Зеҳн

Меваи тут фоидаи калон дорад

ЗЕ
зеҳни сунъӣ14 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Феълан дар саросари кишвари офтобии мо тут пухта расид. Меваи тут фоидаи калон дорад.

Дарахти тут 200-300 сол умр мебинад. Меваи он ширин буда, дар таркибаш зиёд моддаи қандӣ дорад. Онро дар шакли тару тоза ё хушконидашуда истеъмол мекунанд.

Дарахти тут растании бисёрсолаи қадимӣ буда, бино ба манбаъҳои таърихӣ 5000 сол пеш дар Хитой паҳн шудааст.

Олимони Донишкадаи илмию тадқиқотии нахҳои табиии Ӯзбекистон усули нави кишти кӯчатҳои дарахти тутро ихтироъ карданд. Дар давоми асрҳо аз ҷониби селексияи халқ навъҳои Шоҳтут, Тути Балхӣ, Тути марворид ва ғайра бунёд гашта, имрӯзҳо ҳам сабзонида мешавад. Усули мазкурро дар хоҷагии қишлоқ, хусусан кирмакпарварӣ истифода мебаранд.

Бо обе, ки дар он решаи тут ҷӯшонида шуда бошад, ғарғара кунанд, дарди хафакунандаи гулӯ ва ханозерро шифо мебахшад. Барг ё пӯсти дарахти онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди даҳанро таскин медиҳад.

Инчунин, шилми тутро низ бихоянд, ҳамин асарро дорад. Решаашро кӯфта, дар вақти ҳаммом кардан бо сирко даромехта, ба шаро (аллергия)-и куҳна ва решҳои карахшдори раддӣ гузошта банданд, шифо мебахшад.

Тут дарахти бисёрсола аз гурӯҳи оилаи тутҳо - Moraceae ба ҳисоб меравад. Аз рӯи навиштаҳои Абӯалӣ ибни Сино, тути ширин миҷози гарму намнок ва тути турш бошад хунуку намнок дорад. Аз навиштаҳои олим Мухаммад Хусейн Шерозӣ «тут хуни хубро ба амал меорад», қабзият, басташваҳоро мекушояд, норасогӣ ва вайроншавии ҷигар, испурчро ислоҳ намуда, ба ҷисми инсон тасҳеҳӣ меорад, пешобро ронда организмро мулоим мекунад».

Дар ҷаҳон қариб 24 намуди тут мерӯяд. Асосан дарахти тут дар Осиёи шарқӣ ва шарқӣ-ҷанубӣ, Аврупои ҷанубӣ, Америкаи ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Эрон бештар дида мешавад. Дар осиёи Миёна, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тутро аз давраҳои қадим мекориданд.

Дар ҷумҳуриамон бештар намуди тути сафед, тути сиёҳ ва сурх (шоҳтут) вомехӯрад.

Таркиби кимиёвии он: меваи тути сафед аз қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), кислотаи органикӣ, флавоноидҳо, каме равғанҳои эфирӣ то 2,4%, гликозидҳо 0,7%, инчунин витамини С, каротин, витамини гурӯҳи В иборат аст.

Таркиби меваҳои тут инчунин аминокислотаҳо ба монанди аланин, валин, гликогол, лейтсин, фенилаланин, аргинин дорад. Дар барги тути сиёҳ флавоноидҳо - 1,3%, глюкозидҳо — 0,8%, кислотаи органикӣ — 2,21-6,37%, карбогидратҳо - 15% ва витамини С то 620 мг% мавҷуд аст.

Дар баргҳои тути сафед бошад, моддаҳои даббоғӣ (3,2-3,7 %), флавоноидҳо (до 1 %), кумаринҳо, кислотаи органикӣ, равғанҳои эфирӣ (0,03-0,04), стеринҳо (β-ситостерин, капестерин) зоҳир гардидаанд. Аз суммаи флавоноидҳо рутин, гиперазид и кверсетин, аз кумаринҳо бошад – остхол ҷудо кардаанд.

Истифодабарии тути сурх (шоҳтут) ва тути сафед дар тибби қадим ва муосир. Меваҳои намуди гуногуни тут барои беҳтар намудани ҳазми хӯрок ва кори рагҳои хунгард истифода бурда мешавад. Меваҳои шоҳтутро дар намуди тару тоза ва коркард шуда дар тибби халқии Тоҷикистон барои баланд кардани масуният ва беҳтар кардани раванди ҳазми хӯрок тавсия намудан мумкин аст.

Дар намуди маводи табобатӣ инчунин барг ва решаи ҳама гуна тутҳо истифода мешаванд. Баргҳои тару тозаи тутро барои муолиҷаи захмҳои пӯст, махмалак, дерматит, хоришак, крапивница тавсия мнамоянд.

Барги тут барои муолиҷаи бемории диабети қанд, бемории гипертонӣ, баъзе бемориҳои руҳӣ тавсия шуда, чой аз барги тути сафед ҳангоми авитаминоз, камхунӣ, хастагӣ, диабети қанд тавсия мешавад.

Меваҳои тару тозаи тут хунофариро фаъол менамояд, ҳангоми камхунӣ, ки бо гастрит вобастагӣ дорад, инчунин барои мӯътадил шудани мубодилаи моддаҳо фоидабахш аст. Меваҳои тутро ҳангоми зардча, дисбактериоз, энтерит, панкреатит, миокардит, нуқсони дил истифода бурдан мумукин аст.

Решаи дарахти тутро дар намуди ҷӯшоба ҳангоми сихзании рӯдаҳо чун маводи исҳоловар, зиддисулфа ва балғамронанда тавсия мекунанд. Ҳангоми бемории гипертонӣ, бронхит, диққи нафас таъсирбахш аст.

Решаи танаи дарахти тут барои таҷдиди захм, ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо тавсия мешаванд. Аз хокаи барги хушконида дар асоси равғани маска марҳам тайёр менамоянд, ки ҳангоми бемории сил, экзема, псориаз, дерматити аллергӣ ба пӯст ноҳиявӣ мемоланд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба