Зеҳн

ВИЖАГИҲОИ ПОЙДОРМОНИИ АНОСИРИ ЛУҒАВИИ “БАДОЕЪ-УЛ- ВАҚОЕЪ” ДАР ГЎИШҲОИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ15 ноябри 2024 · 27 дақиқа хондан

Маълум аст, ки адиб дар ҷараёни баёни андешаҳои хеш вобаста ба вижагии ҳодисаву воқеаи тасвиркардааш метавонад аз санаду далелҳои мушаххас истифода намояд, ё ба хотири дар заминаи тахайюли баланди эҷодӣ инъикос гардидани ин гуна ҳаводис воситаҳои мухталифи хушобуранги баёнро ба кор барад. Ин аст, ки дар осори адибони гузаштаву имрўзаи тоҷик аз байни кулли сарвати луғавии забон ва қолабҳои баён ҳамонҳое мавриди истифода қарор мегиранд, ки матлаби муаллифи асарро мушаххасу нишонрас ифода менамоянд. Чунин вижагии корбурди аносири луғавӣ ва тарзҳои баёни андешаро метавон дар мисоли осоре, чун “Бадоеъ-ул- вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ба таври возеҳ мушоҳида кард.

“Бадоеъ-ул-вақоеъ” асарест, ки муаллиф зимни мулоҳизаронӣ ду услуби баёнро пеша кардааст: ҳангоми таърифу тавсифи ҳокимон, тарзи зисти онҳо, ҷаласаҳои барпокардаашон нависанда бештар аз аносири луғавии душвори арабӣ истифода карда, силсилаи ташбеҳу истиораҳои печдарпечи мураккабро ба кор мебарад, вале вақте ки ба тасвири ҳақиқати зиндагии мардуми одӣ мепардозад, ё ҳикоятҳоро дар бораи ҳаёту фаъолияти аҳли адаби гузашта, мисли Ибни Сино, Анўшервон, Улуғбек, Маҳмуди Ғазнавӣ меорад, тарзи баёнаш содаву равон ва басо оммафаҳм мешавад, ҳатто “ба забони гуфтугўйӣ монанд мегардад”.

Дар натиҷаи ҳисоби омории забони асари номбурдаи Восифӣ ошкор карда шудааст, ки дар он услуби душвори баён ҳамагӣ 12,7 дар садро ташкил дода, боқӣ 87,3 дар садаш бо тарзи содаву равони ифодаи андеша ба қалам омадааст.

Як ҳиссаи таркиби луғавии асарро аносири луғавие дар бар мегиранд, ки хусусияти гўишӣ дошта, онҳо имрўз дар забони адабии тоҷикӣ истифода намешаванд ё маҳдудистеъмоланд, вале дар лафзи мардуми манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мавзеъҳои тоҷикнишини кишварҳои дигар ҳамчун вожаҳои серистеъмол маҳфуз мондаанд.

Дар робита ба мавзўи баҳс бояд таъкид намуд, ки ошкорнамоии қаламрави дақиқи пойдормонии унсурҳои луғавии дар осори ниёгон, ба хусус “Бадоеъ-ул- вақоеъ” мавҷуда дар гўишҳои муосири тоҷикӣ бо сабаби ба таври комил омўхта нашудани вижагиҳои лексикаи кулли маҳаллоти тоҷикнишин ва то ҳол таълиф нагардидани луғатномаҳои комили гўишҳои тоҷикӣ аз имкон берун аст. Аз ин рў, мо дар ин мақола аносири луғавии асари фавқуззикрро бо гўишҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқӣ қиёс хоҳем кард, вале бояд ба назар гирифт, ки ин гуна калимаву таркибу ибораҳо дар гўишҳои дигар, амсоли марказӣ ё лафзи тоҷикони бурунмарзӣ низ шояд гардиши фаъол дошта бошанд.

Таҳлили хусусиятҳои корбурди ин гуна калимаву таркибу ибороти “Бадоеъ-ул- вақоеъ” ва қиёсу муқобалаи онҳо бо осори дигари қабл аз Восифӣ ё пас аз ў таълифгардида нишон медиҳад, ки иддае аз онҳо хоси забони асари мазкур аст. Ба ҳайси намуна ин ҷо метавон таркиби шаклу шамоилро зикр кард, ки маънои “афту башара, сурату симо; хислатҳои зоҳирӣ ва маънавӣ”-ро дорад. Восифӣ дар чанд маврид таркиби мазкурро ба кор бурдааст: Бинобар он ки Мир илми қиёфатро хуб медонист ва дар саҳифаи шаклу шамоил ва авроқу атвор ва хасоили ҷаноби Мир Домод далоили балодат ва аломоти ҳамоқат мутолаа карда буд.

Ҳурӣ ту ё фаришта, з-он рў, ки дар латофат

Ҳадди башар набошад ин шаклу шамоил.

Аз рўи маводи дар ихтиёрамон мавҷуда метавон ба чунин бардошт расид, ки таркиби мазкурро қабл аз муаллифи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” шоири асри XV Хоҷа Исмати Бухороӣ ва пас аз Восифӣ адиби садаи XVII Нозими Ҳиравӣ истифода намудаанд, вале то Восифӣ дар ифодаи маъноҳои: 1.хислатҳои нек;

2.қиёфа, намуди берунӣ аҳли адабе, чун Манучеҳрӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон танҳо ҷузъи дуюми таркиби фавқуззикр-шамоилро ба кор бурдаанд. Шамоил гунаи ҷамъи вожаи шамила аст. Маълум мешавад, ки корбурди таркиби шаклу шамоил баъдтар бо сабаби камистеъмол гардидани вожаи шамоил (мисли шакли танҳои он-шамила) ба гардиш ворид гардидааст. Инро метавон чунин собит намуд, ки мо аз аксари фарҳангномаҳо, ҳатто “Луғатнома”-и А. Деҳхудо шарҳи вожаи шамиларо пайдо накардем.

Дар давраи ҳозира ин таркиб агарчи ҳам дар забони адабӣ, ҳам гўишҳо дучор меояд, вале бо як хусусияташ аз ҳамдигар тафовут дорад. Ин фарқ дар он зоҳир мегардад, ки дар забони адабӣ ва гўишҳои шимолӣ корбурди таркиби шаклу шамоил то имрўз идома дорад, вале дар бархе гўишҳои дигар вожаҳои таркиби номбурда ҳамчун калимаҳои алоҳида дар ифодаи маъноҳои гуногун меоянд.

Чунончи, ҳоло дар Бадахшон шакл маънои “тўмори пешгирикунандаи бемориҳои музмини пўст” ва шамойил маънои “афту андом, намуди зоҳирӣ” (шамойил-ъш ман- да нафорид) истифода мешавад.

Дар гўиши Хуҷанд ва атрофи он ба ҷуз таркиби зикргардида инчунин вожаи шакл дар ифодаи маънои “афт, қиёфа” дар таркиби воҳидҳои фразеологии шакл-ат хушк шавад, шакл-ат-а бод хўрад, шакл-ат-а боди сийо хўрад, шакл-атон-ба гуфтан гирам ҳамчун аносири луғавии ифодакунандаи таҳқир зиёд ба кор меравад.

Аз таҳлил ва қиёси корбурди бархе аз вожаву ифодаҳои асар ва гўишҳои муосири тоҷикӣ метавон ба бардоште расид, ки, ба гумони наздик ба яқин, онҳо дар айни ҳол танҳо дар гўишҳои алоҳидаи шимолӣ маҳфуз мондаанд. Яке аз чунин аносири луғавӣ таркиби рафта-рафта аст, ки маънои “бо мурури замон, тадриҷан, андак-андак, оҳиста-оҳиста, оқибат”-ро дорад : Рафта-рафта кор ба ҷое кашид, ки ҳарчанд он ҷуволро мебурданду мегузоштанд ва он ба китфу сару рўю гардани ў мерасид, аз ҷой намеҷунбид. Рафта-рафта гузарам ба Мафраҳ афтод, ки он доруллутфи Хуросон ва хароботи шаҳри Ҳирот аст ва дар томоми рубъи маскун мисли он ишратхона ҳеч раванда ёд намедиҳад.

Аллома Деҳхудо таркиби фавқро киноя аз “тадриҷан” шарҳ дода, танҳо як байтро аз “Фарҳанги Онандроҷ” овардааст. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” рафта-рафта ба ҳамон маънои зикргардида шарҳ ёфта, байте аз Мирзо Бедил зикр гардидааст.

Таркиби мазкур ба ҳамин маънои тазаккурёфта дар лафзи тоҷикони шимоли Тоҷикистон яке аз унсурҳои фаъоли луғавист: Агар ҳозир пеши ин касалӣ-йа нагирид, рафта-рафта шумо-йа сахт азоб митияд (Конибодом).

Бархе аз чунин унсурҳои луғавиро мо аз фарҳангномаҳои тафсирии гузаштаву имрўза ва гўишӣ пайдо накардем. Хокпалла ва шатра аз ҷумлаи чунин вожаҳоянд, ки Восифӣ мавриди истифода қарор додааст: Ва он ду лафз ин аст, ки рўзе ба ҷамъе толибилмон ба сайри Хоҷа Кафшер рафта будем; ҷамъе аз ҷавонон ангези бозии хокпалла карданд.

Дар шикам ту гар шатрае дорӣ

Даст аз худ гузору бар вай рӣ.

Ба назари мо, калимаи нахуст ҳоло дар байни мардуми гўишҳои алоҳидаи тазаккурёфта дар шакли хокпалма ба маънои “мавзеи хокаш мисли орд майдгардида” ва вожаи дуюм ба гунаи шатароқ дар ифодаи маънои “ҳар чизи мулоимгардида ё обшудаи гандида” гардиш дорад.

Иддае аз чунин вожаҳоро Восифӣ ба чанд гуна истифода намудааст. Масалан, дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” мафҳуми “вожгун, чаппа” бо се мувозии айни як воҳиди луғавӣ бозгуна - бошгуна - бозгун ифода шудааст: Як рўз Мавлоно Хофӣ пўстин бозгуна дошта, дар миёни тўдаҳои хишт нишаста буда.

Бошгуна хонае, девору дар монанди ҳам,

Сақфи ў дар зери пой асту сутунаш бар забар.

Кулоҳи хеш чаро бозгун ниҳод бар сар,

Сари тамасхуру бозӣ надорад ар лола ?.

Аз таҳлили муқоисавӣ-таърихии корбурди вожаи номбурда метавон ба бардоште расид, ки дар гузашта он ба ҷуз гунаҳои зикргардида инчунин дар шаклҳои вожуна, вожгуна, божгуна, бошкуна, пошгуна, посгуна, бошгун, вожгун низ ба кор рафта, аз байни онҳо гунаҳои бозгуна - бошгуна - бозгун ҳанўз дар садаи Х ба таври фаровон гардиш доштааст. Ба ҷуз ин, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш як шакли дигар- ворунаро низ мавриди истифода қарор додааст. Лозим ба таъкид аст, ки аз байни шаклҳои ёдшуда гунаи куҳани он ворун маҳсуб мешавад, зеро чунин шакл ҳанўз дар матнҳои порсии миёна ба мушоҳида мерасад.

Ҳоло дар гўишҳои шимолӣ бар ивази гунаҳои тазаккурёфта шаклҳои нави поскуно - посгона ба ҳамон маънои зикршуда маъмул аст. Баъзан дар эҷодиёти шоирони муосире, чун Лоиқ дар радифи гунаҳои вожгун, воруна ба кор рафтани шаклҳои посгона, поскуно низ дучор меоянд.

Аз таҳлили чанд вожа маълум гардид, ки онҳо дар асари мавриди таҳлил ва гўишҳои муосири тоҷикӣ дар шакли ягона маҳфуз намондаанд: бархеро мардуми тоҷик ба як гунаи мушаххас, дигареро дар ду ё беш аз он шакл истифода менамоянд.

Чунончи, дар ҷумлаҳои зайли “Бадоеъ-ул-вақоеъ” мафҳуми “молидан, судан” бо вожаи сойидан ифода ёфтааст, вале дар гўишҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқӣ дар шаклҳои совидан, совида шудан, суда шудан пойдор мондааст: Ва агар сайёҳи хаёл ба дастёрии андеша қадам бар фарози кунгураи вай монад, сараш бар сақфи гунбади ломакон сояд, даҳ мударрис таъйин ёфта буд.

Гунаи совида шидан, суда шидан ба маънои “хўрда шудани по” дар гўишҳои Дараи Мазор, Нўшори гурўҳи вахиёӣ-раштӣ; ба маънои “монда - хаста - шалпар шудан” дар гўишҳои Кўлдара, Наврўҳо, Сари Хосор ва Ховалинги шимоли Кўлоб мавриди истифода қарор дорад, аммо дар гўиши Хуҷанд шакли совидан дар баёни маъноҳои: 1) молидан; 2) ифлос кардан истифода мегардад.

Шумори чунин вожаҳои дар асар ба як шакли мушаххас, вале дар гўишҳои муосир ба чанд гуна истифодашаванда бо унсури луғавии фавқ маҳдуд намешавад.

Мо ин ҷо аз зикри маводи фаровон худдорӣ намуда, танҳо бо ёдовар шудани ду-се далели дигар маҳдуд хоҳем шуд. Ҳавл аз ҷумлаи калимаҳоест, ки маънои “хавф, тарс, ваҳшат; ҳавлу ҳарос тарсу бим”-ро дорад : Ҳамди беҳадду сипоси беадад ҳазрати қаҳҳореро сазад, ки...заҳраи Зуҳра аз бими вай об гардида буд ва

Баҳроми хуношом бар чархи забарҷадфом аз ҳавли вай тарки ҷанговарӣ карда, аз баҳри байъи теғи хунрези худ Муштарӣ талаб менамуд.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” чаҳор вожаи ҳавл зикр шуда, сеи аввал бо ҳарфи ҳои ҳуттӣ ва охирӣ бо ҳои ҳавваз зикр гардидааст ва маънои “тарс, бим, ваҳшат, воҳима”-ро доштанаш ба қайд омадааст. Аз қиёси замони корбурди ин калима ба маънои фавқ бармеояд, ки онро чанд муддат қабл шоироне, чун Низомии Ганҷавӣ истифода кардаанд.

Имрўз вожаи мазкур ҳавл - ҳавл дар гўиши Яхчи гурўҳи раштӣ дар шакли ҳавл - hавл ба маънои “тарс, бим” ба кор меравад, аммо дар гўишҳои шимолӣ агарчи гардиш дорад, вале аз нигоҳи маъно аз якдигар фарқ дорад: дар гўиши Бухоро ҳавл ба маънои “саросемагӣ, шитоб” истифода мегардад, дар бархе гўишҳои дигар, амсоли Конибодом ба ҳамон маънои фавқ маъмул аст.

Иддае аз ин гуна аносири луғавӣ дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ва гўишҳои муосири шимолӣ танҳо дар як шакли мушаххас, аммо дар гўишҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқӣ ба панҷ гуна ва маъноҳои мутафовит мавриди истифода қарор доранд. Ҳадафи мо ин ҷо корбурди вожаи ҳолӣ аст, ки он, ба назари мо, гунаи имолаи ҳоло аст: Фақир гуфтам, ки:

«Агар ҳолӣ аз ҳавилӣ [берун] меравем, мумкин нест, ки ба шаҳр дарун тавонем рафт.

Таҳлили гузаштаи дури ин вожа нишон медиҳад, ки ба гунаи ҳолӣ мустаъмал гардидани ҳоло ҳанўз аз даврони Сомониён шурўъ шуда, то замони муосир идома дорад.

Имрўз калимаи номбурда дар гурўҳҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқии гўишҳои тоҷикӣ ба гунаҳои ҳоле, ҳоли, hоли, оли, оле дучор меояд: дар гўишҳои Лангар ва Саракенҷаи гурўҳи вахиёӣ-раштӣ ба маънои “ҳоло, ҳозир”, аммо дар гўишҳои

Ёзғанди гурўҳи вахиёӣ-раштӣ ва Даштиҷуми шимолии Кўлоб ба маънои “баъдтар, дертар” истифода мешавад, дар гўишҳои шимолӣ фақат гунаи ҳолӣ ба маънои “ҳозир” маъмул аст.

Сурати аслӣ ва сарчашмаи бархе аз чунин унсурҳои луғавиро муайян намудан басо душвор аст. Ин мо сарнавишти вожаи лингаро дар назар дорем, ки маънояшро соҳибони баъзе луғатномаҳо “халта” шарҳ додаанд : Рўзе дар сари Пули Моҳон, ки дар якфарсангии шаҳри Ҳирот аст [ва он маъбарест], ки муштамил аст бар бисту ҳашт тоқ, ки умрҳост, ки Меъмори фалак аз барои рўди Маҷарра намунаи қолаби як тоқи хаёл мекунад ва аз моҳи нав лингаи як паҳлуяш рост месозад ва паҳлуи дигараш муяссар намешавад.

Аллома Деҳхудо лингаро “яке аз ду қисмати бор...; ниме аз бор ва он бештар дар ҳиндувона ва харбуза ва чуғундар ва биринҷу гандум ва амсоли он ба кор аст” шарҳ дода, онро муродифи лунг ҳисобидааст, лунг, бино ба шарҳи ў, “фўта; эзор; бастанӣ; ҷомаи ҳаммом;...ҷомае, ки дар рафтан ба гармоба бар камар банданд; порчаи мустатилшакл, ки дар гармоба ба камар банданд пўшидани суфалои баданро” аст. М.Ҳасандўст марбут будани лунгро ба вожаҳои ланг ё линг таъкид мекунад. Лунг, зоҳиран, асли ҳиндӣ дошта, ба он калимаи дигари наздикталаффузи лунгута (“лунгии хурде, ки онро дарвешону фуқаро ва мардуми бесарупо банданд”) робита дорад.

Ба пиндори инҷониб, сарчашмаи линга ҳамон лунг ё лўнгӣ буда, баъдан на танҳо дар шакл, балки дар маънои ин вожа таҳаввулот ба вуқўъ омадааст. Ин аст, ки дар бархе гўишҳои тоҷикӣ, монанди Хирманҷои ҷанубии Кўлоб ва Хиҷбораки гурўҳи вахиёӣ-раштӣ он дар шаклҳои лънги - лунги ба маънои “рўймоли сари занон”, дар иддаи дигар, амсоли гўиши Ялдамичи гурўҳи раштӣ ба ҳамон гунаҳои тазаккурёфта дар ифодаи маънои “дастурхон, чодар”, дар гўиши Бухоро ба гунаи линча ва дар гўишҳои дигари шимолӣ дар шакли линга ҳамчун муродифи вожаи халта дар истифода қарор дорад.

Баръакси чанд вожаи фавқ, ки имрўз дар гўишҳои ҷанубӣ ё ҷанубӣ-шарқӣ ба таҳаввулоти шаклӣ дучор шудаанд, аммо дар гўишҳои шимолӣ бидуни дигаргунӣ ба кор мераванд, боз унсурҳои луғавие низ ба чашм мерасанд, ки дар лафзи мардуми шимоли Тоҷикистон бо тағйироти овозӣ маҳфуз монда, дар гўишҳои ҷанубӣ ё ҷанубӣ-шарқӣ бо ҳамон гунаи куҳан побарҷо мондаанд. Чун намуна ин ҷо метавон аз вожаи бехтан “аз ғалбер (парвезан) гузаронида тоза кардан, элак кардан” ёдовар шуд: Аммо баъд,...аҳли рўзгор[ро] монанди суроҳӣ хуни ноб аз дидаи хунбор мерехт ва бахти нагунсор ба ғирболи фалак бар сари он хоксорон гарду ғаму андуҳ ба дасти идбор мебехт....

Имрўз бехтанро соҳибони гўишҳои гурўҳи раштӣ, монанди Каҳдара, Марғзори Сир дар ифодаи ду маъно: 1. бехтан; 2. маҷ. афтондан (аз имтиҳон) истифода менамоянд [8, с.105], вале соҳибони гўишҳои шимолӣ вожаи мазкурро ба гунаҳои гийехтан -гуйехтан ба маънои “аз ғирбол, элак гузаронидан” ба кор мебаранд.

Лозим ба таъкид аст, ки табдили ҳамсадои “б” ба “г” дар оғози калима ва гуза- риши садоноки “е” ба “и” дар байни вожа тибқи қонуни овоии забонҳои эронӣ, ба хусус тоҷикӣ рўй додааст. Чунин таҳаввулотро метавон дар мисоли унсурҳои луғавии дигар, амсоли бустох > густох, бунҷишк > гунҷишк, бибаравад > бигаравад, баравидан

гаравидан; фарешта > фаришта, зештӣ > зиштӣ ва м. инҳо дучор омад.

Аз истифодаи феъли хорӣ додан - кардан ба маънои “дашном додан, ҳақорат кардан” маълум мегардад, ки ҳанўз барвақт иддае аз вожаҳои арабиасос ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ на танҳо роҳ ёфтаанд, балки дар калимасозиву таркибсозӣ фаъол гардидаанд ва онҳо пас аз гузаштаи чанд сада ба ҳамон гунаи бостонияшон дар лафзи мардуми тоҷик пойдор мондаанд. Масалан, дар порчаи зайли асар шакли хорӣ додан, аммо дар байти мансуб ба К. Биноӣ гунаи хорӣ кардан истифода шудааст:

Дарҳол ўро аз гиребонаш гирифта ба пеши масҷид, ё ба пеши вакили муллоҳо кашола карда мебаранд, ўро хорӣ медиҳанд, расво мекунанд.

Мекунад хорӣ маро, азбаски кунаш бардарам,

То ба кай хорӣ кунад, мемонаму мебардарам.

Маълум мешавад, ки шакли хорӣ карданро ниёгонамон барвақт ба ду маъно: 1. касеро хор доштан, озор додан; 2. дашном додан истифода кардаанд ва ба чунин маъно ин таркибро баъдан низ иддае аз адибон, мисли С.Айнӣ ба кор бурдаанд.

Аз байни гўишҳои муосири тоҷикӣ мувозии хорӣ додан ба маънои “дашном - ҳақорат додан; таҳқир кардан” дар бархе гўишҳои ҷанубӣ, мисли Кўлдараи шимоли Кўлоб ва лафзи мардуми Бухоро ба кор меравад, дар иддае аз гўишҳои шимолӣ гунаи хорӣ кардан истифода мешавад.

Аз таҳлили чанд унсури луғавӣ аён аст, ки онҳо аз лиҳози мансубияти забонӣ ягона нестанд, дар радифи калимаҳои аслии тоҷикӣ шумори воҳидҳои луғавии арабиасл низ дар аксар маврид ба мушоҳида мерасанд. Чанд калимаи зер низ аз забони арабӣ ба забони ниёгони тоҷикон ворид шуда, бо соҳиб шудан ба вижагиҳои нави овоиву маъноӣ аз дер инҷониб дар осори аҳли илму адаб мавриди истифода қарор доранд. Чунончи, ниёгони тоҷикон калимаи арбиасли усулро ба ҳафт маъно истифода кардаанд, ки дар байни онҳо дар ифодаи маънои “ҳаракати мавзуни хушоянда, рақс” истифода гардидани он низ ба мушоҳида мерасад : Ин Бобо Ҷамол харе дошт, ки ўро “Чамандар” ном карда буд ва аз барои вай савте баста буд ва ҳар узве аз аъзои [вайро] ба чизе ташбеҳ карда, ки аҳли фазлу арбоби фасоҳату балоғат ўро таҳсин менамуданд ва онро мусаҷчаъ ва мусаннаъ сохта, дар оҳанги чоргоҳ ба ғиччак ба навъе соз мекард ва он Чамандар усуле менамуд, ки ақли уқало ҳайрон мешуд.... Ғуломи масхарае буд дар дувоздаҳ мақому бисут чаҳор шуъба ва шаш овозаву ҳафдаҳ [баҳр] усул, ки куллиёти мусиқӣ аст, амале баставу сози ғичакро бисёр хуб менавохт....

Аз ҷониби аҳли таҳқиқ маълум карда шудааст, ки усул чунин маъноро баъди ба забони тоҷикӣ роҳ ёфтанаш касб кардааст ва он муродифи “рақси баратал”-и ҳиндист. Ба чунин маъно мустаъмал шудани онро дар осори пешиниёни Восифӣ, мисли Мавлавӣ, Саъдӣ ва дигарон метавон дучор омад.

Ҳоло усул бидуни тағйири шакл ё бо таҳаввулоти ҷузъии овоӣ дар як силсила гўишҳои тоҷикӣ, чун ҷанубӣ-шарқӣ, мисли гуфтори мардуми Лахш ва Майдонтераки гурўҳи гўишҳои вахиёӣ-раштӣ, гўиши

Фалғар (феъли усулидан “рақсидан”) ва чанде аз гўишҳои шимолӣ, мисли Хуҷанд,

Истаравшан, Fончӣ гардиши фаъол дорад.

Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” дар чанд маврид калимаи дигари арабиасли тамом, ки ниёгон онро дар ифодаи маъноҳои: 1. ҳама, ҳамагӣ, пурра, комил, саросар; 2. пурра, комил (баъд аз тамом сер шудани шикамаш); 3.басанда, кофӣ; 4.ба поён расидани чизе, оқибат, анҷом, интиҳо мавриди истифода қарор додаанд, ҳамчун муродифи вожаҳои комилан, тамоман ба кор рафтааст: Паҳлавон пеш давиду гуфт:

«Шоҳо, ин ҷонвар маро тамом ҳалок сохта буд. Баъд аз берун рафтан ба ғуломи худ фармудааст, [ки] ба куштанаш қиём намуда, сари ўро бар бом бароварда, дар чоҳи хонаи ман андохт ва ман аз ин амр тамом бехабар ва донои кулли ҳол

Холиқи хайру шар(р).

Имрўз низ дар лафзи мардуми манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ тамом маҳз ба ҳамин маъно пойдор мондааст: дар бархе гўишҳои гурўҳи раштӣ, мисли Яхч дар шакли тамоми, дар гўиши Бухоро ба гунаи батамом, дар Исфара-битамом истифода мешавад.

Маърака низ дар радифи калимаҳои арабиасле қарор дорад, ки имрўз мардуми тоҷик онро асосан ба маънои баъдан зуҳуркардааш истифода менамоянд. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” се маънои ин вожа: 1.майдони ҷанг; корзор, муҳориба; 2. ҷамъомади мардум барои гузаронидани мусобиқа ё иҷрои коре; 3. маросими тўй ё азо қайд гардида, наввожа будани он ба маънои охир таъкид шудааст. Аллома Деҳхудо маъноҳои: 1. ҷанггоҳ, ҷойи корзор; 2. ҷойи тамошо ва ҷойи ҳангомаву ғавғоро доштанашро ишора намуда, барои маънои аввал дувоздаҳ байти шоҳидро аз Н.Хусрав, Муиззӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Аттор ва дигаронро ёдовар шудааст, аммо барои маънои дуюм далеле зикр накардааст. Дар ҷумлаи зери Восифӣ маърака маҳз ба ҳамин маънои дуюм ба кор рафтааст: Амир Муҳаммадамири Юсуф, ки халифаи Шоҳ Исмоил ва Қозӣ Алии Бағдодӣ, ки қозии урдуи Шоҳ Исмоил буданд, расиданду ин маъракаро диданд. Қозӣ Алӣ аз Амир Муҳаммад пурсид, ки: “Хонгор, ин чӣ навъ маҷмае ва ин чӣ гуна маъракаест ?”.

Ҳоло ин вожа дар гўишҳои гурўҳҳои вахиёӣ-раштӣ, шимолии Кўлоб, гурўҳи кўлобии Ҳисор ва Бадахшон дар шакли мāрака дар ифодаи се маъно: 1.ҷамъомад; 2. базми хосса; 3.маросими дафни азодорӣ, сўг (Бадахшон), дар гўиши Бухоро ба гунаи мāрака, дар гўишҳои дигари шимолӣ дар мувозии марака танҳо ба маънои “маросими тўй ва азо” гардиш дорад.

Вобаста ба теъдоди корбурди вожаҳои навъи мазкур дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” бояд гуфт, ки ҳадафи аслии Восифӣ ҳадди имкон ба фаҳму завқи мардум наздик кардани забони асараш будааст, аз ин рў, ў кўшидааст, ки дар аксар маврид ба забони зиндаи халқ, ҳатто ба лаҳҷаи маҳаллӣ рў оварда, аз байни анбўҳи аносири луғавӣ дурдонаҳояшро интихоб намуда, ба василаи онҳо мақсади хешро ба самъи хонандааш ба таври осон расонад. Ин аст, ки гоҳо дар радифи шакли адабии вожаҳо гунаи ба истилоҳ гўишияшонро низ ба гардиш ворид сохтааст. Ба ҳайси далел ин ҷо метавон аз ду шакли як вожа: гурунҷ - биринҷ ёдовар шуд: Гоҳе ки ин фақирро орзуи гурунҷи музаъфар мешавад, донаҳои сими сиришк бар рухсори заъфаронӣ мерезад ва чун шавқи мошу биринҷаш ба ранҷ медорад, панҷаи ҳасрат дар маҳосини сиёҳу сафед мезанад ва дар пеши меҳмон ҷуз шармандагию инфиол намекашад ва бар хони танҳоӣ ҷуз тўъмаи ғуссаву малол намечашад. Аз барои фил мошу гурунҷ пухтанду дар баркаше пеши фил ниҳоданд.

Сарчашмаи ҳар ду шакл vrinji-и эронии бостон аст. Гузариши ҳамсадои v-ро ба g- дар мисоли вожаи *vṛtaka > gurtak > gurta “гурда” метавон нишон дод. Ҳамин v- боз бо роҳи дигари инкишофи овоӣ ба b- низ мубаддал шудааст. Ин гуна дигаргунии овоиро метавон ба ҷуз биринҷ боз дар мисоли калимаҳое, чун варзгарон > барзгарон, весомон > бесомон ва м. инҳо нишон дод.

Шакли ба биринҷ наздики ин вожа дар аксари забонҳои оилаҳои ҳиндуаврупоӣ, туркӣ, сомию ҳомӣ ва м. инҳо то ҳол ба назар мерасад.

Аҳли адаби асримиёнагӣ, амсоли Рўдакиву Фирдавсӣ ба ҷуз ду шакли тазаккурёфта инчунин гунаҳои гуранҷ, гуринҷро низ мавриди истифода қарор додаанд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрўз гўё ҳар ду шакл байни гўишҳои тоҷикӣ тақсим шудааст: гунаи бъринҷ дар гўишҳои ҷанубӣ, шакли биринҷ дар чанде аз гўишҳои шимолӣ, амсоли Бухоро, Истаравшан, гунаи гурунҷ дар гуфтори мардуми Хуҷанд, Конибодом ва м. инҳо гардиш дорад.

Дар гуфтори исфарагиён ин вожа дар таркиби бархе аз воҳидҳои фразеологӣ дар ҳар ду шакл: биринҷ ва гурунҷ ба кор меравад: биринҷ-гурунҷ об набардоштан.

Дастаи дигари аносири луғавии “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-ро вожаҳое фаро мегиранд, ки онҳо ҳам дар шакли меъёрӣ, ҳам гўишии забони тоҷикӣ ба таври фаъол мустаъмал ҳастанд, фарқи онҳо танҳо дар ин ҷост, ки иддае аз маъноҳои куҳанашон аз доираи забони адабӣ хориҷ шудаанд, аммо ҳамин маънояшон дар лафзи гўишӣ маҳфуз мондаанд. Чунин унсурҳои луғавӣ аз рўйи қаламрави истифода ягона нестанд. Бархе аз онҳо ба маънои вижаи худ танҳо дар гўишҳои шимолӣ гардиши фаъол доранд. Баровардан аз ҷумлаи афъолест, ки дар осори ниёгон дорои шаш маъно, аз ҷумла “сохтан, бино кардан; таъмир кардан” буд ва дар ҷумлаи зайли “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ин феъл маҳз ба ҳамин маъно ба кор рафтааст: Рўзе бо ҷамъе аз фузалову зурафо бар рўйи курсии иморта нишаста буданд ва меъморону муҳандисону банноён бароварди он иморат менамуданд.

Ҳоло мардуми Конибодому Истаравшан дар радифи маонии дигар бароварданро ба маънои “сохтан, бунёд кардан” бисёр истифода менамоянд.

Задан ба маънои “сохтан, бино кардан” низ дар қатори чунин аносири луғавӣ қарор дорад. Барои шакли меъёрии забони тоҷикӣ бегона будани ин маъноро бо ҳамин далел метавон собит намуд, ки дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” бисту ду маънои он тазаккур ёфтааст, аммо корбурди он ба маънои “сохтан” ишора нашудааст. Дар осори адибони асримиёнагӣ маънои фавқро ифода намудани ин феълро соҳибони фарҳангномаҳо ишора кардаанд.

Чунончи, дар асари зикргардидаи Восифӣ: Рўзе ҳамин шахс девор мезад ва хуросониро муздур гирифта буд.

Ҳоло задан агарчи яке аз вожаҳои сермаънои гўишҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқӣ маҳсуб гардида, мураттибони луғатномаҳои гўишӣ ба бисту панҷ маъно гардиш доштани онро зикр намудаанд, аммо ба маънои тазаккурёфта омадани он қайд нагардидааст; дар гўиши Бухоро аз байни шонздаҳ маънои он яке ҳамин “бардоштан, рост кардан” аст ; дар гўиши Исфара ин вожа ба маънои фавқ ҳамчун ҷузъи номи маросими хонапўшӣ дар таркиби ибораи сардевол задан боқӣ мондааст.

Бархе аз аносири луғавии мазкур дар гўишҳои ҷанубӣ дар мувозиҳои мухталиф, аммо дар лафзи шимолиён танҳо дар як шакли мушаххас маҳфуз мондаанд. Восифӣ дар як маврид феъли даромаданро, ки дар осори ниёгон ба се маъно, аз ҷумла “сар кардан, шурўъ кардан; ба коре иқдом кардан” мустаъмал аст, маҳз ба ҳамин маънои охир истифода намудааст: Мақсудалии Раққос ҷавоне буд, ки ҳар гоҳ ба рақс даромадӣ, хуршеди ховарӣ ва маҳи анварӣ ба гарав рафтӣ ва чун аз рақс бозистодӣ, ҳуззори маҷлисро ба гирди сари худ дар гирд ёфтӣ.

Ҳоло агарчи ин вожа дар гўишҳои ҷанубӣ дар панҷ шакл: дъромадан - дърумадан - дърмадан - дурмадан - дърумаан ба кор меравад, аммо корбурдаш ба маънои мавриди таҳлил дучор нагардид. Дар лафзи сокинони бархе навоҳии шимоли Тоҷикистон феъли тазаккурёфта ба маънои ишорагардида фаровон мавриди истифода қарор дорад.

Иддае аз чунин афъол, ки дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ба як гуна ба кор рафтаанд, имрўз дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо шакли таҳаввулёфта, вале ба ҳамон маънои мавриди назари мо побарҷо мондаанд, дар ҳоле ки дар гўишҳои шимолӣ корбурдашон дар ду мувозӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳадафи мо ин ҷо феъли андохтан аст, ки дорои панҷ маъно буда, яке аз онҳо “сохтан, бино кардан (хона ва иморатро) ” аст: иморат андохтан, хона андохтан. Дар “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” чаҳордаҳ маънои ин феъл ишора гардида, маънои панҷумаш “сохтан, бино кардан (хона, иморатро)” қайд шудааст ва барои мушаххас шудани матлаб ибораҳои иморат андохтан, хона андохтан зикр шудааст, аммо аз осори ниёгон шоҳиде барои ин маъно дарҷ наёфтааст. Дар “Бадоеъ-ул- вақоеъ” дар чанд маврид андохтан ба маънои “сохтан, бунёд ниҳодан” ба кор рафтааст:

Тарҳи боғе андохтаам ва ба ниҳоли мева ва ғайра эҳтиёҷе афтода. Баъда ҳозо инҳои ройи мунир он ки ин мухлиси дуогўй тарҳи боғе андохта ва муддати мадид аст, ки ба воситаи касрати машоғил, ба таъмири он напардохта. Ҳазрати Амир Алишер дар сари хиёбони Ҳирот, қариб ба тахти Аллоҳу Акбар тарҳи иморати работе андохта буд [ва] дар [итмоми] он эҳтимом [у] саъйи тамом менамуд.

Дар гўишҳои ҷанубӣ феъли мазкур дар шакли мухаффафи дохтан истифода мешавад. Дар гўиши номбурда се вожаи ҳамшакли дохтан: ба кор мераванд, ки аз байни онҳо калимаи нахуст дорои дувоздаҳ маъно, вожаи дуюм танҳо ба маънои “сохтан, бино кардан” ва унсури луғавии сеюм фақат ба як маъно гардиш дорад. Дохтан2 ба маънои тазаккурёфта дар аксари гўишҳои ҷанубӣ

(гурўҳи шимолии Кўлоб) ва ҷанубӣ-шарқӣ (гурўҳи раштӣ), мисли Самсолиқ,

Обигарм, Ховалинг, Яхч, Бадахшон мавҷуд аст.

Дар гўиши Бухоро ин вожа дар ду шакл: андохтан- аннохтан ба панҷ маъно ба кор рафта, дар байни онҳо ба маънои зикрёфта гардиш доштани он қайд шудааст.

Дар гўишҳои дигари шимолӣ низ ин маънои андохтан то ҳол маҳфуз мондааст.

Як бахши ин гуна аносири луғавиро онҳое фаро мегиранд, ки бо вуҷуди сирф эрониасл буданашон имрўз дар байни мардуми тоҷик ба гунаи туркӣ гардиш доранд.

Маҳз ҳамин “чеҳра”-и туркигунаи онҳо ба иддае аз аҳли қалам асос гаштааст, ки онҳоро ҳамчун вомвожаи туркӣ ба шумор оранд. Лозим ба таъкид аст, ки муаллифи ин сатрҳо дар як мақолаи хеш доир ба чанде аз чунин унсурҳои луғавии “Бадоеъ-ул- вақоеъ”, амсоли яйлоқ, қоқ, пачах, буғча ё бўхча, қанор, қапидан мулоҳизаронӣ карда буд. Аммо маълум мешавад, ки шумори чунин калимаҳо афзун аз пиндори мост. Тазаккур бояд дод, ки ин навъи аносири луғавӣ аз лиҳози вижагиҳои пойдормонияшон дар гўишҳои мазкур ягона нестанд: баъзеяшон бо шакли ба асл наздик пойдор мондаанд, бархе дигар бо таҳаввулоти овоии муайян побарҷоянд, баъзе агарчи дар алоҳидагӣ ба кор намераванд, вале дар таркиби калимаҳои алоҳида маҳфуз мондаанд.

Муҳаққиқ В. И. Абаев дар як мақолаи хеш таъкид кардааст, ки бархе аз вожаҳои куҳан дар даврони баъдии инкишофи забон дар таркиби калимаҳои алоҳидаи мураккаб ҳамчун ҷузъи муқаррарии онҳо метавонанд боқӣ монанд. Ба чунин андешаи муҳаққиқ ин нуктаро метавон илова кард, ки чунин вожаҳо на танҳо дар доираи вожаҳои мураккаб, балки дар таркиби калимаҳои сохта низ метавонанд маҳфуз монанд.

Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” дар ду маврид вожаи сочиқ - сочуқ мавриди истифода қарор гирифтааст: Мир ончунон ки такя бар асое зада ситода ва ба расми сочиқ табақҳои пури зар дар пеш ниҳода.

Янка кай чун кард Зуҳра Муштарӣ аз баҳри сочуқ як табақ,

Кард пурдур аз кавокиб аз сипеҳраш чодари ў аз сатар.

Аз таҳлилу муқоиса инҷониб ба бардоште расид, ки ин вожа бо феъли шошидан робита дошта, аз решаи унсури луғавии мазкур бо афзудашавии бархе аносири ёвар, инчунин таҳти таъсири таҳаввулоти овоӣ калимаи сочиқ - сочуқ зуҳур кардааст, ки тариқи тағйири онро метавон ба таври зайл нишон дод: шошак > чошак > чочак > чочик > чочиқ > сочиқ - сочуқ. Аз маводи таърихи забон маълум аст, ки ҳамсадои “ш” дар мавқеъҳои мухталифи вожа, ба хусус оғози он метавонад ба “ч” иваз гардад.

Чунин дигаргуниро дар мисоли шанбар > чанбар, пахш > пахч, шубон > чўпон ва м.инҳо метавон нишон дод. Зуҳури гунаи сочиқ - сочуқ таҳти таъсири забони арабӣ ва шакли муарраб гирифтани шошак ба вуқўъ омадааст. Бархе муаррабшиносон собит намудаанд, ки гунаи муарраби вожаҳои дар оғоз ҳамсадои “ш” дошта (мисли шакар) бо “с” ибтидо мегарданд.

Феъли шошидан танҳо маънои “бавл кардан, пешоб кардан” -ро надошта, ниёгон онро дар ифодаи маъноҳои: “ғоит афкандан, ридан”; “фурў рехтани обу шароб ва амсоли он...”; “заҳида баромадан”; “чакидан”; “об задан, пошидан”; “тар шудан ба об” мавриди истифода қарор додаанд. Маънои аслии шошидан, ки дар эронии бостон гунаи *xšāršaka- (аз решаи *xšar- “ҷорӣ шудан, рехтан”)-ро дошт [15, ҷ. 3, с. 1829], “рехтани об ва ҳар моеъ” аст.

Дар “Бадое-ъул-вақоеъ” феъли мазкур дар ду қолаби ифода: шошидан ва шоша кардан истифода шудааст: Ҳосил, [ки]...пуштае ба мушобеҳи гунбади сабзест, маро ба боли он бармеорад ва мегўяд, ки: “Биё, ки мову ту бишошем ва бибинем, ки шошаи кадом дуртар меравад”. Имшаб дар ин андешаву хаёл бош, чун он пир пайдо шавад ва туро талаб намояд, бо вай гўй, ки то кай равем, шоша кунем, ҷомахобҳои мо зоеъ шуд, порае зар бидеҳ, то асбоби ҷомаи хоб рост кунем.

Ҳоло ин вожа ба ҳамон шакли таҳаввулёфта дар гўишҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқӣ дар таркиби унсурҳои луғавии чоч кардан “ба чарогоҳ сар додан”, чочак1 “анат. сари пистон, нўги сина”, чочак2 “пистонак, маккак”,чочак3 “вора” (чочаки дандун “вораи дандон”), чочак4 “анат. забонак, забонча (тағояки гулў)”, чочала “паҳну парешон”, чочилиқ - чочиқи - чошак - чошалак (“танга, чормағзу ғўлингу қандалоте, ки шаби ақди никоҳ аз сари наварўсу навдомод пошида мешавад”) маҳфуз мондааст.

Дар бархе гўишҳои шимолӣ низ вожаи чочуқ ба маънои “пошидани қанд ё шириниҳои дигар” гардиши фаъол дорад. Афзун бар ин мардуми ин минтақа нисбат ба олати кўдаки нарина калимаи чўчоқ < шошакро ба кор мебаранд.

Бархе аз чунин аносири луғавӣ, ки Восифӣ онро танҳо ба як шакли мушаххас мавриди истифода қарор додааст, дар гўишҳои тоҷикӣ дар ду мувозӣ ба кор мераванд.

Намунаи чунин вожаҳо букрӣ аст, ки маънои “пуштхамида, кўзапушт”-ро дорад: Мирзо Шоҳғариб, ки яке аз фарзандони Султон Ҳусайн Мирзо буд, дар ҳини хурдӣ аз бақши хиргоҳ афтода, устухони пушту синаи ў аз ҷо рафта, букрӣ шуда буд [ва] бағоят хуштабъ буд ва шеърро бисёр хуб мегуфту хуб мешинохт.

Аз баррасии гузаштаи дури вожаи тазаккурёфта метавон ба бардоште расид, ки асли онро калимаи ориёии bhauga ташкил дода, он, дар навбати худ, аз унсури луғавии bheug-и забон-асоси ҳиндуаврупоӣ сарчашма гирифтааст.Ин шакли ориёӣ минбаъд дар забонҳои мухталифи эронӣ ба гунаҳои bau-g ва bau-k идома ёфт ва имрўз бо роҳи табдили овозҳои алоҳидаи таркибаш ба шаклҳои туркии буқ (мунҷонӣ), буқ - бақ (шуғнонӣ), бўғча (аксари лаҳҷаҳои шимолӣ), бўхча (гўишҳои дигари тоҷикӣ), буккак, буққа, буққоқ, буғўз ва буғма гардиш дорад.

Ҳоло ин вожа дар бархе гўишҳои шимоли Кўлоб, мисли Ёхсу, Сари Хосор ва Ховалинг дар ду шакл: бъкри - бъкъри, дар гўиши Бухоро ба гунаи букра “конусшакл, махрутшакл”, дар дигар гўишҳои шимолӣ дар мувозии букрӣ мустаъмал аст.

Ба ин тариқ, гўишҳои тоҷикӣ дар ҳифозати дастаи калони унсурҳои луғавӣ нақши шоиста дошта, ағлаби онҳо ба гунаи ба асл наздик, ҳиссаи дигар бо таҳаввулоти ҷузъӣ ё ҷиддӣ мавриди истифода қарор доранд.

Дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Восифӣ теъдоди ин навъи аносири луғавӣ фаровон буда, аз таваҷҷўҳи муаллифи асар ба забони зиндаи халқ шаҳодат медиҳад.

Чунин калимаву таркибҳо аз лиҳози мансубияти забонӣ асосан тоҷикӣ буда, дар радифи онҳо иқтибосҳои арабӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Маълум мешавад, ки бархе аз чунин вомвожаҳо аллакай дар замони Восифӣ аз ҷиҳати овоиву маъноӣ ба қавоиди забони тоҷикӣ мутобиқат пайдо кардаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба