НАҚШИ ҲОСТЕЛ ВА МЕҲМОНСАРОЙҲО ДАР РУШДИ ТУРИЗМ
Эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат ироа шуд, такони ҷиддие хоҳад шуд дар самти вусъат бахшидан ба рушди соҳаи туризм ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон. Мусаллам аст, ки рушди сайёҳиро бе ташаккулу такомули шабакаи меҳмонхонаҳои хурд, алалхусус, корвон-сарой ва ҳостелҳо (хобгоҳҳо) тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Агар ба таърихи пайдоиши корвонсаройҳо назар афканем, ба осонӣ метавон дарёфт, ки гарчанде мафҳуми мазкур сар карда аз асрҳои миёна мавриди истифода қарор гирифта бошад ҳам, зарурати таъмини савдогарон бо ҷои хоб тавассути бунёди меҳмонхонаҳои хурд бо оғози тиҷорати берунӣ, яъне ба асрҳои 2-1 то милод ба миён омадааст. Бо рушди савдо байни давлатҳо ва зиёд гаштани теъдоди тоҷирон, сайёҳон ва тадқиқотчиён шабакаи корвон-саройҳо ҳамчун соҳаи алоҳида инкишоф ёфта, мавқеи худро дар бозори хизматрасониҳои меҳмонпазироӣ устувор гардонида истодаанд. Дар тули асрҳо корвон-саройҳо илова ба пешниҳоди ҷои хоб доираи фаъолияти худро васеъ намуда заминаи асосиро барои пайдоиши меҳмонхонаҳои муосир ҳотелҳо(hotel), ки кулли хизматрасониҳоро аз қабили ғизо, ҳаммом, нуқтаҳои савдо, табодули асъор, мошингузорӣ (Parking for cars), иҷораи мошин (car rental), шустушўи либос (Laundry) ва ғайраро ироа мекунанд, гузоштаанд.
Дар қиёс бо ҳотелҳо (меҳмонхонаҳо), ҳостелҳо хонаҳои махсусе мебошанд, ки танҳо барои шабгузаронӣ бе пешниҳоди дигар намуди хизматрасониҳои иловагӣ сохта шудаанд. Арзиши хизматрасониҳои ҳостелӣ дар қиёс бо ҳотелҳо низ ба маротиб арзон буда, барои сайёҳони гурўҳӣ, камхарҷи сарфакор("буҷавӣ") ва онҳое, ки мустакилан тавассути автомобил, дучарха ва мотосиклҳо ҷаҳонгардӣ мекунанд, инчунин тоҷирони байналмилалӣ, ки бо мақсади харидории молу маҳсулот ба кишварҳои мухталиф ба муддати кутоҳ (shuttle business) сафар мекунанд, хеле қуллай аст.
Дар ибтидо, корвон-саройҳоро бо дарназардошти масофаи якрўзаи корвонҳои тоҷирон, ки тақрибан ба 40-50 километр рост меомад, сохта мешуданд. Айни ҳол бошад, бо инкишофи туризми тиҷоратӣ ва зиёд шудани минтақаҳои аҳолинишин теъдоди ҳостелҳо низ дар афзоиш аст. Ба унвони мисол, танҳо дар як маркази тиҷоратии шаҳри Истамбули Туркия бозори фурўши яклухти Лалелӣ, ки қисмати зиёди тоҷирон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба онҷо сафар мекунанд, теъдоди ҳостел ва меҳмонсаройҳо то 100 мерасад. Бо дарназардошти маъмул будани забони русӣ ҳамчун забони муошират байни шаҳрвандони кишварҳои пасошўравӣ, на танҳо навиштаҷоту лавҳаҳо ба забони русӣ тарҷума шудаанд, балки дар ин меҳмонхонаҳои хурд ба сифати кормандони хизматрасон онҳое ҷалб шудаанд, ки бо русӣ озод ҳарф мезананд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамаи монеаҳои забонӣ аз байн бардошта шуда сифати хихматрасонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Рушди соҳаи хизматрасониҳои ҳостелӣ ва меҳмонсароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои охир барои сайёҳони ҷаҳонгард ҷолиб гашта истодааст, яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад. Мутаассифона, он маълумоте, ки оид ба шабакаи меҳмонҳонаҳои Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ироа
мегардад, ба хоҳишмандони сафар ба кишвари мо имкон намедиҳад, ки байни ҳотел ва ҳостелҳо интихоби дуруст кунанд. Ин аз он сабаб аст, ки аксари бо ном "hotel"ҳо дар минтақаҳо на танҳо ба стандартҳои минималии байналмилалии меҳмонхонаҳо, балки ба одитарин талаботе, ки нисбати ҳостелҳо муайян шудааст, ҷавобгу нест.
Ин мушкилот, яъне номгузории бо сифати хизматрасонӣ номувофиқро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тавассути гузаронидани санҷиши саросарии кулли меҳмонхонаҳо ва додани мақоми расмӣ: меҳмонхона (бо нишон додани ситора), меҳмонсарой(гостевой дом), ҳостел (хобгоҳ) ҳал намояд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рушди туризм" Субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки "амнияти туристон ва нигоҳдории молу мулки онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристӣ, омўзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин" намоянд. Ин талабот ба меҳмонхонаву ҳостелҳо ва шахсони алоҳида, ки хонаҳои хусусӣ ва дигар иншооти шахсиро барои қабули сайёҳони чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ пешниҳод мекунанд, дахл дорад.
Таъмини амнияти сайёҳон, ки бо дарназардошти ҳаводиси солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳими аҳамияти миллӣ дошта маҳсуб меёбад, бояд талаботи асосӣ ҳангоми додани иҷозатнома бошад.
Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 яке аз нуқтаҳои муҳим ин "муосиргардонии бахшҳои заминавии инфрасохтори сайёҳӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ", ки беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳо дар меҳмонхона ва ҳостелҳоро дар назар дорад, маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода ташаккули шабакаи ҳостелҳои камарзиш, рушди системаи "Homestay" (қабули сайёҳон дар хонаҳои хусусӣ) ва мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ метавонад, ба иҷрои ҳадафҳои Стратегияи мазкур мусоидат кунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё