Зеҳн

Воситаи муҳими тарбия

КИ
Китобдор17 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Адабиёти бадеӣ яке аз воситаҳои муҳими таълиму тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад. Майлу рағбати кудакон ба шунидани ҳикояту қиссаҳои бадеӣ зиёд буда, аз калонсолон шунидани онҳоро хоҳиш мекунанд. Ҳамин тавр, ҳангоми қироати афсона ва ё ривоят кўдакон ба таъсиру образнокии сухан шинос мешаванд ва асари бачагона низ барои тарбия навишта мешавад. Вазифаи мураббӣ аз он иборат аст, ки асарҳои бадеиро ба кўдакон сода ва бо оҳанги махсус хонад, нақл кунад. Хурдсолонро ба баҳс кашад, то онҳо фикру назарашонро иброз доранд. Дар вақти хондани афсонаву ҳикояҳои хурд диққати кўдаконро бо калимаву ибораҳои ба онҳо наву ношинос ҷалб намудан лозим аст. Саёҳат ба дунёи афсона тасаввуроти кўдаконро васеъ менамояд, онҳоро ба эҷодкорӣ водор менамояд.

Мураббӣ дар кўдакистон вазифаҳои тарбиявиро дар хурдсолон, аз ҷумла, ба воситаи адабиёти бадеӣ ба ҷо меорад. Яке аз жанрҳои дўстдоштаи адабиёти бадеӣ барои кўдакон афсона мебошад. Афсонаҳо тавассути ҳаводиси шавқовар (сюжет), воситаҳои тасвир, забони содаю ширин, образҳои аҷибу пандомез, дар дили ҳассосу зебоиписанди кўдакон ҷой мегиранд. Онҳо хурдсолонро аз ҳар ҷиҳат рушду инкишоф медиҳанд, дар онҳо хислатҳои наҷиб ва ахлоқи некро тарбия мекунанд. Афсонаҳо чун ҳама гуна жанрҳои хурду калони фолклорӣ дар ташаккули фикрии кўдакон, тахайюлоту таассуроти нек ва орзуҳои рангини онҳо ёрӣ мерасонанд, ҳақиқати зиндагиро ба шуури бачагон мерасонанд ва нишон медиҳанд, ки одамони худбину дурўя кам нестанд. Онҳо барои манфиатҳои шахсии худ одамонро фиреб медиҳанд, дурўғ мегўянд, ҳилаҳо ба кор мебаранд. Ба воситаи афсонаҳо мардум ба фарзандони худ беҳтарин хислатҳои инсонӣ, меҳнатдўстӣ, шуҷоат, накукорӣ, покдилӣ ва садоқатро тарбият мекунанд.

Адабиёти бадеӣ на танҳо дар тарбияи кўдакон нақши асосӣ мебозад, инчунин, баёни нутқи кўдакон, фикрронии онҳо ва ҷаҳонбиниашонро васеъ мегардонад. Аз ин рў, дар барномаи таълимии муассисаҳои томактабӣ машғулиятҳои «Шиносоӣ ба адабиёти бадеӣ» дар мадди аввал меистад, чунки тасвири бадеӣ дар баёни нутқи равону ибрози фикрронии кўдак нақши бениҳоят муҳим мебозад. Ба воситаи адабиёти бадеӣ кўдакон ба ҳодисаҳои табиату ҷамъият ва муносибати байниҳамдигарии одамон, инчунин, ба образи бадеӣ шинос шуда, завқи маънавӣ ва зебоипарастии худро баланд мебардоранд.

Дар барномаи таълимии «Рангинкамон» машғулияти адабиёти бадеӣ ба ҳар се моҳ ҷудо карда шудааст, ки мувофиқи он мураббӣ кор бурда, ба кўдакон шеъру суруд, чистону зарбулмасал, тезгўяку мақолҳо ва афсонаю ҳикояҳоро хонда, мазмуни онҳоро мефаҳмонад. Масалан, зарбулмасали «Меҳнат кунӣ-роҳат мебинӣ»-ро ба воситаи афсонаи «Мурғ, мурғобӣ ва муш» шарҳу эзоҳ дода, кўдаконро тарбия менамоем.

Адабиёт дар дили хонанда ду навъ эҳсосро бедор мекунад, ки яке ҳисси зебоиписандӣ, дигаре ҳисси нафрат ва зиштӣ мебошад. Асари бадеӣ қисми муҳими ҳаёти маънавии халқ аст. Ба вай ҳам калонсолон, ҳам ҷавонон ва ҳам кўдакон эҳтиёҷ доранд. Пас, чӣ гуна асар ба синну соли хонанда мувофиқ мебошад? Асарҳое, ки дар давраи хурдсолӣ ба кўдакон тавсия мешавад, бояд ҳиссиёти зебоиписандиро, ки он ҳам ҷиҳати таълимӣ ва ҳам тарбиявӣ дошта бошад, дар ниҳоди онҳо тарбия намояд. Албатта, ба мутолиаи шогирдон роман ё достонҳои мураккабро тавсия кардан ба синну соли онҳо вобастагӣ дорад. Хонандаи мактаб барои фаҳмидани чунин асарҳо бояд ҳамаҷониба омода бошад. Осори бадеӣ дар сурате хизмати худро иҷро карда метавонад, ки ҳар як инсон дар он орзую омол ва ҷаҳони ботинии худро дарёбад ва ба саволҳои беҷавобаш ҷавоб ёфта тавонад. Кўдакон ҳанўз, пеш аз ба остонаи мактаб қадам гузоштан шунидани афсона ва тамошои филмҳои тасвириро дўст медоранд.

Кўдакон асосан аз 1011 солагӣ ба китобхонӣ шурўъ мекунанд. Бачагони ин синну сол дар бораи ахлоқ, корҳои неку бади аъзои оила, рафиқон ва ҳамсинфони худ фикр меронанд, ҳатто ба муаллимони худ баҳо медиҳанд.

Вақте ки фарзанд дар хона ғарқи мутолиаи афсонаҳо мешавад, ба ў халал расондан мумкин нест ва агар дар назди ў асарҳои “Ятим”, “Одина”, “Дохунда”-и С.Айнӣ бошад, ба бачагон барои фаҳмидани камбудиҳои он давр ёрӣ расонидан даркор. Баъзан мо бо мақсади санҷиш ба фарзанди худ доир ба китоби хондааш савол медиҳем, аммо ў ҷавоб додан намехоҳад. Дар чунин ҳолатҳо ўро маҷбур набояд кард.

Ҳар кас метавонад ба таври худ бо мақсади санҷидани фарзанд ё шогирди худ саволҳо диҳад. Масалан: “Китобро хонда ба охир расондӣ? Маъқул шуд? Барои чӣ? Ба ту кӣ бештар маъқул шуд?”

Бачагон хислати аҷибе доранд. Онҳо ҳар қадар китоб хонанд, ҳамон қадар ба шунидани ҳикояҳо майлу рағбат зоҳир мекунанд. Хондани адабиёти бачагона на фақат барои кўдакон, балки барои калонсолон низ зарур аст. Мо ба шарофати адабиёти бачагона аз олами ботинӣ ва хислатҳои гуногуни насли наврас бохабар мешавем ва ин кори моро дар масъалаи тарбия хеле осон мегардонад. Ҳамин тавр, адабиёти бадеӣ дар тарбияи насли наврас нақши бузург мебозад ва ба ҳиссиёти инсон ба воситаи нақшҳои бадеӣ таъсир мерасонад.

Тарбияи фарзанд аз арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад.

Ҷавҳари асосии таълиму тарбия, пеш аз ҳама, шавқманд намудани шогирдон ба мактаб ва дар чорабиниҳои таърихӣ иштирок намудани онҳо мебошад. Барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорати шогирдон омўзгор махзани илму дониши худро бояд зина ба зина мустаҳкам намояд, инчунин, аз технологияи навини ҷаҳонӣ дар дарсҳо ҳамаҷиҳата истифода барад. Махсусан, омўзгори синфҳои ибтидоӣ бештар аз услуби бадеии нутқ истифода бурда, хонандагонро ба китоб ва китобхонӣ, рў овардан ба осори пурарзиши ниёгон ҳидоят намояд. Чунки китоб ба тарбияи маърифатии хонандагон таъсири зиёд мерасонад. Ҳамчунин, омўзгор бояд донишҳои педагогӣ-равонии худро дар машғулиятҳо истифода барад. Шогирдонро ба бархўрдор будан аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ҳидоят намояд, ки дар китоби «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ омадааст: «Дар дунё бахтиёр он касе аст, ки соҳиби илм ва дониш бошад. Лоақал хонда ва навишта тавонад, одами оқилу ба тавфиқ ва соҳиби хулқи хуш мешавад. Ба ҳеҷ кор хиёнат намекунад. Ба ҷамъи мардум, ҳатто ба ҳайвонҳо некӣ мекунад. Ҳеҷ касро озор намедиҳад. Ба мардум зарар ва заҳмат намерасонад».

Пас, агар ба таъриху фарҳанги адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар афканем, дармеёбам, ки ниёгони мо ба таълиму тарбияи инсон диққати махсус додаанд. Хушбахтона, бо ибтикору дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки ин боиси ифтихори мо, омўзгорон, мебошад. Мақсад аз ин чорабинии фарҳангӣ он аст, ки дар баробари таълиму тарбияи хонандагон, иродаи қавии хешро баҳри рушду инкишофи насли солими ҷомеа бештар истифода барем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба