Раҳнамоӣ намудани инсонҳо ба роҳи рост
Расули Акрам (с) ва таблиғ
Аз даме ки вазифаи муқаддаси таблиғ ба дӯши Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вогузор гардид, тамоми ҳаёти Ӯ бо таблиғ гузашт. Ў ба остонаи ҳар хона омада, дари хонаҳоро ба он умед мекӯфт, ки дили ҳамдарду симои ошное пайдо намуда, паёми худро ба ӯ бирасонад.
Аввалин бардошти ҷониби муқобил ҳамин буд, ки онхо беэътиноӣ зоҳир мекарданд ва ё тарки муомиларо тарҷеҳ менамуданд. Сипас муносибатҳо ба сурати таънаву истеҳзо идома ёфт ва дар охир ба азобу шиканҷа мубаддал гардид. Дар гузаргоҳи Ӯ хорҳо мегузоштанд, ҳангоми намоз болои сараш ишкамба мениҳоданд ва ҳама гуна таҳқирро нисбат ба шахси Ӯ раво медиданд. Аммо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз инҳо дилсарду дилгир намешуд. Зеро ҳадаф аз рисолати Ӯ ҳамин буд. Ба назди ҳар кас, аз ҷумла ба назди душманони ҷонии худ, чандин маротиба мерафт. Ва паёми Худоро мерасонд. Воқеан кӣ медонад, ки Ӯ ба назди Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб барин душманони дину имон чандин бор рафта буд, то онҳоро ба сӯйи ҳақиқат даъват намояд.
Ӯ аз намоишгоҳҳо гузар мекард, хайма ба хайма мегашт, то барои имон овардани ҳатто як нафар васила гардад; ба ҳар ҷое ки сар медаровард, дарро ба рӯяш баста медид, аммо Ӯ бори дигар ба остонаи ҳамон дар меомад ва паёмашро такрор менамуд...
Вақте дар Макка умеди даъват намонд, ба шаҳри Тоиф омад. Тоиф манзили сайр аст. Мардуми Тоиф, ки дар роҳату фароғат умр ба сар мебурданд, аз аҳли Макка бераҳмтар баромаданд. Ҳамаи авбошону ошубгарон ҷамъ омада, Расули Худоро (он Офтоби оламиёнро, ки ҳатто малоик ба дидори рӯяш ҳавас мебаранд) сангсор намуда, аз Тоиф ронданд. Дар назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) писархондаш Зайд ибни Ҳориса (р) буд. Зайд ҷисми худро сипар намуда, мекӯшид, Расули Акрамро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз сангҳо ҳимоят кунад, аммо бо вуҷуди ин ҷисми мубораки Ӯ аз зарби сангҳо хуншор шуда буд.
Вақте онҳо аз ин муҳити носозгор дур шуда, билохира, дар сояи дарахте оромиш ёфтанд, он гоҳ фариштаи муваззаф Ҷабраил (а) падид омад ва таклиф намуд, ки агар Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бихоҳад, ӯ кӯҳи дар атроф қарор доштаро ба сари ин мардуми сарсахт фуруд хоҳад овард. Аммо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳатто дар чунин ҳолати озурдагӣ сабру таҳаммулро пеша карда, таклифи фариштаи муваззафро рад намуд.
Воқеан Ӯ ба он хотир чунин рафтор намуд, ки шояд минбаъд, дар ояндаи дур бошад ҳам, касе аз миёни онҳо имон меоварад. Сипас Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) даст ба дуо бардошта, ба даргоҳи Худо рӯйи ниёз овард:
«Худоё! Заъфи худро, нотавонӣ ва дар миёни мардум мавриди таҳқир қарор гирифтанамро ба Ту шикоят мекунам. Эй Арҳам-ар-Роҳимин (беҳтарини раҳмкунандагон)! Ту Худои азиятдидагону бечорагон ва Худои ман ҳастӣ. Маро ба кӣ вомегузорӣ? Магар маро назди бадгӯён мегузорӣ ё назди бадрӯёни аз мурувват дур ва ё ба душмане, ки монеъи корам мешавад? Агар Ту бар ман хашмгин набошӣ, аз ранҷу балои дидаам биме надорам. Аммо офияту накуҳолие, ки ато мекунӣ, паҳновару дилхоҳтар аст. Илоҳо! Аз гирифтор шудан ба ғазабат ва аз дучор омадан ба норизоият ба нури ваҷҳат паноҳ мебарам, ки торикиҳоро равшан намуда, дар дунёву охират салоҳи корҳо мешавад. То даме ки Ту розӣ шавӣ, авфи Туро талаб хоҳам кард! Ҳеҷ касеро нест қудрату тавоноӣ ба ғайр аз Ту».
Ҳангоме ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин дуо мекард, касе оромона ба Ӯ наздик шуд ва табақи ангурро пеш гузошта, гуфт: «Марҳамат, аз ин бихӯред!» Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо лафзи «Бисмиллоҳ» даст ба табақ бурд. Барои ғуломи ангуроварда, ки Аддос ном дошт, шунидани лафзи «Бисмиллоҳ» ҳодисаи ғайричашмдошт буд. Ӯ бо ҳайрат пурсид: «Ту кистӣ?» Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷавоб дод: «Ман Паёмбарам, охирин набии Худо». Аддос худро ба пойи Ў афканд ва аз дасту пояш бўса кард. Ӯ касеро, ки тӯли солҳо дар само меҷуст, ҳоло дар замин дарёфта буд, ҳам дар ҳоле ки ҳеҷ чашмдор набуд... ва имон оварда, мусулмон шуд.
Агар ҳодисаи охирин рух намедод, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз Тоиф хеле маҳзун бармегашт, на бо сабабе ки дар ҳаққи Ӯ ноадолатӣ карданд, балки аз он ғамгин мешуд, ки ба касе чизе фаҳмонида натавонист. Ҳол он ки Ӯ акнун аз хурсанди гӯё парвоз мекард. Зеро Аддос ба василаи Ӯ ҳидоят ёфта буд.
Воқеан агар чунин гуфтан раво бошад, Ӯ дар миёни анбиё «кабӯтари қамарӣ» (парандае, ки рамзи хушбахтӣ аст, тарҷ.) буд. Ў дар ҳама ҷо пайваста дилу дидаи поку ҳақшиносе меҷуст ва ҳангоми дарёфт намудан ба дилу дидаҳо медаромад ва илҳоми ботинии худро барояшон замзама мекард. Ҳамин тавр, ҳолаву ҳалқаи нуре, ки дар атрофи Ӯ гирд омада буд, бо гузашти ҳар рӯз вусъат меёфт ва зимнан аҳли куфрро ба ғазаб меовард.
Бо мурури замон кор ба ҷое расид, ки аҳли куфр аз ғояти девонагӣ хостанд он машъали илоҳиро хомӯш кунанд. Кӯшиши онҳо монанди «офтобро ба доман пӯшонидан» буд. Ҳайҳот!.. Офтоб барои мо танҳо василаи ташбеҳ ва монанд кардан аст, вагарна нуре, ки Ў овардааст, ҳатто офтобро зиё мебахшад.
Зеро ин нур, нури Худо аст. Аҳволи хандаовари онҳо дар ояти карима чунин тасвир меёбад:
«Мехоҳанд, ки нури Худоро ба даҳони худ фурӯ нишонанд. Ва Худо қабул намекунад, магар он ки нури Худро комил созад, агарчи кофирон нохуш шаванд» (Сураи «Тавба», 9/32).
Ӯ дар асри бист ҳам машъале афрӯхт ва ба дилҳои мо шуълаҳо афканд. Ҳазорон, садҳо ҳазорон нафар ба роҳаш шуданд ва дар пайи хидмати даъвои Ӯ камари ҳиммат бастанд. Пас маълум мешавад, ки Худованд хостааст, ҳолаи ҷадиди набавие, ҳалқаи нуре ва аз нав занҷири тиллоие ба миён оварад, ки инро на хашму шиддату ҳиддати аҳли куфр ва на таҳоҷуми лашкари шайтон манъ карда наметавонад... Воқеан ин тухмиҳо, ки бо ихлос кошта шудаанд, пагоҳ ё фардо, муҳаққақ, нашъунамо меёбанд ва нуре, ки тавассути Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паҳн гардидааст, асло хомӯш намегардад.
Акнун, ки Макка сарпаноҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буда наметавонист, Ӯ ба Мадина ҳиҷрат намуд. Дар он ҷо бояд нашри нури имонро идома медод. Ҳамзамон дар он ҷо Ӯро лозим меомад, ки бо яҳудиёну мунофиқон сарукор бигирад, ба муқобили куфр мубориза бурда, бевосита дар садри лашкар қарор бигирад. Агарчи дар муборизаҳо захм мебардошт ва беобу беғизо мемонд, ба роҳаш идома медод. Дар ҳақиқат, Ӯ лаҳзае аз рисолати таблиғ фориғ намонда буд. Аз ҷузъитарин масъалаи динӣ сар карда, то муҳимтарин масоил, ҳамаро шарҳ медод, мефаҳмонд, таблиғ менамуд. Ҳатто ҳангоми иқомат дар Мадина, замоне ки бо давлатҳои дигар сарукор мегирифт, аз даъвати мардум фориғ нашуд. Агар бадавие омада, аз Ӯ масъалаеро мепурсид, ки то имрӯз садҳо маротиба такроран гуфта буд, Ӯ бо камоли шавқу иштиёқ, бидуни зоҳир намудани ҷузъитарин нишонаи озурдахотирӣ ба суоли бадави посух медод.
«Таблиғ» раҳнамоӣ намудани инсонҳо ба роҳи рост, ба сирот-ул-мустақим мебошад. Аслан ҳадафи фиристода шудани кулли анбиё, аз ҷумла Султони анбиё (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳамин таблиғ аст, яъне нишон додани роҳи рост. Ҳамон роҳи росте, ки муъминон хеле хуб медонанд ва бояд бидонанд. Воқеан мо ҳар рӯз дар намозҳоямон ҳадди ақал чиҳил маротиба аз Худованд талаб менамоем, ки моро ба сирот-ул-мустақим ҳидоят бифармояд. Яъне мо талаб мекунем, ки Худованд моро ба роҳи анбиё, сиддиқин ва шуҳадо роҳнамун созад ва ҳамчунон ки онҳоро ба мақсуд расонд, моро низ ба мақсуд бирасонад. Ин роҳи хеле густурда аст ва ҳар кас дар ин роҳ насибе дорад. Зеро ба ибораи Қуръон паёмбари вопасин барои оламиён ҳамчун раҳмат фиристода шудааст.
Ҳамчунин Ӯ шоҳид, мубашшир ва нозир аст, ки ояти зерин ифодагари он аст:
«Эй пайғамбар, ҳамоно Мо туро ҳамчун гувоҳидиҳанда ва муждадиҳанда ва огоҳкунанда фиристодем» (Сураи «Аҳзоб», 33/45).
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шахсияти мустасноест, ки бисту се сол масъулияти гарони паёмбариро ба дӯш дошта, мукаллафияти хешро тавре иҷро кардааст, ки ҳеҷ як марди роҳ монандашро ба ҷо наовардааст. Ва инак, Ӯ бо чунин азми қавӣ рӯз то рӯз ба анҷоми нек наздиктар мешуд.
Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо як маротиба дар ҳаҷ будаанд. Аз он ки маросимҳои ҳаҷҷу умраро дар як вақт ба ҷо оварданд, мо онро «Хаҷҷи акбар» ҳам мегӯем. Дар ин ҳаҷҷи аввалин ва вопасини худ Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳоле ки дар болои шутур қарор доштанд, ҳама суханҳои гуфтаниро ба самъи мардум расониданд. Аз хунбаҳо гирифтан, то ҳуқуқҳои зан ва аз судхӯрӣ, то муносиботи байни қавму қабилаҳо ҳамаро шарҳ доданд. Баъдан ба ҷамъият чунин муроҷиат намуданд: «Диққат кунед! Оё таблиғро ба ҷо овардам?» Ва чун ҷавоб гирифтанд, ки «Бале, таблиғро ба ҷо овардӣ», Худоро шоҳид гирифта, гуфтанд: «Худоё, шоҳид бош!».
Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вазифаи худро барҳақ иҷро намуда буд. Аз ин рӯ бо дилу виҷдони осуда барои рафтан ба ҳузури Худо омодагӣ медид. Ӯ тамоми умр масъулияти худро бо камоли ҳассосият эҳсос менамуд ва ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор гирифта, аз худ мепурсид: «Оё ман тавонистам, мувофиқи ҳадафи аслие, ки аз ҷониби Худо фиристода шудам, зиндагӣ кунам?»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё