Зеҳн

Марҳам барои чашм

ЗЕ
Зеҳн14 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Марҳам барои чашм.

Як дона картошкаро аз пўсташ ҷудо карда, шираашро афшурда гиред ва ба он 2 қошуқча қимаи себ илова намуда, ба атрофи чашм гузоред. Сачоқро ба оби гарм тар карда, болои малҳамро пўшонед ва баъди 10 дақиқа бо навбат оби нимгарму хунук чайқонед.

Марҳам барои ҷисм

Як қошуқча асалро бо 2 қошуқча афшураи шафтолу, 2 қошуқи ошхўрӣ афшураи каду, 1,5 қошуқча қаҳва ва 2 дона сафедии тухм омехта ба ҷисматон молед ва баъди 20 дақиқка бо оби ширгарм шўйед. Пўсти баданатон нарм мешавад.

Ниқоб барои равондани мўякҳои рўй

Сафедии 1-дона тухм, 1 қошуқи ошхўрӣ кўфтаи шакар, 1 қошуқи ошхўрӣ орди ҷуворимаккаро то хамираи часпак шудан омезед ва дар ҷойҳои мўйдори рўятон маҳин молида баъди 15-20 дақиқа бо оби нимгарм шўед. Мўякҳои рўй сутурда мешаванд.

Ниқоби зимистона

Ба 2 қошуқча орди гандум ё орди биринҷ як қошуқчагӣ сиркову асал илова карда, ба рўй тунук молида, баъди 20 дақиқа бо навбат бо оби нимгарм ва хунук шўйед. Дар ҳарорати хунуки рўзона рўятон аз сурхшавию кафидан эмин мемонад.

Чанд рўз қабл аз ҳайз дар рўятон наракҳо (ё рихинак) пайдо шуданд? Барои пешгирӣ аз наракҳо ин ниқобро тайёр кунед:

Давои пўсти рўй

Хамиртурушро бо оби ҷушонидашудаи хунукшуда то қаймоқмонанд шуданаш омехта, ба рўятон моледу 15 дақиқа нигоҳ доред ва бооби хунук шўйед. Ин ниқобро дар ду ҳафта як маротиба анҷом дода метавонед.

Миҷгон умри ҳамагӣ 100-рўза дорад. Агар миҷгонҳоятон рехта, дубора насабзида бошанд, донед, ки ин аз норасоии витаминҳо, бемориҳои сироятӣ, дарди чашм, шамолкашии пўсти атрофи чашм ва ё косметикаи номувофиқ ба амал омадааст. Асабӣ нашуда, ҳар бегоҳ чўткаи хурдеро ба равғани беданҷир тар карда рўйи миҷгонҳоятон гузоред. Барои боз ҳам натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан, ба равғани беданҷир витаминҳои А, Д, Е илова намоед.

Барои табъи хуш

Дар таркиби гули садбарг беш аз 100 намуди моддаҳои биологӣ: магний, фтор, витаминҳои В,С,К,Е… мевҷуд аст. Аз баргҳои гули садбарг равғани эфир тайёр мекунанд. Ду қатра равғани эфирро ба рўймолчаатон чаконда, ба димоғ кашед. Табъатон хуш ва қобилияти кориатон дучанд мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба