурраи таҷҳизоти иқтидорҳои гуногун ва технологияи гуногуни хунуккунӣ (обӣ ё ҳавоӣ) фарқ кунанд. Маркази бастабандандӣ барои коркарди
(бастабанди дар асоси Xtend технология) ҳаҷми калони маҳсулоти саноатӣ (40 -60 тонн ва зиёда аз он дар як рӯз) зарур аст. Ҷойгиршавии ин марказ дар наздикии мавзеъи истеҳсолӣ ниҳоят муҳим аст, то ин ки вақти пас аз ҷамъоварӣ ва то оғози бастабандии он набештар аз 5-6 соат бошад.
Маркази бастабандии стандартӣ аз шӯъбаи хунуккунӣ; Мувофиқи сифат ба навъҳо ҷудокунии пеш аз бастабандӣ; ҳамлу нақли салоҳиятдори маҳсулот аз марказ ба ҷои фурӯши иборат аст.
Нигоҳдории ҳарорат дар ҳудуди -1 – 0ОС тавсия шудааст, ки дар ин шароит меваро дар намуди тару тозагии аслӣ то 30-60 рӯз нигоҳ доштан имконият дорад.
Гелоси тару тозаро бо истифодаи қоғаз нигоҳдорӣ кардан мумкин аст. Буттамеваи хушки думчадорро дар халтаҳои қоғази рехта, болояшро печонида, дар қисмати поёни яхдон мегузоранд.
Ба ин восита метавон меваҳоро якчанл рӯз тару тоза нигоҳ дошт.
Нигоҳдории гелос бо себу банан тавсия дода намешавад. Ин меваҳо этилен хориҷ мекунанд, ки ин боиси ҷараёни пӯхтарасиро метезонад.
Интиқоли гелос
Гелосҳои тару тоза бояд ба навъҳо ҷудо карда шаванд ва сифати мева ба талаботҳои стандартӣ ва мушаххасоти мавҷуда мувофиқат намоянд. Зарфҳо бояд хушк, тоза, дуруст, бе бӯйи бегона бошад ва таъмини бехатарии маҳсулотро, ҳам ҳангоми интиқол ва ҳам ҳангоми нигоҳдорӣ, таъмин карда тавонанд. Оид ба нуқсон ё номувофиқатӣ ба стандарт санад тартиб дода мешавад.
Гелосро дар дараҷаи камолои техникӣ интиқол дода мешавад. Вай бояд тару тоза, бутун, аз ҳашаротҳо ва касалиҳо зарарнадида, тоза, аз ҳад зиёд пӯхтанарасида, бе захмҳои механикӣ ва бе аломатҳои сӯзиш аз офтоб бошад.
Инчунин барои интиқол маҷмӯи ҳуҷҷатҳои интиқолӣ, сертификати карантинӣ ва сертификати сифат лозим аст.
Ҳангоми пешниҳоди молҳои тезвайроншаванда барои интиқол, ирсолкунанда ҳуҷҷатҳои зеринро тайёр мекунад:
- шаҳодатнома дар бораи сифати гелос бо имзо ва муҳри ирсолкунанда;
- Сертификати сифати гелос, ки дар пойгоҳҳои боркунии яклухт, ки бо сохтори санҷиши сифат қарордод доранд, дода мешавад,
- борхат;
- Изҳороти роҳ (нусхааш дар дар истгоҳи ирсолкунанда боқӣ мемонад).
Гелос бо намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол дода мешавад:
Баҳрӣ; Ҳавоӣ; Роҳи оҳан; автомобилӣ; мултимодалӣ.
Ҳангми интиқол тавассути қатораҳо, пас аз ҷой додани гелоси тару тоза ба вагонҳои ZB-5 ва гӯзоштани мӯҳр, дар вагон реҷаи ҳарорати мувофиқ (2-50c) таъмин карда мешавад. Реҷаи ҳарорати дар тамоми давраи ҳаракат назорат карда мешавад.
Талаботҳои стантарти ба сифати маҳсулот
Барои ворид намудани мол ба ягон кишвар як қатор талаботҳое мавҷуданд, ки бояд ҳатман риоя шаванд. Чунин талаботҳо аз кишвар ба кишвар фарқ мекунанд. Барои мисол, дар ин варақа талаботи минималӣ ҳангоми воридоти гелос дар асоси талаботҳои стандарти пешниҳод мегардад.
ЕЭК ООН FFV-13, оид ба фӯруш ва назорати сифати молии гелос Муқаррароти ин стандарт ба гелосҳое, ки ба истеъмолкунандагон дар намуди тару тоза пешниҳод карда мешавад дахл дорад;
Талаботи ҳадди аққал
Гелос дар ҳама синфҳо, бо назардошти муқаррароти махсус барои ҳар як синф ва таҳаммулпазирии иҷозатдодашуда, бояд ин тавр бошад:
• солим; набудани думчаи мева нуқсон ҳисобида намешавад, ба шарте ки пӯст захмдор нест ва баромадани афшурда дида намешавад;
• хушсифат; маҳсулоте, ки ба пӯсиш ё бад шудани ҳолат дучор шудааст, ки онро барои истеъмол ношоям мекунад, иҷозат дода намешавад;
• тоза; моддаҳои бегонаи амалан ноаён;
• аз зоҳир тару тоза;
• амалан бидуни ҳашарот;
• амалан бидуни захме, ки зараррасонҳо расонидаанд;
• зич (вобаста ба навъ);
• бе намии аз ҳад зиёди беруна;
• Озод аз ҳар гуна бӯй ва / ё маззаи дигар.
Дараҷаи рушд ва ҳолати меваҳо бояд чунин бошад, ки онҳо тавонанд:
• ба ҳамлу нақл, боркунӣ ва борфарорӣ тоб оранд;
• дар ҳолати қаноатбахш ба манзил расонида шавад.
Гӯруҳбандӣ
Гелос ба навъҳои дар зер муайяншуда тақсим карда мешавад:
i. Гелоси класси "Олӣ" . Гелос аз ин навъҳо бояд дорои сифати олӣ бошад. Онҳо бояд хусусиятҳои хоси намудро дошта бошанд. Набояд нуқсон дошта бошанд, бо истиснои ҳама нуқсонҳои хурди сатҳӣ, ба шарте ки онҳо ба намуди зоҳирӣ, сифат ва мӯҳлати нигоҳдории маҳсулот дар бастабандӣ таъсир нарасонанд.
ii. Навъи якӯм. Гелоси ин навъҳо бояд хушсифат бошанд. Онҳо бояд молики хусусиятӣ барои ин навъ хос бошанд. Аммо норасогиҳои зерин, ки ба намуди умумии зоҳирӣ, сифат, нигоҳдории маҳсулот дар баста таъсир намерасонанд, таҳаммулпазир аст:
•норасогиҳои ночиз дар шакл;
• норасогиҳои ночиз дар ранг.
iii. Навъи дуюм. Ба ин навъ гелосҳои мансубанд, ки ба навъҳои баландтар дохил карданашон ғайриимкон аст, вале ба талаботҳои муайяни боло ҷавобгуй мебошанд.
Норасогиҳое зерин иҷозат дода мешавад, ба шарте ки гелос хусусиятҳои хоси сифат, нигоҳдорӣ ва намуди молии худро нигоҳ доранд:
• норасоиҳо дар шакл;
• норасоиҳо дар ранг;
• тарқишҳои хурд дар сатҳ.
Андозабандӣ
Андоза, мувофиқи қутури максималии буриши кундалангӣ муайян карда мешавад Ҳадди ақал ин андоза бояд:
• 20 мм барои намуди милии "Picota" дар ҳолати навъи олӣ.
• 22 мм барои дигар навъҳо дар ҳолати навъи олӣ.
• 17 мм барои навъҳои 1 ва 2 бошад
Таҳаммулпазирӣ
Дар ҳама марҳилаҳои татбиқ мавҷудияти меваҳое, ки ба талаботҳои сифатӣ ва ё андозавии ба ин ё он синф таалалуқдошта мутобиқатнакунанда, таҳаммулпазир аст:
Таҳамулпазирӣ дар сифат:
Сифати олӣ
Дар маҷмӯъ мавҷудияти 5% меваҳое, ки ба талаботи ин синф ҷавобгӯ нестанд, аммо ба талаботи навъи якум мувофиқат мекунад, таҳаммул пазир аст. Дар ин ҳудуд, таҳаммулпазир аст, мавҷудияти на бештар аз 0,5% маҳсулоте, ки ба талаботи сифати сифати якум ҷавобгӯ набошад ва на бештар аз 2% - маҳсулоти кафида ё захм аз ҳашаротҳо дошта бошанд.
Сифати якум
Мавҷудияти 10% меваҳое, ки ба талаботи ин синф ҷавобгӯ нестанд, вале ба талаботи сифати дуюм ҷавобгӯ мебошанд, таҳаммул пазир аст. Дар ин ҳудуд, камтар аз 1% аз ҳаҷми умумии онҳо метавонад, меваҳое бошад, ки ба талаботи ҳадди аққали ба сифати дуюм таалуқдошта ҷавобгӯ набошад ва на бештар аз 4% - маҳсулоти кафида ё захм аз ҳашаротҳо дошта бошанд.
Сифати дуюм
Дар маҷмӯъ, мавҷудияти 10% меваҳое, ки ба талаботи ҳадди аққали хоси ин навъ ҷавобгӯй нестан таҳаммулпазир аст. Дар ин ҳудуд бештар аз 4% аз ҳаҷми умумии он метавонанд, меваҳои аз ҳад зиёд пухта, меваҳои кафида, дорои захми ҳашаротҳо ё маҳсулоти мавриди таназзул қарор дошта бошанд.
Таҳамулпазирӣ дар андоза:
Барои ҳамаи синфҳо
Дар маҷмӯъ мавҷудияти 10% меваҳое, ки аз андозаи муқарари фарқ мекунанд, таҳаммулпазир аст.
Намуди молӣ
A. Якрангӣ
Мӯҳтавои ҳар як баста бояд якхела бошанд ва танҳо аз гелосҳои пайдоиш, навъ ва сифатҳои якхела дошта бошанд. Мева бояд якрангии кофии андозавӣ дошта бошад. Ғайр аз ин, гелос бояд аз ҷиҳати ранг ва камолот якхела бошанд. Қисми намоёни маҳсулот дар бастабандӣ бояд бо маҳсулоти тамоми борҷома мувофиқат кунад
B. Бастабандӣ
Гелос бояд тавре печонида шаванд, ки нигоҳдории дурусти маҳсулотро таъмин кунад. Маводҳое, ки дар дохили бастабандӣ истифода мешаванд, бояд тоза ва сифатнок бошанд, ки ба маҳсулот аз дохил ё берун зарар нарасонанд. Истифодаи мавод, аз қабили коғаз ё тамғакоғазҳои мушаххаси тиҷорат, ба шарте иҷозат дода мешавад, ки сиёҳӣ ва часпандаҳои заҳролуд барои истифодаи матн ё аломатгузорӣ истифода нашаванд. Часпакҳои алоҳидаи ба маҳсулот часпонидашуда бояд тавре бошанд, ки осори намоёни ширешро дар маҳсулот нагузоранд ва ба иллатҳои пӯст оварда нарасонанд. Борпеч набояд ягон моддаи бегона дошта бошад.
Тамғагузорӣ
Ба ҳар як баста бояд маълумоти зерин бо ҳуруфи равшан ва нобуднашаванда навишта шуда, дар як тарафи баста дар ҷои намоён ҷой дода шаванд:
A. Муайянкунӣ
Бастубандкунанда ва / ё фиристанда / содиркунанда:
Ном ва суроғаи физикӣ масалан, кӯча / шаҳр / ноҳия / рамзи почтаи кишвар, агар он аз кишвари истеҳсолкунанда фарқ кунад
B. Хусусияти мол
• «Гелос», агар маҳсулот аз берун дида нашавад.
• «Навъи турш», агар зарур бошад.
• «Гелоси бедона», «Picota» ё дигар номгуй, агар зарурат бошад.
• Навъ (ихтиёрӣ).
C. Пайдоиши маҳсулот
• Кишвари пайдоиш ва ихтиёрӣ ноҳия ё минтақаи миллии парвариш.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё