Меҳмондорӣ
Пайғамбар ҳазрати Иброҳим (а) меҳмонҳоро бисёр дӯст медошт ва ривоятҳое ҳаст, ки ӯ бе меҳмон хӯрок намехӯрд. Барои ҳамин ӯ ба унвони “Ҳалилуллоҳ” (яъне дӯсти Худо) буд ва медонист, ки меҳмон амонати Парвардигор аст. Ҳатто агар меҳмоне намеомад, ӯ назди хонаи худ менишаст ва интизори меҳмон мешуд.
Рӯзе як маҷусӣ аз пеши хонаи Иброҳим Халилуллоҳ алайҳи салоту васалом мегузашт, ки дар ягон ҷо шабро гузаронад. Он мард аз ҳазрати Иброҳим(а) ҷои барои худ пурсид.
Иброҳим алайҳи-с-салом гуфт: ту маҷусӣ аз дин бегонаӣ, агар аз дини маҷусӣ бозгардӣ ва мусулмон шавӣ, ман туро меҳмон кунам.
Маҷусӣ ин суханро шунида аспи худро гардонида ба роҳи дигар рафт.
Дарҳол нидои Илоҳӣ омад, Эй Иброҳим! Ҳамон бандае, ки ба Ман имон наовардааст, ба ӯ муддати ҳафтод сол ризқ медиҳам. Ҳеч гоҳ барои он ки беимон аст, ризқашро набуридаам. Аммо ту беимони ӯро бар рӯяш гуфтӣ ва ба меҳмонӣ қабул накардӣ.
Ҳазрати Иброҳим алайҳи-с-салом аз воҷиб Таъоло ин хитоби итобомезро шунида, аз паси он маҷусӣ давида дар роҳ ӯро ёфта, гуфт:
- Эй мусофир, баргард, ки туро меҳмондорӣ кунам.
Маҷусӣ гуфт:
- Во аҷабо, ҳозир маро аз хона рондӣ, акнун ба назди ман аз роҳи дур пиёда омада мегӯӣ, ки баргард, ки туро меҳмондорӣ кунам. Иброҳим алайҳи-с-салом гуфтанд, ки аз барои рондани ту Аллоҳ таъоло манро сарзаниш кард, бино бар он ба талаби ту омадам.
Маҷусӣ худро аз болои асп партофта гуфт:
— Аҷаб Худои меҳрубону беҳамто, ки аз барои як касе монанди ман ба дӯсти худ хитоб кунад ва дарҳол имон овард.
----
Замоне пайравони Мӯсо (а) назди ӯ омада, гуфтанд:
— Эй Мӯсо(а)! Мо мехоҳем Парвардигорамонро ба хӯрок даъват кунем. Биёяд ва як рӯз меҳмони мо бошад. Ҳар чӣ дорем, барои ӯ тақдим мекунем.
Мӯсо (а) онҳоро сарзаниш кард:
— Чӣ хел мешавад, ки Парвардигорро ба хӯрок даъват мекунед? Худо аз хӯрдану нӯшидан ва макон доштани башарӣ пок аст. Ба ман чунин фикрҳоро ҳатто дар дил нагузаронед.
Вале вақте ки Мӯсо Калимуллоҳ ба Тур-и Сино баромада, бо Худо муноҷот карданӣ шуд, ба ӯ чунин хитоб шуд:
— Эй Мӯсо! Чаро даъвати бандагони маро назди ман наовардӣ?
Мӯсо (а) гуфт:
— Эй Парвардигор, ман аз чунин даъват овардан шарм кардам. Чӣ тавр метавонам чунин чизеро ба ту пешниҳод кунам, дар ҳоле ки номумкин аст.
Худо (ҷ.ҷ) фармуд:
— Ба бандагонам бигӯй, ки ман шоми ҷумъа ба даъвати онҳо меоям.
Мӯсо (а) назди қавми худ омад ва онҳоро аз ин ҳолат огоҳ кард. Омодагӣ сар шуд: гӯсфандон ва говҳоро қурбонӣ карда беҳтарин хӯрокҳоро омода карданд. Инро ба ҳаяҷон ва самими баланд мекардан, Офаридгори олам ба меҳмони меояд. Вақти шом як пирамарди хаста, ки аз роҳи дур омада буд, наздик шуда гуфт:
— Эй Мӯсо! Аз роҳи дур омадаам, гуруснаам. Лутфан каме хӯрок деҳ, то гуруснагии маро шиканад.
Мӯсо (а) гуфт:
— Шитоб макун. Аввал ин кӯзаи обро гирифта, каме об биёр як саҳми ту ҳам шавад, ки Худо (ҷ.ҷ) меояд.
Пирамард норозиёна рафт ва дигар барнагашт. Вақти шом гузашт ва меҳмони мунтазиршуда ҳанӯз наомад. То субҳ мунтазир шуданд, вале касе наомад. Қавм умедро аз даст доданд. Мӯсо (а) дар ҳайрат монд.
Рӯзи дигар Мӯсо (а) ба кӯҳи Тур баромада ба Аллоҳ гуфт:
— Эй Парвардигор, ман шарманда шудам. Қавми ман мегӯянд: "Ё ту моро фиреб додӣ, ё Худо ваъдаашро иҷро накард."
Худо хитоб намуд:
— Омадам, эй Мӯсо, омадам. Гурусна будам, вале маро барои об овардан фиристодӣ ва як порча нон ҳам надодӣ. Ту ва қавмат маро напазируфтед.
Мӯсо (а) бо ҳайрат гуфт:
— Эй Парвардигор, танҳо як пирамард омад, ӯ як банда буд. Ин чӣ гуна мешавад?
Худо (ҷ.ҷ) фармуд:
— Ман бо он бандаам будам. Агар ӯро сер мекардед, маро сер мекардед. Зеро Ман дар осмонҳо ва замин ҷой намегирам, Ман танҳо дар дили бандаи фақиру мӯҳтоҷи худ ҷой мегирам. Ман ҳамроҳи он банда омадам. Ҳангоме ки ӯро гурусна ба хонааш баргардонидед, Маро ҳам пас гардонидед.
Ин қиссаро шунида, ман ба ёд овардам, ки дар ҷамъомадҳои имрӯза, ки бо нияти хайр баргузор мешаванд, аксаран фақирону ниёзмандон аз ин ҷамъомадҳо насиб намебаранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё