ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МУДИРОН ДАР ИНКИШОФИ ИДОРАКУНӢ
Пешрафт ва муваффақиятҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар арсаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ аз тариқи истифода аз фанҳои мудирият ҳосил гардидааст. Роҳбарии як муассиса кори нисбатан мушкил буда, ки аз уҳдаи он ҳар кас баромада наметавонад, як шахс шояд дар маслаки хеш ворид ва номдор бошад зарурат нест, ки ин шахс қудрати роҳбариро низ дошта бошад. Роҳбарии як муасссиса бояд ба асоси усули таҷрибаҳо, навовариҳо, сурат дар амал, ҳисси кунҷковӣ ва ғайра таваҷҷўҳ дошта бошад.
Муназам сохтани умур, ҳамоҳангсози манбаъҳои инсонӣ ва моддӣ аз ибтидои пайдоиши башар мавриди таваҷҷуҳи инсон қарор доштааст ва ҷиҳати самарбахшидани аҳдофи муштарки шом ибтидо дар хонаводахо, баъдан дар қабилаҳо ва соири воҳидҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба якдигар пайвастанд. Ғарази расидан ба ҳадафҳои муштарак бо ҳамкории кўшишҳои ҳамдигар ба кор ва фаъолият пардохтанд то ҳангоме, ки мудирият василаи муҳим ба ин аҳдоф маҳсуб шуд.
Мудирият ба ҳайси як риштаи илми дорои таърихи кўтоҳ буда ва аз ибтидои қарни 20 ба тадриҷ ба унвони як ришта дар ниҳодҳои таҳсил шомил гардидааст. Тағийроти мусбат дар арсаи мудирият дар давраи императорҳои Юнон ва Рум падид омаданд ва барои интизом ва пешбурди умури тиҷоратӣ, сиёсӣ ва низомии хеш созмонҳое эҳё намуда буданд. Чунончи дар навиштаҳои филосфҳои Юнон аз ҷумла Афлотун, Арасту матолиби дар бораи мудирият метавон ёфт. Онҳо усули мантиқ, иқтисод, ҳукумат ва илмро поягузорӣ карданд.
Истилоҳи роҳбар ва роҳбарӣ дар фарҳанг ва забонҳои мухталиф ба таври ҷудогона ба кор бурда мешавад. Дар забони англисӣ лидершип ва лидер, дар забони форси-дарии тоҷикӣ роҳбар ва роҳбарӣ, мудир ва мудирият, раёсат ва раис мегуянд.
Мудирият ва роҳбари ду истилоҳеанд, ки бо ҳам иртиботи наздик доранд, маъмуланд. Мудирият ба мафҳуми танзими идора ва роҳбарии ба мафҳуми танзими афрод ба кор меравад. Роҳбарӣ метавонад хориҷ аз силсилаи маротиб ташкили идора низ мулоҳиза шавад, аммо мудирият дар идора матраҳ мегардад, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунад.
Танзими идора монанди аснод ва суроғаҳо, омор ва рақамҳо, манбаъҳо, плангузорӣ, муқаррар кардани афрод, таваҷҷўҳ болои идора ва ҳали мушкилот, назорат намудан ба ироаи гузориш, тавсия ва инкишофи умур матраҳ аст, аз ҷониби дигар дар идора аксари мудирон нақши роҳбариро иҷро менамонд, яъне вазифаҳои роҳбарии супоридашуда ба онон, бахши аз вазифаҳои умдаи мудирияти онҳо аст. Мудирият ба мафҳуми он роҳбариро ҳам дар бар мегирад, аммо ба мафҳуми хос, роҳбариро дар бар намегирад, мудирият ва роҳбари ду рўи якакса ҳастанд.
Мудирият иборат аст аз:
-истифодаи муносиб аз манобеъ ва имконоти мавҷуд ба манзури ноил ба ҳадаф ё ҳадафҳои муайян;
-мудирият иборат аз анҷоми кор ҳамроҳ бо дигарон ва аз тариқи онон ба манзури расидан ба мақсадҳои созмон ва аъзои он.
Мудир дар мафҳуми дигар иборат аз эъҷоди тавозун байни манобеъ ва фаъолиятҳои мухталиф дар ҳол ва оянда дар як муассиса, бад ин гуна ки ин тавозун байни неъруҳои инсони лозим ва дар бахшҳои мухталифи кори ба манобии моддӣ ва дигар имконот, ки як муассиса, барои рафъи ниёзҳои худ густариш тавлид ва тавзеҳ ва масраф бар онон ниёз дорад ба амал меояд.
Бахше аз донишҳои мудириятро бояд аз тариқи омўзиш фаро гирифт ва бахши дигарро зимни кор бояд омухт ва дар воқеъ бахшеро, ки бо омўзиш фаро гирифта мешавад, илми мудирият ва бахшеро, ки сабаби ба кор бастан андухтаҳо дар шароити гуногун ҳосил мешавад, ҳунари (санъати) мудирият меноманд. Сухани илм донистан аст ва ҳунар тавонистан.
Яке аз сифатҳои хуби як мудир иборат аст аз таҷриба, азхудгузарӣ ва тавоноии кам кардани бахшидани хатар мебошад ва вазифаҳои зеринро ҷиҳати роҳбари беҳтар ба ўҳда дорад:
- Банақшагирӣ:
Банақшагирӣ бар асоси пешбинӣ ва дурнигарӣ дар бораи ин, ки барои расидан ба ҳадафи муайян чи кор, чи гуна ва дар таи чи муддат ва ба василаи чи афроде бояд анҷом шавад, устувор аст. Дар ин бахш дар бораи таини ҳадаф, табдили ҳадаф ба сурати нақшаи иҷроявӣ ва равиши банақшагири диққат ва таваҷҷуҳи лозим суръат гирад, зеро идора бо доштани нақша метавонад ба ҳадафи таиншуда ноил ояд ва банақшагирии сабаби якҷоя ва ҷамъбандии фаъолиятҳо дар соҳоти мухталифи муассиса мегардад ва рўз то рўз ба ҳайси зарурат шинохта шудааст.
Банақшагири иборат аст аз тафаккур дар куллиёт ва ҷузъиёти нақша ва ё ба ибораи дигар таъин ва таъин намудани роҳҳои мухталиф ва равишҳое, ки моро ба беҳтарин натиҷаи матлуб бирасонад. Ба таври кулли банақшагирӣ амалиёти муассиро пешбини карда, бар ҳадафҳои муассиса таваҷҷуҳ ва амали назоратро содда мекунад. Банақшагирӣ бо ташхисс ва таъини ҳадафҳои муассиса оғоз мешавад. Вақте маълум шуд, ки чи бояд кард ва ҳадаф чист, қадами баъди таҳия кардани манбаъҳо ва имконот аст. Он гоҳ, фаъолиятҳо ва иқдомоти лозим барои тадбиқи ҳадафҳо мушахас мешаванд.
Мароҳили умдаи банақшагирӣ қарори зер аст:
Шиносои тақозоҳои мавҷуд (фурсатҳо ва маҳдудиятҳо).
Таъини ҳадафҳои кўтоҳмўддат.
Касби иттилооти комил дар бораи фаъолиятҳои зарурӣ.
Табақабандӣ, таҳлил ва иттилоот.
Пешкаш намудани фарзияҳо бар усусли пешбини вазъияти оянда.
Пайдо кардани ивазҳо.
Имтиҳон кардани ивазҳои мухталиф.
Танзими ҳамоҳанги фаъолият ва ҷадвалҳои замонбандӣ.
Банақшагирӣ, ки ҳамроҳ ба асосоти мудирият мебошад фоидаҳои зерро дар бар дорад:
1. Банақшагириҳое, ки бар мабнои тафаккури амиқ ва мудирияти саҳеҳ суръат гирифта бошад, масъалаҳои марбут ба нақшаро ба ҳадаф мерасонад.
2. Баақшагирие, ки ба асоси мудирият суръат гирифта бошад, дар фаъолиятҳои идорот ва муасиссоти мухталиф ҳамоҳангии ва ваҳдати назар ба вуҷуд меояд.
3. Банақшагириҳое, ки дар он мудирият ҳукумфармо бошад, ҳатман дар он назорати системавӣ ба суръати комил амали мегардад.
- Ҷамъоварии иттилоот:
Идора иборат аз тарақаи ҳамоҳангшуда бояд дар ташкили муназам барои анҷоми вазифаҳои муайян аст.
Иттилоот ба унвони як манбаи стратегӣ барои ҳар мудир зарури буда ва дастёбии ба иттилооти даққиқ ва ба ҳангом ҷиҳати анҷоми фаъолиятҳои муассир барои ҳар идора зарурист. Ҳар қадар соҳаи ҳуҷуми иттилоот васеътар бошад ба ҳамон андоза дар тасмимгириҳо иштибоҳ камтар суръат мегирад. Бояд мушахасс шавад, ки иттиооти мавриди ниёзи низом аз куҷо ва дар чи замоне ва чи гуна ҷамъовари мешавад. Пас аз ҷамъоварии иттилоот назорати он суръат гирад.
Мудир маъмулан иттилооти лозимро ҷамъоварӣ ва таҳлил мекунад ва сипас тасмим мегирад. Гоҳе мудирон ба ҳодисае маҷбур мешаванд, ки бидуни дастраси ба иттилооти лозим ва бидуни доштани вақти кофи ҷиҳати фикр кардан дар бораи ин масъала, тасмими фаврӣ бигирад. Дар чунин ҳолат мудир бояд аз иттилооти қаблии худ истифода кунад.
Як дастурамали хуб барои гирифтани тасмим аз 90 фисад иттилоот ва 10 фисад илҳом ва биниш ташкил мешавад.
Ба назари донишманди мавсум ба Астиз, ҷараёни иттилоот ҳаммонанди ҷараёни хун барои ҳаёт ва саломати ҳар воҳиди лозим аст.
3). Тасмимгирӣ- иборат аз як интихоб, ки ба сабаби он шахс дар бораи як мавқеият ба натиҷа ноил мешавад. Тасмим, маърифат як рафтор ё амал дар бораи «чи бояд кард» ё «чи набояд кард» аст.
Тасмимгирӣ, як раванд ва тасмим натиҷаи он аст. Тасмимгирӣ раванди ташхис ва интихоби тарзуламали хос аз миёни пешниҳодҳои мухталиф, барои ноил ба як ҳадафи вижа ё ҳалли як масъалаи хос аст. Ба маънои интихоби дақиқ аст.
Кори аслии тасмимгиранда пайдо намудани роҳҳои мумкин ва натоиҷи ҳосилшуда аз онҳо интихоби дақиқ аз миёни онҳост, мудирон тавоноии интихобро ба шеваи матлуб дошта бошанд, тасмимҳои вай муассир ва созанда хоҳад буд. Барои ин ки тасмимҳои итихосшуда дар раванди фаъолиятҳои идора муассир воқеъ гардад бояд мавзуҳои зерин мадди назар гирифта шавад:
1. Азхудгузарӣ: тасмимҳо бояд ба навъе гирифта шаванд, ки аз азхудгузарӣ лозим бархурдор бошад.
2. Қобилияти дарк: тасмимҳо қобили фаҳм бошад.
3.Эъҷоди ҳамоҳангӣ: тасмимҳое, ки ба асоси силсиламаротиб итихосс мегардад ҳамоҳангӣ дошта бошад. Маъмулан иттилооти тасмимгири барои ҳар фард танҳо баъд аз талоши огоҳона ҷиҳати касби он қобили дастрас ҳаст. Як шахс чи гуна мутаваҷҷеҳ мешавад, ки чи навъ, чи миқдор ва чи замоне пешкашудаҳо мавриди ниёз аст, ва ё ин ки мавриди истифода воқеъ хоҳад шуд?
Доншманде мавсум ба (Бирот Фурт ва Ҷонсун) чор қадами аслиро ба унвони асоси тасмимҳои мудирияти мушахасс карда ва тақдим кардаанд:
1. Мушоҳидаи масъала ва фикр кардан дар бораи роҳи ҳали он 2. Таҷзия ва таҳлил мушоҳидаи бештар.
3. Тасмимгирӣ.
4. Иҷрои пазириши масъулият
Мудирият ба унвони як илм, барои тасмимгирии рўи иттилоот ва назарияҳо такья менамоянд, ки ин назарияҳо қаблан ба исбот расида ва ба суръати як назария, модел ё равиш даромадаанд.
Яке аз муҳимтари ҳадафҳои ҷамъоварии иттилоот, ташхис ва таъини замоне ҳаст, ки додани тағъйир зарур ҳаст. Мудири хуб ҳамеша худро бо охирин иттилоот муҷаҳҳаз мекунад.
Мудирон бояд дорои таҷрибаи кофӣ барои тасмимгирӣ бошанд ва равишҳои илмӣ низ истифода кунад. Бояд дар вақти тасмимгирӣ диққат намояд. Зеро аксари вақтҳо тасмимҳо дар атрофи масъала мутаҳид мешаванд, ки бо адами итминон ва хатар ҳамроҳ аст, тасмимгирӣ ҷузъи аслӣ ва рукни асосии вазифаи мудириятро ташкил медиҳад. Биноан огоҳӣ аз шиваҳои тасмимгирӣ, гирифтани тасмимҳои дуруст барои мудирон ҷиҳати анҷоми вазифаҳо муассир лозим ва зарурӣ мебошад, зеро иртибот мегиранд, чунин тасмимҳо бо рушд ва набуди рушди муассиса иҷро мегардад. Шиваҳои роҳбарии як мудир, асосан иртибот мегирад ба нигариши вай нисбат ба коргарон, интихоб ва корбурди дурусти шиваҳои роҳбарӣ, ки ба ҳадафҳои идора иҷора мешавад. Зеро шиваи роҳбарии номуносиби мудир, аҳдофи идораро дучори хатар сохта ва боиси эҳсоси ранҷиш, бемайлӣ ва норизоиятии коргарон мегардад. Барои мудирон лозим аст, ки ҳангоми тасмимгирӣ бо масъулини бахшҳои идораи худ машварат намуда, дар ин шеваи роҳбарӣ аз истеъдод ва тавоноии зердатон ба хотири иштирокан дар умури тасмимгирӣ кор гирифта шавад. Ин худ боиси ташвиқи онон дар анҷоми умури ҳаволашуда гардида ва дар ин шеваи роҳбарӣ зердастон метавонанд ба шакли озод ва ба суръати давомдод аз истеъдодҳои хеш истифода намуда, то ҳадди бузург истеъдоди хешро дар иҷрои фаъолиятҳояшон намоиш диҳанд, ва натиҷаҳои самарабахшро бор меоварад ва равобити хуби инсонӣ дар идора барқарор мегардад. Ҳангоме, ки мудир рўи масъалаҳои умда ва стратегӣ тасмим мегирад бештар ба шеваи самарабахши роҳбарӣ буда бошад. Чунончи дар вақтҳои омадабош агар мудир аз руҳияи сахт кор гирад мумкин ба муқовимати кормандони хеш рў ба рў гардад ва эҳтимол дорад, ки рўи хубии мудир истифодаи носолим шавад.
Шеваҳое, ки мудирон бо таваҷуҳ ба вижагиҳои афрод, барои эҷоди ангезиш амал мекунад мухталиф аст. Агар бештар ба додани подоши моддӣ ва маънавӣ таъқид шавад, роҳбарӣ мусбат аст.
Таълим ва тарбияи беҳтар, додани истиқлолияти бештар ва соири амалҳое, ки сабаби ризояти кормандон мешавад ба роҳбарии мусбат вобастагӣ дорад. Модели демократӣ ва шеваи мусбат таъқид меварзад, ки истифода аз иттилоот, системаи назорат дар муассиса дар бораи стратегия, сохтор, навовариҳо низ муҳим мебошад. Ҷараёни тасмимгирӣ ва иҷрои тасмим шомили фаъолиятҳое аст, ки бояд таи чор марҳилаи зайл суръат гирад:
1. Таъриф ва ташхиси мушкил
2. Ҷустуҷўи роҳҳои ҳали мушкил
3. Арзёбӣ ва интихоби беҳтарини роҳи ҳал
4. Иҷрои тасмим
Барои ҳар тасмим се ҳолат вуҷуд дорад:
1. Итминон: иборат аст, аз доштани иттилоот дар мавриди хусусияти тасмим аст:
2. Риск ё хатар: доштани иттилооти маҳдуд дар мавриди тамим аст.
3. Набуди итминон: Ҳолате ҳаст, ки дар мавриди натоиҷ ва авоқиби як тасмим кучактарин иттилоот надорем.
Тасмим гирифтан дар воқеъ василаи муҳиме барои иҷрои барнома мебошад.
Тасмимҳо роҳи расидан ба ҳадафҳоро баён медоранд.
Мудир бояд рушанфикр бошад ва аз байни ҳолатҳо мумкин битавонад якеро интихоб кунад. Фақат бояд ба қадре сабр кунад, то иттилооти кофӣ ҷамъоварӣ шавад ва баъд аз он ҳақиқатҳоро ба дурўсти баррасӣ ва беҳтарин тасмими мумкинро иҷро намояд. Ва авоми таъинкунандаи тасмим иборат аз системаи ҳадафҳо, системаи маълумот ва системаи иҷтимоӣ мебошад. Чунончи дарк намуданд, возеҳ сохтани мушкилотҳо, ҷустуҷуи имконот ва амали сохтани имконоти вазифаи муҳими мудирони як муассиса мебошад.
Масъалаҳое, ки дар ҳадафҳои идора муасир аст, имкони расидан ба онҳост қабл аз таъини ҳадаф, имконоти таъмини он ба диққат баррасӣ ва мутолиа шавад. Ҳадафи идора, воқеъатбинӣ пешбинӣ гардад.
Расидан ба ҳадаф ё авомили мухталиф монанди имконоти сармоягузорӣ пешрафти технологӣ, тахассуси касбӣ ва тавоноии мененҷмент иртибот дорад. Баъд ин ҷиҳат лозим аст, ки қабл аз таъини ҳадаф барасиҳои лозим ба манзури имконот иҷрои он сурат гирад.
Ҷиҳати расидан ба матлаб, ҳуқуқ ва имтиёзот ҳам роҳҳои анҷоми корҳоро аз тариқи таҳияи лоиҳа ва муқаррарот лозим, ки дар он банақшагирӣ ба суръати возеҳ тавзеҳ шуда бошад, низ шомил бошад, албатта ҷиҳати расидан ба ин маром дар идора контол ва назорат бар кори марбута низ зарурӣ мебошад.
3. Контрол:
Контрол, яке аз вазифаҳои муҳими мудирон ба шумор меравад. Контрол, талоши муназзам аст, ки дар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стандарт, тароҳии системаи бози хурди иттилоот, муқоисаи ҷуъзиёти воқеӣ бо стандартҳои аз пеш таъиншуда ва саранҷом таъини гумроҳшавии эҳтимолӣ ва санҷиши арзиши онҳо бар раванди иҷрое, ки дарбаргирандаи ҳадди аксари короӣ аст.
Контрол ба ҳайси як омили иршодӣ (омили раоҳнамоӣ) фавқулода муҳим буда ва монанди банақшагирӣ аз оғози фаъолияти як кор то охири он мадди назар бошад. Контролро метавон таи чор марҳила анҷом дод:
1. Таъини меъёр (стандарт) ё таваҷҷўҳ барои контрол.
2. Санҷиши амалкард дар баробари меъёрҳо (стандартҳо).
3. Ташхиси гумроҳӣ ва таҳлили камбудиҳои онҳо.
4. Иқдомоти аслӣ.
Бо қабули назари Назираҳмади Шаҳидӣ устоди факултаи иқтисоди донишгоҳи
Кобул, контрол замоне муассир аст, ки ба мавқеъ анҷом ёбад.
Мудирият ба унвони як илм, ниёз ба пешрафти улум ва технологӣ дорад,
чунончи дар муассисоти иқтисодӣ ва созмонҳои идорӣ ҷамъоварӣ ва тақсим кардани иттилоот ва истифода аз онҳо ба манзури барномарезӣ маводи аввалия ва фуруши колои сохташуда, аз тариқи компютер сурат мегирад ва бидуни ошноӣ истифода аз технологӣ идораи он имкон надорад.
Баъзе аз донишмандон муваффақияти роҳбар ё роҳбарии як муассисаро ба мавзуоти зайл иртибот медиҳад.
Халоқият (навоварӣ): иборат аз коргирии тавоноиҳои зеҳнӣ барои эъҷоди як фикр ё мафҳуми ҷадид мебошад.
Ташкилот, сохтори кадрӣ, вазифаҳо ва масъулиятҳо барои иҷрои умури марбута салоҳиятҳои лозим таъин ва исбот шуда бошад.
Мудирон дар муҳити таҳавулкунанда кор мекунанд ва пешрафт ва таъғйир пеш меояд ва мудири хуб ҳамеша ба эъҷоди таъғйир ва таҳавул мебошад. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳо ҷамъоварии иттилоот, ташхиси масоил ва таъини замонӣ аст, эъҷоди таъғйир зарурист.
Мудирон бояд аз лоиҳаи вазифаҳо истифода намояд, ки мавзуоти зайлро баён мекунад:
-Ҳадафҳои фаъолият ва нақшаи як идора.
- Салоҳияти як корманд монанди ҳаққи ў барои гирифтани тасмим.
-масъулияти як корманд ва андозаи он мувафақиятҳоеро, ки бояд ба даст оварад.
Ҳадафҳои як лоиҳаи вазифаҳо иборат аз таъини даққиқи нуқтаҳои зайл аст:
-як корманд чи кор бояд анҷом диҳад.
-кори корманд ба кадом камият ва кайфият анҷом ёбад.
-корашон тавассути ки назорат мегардад ва худи онҳо коркардагиро бояд назорат намоянд.
Роҳбарии як муассиса аз як тараф бо тарҳ ва таъини муқаррарот ва қоидаҳо сарукор дошта ва аз ҷониби дигар татбиқи онро ба уҳда дорад. Анҷомёбии ҳадафҳои як муассиса ба асоси банақшагирии маъқул, ҷамъоварии иттилоот, тасмимгирӣ ва назорат устувор мебошад.
Роҳбарии як муассиса шомили тарҳи нақшаҳо ва лоиҳаҳо ва ҳамчунон тасмимҳои лозим монанди иртиботи матлуб бо кормандон ва анҷоми фаъолиятҳои башарӣ тибқи нақшаи тарҳашуда ҳамроҳи василаҳои дастдошта аз қабили қувваҳои башарӣ, қудрат ва тавоноии молӣ ва таҷҳизот ва ғайра ғарази расидан ба ҳадафи аслӣ мебошад.
Яке вазифаҳои муҳими мудирон тасмим гирифтан аст, ки бояд тасмимҳои дуруст дар вақти лозим гирифта шавад. Вақте, ки вазифаҳо тақсим мегардад, ашхосе ки ба онҳо кор супорида мешавад бояд мутобиқ ба масъулият ба эшон салоҳият дода шавад то ҳар вақт бо истифода аз он тасмимҳои лозимро ба даст оранд. Ин ивази салоҳият аз ҷониби идора суръат мегирад.
Ончи мудирро кўмак менамояд то вазифаҳои хешро мувафақона анҷом диҳад ва ба дидгоҳ ва дурнамои худ ноил гардад истифода аз усули мудирият, доштани виҷдони корӣ, садоқат ва парҳезгорӣ, эҳтиром, руҳияи кори муштарак, ҳисобдиҳӣ, фаҳмидан ва фаҳмонидан, иртиботот, эъҷоди муқарарот, тақдир аз навоварӣ кормандон мебошад.
Нақши мудир дар парвариши халоқият, ба ҳаракат овардан ва ташвиқи кормандон, додани ихтиёр ба кормандон, пайдо кардани зеҳнҳои лоиқ ва истифода аз халоиқияти дигарон аст. Барои масъулини муассисот лозим аст, то барои мувафақияти пояҳои роҳбарӣ, худро ба усули роҳбарият устувор намояд. Маҳоратҳои хешро дар тарҳи нақша ва созмондиҳи ва назорат ба унвони аввалин қадами пирўзӣ дар пешбурди муассиса ба сўи ҳадафҳои таъиншуда лозим бидорад.
Чунончи фаъолиятҳои муҳиму асосие, ки фоидамандии корро баланд мебарад иборатанд аз, нақша, роҳнамоӣ, ташкилот, гузориш додан ва гузориш гирифтан, таҳияи буҷа ва контрол мебошад.
Ба кор бурдани вазифаҳои додашудаи идорӣ тақозо менамояд то аввалан ашхосе, ки соҳиби маҳорат ва лаёқат дар кори умури идорӣ бошанд дар шинохти кормандон ва шоистагӣ хос дошта бошанд ва аз қонунҳо ва мўқарарот, лоиҳаҳо, вазифаҳо ва масъулияти марбутаи идора иттилои комил дошта бошад, муқарар намояд.
Барои ин, ки як идораи мувафақ дошта бошем ба вазифаҳои зайл таваҷуҳ гардад:
1. Ҷиҳати пешбурди умур, пайравӣ ва қабули тамоми усулҳо, қонунҳо ва муқарароти эҷодшуда лозимӣ мебошад.
2. Дар насб кардан, интихоб, табдили подош барои кормандон усули муҳими идорӣ, асли баробарӣ, асли тахассус, асли фоидамандӣ ва самардиҳӣ аст ва аз набудани робитаҳои инсонӣ ва силсилаи равобити идорӣ мебошад, қабул шавад.
3. Мутасадии умур аз амалҳои ношоиста ва номуназзам будан ва мутобиқ ба ҳадафҳои муассиса амал намояд.
4. Идорачӣ кормандони худро хуб шиносоӣ намуда, корро ба аҳли он супурда ва аз назди эшон истеҳсоли вазифа намояд.
5. Мудир бояд бо рафтор ва вижагиҳои инсонии афроди зери дасти худ ошноӣ дошта бошад.
6. Кор ва фаъолияти муфид ва муассиро, ки идора анҷом дода ба дигарон ҳувайдо бошад.
7. Дар муассиса ҳамоҳангӣ, робитаҳои нек, системаи хуби назорат ва роҳбарӣ мавҷуд буда ва аз усули мудирият пайравӣ гардад.
Яке аз вазифаҳои асосии мудир, ки бо дигар вазифаҳо дар иртибот аст назорат мебошад. Биноан мудир дар замони кор дар мудирияти худ назорат дошта бошад ва худ назорат аз чи гунагӣ коркард ва амалҳои афрод ва кор тафтиш менамояд то тамоми коркунон фаъолиятҳояшонро ба таври дуруст анҷом диҳанд. Биноан бояд назорат аз тарафи мудир сурат бигирад, то ба сурати дуруст ва расидан ба ҳадафҳо контрол ва назорат сурат гирад.
Барасии андозаи мувафақият ва фоидаманд будани ҳар мудир ба асоси дидгоҳ ва меъёрҳои созмон сурат мегирад. Ҳар мудире бояд халоқият дошта бошад, халоқият яъне ба коргирии тавоноиҳои зеҳнӣ барои эъҷоди як фикр ё мафҳуми ҷадид, ки идомаи ҳаёти муассиса ба бозсозии онҳо бастагӣ дорад, бозсозии созмонҳо аз тариқи ҳамоҳанг кардани ҳадафҳо ё вазъяти рўз ва ислоҳ ва беҳбуди равишҳо ҳосили ин ҳадафҳо анҷом мешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё