ДАР ТАЛОШИ НАКӮӢ
"Накўӣ одамро шод ва оламро обод мекунад!" Муҳаммад Лутфуллозода Накўӣ ва таҳаммул арзишҳои хоси миллии тоҷикон аст. Ин арзишҳо аз қадиммулайём дар адабиёти бадеӣ, афсонаву ривоятҳо, панду андарзҳо тавсиф ва ташвиқ карда шудаанд. Имрўз ташаккули сифатҳои маънавӣ, аз ҷумла муносибати мусбӣ ба дунё ва ҳисси некӣ дар талабагони хурдсол яке аз самтҳои асосии тадқиқотҳои назариявию амалии илми педагогика ва дигар илмҳои инсонӣ мебошад.
Зеро ташаккули сифатҳои маънавию ахлоқии насли наврас дар замони муосир аҳамияти басо бузург касб намуда, масъалаи ташаккули шахсият, иқтидори эҷодии вай ва бакамолрасии шахсияти комил вазифаю мақсади муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Пояи устувори ин ҳама дар мактаби ибтидоӣ гузошта мешавад. Аз ҷумла, дар раванди дарсҳои забони модарӣ ва машғулиятҳои беруназсинфӣ ба ташаккули муносибатҳои хайрхоҳона ва ҳисси некӣ, накўӣ ва таҳаммулпазирии талабагони хурдсол диққати махсус дода, тавассути мустақилона хондани жанрҳои бадеӣ аз ҷумла, нақлу ривоят, ҳикоя, афсона ва ақидаҳои пандуахлоқӣ, ки мазмуни онҳо талабаи хурдсолро ба хушбинию, хайрхоҳӣ, некию накўи ва таҳаммул ҳидоят менамояд, омўзондан ба мақсад мувофиқ аст. Зеро синни хурди мактабӣ марҳилаест, ки дар он хусусиятҳои шахсият пайваста ташаккул ёфта, заминаҳои устувори беназирӣ ва мустақилияти кўдак маҳз дар ҳамин зина гузошта мешавад.
Мақсад аз пешниҳоди мураттаби нақлу ривоят, ҳикоя, афсона, ақидаҳои пандуахлоқӣ дар боби некию накўӣ ин аст: тавассути мутолиаи мустақили жанрҳои бадеӣ хонандагони хурдсолро дар рўҳияи накўкорӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, саховатмандӣ, дастгирии беғаразонаю бародарона ба ятимон, бечорагон, дардмандон, муҳтоҷон, инчунин аз худ намудани нозукиҳои ҳаёти хонаводагӣ, меҳмондорӣ ва дигар паҳлуҳои сифатҳои баланди инсонӣ тарбия кардан самарабахштар аст.
Жанрҳои бадеӣ дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ буда, шавқу рағбати кўдаконро ба китобу китобхонӣ зиёд менамоянд. Дар раванди мутолиаи мустақилона талабаи хурдсол китобро ҳамчун сарчашмаи дониш мешиносад, мазмуну муҳтаво ва арзиши тарбиявии асари хондаашро аз худ намуда, сифатҳои мусбатро интихоб менамояд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонад ва нутқи шифоҳӣ ва хатиашро рушд медиҳад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки солҳои 70-80-уми асри XX барои мутолиаи мустақилонаи китоб шароит фаррохтару имконият бештар буд. Яъне, хонандагони синни хурди мактабӣ ба китобҳои бадеии бачагона дастрасии бештар доштанд. Айни замон вақти он расидааст, ки анъанаи солҳои пешинро оид ба хониши мустақилона вусъат бахшида, талабагонро ба мутолиаи пайгирона ва бомақсадонаи китоб ҳидоят намоем. Зеро чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, мутолиаи мустақилона хонишест, ки бо хоҳиши шогирдон мустақилона берун аз синф, берун аз дарсҳо ва мактаб, дар китобхона ва хона, ҳангоми сайру гаштҳо анҷом дода мешавад. Вазифаи падару модарон, шахсони калонсол, хусусан муаллимон ин аст, ки китобҳое, ки дар онҳо нақлу ривоятҳо, хикоя ва афсона, чистону зарбулмасалҳо, ақидаҳои панду ахлоқие, ки ба некию накўӣ ҳидоят мекунанд ва ба синну соли хонандагон мувофиқанд, барои мустақилона мутолиа намудани шогирдон тавсия намоянд. Мутолиаи ҳар як китоби пандуахлоқӣ ҷаҳони маънавии талабаи хурдсолро бою ғанӣ гардонда, дар замири ў хушахлоқӣ, ватандўстӣ, худшиносӣ, меҳнатдўстӣ, ростгўйӣ, поквиҷдонӣ, мардонагӣ, устуворӣ, сабурӣ, далерию шуҷоатмандиро тарбия намуда, муҳаббаташро нисбат ба Модар-Ватан хоку оби ватани аҷдодӣ зиёд мекунад. Аз хурдсолӣ дар замири наврас орзуҳои ширини зиндагиро мепарварад. Маҳз яке аз роҳҳои расидан ба мақсадҳои нек ин мутолиаи китобҳои пандуахлоқӣ буда, тавассути омўзиши асарҳои пандуахлоқӣ мо метавонем наврасонро ба меҳнати софдилона, нияти нек доштан, ростқавлу ростгўй будан, ҳурмати калонсолону хурдсолонро ба ҷо овардан, дар ҳалли масъалаҳо ботаҳаммул будан ва ғайраҳо тарбия намоем.
Мутолиаи мустақилонаи асарҳои пандуахлоқӣ ба тарбияи инсони бомаърифат мусоидат менамояд. Талабаи хурдсол баробари мутолиаи асари бадеӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии қаҳрамони дўстдоштааш шинос мешавад ва худро барои паси сар намудани мушкилоти ҳаёти мустақилонаи оянда тайёр менамояд. Таъкид карда мешавад, ки амали некӣ ва накўӣ ба иродат, амри дил ва ақли солим ба ҳар инсони комил муяссар мегардад. Некиро шахсоне мекунанд, ки дар ботин ва амали онҳо хислатҳои бахилӣ, одамбадбинӣ, дунёталабӣ, ҷоҳилӣ, мардумфиребӣ ва қотилӣ ҷой надорад.
Ба кори нек ҳамеша одамони заҳматкаш, аз ҷумла одамони бо илму фарҳанг, ҷаҳондида, бораҳму шафқат, хоксору оддӣ сайъ мекунанд. Одаме, ки соҳиби молу чиз аст, бояд шукри он кунаду ҳамеша дасти некӣ ба бенавоён дароз намояд, чунки сарвати дунё гузарост. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ фармудаанд, ки ҳеҷ кас дар ин дунё абадию ҷовид намемонад.
Ҳама некуӣ пеша кун, гар тавон,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидон. Ё ин ки Носири Хусрав таъкид менамояд, ки одам касеро дар ҳолати ногувор мебинаду ба ў ёрӣ намекунад, гуноҳи сахтеро содир менамояд.
Мурувват нест ҳар афтодаеро, Ба роҳ бинию худ маркаб биронӣ. Кадру манзаллати падару модар ва бузургии онҳо назди фарзанд арзиши хоса дорад. Таъкид мешавад, ки падару модар то метавонанд, бояд фарзанди хешро ҳар чи бештар илму амал омўзанд. Фаҳмишу дониши ўро оид ба ҳаёт афзун намоянд, зеро нишонаи падар баъд аз сар рафтан писар аст. Хубу бади писар мансуб ба падар аст. Чунончи шайх Саъдии Шерозӣ фармудаанд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омўзу рой,
Ки гар ақлу раъяш набошад басе, Бимириву аз ту намонад касе. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзанди комил кори чандон осон нест, ташвишу заҳмати зиёд мекашӣ, ҷигар хун мешавад, баъд соҳиби фарзанди солиму комил мегардӣ, Ба умеде, ки дар ҷамъият мавқеъ пайдо намояд, соҳиби касбу ҳунар гардад, номбардори падару модар бошаду дар пирӣ дастгиру мададгор шавад. Чуноне ки шоир Тошхоҷаи Асирӣ фармудаанд:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кўдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пири писар дасти падар гирад...
Хондани асарҳои назмию насрии ба Ватан бахшидашудаи шоиру нависандагони шинохтаи тоҷик хонандаро ба табиати биҳиштосои он ошно сохта, муҳаббаташонро нисбат ба Ватан ва табиати он дучанд афзун менамояд. Ба ақидаи Устод Муҳаммад Лутфуллозода "Хушбахт касест, ки ба маънии калимаҳои Ватан-Модар дуруст сарфаҳм меравад ва ҳастии худро бе онҳо тасаввур карда наметавонанд".
"Ватан-Модар ин ҳар ду чизи муқаддасанд" фармудаанд мутафаккирони гузаштаву муосири аксари мамлакатҳои дунё. Ватан ва модар ҳаммаъноянд. Чунон ки ҳар инсон як Модар дорад, ҳамчунин як Ватан дорад. Баъзан ин ду калимаро дар паҳлўи якдигар менависанд: Ватан-Модар ва ё Модар-Ватан. Ба қадри Модар расидан маънои онро дорад, ки ба қадри Ватан бирасем. Оғўши Ватан мисли оғўши Модар аст. Дар он деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои зиёд меғунҷанд.
Як маънои Ватан моликият аст, яъне тамоми ин хок, ин сарзамин, аз хонаи зист то сарҳадҳои дурамон моли мост. Яъне мулк аз они мову мо аз они мулкем.
Ватан аз чи сар мешавад? Ватан аз аллаи модар; аз афсонаи модадаркалон; аз расмҳои китоби алифбо; аз панду насиҳатҳои бобо; аз фидокориҳои устодон Айнӣ ва Лоҳутию Турсунзода; аз ҷонбозиҳои фарзандони содиқ; аз ашъори шоири дўстдоштаамон Лоиқ оғоз мегардад;...
Омўхтани дониш, касбу ҳунар, дўст доштани меҳнат нишон аз амали нек буда, файзу баракати он ба инсон қувва ва нерўйи тоза мебахшад. Масалан, Саъдии Шерозӣ оид ба "Омўзиши ҳунар" чунин фармудаанд:
ҲИКОЯТ
Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихўрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад. Ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад! (С. Шерозӣ, "Гулистон")
Дар рушди шавқу рағбати талабагон нисбат ба китобу китобхонӣ омўзгор нақши бузург дорад. Дар шароити имрўза барои тарбияи талабаи хурдсол мутолиаи китобҳои пандуахлоқӣ ниҳоят муфид ва пуразиш мебошанд.
Сарчашмаи хушиҳои зиндагӣ, осоиши ҳаёт ва умри бобаракати инсон меҳнат кардан, хондану касб омўхтан мебошад. Чунон ки Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст: "Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузаронӣ, равиши худро ба рўйи кор дор".
Одамоне, ки боғҳо бунёд мекунанд, заминҳои бедолу дарахтро обшор карда ба гулистон табдил медиҳанд, ё худ чизе ихтироъ менамоянд, ки ҷамъият аз он нафъ бибарад, номашон ҷовидон мемонад. Дар ин хусус Фахриддини Гургонӣ хеле хуб гуфтааст:
Зи осонӣ наояд шодкомӣ.
Зи беранҷӣ наояд некномӣ.
Меҳнати ҳалолу кори хуб одамро ҳамеша тандуруст, сарбаланд, обрўманду хушбахт нигоҳ медорад. Меҳнати босуботу кори заҳматталаб, ки асоси зиндагӣ ва хушҳолию осудагӣ мебошад, дар эҷодиёти халқ, алахусус дар зарбулмасалу мақолҳо хуб тараннум ёфтааст: Машаққат дидани аввал дар охир роҳате дорад; Дар амал кўш, Ҳар чи хоҳӣ нўш; Номи баланди пуршараф, Аз кор мебояд ба қаср; Ба меҳнат тавон обрў ёфтан, Ба илм панҷаи душманон тофтан; Кори бузург мояи иззат аст, на номи бузург.
Дар тамоми нақлу ривоятҳо ғалабаи некӣ ба бадӣ тантана намуда, инсондўстӣ, шахсиятҳои ободкору бунёдкор васф карда шудаанд. Инсон дар байни ҳама мавҷудоти олам ниҳоят бузургу муътабар аст, чунки шууру тафаккур ва қобилияти андешаронӣ дорад, нисбат ба олами наботот, ҳайвонот ва дигар мавҷудоти рўйи замин хайрхоҳ аст. Табиаташ ободию ободкориро мехоҳад. Месазад, ки ободкорию бунёдкориро аз хурдсолӣ дар замири фарзандон дар хона ва дар таълимгоҳҳо хубтару беҳтар тарбия намоем.
Аз ин лиҳоз, инсон сиру асрори оламро донистан мехоҳад ва пайваста дар омўзиш мебошад. Ба кашфиёту ихтироъкориҳо, навҷўию навовариҳо машғул шуда, зиндагии ҳақиқиро рушд бахшидан мехоҳад.
Шумораи зиёди одамони сайёраи замин некбину хайрхоҳ ва инсондўст буда, ҳамзистии осоиштаро хоҳонанд. Яъне, созанда, ободкунанда ва пайвасткунанда буда, ҳурмату эҳтироми инсониро аз ҳама болою воло медонанд. Мардуми тоҷик ва халқияту миллатҳое, ки дар ҷумҳурии мо сукунат ва зиндагӣ доранд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу адолат, ҳақиқат ва адлу инсоф мебошанд ва дўстию рафоқати байни инсонҳоро дар мадди аввал мегузоранд. Раҳму инсоф ва ғамхорию меҳрубониро дўст медоранд. Ҳамин аст, ки оромию амонӣ, ободию осоиштагӣ, ки аз замири халқ сарчашма мегирад, бо ташаббусу дастгириҳои пайвасатаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ҳамеша тантана доранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё