Зеҳн

Бисёр ташна мешавад

ЗЕ
Зеҳн17 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Одамизод вақте, ки пеш аз баромадани ҷон аз бадан, бисёр ташна мешавад, дар ин ҳол шайтони лаъин бо косае аз оби яхин назди сари вай ояд. Пас меҷунбонад косаи обро барои ӯ. Мӯъмин гӯяд: -Бидеҳ маро аз ин об.

Ӯ намедонад, ки вай шайтон аст. Пас шайтон ба ӯ гӯяд: - Бигӯ, ки нест Сонеъ мар оламро, яьне бигӯ, ки нест Худо, то туро аз ин об бидиҳам.

Агар мӯъмин ҷавоб надиҳад, шайтон ба тарафи ду пои вай биёяд ва биҷунбонад косаро.

Мӯъмин боз гӯяд: - Бидеҳ маро аз ин об.

Пас шайтон ӯро гӯяд: - Бигӯ, дурӯғ гуфтанд Пайғамбарон, то бидиҳам туро аз ин об. Касе, ки бадбахт бошад, бар ташнагӣ тоқат наоварда, ба шайтон мувофиқи гуфтаи ӯ ҷавоб диҳад ва аз дунё бадбахт берун шавад. Худо паноҳ диҳад.

Касе, ки некбахт бошад, суханони шайтонро рад кунад ва фикр кунад он чӣ дар пеши ӯ аст.

Абу Закариёи Зоҳид чун ба ҳолати марг расид, пас омад назди ӯ ошнои вай ва ӯ дар сакароти мавт буд. Ӯ барояш калимаи таиба “Ла илаҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ”-ро гуфт.

Абу Закариёи Зоҳид аз вай рӯй гардонид. Пас дӯсти вай бори дуюм гуфтани калимаи таибаро талкинаш кард. Ӯ боз аз вай рӯй гардонид. Бори сеюм ба гуфтани калимаи таиба даъваташ кард. Абу Закариё гуфт, ки намегӯям.

Пас дӯсти вай аз охири кори вай тарсид.

Баъди як соат, чун Абу Закариё сабукӣ аз ҳоли аввал ёфту чашм кушод, аз дӯсташ пурсид: - Оё Шумо ба ман чизе гуфтед?

Гуфтанд: - Оре, бар ту калимаи таибаро се бор арз кардем. Ту рӯй гардонидӣ ду бор аз гуфтан ва бори сеюм гуфтӣ, ки намегӯям.

Абу Закариё гуфт, ки назди ман шайтон омада буд. Косаи об дар даст дошт.

Ӯ аз тарафи рости ман истода косаро ҷунбонида маро гуфт: - Оё ҳоҷат дорӣ ба об?

Гуфтам: - Оре.

Гуфт: - Бигӯ, Исо писари Худост. Пас рӯй гардонидам аз вай. Пас аз он омад аз тарафи пои ман ва маро ҳамчунин гуфг. Боз рӯй гардонидам аз вай. Дар карати сеюм маро гуфт: - Бигӯ, нест Худо.

Гуфтам; - Намегӯям.

Пас зад косаро бар замин ва пушаймон шуда баргашт. Пас ман рад карда будам бар шайтон, на бар Шумо. Инак гувоҳӣ медиҳам бо ин ки нест маъбуде магар Худои таъоло ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи ӯст ва фиристодаи ӯст.

Чун банда ба қарибии марг расад, Малакулмавт, яъне малоикаи ҷонгирандаро бинад, бидонад. ки вақти рафтан аст. Ҳасрате дар дили вай фуруд ояд, ки онро ниҳоят набошад, гӯяд: - Ё Малакулмавт, як рӯз маро мӯхлат деҳ, то тавба кунам ва узри гуноҳони худ бихоҳам.

Гӯяд: Рӯзҳои бисёр пеш буд, чаро тавба накардӣ? Акнун умри ту тамом шуд ва ҳеҷ рӯз боқӣ намонд.

Гӯяд: - Як соат мӯҳлат деҳ.

Гӯяд: Соатҳо бирасид ва ҳеҷ намонд.

Чун он ноумедиро аз тавба кардан бинад, асли имони ӯ дар ларза афтад.

Пас бояд, ки банда аз хоби ғафлат бедор шавад ва корсозии марг кунад. Баъзе аз мӯйсафедон ва пиразанони замони мо, ба ҷои он ки пир шуданд худопарастиро бисёртар кунанд, ки ба марг қарибтаранд, баръакс намозхониро низ бас мекунанд ва зикру тасбеҳ гуфтанро аз онҳо намешунавӣ. Ва мегӯянд, ки мо заъиф шудаем ва об моро зарар мекунад, лекин гирди деҳаро гашта метавонанд ва барои намоз хондан заьифанд. Ва аз Худо тарсе надоранд.

Худованд паноҳ дихад аз ин гуна пирон. Дар шариати мо агар касал дар бистари беморӣ бошаду ҳаракат карда натавонад ҳам, чун ҳушаш ба сараш бошад, намоз аз гарданаш соқит нест. Бояд ӯро таяммум кунонанд ва намозашро бо ишора бигузорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба