Зеҳн

АБДУСАТТОРИ РАҲМОН БАЧА РАҲГАРДОН ШАВАД…

ЗЕ
Зеҳн15 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

ТАРОНА

Ҳар гоҳе танҳо бошам,

Дар роҳе танҳо бошам,

Таронае бихонам,

Танҳоиро надонам.

Аз савту сози дилхоҳ

Кӯтоҳ мешавад роҳ.

Таронаҳо ширинанд,

Ҳамроҳи беҳтаринанд!

БАЧА РАҲГАРДОН ШАВАД…

Гунҷишкаки бечора

Сарсон асту овора

Ин сӯву он сӯ давад,

Лаб-лабаки ҷӯ равад.

Барояд болои бом:

– Куҷо шуд бачаи хом?!...

Вай параду нишинад,

Ҳар гӯшаро бубинад.

Бачаи худ бикобад,

Ӯро вале наёбад.

Ҳоли зорӣ ӯ дида,

Фарёди ӯ шунида,

Ба ман гуфто модарҷон:

– Ана, дидӣ, писарҷон? –

Бача раҳгардон шавад,

Оча саргардон шавад!

КОҲИШ

Мӯрча дона овард,

Дона ба хона овард.

Дона басо калон буд,

Як донаи гарон буд.

Модар, ки донаро дид,

Аз кори бачча ранҷид:

– Гуфтам туро ба такрор,

Бори гарон набардор!

Ҳар бор, ки гарон аст,

Ранҷу азоби ҷон аст!

Эй бачаҷони нодон,

Нодони беҳтар аз ҷон,

Дон аз барои ҷон аст,

Не ҷон барои дон аст!

ЧАРО МАН АЗҲАМА ХУРД?

Шаҳло калон аз Дилбар,

Дилбар калон аз Сарвар.

Сарвар калон аз Даврон,

Даврон калон аз Бурҳон.

Бурҳон калон аз Гулшан,

Гулшан калонтар аз ман…

Хобакам имшаб набурд:

Чаро ман аз ҳама хурд?!

СИЛОҲПАРТОӢ

Бо Амон бозӣ кардем,

Мо камонбозӣ кардем.

Бибӣ ин ҷо гузар кард,

Истоду як назар кард.

Гуфто ба мо: – Чӣ бозист?

О, бозии дигар нест?

Олам, ки дар фиғон аст,

Аз дасти ин камон аст!

Мо аз камин биҷастем,

Бо ҳам камон шикастем.

Гуфтем:– Зинда бодо

Сулҳу сафои дунё!

Олам мудом амон бод!

Бе тиру бе камон бод!

Бибиҷонам:

– Омин! – Гуфт,

Пас ба мо:

– Офарин! – Гуфт.

МО АМАК ШУДЕМ!

Падар шоду модар шод,

Хоҳар шоду додар шод.

Бародарам падар шуд,

Соҳиби гулписар шуд.

Падарҷонам бобо шуд,

Модарҷонам момо шуд.

Амма бишуд хоҳарам,

Амак – ману додарам!

НИНИХОБОНӢ

Косаи чинӣ –

Дар бари нинӣ.

Коса пуроб аст,

Нинича хоб аст.

Косаро, Сардор,

Оҳиста бардор.

Обаш нарезад,

Нинӣ нахезад.

Нинихобонӣ

Кори осон не!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба