Маслиҳатҳои гиёҳдармонӣ
Гули ҳамешабаҳор давои дарди дил
Гули ҳамешабаҳор бинобар аз равғанҳои эфирӣ, витаминҳо ва кислотаҳои органикӣ бой буданаш хосияти зиддиилтиҳобӣ, антисептикӣ ва ҷароҳатбандӣ дорад. Аз ин рў, онро дар гиёҳдармонӣ васеъ истифода мебаранд.
Дамкардаи он шираи меъдаро зиёд намуда, ба талха фоида мерасонад ва ба бемории захми меъдаю гастрит ва дисбактериоз муфид аст. Табибон чойи гули ҳамешабаҳорро барои қувватбахшии дил ҳангоми аритмия ва стенокардия тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, фишори хунро паст намуда, асабро ором менамояд. Барои муолиҷа хушккардаи онро истифода мебаранд.
Роҳҳои осони муолиҷаи бронхит
Дар фасли тирамоҳ бинобар сардшавии ҳаво хатари гирифторшавӣ ба бронхит зиёд мешавад. Агар шумо гирифтори бронхит бошед, дар ду истакон шири гарм се қошуқ мармарак (шалфей) андохта, 4-5 дақиқа чўшонед. Сипас онро полонда (аз дока гузаронда), як истакон пеш аз хоб гармогарм истеъмол кунед. Агар шир набошад, метавонед ба ҷои он обро истифода баред.
Турби калонеро гирифта, дохилашро кобед ва сўрохии онро бо асал пур карда, дар косае гузоред, то ки асал ва шираи ҳосилшуда ба замин нарезад. Баъди якчанд соат шира ҳосил мешавад. Онро пеш аз ғизо ва қабл аз хоб ду қошуқӣ нўши ҷон кунед.
Пиёзи майдакардаро якчанд дақиқа дар оби ҷўш нигоҳ доред. Сипас обро рехта, ба он каме равғани қоз ҳамроҳ намоед. Саҳар дили бенаҳор ва шаб пеш аз хоб як қошуқӣ аз давои мазкур истеъмол кунед.
Дар оғози беморӣ шабонгоҳ каме асали моеъро ба матои пахтагин (чит) молида, рости бронхҳо гузоред ва гарм пўшида бихобед. Субҳ бояд тамоми асал ҷаббида шавад. Муолиҷаро то он дам давом диҳед, ки субҳ асали молидаатон боқӣ монда, часпак бошад, яъне дигар ҷисм онро накашад. Асалро дар болои дил нагузоред.
Муолиҷаи дарди дандон
Як қошуқ решаи майдакардаи коснӣ (чачараскул, цикорий)-ро ба як истакон оби ҷўши каме сиркои себин иловашуда андозед. Баъди 10 дақиқа гарм пўшонида, дам додан даҳонро бо ин даво чайқонед. Дарди дандон таскин меёбад.
Чойе, ки давои дарди гурдаву ҷигар аст
Ду қошуқ баргу пояи косниро ба як истакон оби ҷўш андохта, каме ҷўшонед. Сипас онро полонда, як-ду қошуқӣ рўзе 5-6 бор истеъмол намоед. Давои мазкур ҳангоми дарди буғумҳо, диабети қанд, гастрит, бемориҳои гурдаву ҷигар ва испурч (сиёҳлавак) муфид мебошад. Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.
Агар дарди гўш азият диҳад
Барои касоне, ки аз дарди гўш азият мекашанд, ҷўшобаи барги ғор (лавровый лист) давои беҳтарин аст. Бо ин мақсад 5 барги ғорро ба зарфи сирноке андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш андохта, 2-3 дақиқа ҷўшонед. Сипас, болои зарфро гарм пўшонида 2-3 соат дам диҳед. Пеш аз хоб аз ин даво ба ҳар ду гўшҳо 8-10 қатрагӣ давои мазкурро чаконида, бо рўймол гўшҳоятонро гарм печонед. Аз давои мазкур 2-3 қошуқ гармогарм нўшида бихобед. Дар сурати зарурат 2-3 шаб муолиҷаро такрор кардан мумкин. Зимни муолиҷа аз шамолрасӣ худро эҳтиёт намоед.
Давои зардаҷўш
Аксар занон дар нимаи дуюми давраи ҳомиладорӣ аз зардаҷўш азият мекашанд. Дар ин ҳолат истеъмоли шири хунук ва ё донаҳои бирённокардаи офтобпараст зардаҷўшро рафъ менамояд.
Бо мақсади дигар азият надодани зардаҷўш ва дар ҳадди эътидол нигоҳ доштани гемоглобин то охири ҳомиладорӣ рўзе се маротиба як қошуқӣ оби сиркодор нўшидан лозим. Яъне, дар як пиёла об ду қошуқча сиркои себин андозеду рўзе се маротиба як қошуқӣ аз он истеъмол кунед.
Ҳоҷӣ Муҳаммадрасул Иброҳимзода,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё