Мактаб боғу хонанда гулест пуртароват
Мактаб дар таълими хонанда бештар масъул аст ё дар тарбияти он? Баҳсу мунозираҳоро дар ин хусус ҳамеша мутахассисони соҳа ва ҳам ҳам ғайрисоҳа бо ҳам доштанду то кунун низ ин баҳс идома дорад. Вале ҳар кӣ амиқтар дар ин боб биандешад, бар ин назар хоҳад монд, ки тарбият мудом муҳимтарин рисолати мактаб маҳсуб меёфт ва чунин хоҳад монд, зеро инсон бо одамияташ, бо ахлоқи накуяш инсон аст ва агар ў аз атвори писандида маҳрум бошад, дар ҷамъият иззату икромро соҳиб нахоҳад гашт ва аз илми ў низ ба гумон аст, ки ҷомеаро суде расад.
Ҳанўз аз нахустин рўзҳои қадам ба остонаи мактаб ниҳодани хонандагон бояд ба тарбияи бошууронаи онҳо оғоз кард. Ба синфи якум кўдакон бо одат ва хусусиятҳои гуногун меоянд, аз ин рў, рафтору кирдори ҳар яке аз онҳо низ мухталиф мешавад. Дар аксари онҳо серҳаракатӣ, бетоқатӣ, зуд-зуд тағйирёбии вазъи рўҳия ба мушоҳида мерасад. Дар ин давра, аксаран, аз ҳамдигар шикоят кардан ба онҳо хос аст. Дар машғулиятҳо беистиҳола, бо овози баланд ба ҳам гап задан, аз ҳар чиз ва дар ҳар боб, ки хоҳанд, аз омўзгорон пурсиш кардан хоси қариб тамоми хонандагони ин синну сол мебошад. Дар рўзу моҳҳои аввали соли хониш баъзе аз рафтору амалҳои хонандагон ба назари омўзгорон тааҷҷубовар ва ҳатто хандаовар менамояд (бахусус, агар омўзгор худ навкор бошад). Дар таҷрибаи кориам ман чунин амалҳои навшогирдонро хеле зиёд дидаам. Чунончи, дар дарси санъати тасвирӣ Гулнози С. нохост аз ҷузвдонаш нон бароварда ба хўрдан оғоз мекунад ва ба тарафи дар равон мешавад. Ман мепурсам: «Гулноз, ту ба куҷо меравӣ?» «Ман ҳамаи расмҳоро кашидам», – посухи ў буд.
Ё боре ҳангоми суҳбат аз рўи расм дар мавзўи «Фасли баҳор» Солеҳи Р. баногоҳ мепурсад: «Гурбаҳо худашон ҷаҳида ба чоҳ меафтанд ё онҳоро мепартоянд?» Фикр кардан мумкин аст, ки кўдак нодуруст андеша мекунад, зеро ки мавзўи дарс тамоман дигар аст. Вале маълум шуд, ки чанд рўз қабл ба чоҳе, ки анқариби хонаи ин кўдак аст, гурбае афтидааст ва ў ҳама дам дар ин хусус андешида, ба хулосаи муайяне наомада, қарор додаст, ки ба муаллима муроҷиат кунад. Дар ин маврид, то ки хонандаро якбора аз худ дур накунед, ба саволи ў посух дода, пасон, тадриҷан ба ў фаҳмонидан лозим аст, ки пурсиши берун аз мавзўъ ба дарс халал мерасонад.
Аз рўзҳои аввал бояд ба омўхтани ҷаҳони ботинии хонанда, хусусиятҳои инфиродии ў, шароиту ҳолати ў дар оила оғоз кард ва кўшид, ки кўдакро аз худу аз мактаб рўҳан дур накунед, баръакс, муҳаббати ўро ба мактабу омўзгор зиёд кунед. Дар тарбияи оқилонаи хонандагон муайян кардани тартиби кори онҳо дар хонаю мактаб аҳамияти зиёдро дорост. Хонанда бояд низоми корашро дақиқ дониста, онро риоя кунад.
Таълими равиявӣ барои зиёд кардани шавқу ҳаваси хонанда нисбат ба фан, муайян кардани мавқеи ў нисбат ба касби интихобкардааш, афзудани малакаи тадқиқу ҷустуҷў, рушди эҷодкорию тафаккури мустақилонаи ў мусоидат хоҳад кард. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран хонандагоне ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, ки равияи таълимиашонро дуруст интихоб кардаанд.
Роҳандозии таълими равиявӣ дар мактабҳо, пеш аз ҳама, заминаи қавии моддию техникиро талаб мекунад. Барои ин фаъолияту саҳми муштараки маъмурияти мактаб, шўрои падару модарон ва сарпарастон зарур аст. Чунончи, барои таълими равияи табиӣ аз фанҳои биология, химия, география таъсиси кабинетҳои муҷаҳҳази муосир (лавозимоти фаннию фанноварӣ, интернет ва асбобҳои аёнии электронии химиявию физикӣ) ҳатмист. Дар мактаб, инчунин, вуҷуди биокомплекс, ки дар он гўшаи зиндаи табиат, лабораторияи таълимӣ, синф – аудитория, хонаҳои иловагӣ барои нигоҳ доштани маводу таҷҳизот, қитъаи таълимӣ-таҷрибавӣ лозим аст. Хонандагоне, ки тибқи равияҳо таълим мегиранд, дар ин биокомплекс корҳои лоиҳавӣ, тадқиқотӣ, озмоишҳоро гузаронда метавонанд. Чунин шаклҳои фаъолият хонандагон рағбати онҳоро ба фанҳои асосии меомўхтаашон меафзояд.
Таълими равиявӣ дорои вижагиҳои хос аст ва дар ҷараёни омўзиш хеле фаъол будани хонандагонро тақозо мекунад. Омўзгор ҳангоми тадрис дар ин синфҳо бояд серталаб бошад, мудом донишҳои тахассусии худро такмил диҳад, равишҳои тозаю самарабахши корро ҷустуҷў намояд; шаклҳои нави дарсҳо: дарс-лексия, дарс-семинар, корҳои лабораторӣ, дарсҳои амалӣ, пурсишҳои тестӣ, санҷишҳо, рефератҳо, бозиҳои ҷолиби фаннӣ, муаррифии корҳои гурўҳиро ташкил намояд.
Ба ҷуз ин, дар мактабҳое, ки тадрисашон аз рўи равияҳост, бо наврасон машғулиятҳои зиёди таълимию тарбиявии рағбатангезу ҷолиби беруназсинфиро
ташкил ва баргузор бояд кард. Муносибати самимонаи хонандагон ба фанни дўстдоштаашон имкон медиҳад, ки онҳо бештар бо ҳам баҳсу суҳбатҳо кунанд, ки ин, аввалан, кўдаконро бо ҳамдигар наздиктар месозад, сониян, дониши гирифтаи як нафар хонанда ба зудӣ дастраси хонандагони дигар шуда метавонад. ҷустуҷў, баҳсу мунозира, тадқиқотҳои аввалини илмӣ олимони ояндаро месозад.
Олимон, дар навбати худ, ба гурўҳҳои хонандагон роҳбарӣ карда, барои тадқиқот ёрии амалӣ мерасонанд. Хонандагон дар озмуни илмӣ, тадқиқотҳои илмии муштарак бо олимон, экскурсияҳо, таҷрибаи саҳроӣ бевосита ширкат мекунанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки хонандагон ба касби ояндаи худ на фақат аз паҳлу назар андозанд, балки моҳияти онро бештар дарк созанд.
Масъалаи асосие, ки моро ба фикр кардан водор месозад, роҳу воситаҳои шавқмандсозии хонанда ба фанни биология аз синни хурди мактабӣ ва интихоби равияи табиист. Бунгоҳ (база) барои кор кардан бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва синфҳои 5-7 гўшаи зиндаи табиати мактаб, қитъаи таълимӣ-таҷрибавӣ ба ҳисоб меравад. Дар онҳо машғулиятҳои маҳфилӣ ба экскурсияҳо ва экскурсияҳо ба факултативҳо иваз мешаванд, ғайр аз ин, хонандагони синфҳои боло дар ин ҷо дар гурўҳҳои тадқиқотӣ кор мебаранд. Ба ин ҷо хонандагони синфи якумро барои экскурсия овардан мумкин аст. Аз синфи ду сар карда, маҳфили табиатдўстонро ташкил кардан ба манфиати кор аст, зеро хонандагон дар онҳо бо ёрии омўзгор растаниҳоро мушоҳида мекунанд, тарзи хўрокдиҳӣ ва нигоҳубини ҳайвонотро ёд мегиранд ва дар онҳо аввалин малакаҳои кор (меҳнат) кардан пайдо мегардад. Дар синфҳои 3-4 бо хонандагон маҳфилҳои «Табиатдўсти ҷавон», дар синфҳои 5-7 маҳфили «Зоологи ҷавон»ро ташкил кардан судманд аст, ки дар онҳо тарзи нигоҳубини растаниҳо ва ҳайвонотро ёд медиҳанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё