МЕВАПАРВАРӢ ЯКЕ АЗ САРЧАШМАҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Тоҷикистон таърихи бою бисёрсолаи боғдориро соҳиб мебошад ва аз қадимулайём боғоту ангурзори мамлакат қисми ҷудонашавандаи маводи истеъмолии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар давоми таърихи тулонии ҳаёту фаъолияти аҳолии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусиятҳои хоси дарахтони мевадиҳандаро омўхта, аз байни онҳо намудҳои махсусро интихоб ва ҷойдори намуда, навъҳои беҳамто офаридааст, ҳосили парваришёфтаро барои истеъмол чун маводи хўрока ва махсулоти парҳезию табобати пешниход кардааст.
Зардолу яке аз меваҳои васеъпаҳнгардида ва ҳосили баланду устувордиҳанда буда, он дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар давоми ҳазорсолаҳо парвариш меёбад.
Дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ меваи зардолу маводи махсусан зарури истеъмолии аҳоли ба ҳисоб меравад. Навъҳои гуногуни ин дарахти нодири мевадиҳанда дар давоми давраҳои тулони, ки аз заҳмати зиёди аҳолии маҳаллии ин ё он минтақа ба даст омадааст, бо мурури замон ба минтақаҳои дигари Осиёи Марказӣ ва берун аз он васеъ паҳн гашта, майдонҳои зиёдро ташкил менамоянд. Меваи ин дарахт, дар хакикат, баҳои арзандаи худро дар мамлакатҳои гуногуни дунё дарёфт кардааст.
Аз байни навъҳои офаридашудаи аҷдоди дарахти зардолу, ки дар манотиқи гуногуни Осиёи Маркази паҳн гардидаанд, ба монанди: «Мирсанҷали», «Қандақ», «Бобоӣ», «Хурмоӣ», «Субҳонӣ», «Исфарак», «Фалгарӣ», «Ғулингӣ» ва дигарон, истеҳсоли меваи он мавқеъи махсус доранд.
Меваи навъҳои номбурда дар минтақаҳои ҷойгиршавии онҳо барои таъмини талаботи рўзгори мардум бо моддаҳои ғизои ва витаминхою микроэлементҳо нақши арзандаро мебозад.
Ҳудуди парвариши зардолуи дастпарвар аз 50 арзи шимолӣ то 35 арзи ҷануби ва қисман он то 61 арзи шимолӣ (Норвегия) паҳн гаштааст. Зардолу хамчун зироати дастпавар дар минтақаҳои муътадили гарм ва қисман тафсони нимкураи шимоли ва минтақаҳои гарму муътадили нимкураи ҷануби маъмул аст. Майдони боғҳои зардолу дар минтақаҳои гуногуни чахон такрибан 350 ҳазор гектарро ташкил мекунад.
Тоҷикистон яке аз қадимтарин минтақаи парвариши зардолу ба ҳисоб меравад. Мутобиқати хуби дарахти зардолу ба шароити махал, ҳосилдихии харсолаи он ба хама маълум аст. Меваи он аз қадимулайём аз тарафи аҳоли хамчун маводи ғизоии хуштаъму болаззат истифода карда мешуд, инчунин кисми махсулоти коркарди он ба минтақаҳои бурунмарзи содирот мегашт.
Ҳоло зардолу яке аз намуди афзалиятноки мевагии Тоҷикистон ба шумор меравад. Майдони зардолузорҳо дар Тоҷикистон тахминан баробар ба 50% майдонҳои умумии боғҳои зардолугии собиқ Давлати Шўравӣ ё 10-12 % майдонҳои ҷаҳонии онро ташкил медиҳад. Майдони умумии феълии боғҳои зардолу дар ҷумҳурӣ 39 ҳазор гектар мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вактҳои охир барои рушди соҳаи боғдори ва токпарвари ахмияти махсус дода, барномаи давлати оиди барқарор кардани боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои навро барои солҳои 2007-2010, инчунин бунёди боғу токзорҳои нав дар солҳои 2010-2014, (то 46900 га) қабул намудааст; аз ин ҳисоб 16700 га бояд боғҳои зардолу ташкил диҳад.
«Зардолуи тоқик» ба ақидаи А.Пулодов – ин доди тайёри табиат танҳо барои истеъмол нест. Мушоҳидаҳо дар тўлии ҳазорсолаҳо оид ба зардолу ба одамон имкон доданд, ки хусусиятҳои хоси парвариши онро омузанд, талаботашро ба ҳисоб гиранд.
Одамон дониши худро бой карда, эҳтиёҷи тағйирдиҳии табиати зардолуро ба манфиати зарурии худ равона карданд. Бо усули интихоб аз руи аломатҳои гуногун дарахтон ҷудо карда мешаванд: яке аз руи ҳосилнокӣ, дигаре аз рўи пешпазии мева, сеюм аз руи зебогии калонии мева, чорум аз рўи устуворӣ, ба шамолҳое, ки дар ин минтақа ҷой дорад ва ғ.
Аз меваҳои хуб донакҳоро ҷудо карда гирифта дар марзаҳо ва атрофи қитъаҳои замини худ мекориданд. Дар натиҷа як қатор навъҳои ба маҳал мутобиқ ва бо сифати баланди мева пайдо шудаанд. Ба мурури замон намунаҳои хубро бо усули пайванд афзоиш доданд. Ҳамин тавр, бо роҳи селексияи халки чунин навъҳои маъмул пайдо шуданд. Аз ҷумла: «Хурмоӣ», «Субҳонӣ», «Мирсанҷалӣ», «Бобоӣ», «Қандак», «Хучандӣ», «Моҳтобӣ», «Сафедак», «Наботак», «Фалгарӣ», «Исқодарӣ», «Кошифӣ» ва дигарҳо.
Дар Бохтар ва Суғди қадим зардолу ҳамчун рамзи тоҷиконро мебозид. Шарбати таъмаш нотакрору шифобахш аз боғҳои мевадиҳандаи Тоҷикистон имрўз берун аз марзи он машҳур аст. Минтақаҳои қадимаи парвариши зардолу, бе шубҳа Осиёи Марказӣ (Тян-Шани ғарбӣ), ба ҳисоб меравад.
Тавассути ҷустуҷуиҳои археологӣ дар водиҳои Зарафшону Фаргона донакҳои зардолу ёфт шудаанд, ки ба 5-6 ҳазорсолаи то давраи мо тааллуқ доранд.
Муҳимтарин минтақаҳои қадимаи парвариши зардолу водиҳои Фаргонаю Зарафшон мебошанд. 65% майдони умумии зардолузорҳои Осиёи Марказӣ дар водиҳои Фарғонаю Зарафшони вилояти Суғд ҷойгир шудаанд. Хусусиятҳои биологии зардолу гуногун мебошанд. Навъҳои зардолуи дар ҳудуди Тоҷикистон паҳнгашта ба намуди «Armeniaca Vulgarislam» тааллуқ дошта ба гуруҳи Осиёи Марказӣ дохил мешаванд.
Дар баъзе мавридҳо миқдори ниҳоят ками дарахтон аз намуди A.dasycarpa во мехурад. Зардолуи маҳалли навъу шаклу намунаҳои хеле зиёд дошта аз руи давраҳои пухта расидани мева шакл, андоза, ранг, таъм, сифатҳои технологи, таркиби химиявӣ ба баъзе хусусиятҳои биохимиашон тафовут доранд [2,3,4,6,8]. Хусусияти фарқкунандаи биологии навъҳои махали аз навъҳои аврупои - ин гули худгардолуднашавандаи онҳо мебошад [5,6]. Синну соли кисми зиёди навъу шаклҳои дарахтони зардолуи махалли, ки бепайванданд (хасаки), аз 75-80 сол зиёд буда назар ба навъҳои аврупои хело дарозумранд.
Дар дехаҳои Ворух, Чоркуҳ ва гирду атрофи нохияи Исфара: деҳаҳои Рарз, Фатмев, Зосун, Варзи- Манори нохияи Айнии вилояти Суғд дарахтони 200-250 солаи навъҳои «Хурмоӣ», «Бобоӣ», «Искодарӣ», «Фалгарӣ», «Мирсанҷалӣ» ва ғайра мавҷуданд, ки то имруз ҳосили хело зиёд медиханд ва сифати меваашон ниҳоят баланд аст.
Зардолу – дарахти нисбатан рушноидуст, ба ҳарорати пасти то 27 ва хунукии кутохмудати то -30-32o тоб оварда, осеб намебинад.
Зардолу дарахти зудамал ва тезбароваранда мебошад. Аксарияти навъхо аз 3-4 солаги ба ҳосилбандӣ сар карда дар 5-6 солагиашон ба ҳосилбании пурра медароянд. Ҳосилбандии мунтазами зардолу аз шароити иклими махал ва сатхи гузаронидани корҳои агротехники дар боғ вобаста аст.
Дар шароити Тоҷикистон навъҳое, ки моҳи май, дар давраи норасогии мева пухта мерасонд, мухлати истеъмоли меваи навро 10-20 рўз пештар таъмин мекунанд. Бо вучуди ин, навъҳои миёнараси самти истифодабарии меваашон гуногун (тару тоза истеъмолкуни, коркарди саноати, хушккуни) нисбатан арзишнок ба ҳисоб мераванд.
Дар Тоҷикистон меваи зардолу аз қадимулайём яке аз махсулотҳои зарурии ғизои ба ҳисоб меравад. Чунки истеъмоли он гуруснагиро тез таскин бахшида, баданро бо витаминхо ва микроэлементҳои зарури таъмин мекунад ва ба шифоёбии баъзе касалиҳо дармон мебахшад.
Боигарии таркиби кимиёвии меваи зардолу аз шароити хоку иқлими парвариши он вобаста мебошад. Меваи тару тозааш дорои 7,8-32,8% моддаҳои хушк, 4,7-20 % кандхо, 1,12- 1,35% моддаҳои нитрогени, 0,38-6,8% ҷавҳар (туруши лиму ва қисман турушии себ), 4,0-7,1% пектин, 0,62-0,72% намакҳои калий, магний ва ангидроиди фосфор , 3,1-17,5 мг дар 100 г. Витамин 5,15 мг. Дар 100 гр.каротин (витамин А) ва 0,05 мг. дар100 г.витамини В мебошад. Дар таркиби меваи хушкаш 51,6-72,6% кандхо мавҷуданд. Дар меваи тару хушкаш микдори зиёди макро- ва микроэлементхо мавҷуд аст [4,5,6].
Таркиби биокимиёвии байни ин меваро ба ҳисоб гирифта, онро ба гуруҳи ғизоҳои парҳези дохил намудаанд.
Олимон исбот кардаанд, ки моддаҳои фаъоли биологии дар меваи зардолу мавҷудбуда, кобилияти аз бадани одам рафъкунонандаи моддаҳои заҳрнок ва радиоактивии зараррасон, инчунин дагалҳои нолозимро доранд.
Меваи зардолуро ҳамчун воситаи беҳтаркунандаи хазми хўрок, мунаффас сабуккунандаи сулфа, табшикан ва пешоброн истифода мебаранд. Истеъмоли он махсусан барои кўдакон зарур ба кадкаши ва солимгардонии бадан, кувватбахш аст. Меваи зардолу барои табобати касалиҳои меъдаю руда ва мубодилаи моддахо дар бадан тавсия карда мешавад. Истеъмоли зардолу туршии шираи меъдаро ба танзим меорад, аз ин ру сабаби беҳтаргардии фаъолияти ҷигар ва талха мегардад. Инчунин задолуро ҳангоми шамолхурӣ истифода мебаранд. Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар меваи зардолу, хусусияти шифоии онро барои камхунӣ баррасӣ карда, барои зиёдшавии гемоглобини хун ва дарди дил ахмияти калон дорад.
Меваи пурра расидаи зардолу дорои миқдори зиёди бета-каротин провитамини «А» мебошад. Муайян карда шудааст, ки бо туфайли миқдори зиёди каротин доштан меваи зардолу организмро аз саратони шуш, меъда, масана, сурхрўда ва касалии гулў ҳимоя мекунад. Барои таъмини организм бо каротин дар давоми як шабонаруз истеъмоли аз 3/4 хиссаи стакан шарбати зардолу, ё 6-8 дона меваи тару тоза ё ин ки 8-10 меваи хушки он кифоя аст.
Мавҷудияти намакҳои хаётан муҳими кали таркиби меваи зардолу хангоми истеъмоли мунтазами он, имконият ба вуҷуд меорад, ки аз организм бо воситаи пешоб моддаҳои зараровар рафъ гашта, пайдошавии касалиҳои хун ва дилу рагхо пешгири гардад.
Мавҷудияти микдори зиёди фосфор ва магний дар меваи зардолу ба зиёдшавии фаъолияти фикри ва бехтаргардии хотира мусоидат мекунанд. Магний дар мева хосияти ғизоии зардолуро афзуда, боиси он гаштааст, ки онро ба ҷойи нон истифода баранд, организми худро бо сафеда таъмин намоянд. Ин ба солимии бугумхо ва рагҳои хунгузар мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, аз сабаби зиёд будани кандхо дар таркиби меваи зардолу истеъмоли онро ба шахсони гирифтори касалии диабети қанд тавсия намекунанд.
Ривояте ҳаст, ки дар куҳҳои Ҳиндустону Тибет қабилае бо номи Хиндзу зиндаги кардаасту мардумаш 100-130 сол умр медидааст ва бо зебогӣ, солимӣ ва чолокӣ машҳур буданд.
Тадқиқотҳои олимон нишон додаст, ки 90% таркиби хўрокашон зардолу буда аст.
Дар баробари меваи тару тоза ва хушкаш, донаи он низ аҳамияти калони ғизогӣ дорад. Донаи он аз равғани баландсифат ва сафедаҳо бой буда, инчунин макро- ва микроэлементҳои барои организми инсон зарурро дорад.
Равғаннокии донаи зардолу вобаста аз навъи он 48,0- 60,4 % ташкил мекунад. Миқдори туршиҳои равғанӣ дар таркиби донаи зардолуҳои Тоҷикистон. Миқдори турушии равғани алеин дар баъзе навъхо то 81,6% ва ленолеви хос
27,2 мерасад. Махсусан турушии равғани ба сифативитамини f истифода мешавад, кимати баланд дорад. Мувофики маълумотҳои ҷадвали 5 донаи зардолу вобаста ба навъхо аз 23,1 то 31,8% сафеда дорад, аз он чумла аминокислотаҳои ивазнаша- вандаи кисмати ғизоиащон дар алохидаги нисбати этолони ФАО аз 45,5 то 110% мебошад. Микдори макро ва микроэлементхо дар таркиби донаи зардоду, вобаста аз навъи он, чунинчанд: калий 0,83-1,61%, фосфар 0,50-0,80%, магний 0,22-0,44%, сулфур 0,12-0,26%, калсий 0,1-0,36%, охан 0,003-0,007% синк-0,004-0,009% ва гайра. Дар донаи зардолу витаминҳои В1, В2, РР, В9 мавҷуд аст. Равғани аз догаи зардолу истеҳсолшавандаро дар косметика ва атторӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз он чумла дар Тоҷикистон, аз истеъмоли мунтазами зардолуи тару тоза, хушк ва инчунин донаи он дар махалҳои алохидаи одамон бо солими ва дарозумрии худ фарк мекунанд. Гули зардолу, пўчоқи донак ва чуби зардолу дар хоҷагии халқ аҳамияти расо калон доранд.
Яке аз усулҳои коркарди мева - ин тайёр кардани хушкмеваҳо: гулинг, аштак (меваи хушки бедона) , нонаштак, аштаки хубони, аштаки Зарафшони, хушкмева бо донаи зардолу, баргак, чапоти, дона, донақшурак мебошад.
Зардолуи бо донакаш якчоя (бутун) хушк карда , махсулоти гулингиро медихад. Баромади гулинг, вобаста аз навъ ва сифати ҳосили парваришикарда, аз 20- 40 %-ро ташкил медихад. Ин махсулотро дар хамаи минтақаҳои ҷумҳури бо усули соддаи анъанави- хушконидан дар офтоб истехсол мекунанд. Меваҳои аз дарахт чидашуда бе ягон коркарди пешаки дар замин, болои маводҳои гуногун , аз кабили матоъҳои халтаги,кох, болои санг, когаз, боми иморатхо хушк карда мешаванд. Мавриди нигох доштани махсулоти хушк, барои ҳифзи онҳо аз хашаротҳои зарарасон аҳоли гохо хушкмеваҳоро бо пудинаи хушки майдакардашуда омехта мекунанд. Ин усул хело бо тарзҳои такмилдодашудаи хушккуни иваз карда шудааст, ки ба таври васеъ дар минтақаҳои асосии зардолупарварии ҷумҳури, алалхусус вилояти Суғд чори шуда истодааст.
Аз аввали солҳои 60- уми карни ХХ нисбат ба фаркияти усулҳои номбурдашуда хушккунии зардолу бо сулфур дуд доданро ба кор мебаранд, инчунин як катор чорабиниҳои дигарро мегузаронанд, аз он чумла ба навъхо чудо кардани меваҳо вобаста аз сифаташон, шустани меваҳо, буридан ё кафонидан ва чудо кардани ниммеваҳо (барои гирифтани баргак), чудо кардани донак (барои аштак), дар лаълиҳо гузоштани меваҳо, тоза кардани асбобу анчоми лозими , хушконидан то камнокии на зиёда аз 18% ва ғайра.
Дар мавриди дуруст амали кардани онҳо сифати махсулоти хушккарда хуб мегардад. Баъзе аз фермерон, ба монанди Маҳмадов Ҳоҷи Абдулло аз чамоати дехоти Телмони нохияи Кумсангири вилояти Хатлон ба чои бо сулфур дуд кардан, меваҳоро дар тури металли чой карда, дар давоми чанд дакика дар чушидаи махлули содаи хўроки нигох дошта, пас хушк мекунад. Дар натича махсулоти гулинги хушсифат мегардад.
Баргак (ғулинги бедона) – ин зардолуи хушки бе дона аст. Онро чунин тайёр мекунанд: меваҳои ба навъ чудо шударо бурида, ба ду қисм чудо карда, ба лаъли бо то хушк шудан мегузаранд.
Буридан чунин ичро карда мешавад: кордро бо дасти рост капида, бо дасти чап меваро гирифта аз чои думчаи мева аз болои чоки шикам гирдогирд мебуранд.Буриш бояд то болои донак расад. Бахри буридан меваро бо ду пала чудо карда , донакро аз он мегиранд, палаҳои буридаро ба лаъли чунон мегузоранд , ки чои бурида боло монад, то ки шираи мева ба лаъли нарехта дар даруни чойи аз донак холишуда чамъ шуда хушк шавад.
Буридани зардолу кори хело масъулиятнок аст, чунки ба сифати махсулоти хушккарда таъсири калон мерасонад. Мисол дар мавриди пурра набудани лахми мева, вакти ба кисмхо чудо кардани он чои набуридаи лахм меканад. Ингуна палахо дар вакти хушк карданмепечанд ва сифати стандартии меваи хушк гум мешавад.
Меваҳои буридашудаи кафидаро дар лаълихо гузошта, барои дуддодан бо зуди ба дудхона мегузоранд, то ки сиёх нашаванд.
Ранги меваи буридаи зардолу дар хавои кушод бо тези сиёх мешавад. Сиёхшави аз таъсири хаво бо ферменти «оксидоза»-и таркиби мева ба амал меояд. Баъди бо сулфур дуд додан, лаълихоро катор ба руи замин, аз самти шарк ба гарб мегузоранд. Аз таъсири нури офтоб меваҳои бурида намии худро гум карда, хушк мешаванд. Дар болои чойи бурида пардаи хушк пайдо мешавад. Атрофи меваи бурида ба тарафи байни он майл мекунад. Хамин, ки ин дарачаи хушкшави фаро расид (одатан ин ҳолат дар ду- се руз ба амал меояд), лаълихоро бо меваҳо дар ҳамон майдонча болои хам мегузоранд. Ба болои хар кабат лаълии холи гузошта мешавад. Дар ин гуна холат меваҳо то хадди лозими хушк мешаванд. Дар зери офтоб то хадди охирин хушк кардан тафсия дода намешавад, чунки дар ин холат палаҳои бурида хело тоб хурда, ранги махсулоти хушк сиёх мешавад. Палаҳои тайёршуда вакти бо даст гирифтан бояд хушк бошанд ,вале часпак набошанд. Агар палахоро дар кафи даст гирифта, фишор дихед, бояд онҳо бо якдигар начаспанд. Дар холати кушодани каф онҳо бояд аз як дигар ҷудо шуда шакли пештараро гиранд. Намнокии онҳо бояд аз 18% боло набошад: ин махсулоти хушкшударо аз часпидан ва вайрон шудан дар давраи нигохдори эмин медорад. Баромади баргак вобаста аз навъ 20- 30%- ро ташкил медихад.
Аштак (кайса)- зардолуи бе донак баъди дуд додан бо сулфур, яклухт хушк кардашуда, намуди хамвор ва фишурда дорад. Барои ин меваҳои тару тозаи зардолуро шуста аз онҳо меваҳои захми ва вайроншударо чудо мекунанд. Меваҳоро дар лаълихо як кабат чой карда, барои дуд додан мегузаранд.
Баъди дуд додан, лаълихоро дар майдончаи хушккуни мемонанд, ки давоми 1,5- 2,0 руз меваҳо чанде хушк шаванд. Давра ба давра аз онҳо намуна гирифта месанчанд, ки бо осони донак аз мева баъди фушурдан чудо мешавад ё на. Ин холат, ки фаро расид, ба чудо кардани донакхо аз меваҳо сар мекунанд. Меваҳоро нихоят хушкконидан лозим нест, чунки дар ин маврид аз як чанд чой пусти мева кафида, онҳо шакли мукарарии худро гум мекунанд, ин боиси паст шудани сифати хушкмева мегардад.
Барои аз донак озод кардани мева онро бо ду ангишти даст гирифта ба суи чукураки поён фишор дода, аз чои кафидаи мева донакро мебароранд. Баъди берун кардани донак, меваро каме фишурда дар лаълихо яккабата чой мекунанд. Бо ин тарз ашёи тайёркардаро бо лаълихо ба майдончаи мевахушкуни гузошта, онҳоро дар офтоб боз ду рузи дигар мехушкононанд. Давомнокии хушконидан аз 6 то 12 руз давом мекунад. Аломатҳои махсулоти тайёршуда бо мисли аломатҳои баргак мебошад. Баромади аштак вобаста аз навъ 21- 29%-ро ташкил медихад.
Раванди тайёр кардани «Нонаштак» ё аштаки хубони бо мисли тайёр кардани аштак аст. Аммо ин маврид баъди чудо кардани донак байни нимпалахо бо чои он магзи донаи зардолу, ё бодом, ё чоряки магзи чормагз чой карда мешавад.
«Аштаки Зарафшонӣ» -ро танхо дар нохияи Айни ва кухистони Мастчох тайёр мекунанд. Меваҳои аз донак тоза ва ба навъхо чудошударо тарзе мемонанд, ки палаҳои онҳо аз якдигар канда намешаванд. Пас 6-8 руз то чунин меваҳоро болои хам гузошта каме мефишоранд, то ки онҳо бо ҳамдигар часпида, шакли хашт-ро гиранд. Чунин маҳсулотро ба лаълихо гузошта дар майдончахо барои хушконидан мемонанд. Баъзе вақт аҳолии маҳалли зардолуро дар болои сангҳои хамвор хушк мекунанд.
«Чаппотӣ» (пастила) –ро бо роҳи дар лаълиҳо хушк кардани меваи зардолу дар офтоб, то расонидан ба дарачаи лозимии холати он, тайёр карда мешавад. Ин махсулот хамчун ғизои бомазза истеъмол ва барои тайёр кардани хўрок истфода бурда мешавад.
Ғунучинӣ меваи зардолу кори меҳнатталаб буда, сарфи зиёди меҳнати дастӣ ва маблағро металабад. Дар баъзе ҳолат то 60% - и масрафи истехсоли ба ҷамъоварӣ ва ҳамлу нақли ҳосил равона мегардад.
Аз давраҳои қадим ҳосили зардолуи навъҳои маҳаллиро дастӣ ғунучин менамуданд. Чунин тарзи чиндан «халқи» гирифтааст. Давраи пухта расидани мева дар таги дарахтон чодар ё брезент паҳн карда, бо ёрии чуби дароз ба танаи шохчахо зада, меваҳоро мерезонанд. Дар натичаи шапонидан меваҳо аз думча чудо шуда, бо руи чодар мерезанд, пас онҳоро чинда ба кутихо чой мекунанд. Чиндани ҳосил бо чунин усул натичаи хуб намедихад. Аввал ин, ки меваҳои бо ин тарз чидашуда аз руи сифат ба талаботи стандарти мувофикат намекунад, чунки онҳо дар вакти афтидан захми мешаванд. Дуюм, ин усули чиндани ҳосил мехнатталаб ва самаранокиаш паст мебошад. Ғайри ин дар вакти шапонидани меваҳо навдаҳои ҳосилдех шикаста, баргхо мерезнад. Ин ба ҳосили чамъоварда танхо барои коркард дар корхонаҳои консервабарори ва барои хушконидан истифода мешаванд.
Дар шароити истехсолот бовоситаи асбобҳои соддаи боғдори меваҳо дасти гунучин мешаванд: сатилхо, сабадчахо, куттиҳои 8-10кг, чангакҳои металӣ, банд, норбонҳои боғӣ, чорпояҳо. Вале дар ин ҳолат чинакчикори беҳатарро бояд таъмин намуд.
Чидани меваҳо бо таври зерин амали мешаванд: звено аз 3-4 нафар иборат, онҳо кабат ба кабати дарахт меваҳоро чамъовари менамоянд. Як нафар дар болои норбон истода, меваҳои кабати болои шохсорро мечинад, каси дигар аз болои чорпоя ҳосили кабати мобайнро ва каси сеюм меваҳоро ки аз руи замин дасрас мебошанд, мечинад. Як нафар звено меваҳои чинакчиёнро кабул мекунад. Меваҳои ҷамъшуда фавран ба нуктаи борбанди ё майдони хушкуни фиристода мешаванд.
Чӣ тавре, ки бисёре аз олимон баҳо додананд термини «Комплекси аграрии саноатӣ» муайян кунонидани як зухурот дар муттаҳидшавии соҳаҳои истеҳсолот бо иқтисодиёт, истеҳсолкунандаҳо бо коркарди маҳсулоти хоҷагии кишлокро катъи назар аз шакли ташкили ва сабти аҳамияти хоҷагии халқи доштанаш ифода мекунад.КАС дар адабиёти иктисоди хамчун чамъи сохаҳои хочагии халке, ки ба хочагии кишлок дохил мешаванд ва ба иктисодиёт алокаманд буда хизмати истехсолоти хочагии кишлокро ичро менамоянд ва махсулоти онро ба истеъмолгарон мерасонанд машгул мебошанд ифода менамоянд.
Дар комплекси агросаноати савдо нақши асосиро мебозад.
Савдо звенои охир дар занчири иктисоди ва технологи хамчун харакати махсулоти иктисоди ва технологи хамчун харакати махсулоти хўрока дар истеъмолот ба ҳисоб меравад.
Соҳаи бағпарварӣ яке аз чабхаи муҳимтарини комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Деҳқонони асили нохияҳои вилояти Суғд дар соҳаи боғпарварӣ, токпарварӣ, асоси пешрафти ин соҳа ниҳолпарварӣ тачрибаи беҳамто доранд. Дар парвариш ва руёнидани ҳосили дилхоҳ боғпарварони ин китьаи Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ бахри пешрафт ва таракиёти соҳа аз нишондодҳои илм, тачрибаи бойи пешкадами ачдодони худ мунтазам истифода мебаранд ва аз роху усулҳои навтарини замона бахрабар мебошанд. Солҳои 1970-1980 бо ташабус ва рохбарии Вазорати саноати хўроквории Тоҷикистон барои хушк кардани анҷир-, куфаи себ ва зардолу аввалин маротиба аз Булғористон хушкакҳои типпи «Чачак» оварда шуда дар хочагии махсус гардонидашудаи давлатии токпарварии «Ўротеппа» васл карда шуданд ва ба натичаҳои хуб хам ноил гардиданд. Вале афсус баробари бархам додани хочагиҳои махсуси давлати ин хушкунакхо ба сабабҳои номаълум аз байн рафтанд ва ба кисмҳои алохида чудо карда ба моликияти шахсони алоҳида мубаддал гаштанд.
Пас аз ба даст омадани истиқлолият барои баланд бардоштани сифати мевазорҳои вилояти Суғд дар кишвар, нахустин дар шахри Исфара бунед гардидани аввалин корхонаҳои коркарди меваи хушк бо технологияи нав имкониятҳои навро фароҳам овард. Аз чумла аз чониби корхонаҳои муштараки «Баракат-Исфара», ки бо сармоягузории соҳибкорони русу-точик таъсис дода шудааст, корхонаҳои «Исфарафуд», «Неъматҳои Исфара», «Исфогрупп», «Таджфрукт», «Кадр», «Саодат» ва гайра зиёда аз 20-25 намуди махсулоти меваи муосир босифат коркард ва бо истифода аз технолонияи нав банду баст намуда, махсулоти тайёрро дар кутиҳои андозаашон гуногун ва барои халу нақш мувофик ба Ҷумҳуриҳои Русия, Белорусия, Казокистон ва давлатҳои дигар ба фуруш баровардаанд. Агар соли 2014 аз шахри Исфара зиёда аз 55 ҳазор тонна меваи хушк ба хоричи мамлакат содир гардида бошад, зиеда аз 20 ҳазор тоннаи он коркард ва бандубаст гардида, баъдан ба хорича интикол дода шуда аст. Мувофики факту ракамҳои ба воситаи телефон чамъ овардашуда аз нохияи Конибодом 11 ҳазор тонна меваи хушк, аз нохияи Ашт- 13 ҳазор тонна, аз ш. Хучанд 8 ҳазор, нохияи Айни 5,4 ҳазор тонна ба хоричи мамлакат ва савдои дохили фурухта шуда аст. Нақши боғдори умуман ва аз чумла меваи хушк дар иктисодиёти мамлакат нихоят калон аст.
Солҳои 1960-1970 барои мустахкам кардани саломатии аҳоли кисми шимоли Русия ва Казокистон Ҳукумати собик Иттиходи Шурави бо Карорҳои махсус ба Ҷумҳурии Узбекистон ва Тоҷикистон барои равон кардани мева, ангур, сабзавоти тару-тоза ва хусусан меваи хушк ба вилоятҳои Барнаул, Свердловск Челябинск, кишвари Хабаровск ва гайра супоришҳои катъи медод. Вазорати саноати хўроквории Тоҷикистон аз соли 1966 ва «Точикплодвинпром» аз соли 1977, Точикматлубот бошад аз соли 1960 сар карда ба ин кор шуруъ карда буданд. Ин мавзуи махсус тахлили васеъ ва тулониро талаб мекунад.
Солҳои охир пас аз бархам хурдани Ҷумҳуриҳои собик Иттифоки Шурави ва гузаштан ба муносибатҳои иктисоди бозоргони талабот ба мева ангур сабзавоти тару тоза ва хусусан меваи хушк дар вилоятҳои Русия ва Казокистон афзуда истодааст. Талаботи аҳолии Русия, Казокистон, Хитой, Авгонистони хамсояро ба инобат нирифта сол аз сол майдони боғоту токзорро васеъ ва махсулоти онро зиёд карда истодаанд.
Агар даромади сохаи боғдори аз чумла меваи тару-тоза ва хушки зардолуро гирем дар хакикат яке аз воситаи баланд бардоштани иктисодиёти хочагиҳои деҳқони, фермери, кооперативҳои истехсоли, хочагиҳои коллективи, чамоави ва инфиродии вилояти Суғд ав вилояти Бадахшони Кухи ин таракки додани боғпарвари хусусан зардолупарвари ба ҳисоб меравад. Хочагиҳои вилояти Суғд аз майдони 33000 гектар боғҳои зардолузор ба ҳисоби миена агар аз хар гектар дар шакли тару тоза 145 сентнери ҳосил чамъовари карда бошад, аз ин микдор аз ҳисоби аз 4 кг меваи тар 1 кг меваи хушк тайёр карда шуда аст.
Мувофики маълумотҳои омори, хочгихо ва гайра нархи 1 кг гулинг ба ҳисоби миёна (22-30 сомони)-26 сомони, 1 кг кайса (40-45)- 42,5 сомони, 1 кг баргак (35-40)- 37,5 сомони, гелоси хушк, (45-60)-52,5 сомонӣ олучаи хушк-30 сомони ва куфаи себ- 30 сомони фурухта шуда аст.
Ҳамин тариқ хоҷагиҳои вилояти Суғд аз ҳисоби фуруши гулинг-87,4 тонна бо нархи 26 сомони чамъ-22620104х.сомони, кайса бо нархи42,5 сомони чамъ-2100 тонна х 42,5=89250 х.сомони, баргак бо нархи-37,5 х 2900 тонна чамъ 108750 х.сомони, гелоси хушк-бо нархи 52,5 сомони чамъ 10,7 тн х 52,5=561750 х.сомони олучаи хушк 17000х30=510000 х.сомони, куфаи себ 194000х30=598200000 х.сомони ба фуруш рафта бошад, дар соли 2014 ҷамъ вилоят танҳо аз ҳисоби меваи хушк- 192636854 сомонӣ даромад-фоида, ба даст оварда аст. Аз ин 40% барои истехсол, ҷамъоварӣ, басту банд ва наклиёт харочот шуда бошад (192636854-7704=115,6 млн)-115,6 млн фоидаи сода боки мемонад.
Яке аз сарчашмаи асосии даромади ояндаи хочагиҳои вилоятҳои Суғд ва вилояти Бадахшони Кухи боғпарвари, токпарвари ва сабзавотпарвари ба ҳисоб меравад.
Масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии боғҳо ва зиёд кардани истехсоли мева хусусан меваи зардолу дар Тоҷикистон ва дар навбати аввал навъҳои пешпазак ва навъҳои барои тайёр намудани хушкмева , хело муҳим ва халталаб аст. Бо максади халли он татбики як катор чорабинихо зарур мебошад.
Дар Тоҷикистон дарахтони зардолу дар баландиҳои аз 330 то 3000 метр аз сатхи бахр парвариш меёбад. Бо назардошти тараккиёти ояндаи боғпарвари дар ҷумҳури як қатор минтақа ва зерминтақаҳои зардолупарвариро чудо кардан мумкин аст. Ин як қисми водиҳои Фаргона ва Зарафшони вилояти Суғд, кисми водигии вилояти Хатлон, кисми гарбии Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ, минтақаҳои Рашт, инчунин нохияҳои наздикухии минтақаҳои Кулоб барои истеъмоли махалли мебошанд. Вобаста аз ин ба деҳқонону боғпарварони Тоҷикистон лозим аст, ки чораҳои ҳифз ва нигохдории намуду навъҳои хуби зардолу ва бунёди боғҳои навро бо назардошти шароити махал, хусусиятҳои биологии навъхо ва самтҳои истифодабарии ҳосилро андешанд. Боғҳо бояд аз ҳисоби нихолҳои сифатнок бунёд ёбанд, дар онҳо сатхи баланди нигохубин таъмин гардад.
Чӣ тавре, ки дар боло нақши хушкмева дар иктисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таври равшан оварда шудааст ба ин соҳаи муҳимтарини аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аҳмияти ҷиддӣ дода, барои рушт ва тараққӣ додани он роҳбарияти Вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ, роҳбарони шахрҳои Исфара, Хучанд, Конибодом, нохияҳои Ашт, Айнӣ ва дигарон аҳмияти махсус зоҳир намоянд. Соҳаи боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоту картошкапарвариро ҳамчун соҳаҳои асосӣ дониста шуда, ба аҳолӣ эълон карда шавад. Чунин муносибат ба соҳа метавонад барои пешрафт таккони ҷиддӣ диҳад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё