Гиёҳдармонии бемориҳои пӯст
САФЕДШАВИИ ПЎСТ (ВИТИЛИГО)
Агар сиёҳдона ва оксиди мисро бо ҳам омехта намуда, бо сирко ду шабонарўз тар намоянд, ба бемориҳои сафедии пўст (витилиго) малҳам кунанд, шифо меёбанд. (Агар беморӣ дар марҳилаи аввал бошад).
МУОЛИҶАИ БЕМОРИҲОИ ПЎСТ
20 г барги зуф, 30 г сиркои ангурӣ ва 50 г асалро омехта карда, 48 соат дар торикӣ нигоҳ доранд. Ин малҳами тайёршударо ба ҳафт намуди бемории пўст: шукуфаи пўст, норифосӣ, носур (яраи чуқур), захмҳои гуногун, ширинча, намаш ва намал моланд, даво мебошад.
Равғани ангат (облепиха) ва гиёҳи шимокро (шаматулоқ) ба ҳам омехта намуда, малҳами онро ба бемориҳои шукуфа, хоришак, ширинча, чиртак ва пучакҳо моланд, фоидабахш аст. Ин малҳамро инчунин метавонанд барои захмҳои гуногун низ истифода баранд.
Барги мўрд, тухми гули хайрии сафед ва 20 грамм чоқларо дар 100 грамм сирко тар намуда, ба сафедии пўст малҳам кунанд, фоидабахш аст.
Решаи растании савсанро кўфта, бо асал хамир сохта бимоланд, доғи сафеди пўст ва песиро дар муддати шаш моҳ рафъ мекунад.
АЛЛЕРГИЯ
Гиёҳи пудинаро чой дам карда, ба хориши бадан малҳам кунанд, шифобахш аст.
Решаи чилбуғумро орд карда, ба қадри донаи нахўд нимсеру нимгурусна, даҳ рўз якборӣ истеъмол намоянд, он барои хориши сафроӣ муфид аст.
Агар хориш аз ҳисоби паразитҳои лямблӣ ва астритса бошад, бояд, ки ба табибон муроҷиат карда, ба воситаи парҳез, дарзмол кардани так-пўш ва матоъҳои ҷои хоб, инчунин истифодаи гиёҳҳои тахач, буғма, санои маккӣ, пудина ва ғайра табобат гиранд.
САГЛЕС (ОБИЛА)
Аслан давои бемории саглес ин парҳез аз шириниҳо, донагиҳо, тезӣ, шўрӣ, бирёнӣ ва чарбӣ мебошад.
Агар сабзмозуро (гиёҳи ҳиндӣ, дар дорухонаҳо мефурўшанд) бо сирко ду шабонарўз тар намуда, ба доғи кунҷитак ва сиёҳии пўст малҳам кунанд, онҳоро нест мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё