Мирзо Абдулқодири Бедил
Бедил, маро ҳарзасарой шон
Мадҳи миру ситоиши султон нест
3-ин даст каломе, ки зи мо мешунав
Ғайр аз исори хизмати ёрон нест.
Шоир, нависанда ва файласуфи бузург Мирзо Абдулқодири Бедил шўҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ў дар сарзамини Ҳиндустон чароғи илму адаби моро боз ҳам фурўзонтар кард. Дар қарнҳои минбаъда услубу сабки Бедил ҳамчун мактаби адабӣ мактаби пайравию эҷодкории садҳо адибон гардид. Барои ҳамин ҳамзамононаш ба ў унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб дидаанд.
Шарҳи ҳоли Бедил
Номи шоир Абдулқодир буда, Бедил тахаллуси адабиаш ба шумор меравад. Маънои Бедил дилдода, дилбохта, ошиқ ба зиндагӣ ва инсонҳо, ба маҳбуба ва билохира ба Худои мутаол аст.
Падару бобои Бедил аслан аз Осиёи Миёна, аз Шаҳрисабз ба Ҳинд рафта, он ҷо манзил кардаанд. Онҳо аслан ба пешаи сипоҳигарӣ ва навкарӣ машғул буданд. Бедил аз ҳамин оила соли 1644 дар шаҳри Азимобod ба дунё омадааст. Хушбахтона, баъди ба камол расидан шоир дар бораи рўзи таваллудаш қитъаи хубе иншо карда
Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур
Зи файзи азал тофт чун Офтоб.
Бузурге хабар дод аз мавлудаш.
Ки ҳам «Файзи қудус» асту ҳам «Интихоб»
Мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ агар калимаҳои дохили нохунакро алоҳида-алоҳида ҳисоб кунем, соли 1054 ҳиҷрӣ мешавад, ки баробари соли 1644-и мелодӣ мебошад.
Бедил ҳанўз дар тифлӣ аз падар маҳрум мегардад. Тарбияти ў ба ўҳдаи модар ва тағояш Мирзо Қаландар, инчунин амакаш Мирзо Зариф, ки шахсони бофазлу дониш буданд, меафтад. Ҳангоме, ки синни Бедил ба 5 солу 6-моҳагӣ мерасад, ўро ба мактаб медиҳанд. Бедил ҳам аз мактабдор таълим мегирад ва ҳам аз Мирзо Қаландар. Дар натиҷа дар як муддати кўтоҳ хату савод бароварда, девони шоирони бузурги гузаштаро мутолиа менамояд ва пас чизҳои хондагӣ ва азёд кардаи худро аз назди Мирзо Қаландар мегузаронад. Саъю кўшиши Бедил самараи хуб додЎ аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз мекунад. Ҳанӯз дар синни 10-солагияш барои яке аз шарикдарсонаш рубоии зерро иншо мекунад:
Ёрам ҳар гаҳ дар сухан меояд,
Бўи аҷибаш аз даҳан меояд.
Ин бўи қаланфур аст, ё накҳати гул?
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.
Пас аз ин Бедил таҳсилро дар мадраса давом медиҳад. Усули таълим дар мадраса ба табъи Бедили донишдўст чандон мувофиқ намеояд. Аз тарафи дигар, тағояш Мирзо Қаландар, ки аз дониши мударрисон огоҳӣ дошт, норизо буд. Бинобар ин минбаъд ба Бедил Мирзо Зариф, ки олим ва шахси донишманд буд, аз сарфу навҳи забони арабӣ, адабиёти араб, ҳадису тафсир дарс медиҳад. Аз олими бузурги он рўзгор Шайх Камол Бедил илмҳои фалсафа, нуҷум ва таърихро меомўзад.
Бедил доир ба донишу фаҳмиши муаллимони мадраса фикрашро баъдтар изҳор намуда, онҳоро аз ноилоҷӣ «мукаррам» гаштаанд, мегўяд:
Дар мадраса ҷамъ, ки фароҳам гаштанд,
Медонӣ аз куҷо мукаррам гаштанд?!
Полону ҷулу фасор мехост, харе,
Аз бесомонӣ охир «одам» гаштанд.
Вале бояд гуфт, ки мактаби асосии камолоти Бедил ҷамъомаду сўҳбатҳои илмию адабие, ки дар хонаҳои Мирзо Қаландар ва Мирзо Зариф барпо мегардид, ба ҳисоб мерафт. Ин хонадонҳо, ки шеъру адабпарвар буданд, шоиру олимони номдорро гоҳ-гоҳ таклиф карда, сўҳбатҳо меоростанд. Бедил ҳам иштирок мекард. Ӯ хўшачине буд, ки аз ин хирмани пурниёз файзёб мегашт, дона мебардошт. Бедил дониш андўхт, илмҳои гуногунро аз худ кард, қаламаш бурро, фикраш расо гардид.
Пас аз ин соли 1665 Бедил аз пайи зиндагии мустақилона меафтад ва ба пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ меояд. Дар ҳамон сол Мирзо Зариф ва пас аз як сол Мирзо Қаландар вафот мекунад.
Аввалин коре, ки дар мустақилияти худ пеша кард, ба маҷзубону дарвешон майл пайдо кардани ў мебошад. Ба онҳо ҳанўз дар Азимобод шинос шуда, хусусиятҳои муҳими ин тариқатро омўхта буд. Акнун бевосита ба тарзи дарвешону маҷзубон зиндагӣ карданро ихтиёр намуд. Махсусан, дар Деҳлӣ ба таъсири Шоҳ Кобулӣ монда, ба тариқату хости ў амал мекунад. Моҳияти ин ҷараён аз он иборат буд, ки онҳо аз мардум худро канор гирифта, гуруснагӣ мекашиданд. Чанд соли ҳаёти Бедил ҳам ҳамин тарз гузашт. Дўстони наздики Бедил, барои он ки ўро аз ин қафаси танг халос кунанд, ба маслиҳат омаданд, ки шоирро бояд хонадор кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бедилро дар синни 25-солагиаш хонадор карданд.
Минбаъд зиндагӣ ба сари Бедил панҷа партофт. Оиларо хўрондану пўшонидан лозим буд. Барои ин кор бояд кард. Аз ин рў, Бедил дарвешию маҷзубиро бас намуд ва барои зиндагиро пеш бурдан ба касби сипоҳигарӣ пардохт. Ӯ ба Аъзамшоҳ навкар шуд, се сол гузашт. Бедил дар ин муддат ба шоҳу аҳли дарбор аз наздик шинос гардида, навкариро тарк мекунад. Сабаби дуюми навкариро тарк кардани шоир боз дар он аст, ки Аъзамшоҳ шоир будани Бедилро фаҳмида, аз ў талаб менамояд, ки дар васфаш қасидаи мадҳие эҷод кунад, то ки ба ў мукофоте диҳад. Аммо Бедил ин таклифро қатъиян рад менамояд:
Бедил, маро ҳарзасароӣ шон нест,
Мадҳи миру ситоиши Султон нест.
Бедил пас аз ин бевосита ба кори эҷодӣ машғул мешавад. Дар ин давра ў ба шаҳру ноҳияҳои Мултон, Лоҳур, Акбаробод, Панҷоб, Кашмир, Сарҳинд сафар карда, бо ҳаёти мардум шинос мешавад. Шоир ба ҳар ноҳияе, ки по мегузошт, бо аҳли илму адаби он ҷой сўҳбатҳо меорост. Мубодилаи афкор менамуд, ба шоирони ҷавон, арбобони илм маслиҳатҳои муфид медод. Махсусан, дар он рўзгор ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари Ҳинд ноором буд. Мустамликадорони хориҷӣ ба кишвари Ҳиндустон даромада, ба халқ зулму тааддӣ карданд, аҳволи омма боз бадтар гардид. Амалдорон бошанд, барои ниҳон кардани фитнаю найранги худ дар байни мусулмонон ва ҳиндуҳо низоъҳои миллию мазҳабиро қувват медоданд. Бедил бо чашмони худаш ин низоъҳо, бародаркушиҳоро дар ноҳияҳои кишвар дид ва мутаассир гашт. Шоири гуманист аз ин кирдорҳои разилона ба хашму ғазаб омад. Дар ин бора мутафаккир дар «Чор унсур»-аш батафсил сухан меронад.
Сафарҳои Бедил натиҷаи хуб доданд. Аз ҳама муҳимаш ҳаёти халқи мазлумро аз наздик омўхт ва сабабҳои иҷтимоии онро то андозае дарк кард, ки ҳамаи ин дар оянда барои тақвият ёфтани афкори нависанда хизмат намуданд.
Ҳаёти оилавии Бедил чандон барор накард. Занаш вафот намуд. Шоир маҷбур мешавад, дуюмбора оиладор шавад. Ў дар синни 64-солагӣ соҳиби писар гардид. Шодию хурсандии адиб ҳадду канор надошт. Ба фарзанд Абдулхолиқ ном гузошт. Вале пас аз се сол Абдулхолиқ вафот кард. Ин ҳодиса қалби шоирро реш намуд. Ў дар як рубоияш аз ин ҳодисаи нохуш ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки дар пиронсолӣ аз фарзанди ҷигарбанд ҷудо шудан дарди сахт, дарди ҷонгудоз аст:
Гуфтам: «Чӣ бувад субҳи қиёмат?
Гуфтанд:«Марги фарзанд вақти пирӣ дидан».
Шўҳрати шеъри Бедил, каломи сеҳрангези ў дар сарзамини Ҳинд, дар байни хосу ом, ҳокимону амирони вақт паҳн гашта, аз байни ҳар табақа мухлисони зиёд, шогирдони бовафо пайдо намуд. Шогирдони Бедил на танҳо мусулмон буданд, балки ҳиндуҳо низ ба адиб эҳтирому самимият доштаанд. Ҳокимон ва амирон борҳо Бедилро ба дарбор даъват карданд, аммо ў розӣ нашуд. Масалан, муаллифи «Хизонаи омира» Ғуломалихони Озод мегўяд: «Чун Навоб Осафҷоҳ... бар кишвари Дакан мусаллат шуд, номаи талаб ба Мирзо (Бедил) навишт. Мирзо дар ҷавоб ин байт ба қалам овард:
Дунё агар диҳанд, нахезам зи ҷои хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пои хеш».
Бедил бештар дар хонааш, ки дўстонаш дар Деҳлӣ барои ў сохта буданд, ба корҳои эҷодӣ машғул гардид. Зиндагии шоир аз ҷиҳати моддӣ чандон бад набуд.
Аввалан шогирдонаш ба Бедил ёрии моддӣ мерасонданд. Дар байни онҳо шахсони доро ва саховатманд бисёр буданд. Сониян, Бедил хаттотӣ мекард. Мувофиқи супориши шахсони алоҳида девонҳо, асарҳои алоҳидаи адибони гузаштаро рўбардор карда, ба онҳо медод. Пас онҳо музди корашро дода, шоирро розӣ мекарданд. Вале вақти зиёди худро ба таълифи асарҳояш мегузаронд.
Чунон ки сарчашмаҳо, ҳамзамонон ва эҷодиёташ собит менамоянд, Бедил марди поксиришт, некахлоқ, фурўтан, хайрхоҳ, ҳимматбаланд ва фуқаропарвар буд. Он чизе ки меёфт, қисми онро ба толибилмони мўҳтоҷ, дармондагон медод. Барои ҳамин халқ Бедилро дўст медошт ва ҳурмату эҳтиром мекард.
Бедил 5 декабри соли 1720 дар Деҳлӣ вафот мекунад ва ўро мувофиқи расму русуми онвақта дар ҳавлии худаш ба хок месупоранд. Дар ин бора Ғуломалихони Озод, ки дар ин вақт 17-сола будааст, қитъаи таърихии зерро иншо мекунад:
Сару саркардаи арбоби сухан,
Аз гамободи чахон хуррам рафт.
Гуфт таърихи вафоташ Озод:
«Мирзо Бедил аз олам рафт».
Мувофиқи ҳисоби абҷад аз мисраи охир рақамҳои 1133 мебарояд, ки ин соли ҳиҷрист. Он ба 1720 мелодӣ баробар аст. Ба ҳамин тариқ, Бедил умри хешро ройгон нагузаронида, ба наслҳои оянда асарҳои пурарзише ба мерос гузоштааст.
Мероси адабии Бедил
Маълум аст,ки Бедил ҳанўз аз синни 10 солагиаш ба сурудани шеър оғоз карда буд. Ў то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ аз иншо кардан лаб фурў набаст. Аз ин ҷост, ки дар тўли 65 соли кори эҷодиаш асарҳои зиёде офарид. Эҷодиёти Бедил ба баҳри азиме шабоҳат дорад. Ин маъниро худи шоир дар рубоии зер беҳтар гуфтааст:
Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,
Дар чандин вақт он фуруд омадааст,
«Таврот» набуд, то бигўям, ки ҳама,
Якбора зи осмон фуруд омадааст.
Ҳамаи эҷодиёти Бедил дар шакли «Куллиёт» ҷамъ оварда шудааст, ки дар он ҳам асарҳои назмӣ ва ҳам насрии нависанда ва мутафаккир дохил шудаанд. Ҷамъи асарҳои назмии шоир зиёда аз 72 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Дар дохили асарҳои насрии Бедил назм низ бисёр омадааст, ки онҳо насри ӯро боз ҳам хонотару шевотар гардонидаанд.
Маълумоти мухтасар дар бораи баъзе асарҳои Бедил
«Тилисми ҳайрат». Ин асар соли 1668 навишта шуда,аз 3750 байт иборат аст. Дар он ақидаҳои маҷзубӣ- динии Бедил ифода ёфтаанд. Бедил дар асар дар бораи муносибати тану рўҳ баҳс мекунад.
«Муҳити аъзам». Бедил онро дар 37-солагиаш иншо мекунад ва 4500 байтро ташкил медиҳад. Мазмун ва мундариҷаи идеявии «Муҳити аъзам» тасаввуфист. Бедил ба тариқи тамсил аз ҳаёту фаъолияти маҷзубони машҳур ҳикоятҳо оварда, вобаста ба он баъзе масъалаҳои тасаввуфиро ҳал менамояд.
«Тури маърифат». Ин асар аз маснавиҳои дар боло зикршуда тамоман фарқ дорад. Аввалан, шоир онро ба дўсти наздикаш - Шукруллохон мебахшад ва маснавӣ аз 1500 байт иборат аст. Дар асар шоир бештар зебоиҳои табиати кўҳи Байроти Ҳиндустонро ситоиш намуда, онро бо кўҳи Тури Арабистон, ки дар он ҷо Мусо пайғамбар гўё нури иллоҳиро мебинад, муқобил гузоштааст. Агар номи Кўҳи Мўсо «Тури Таҷаллин нури илоҳӣ» бошад, шоир кўҳистони Байротро «Тури таҷаллии маърифат ном ниҳодааст. Ҳатто кўҳи Байротро аз бисёр ҷиҳатҳо аз кўҳи Тур болотар мегузорад. Дар асар ташбеҳоти рангин, тасвирҳои шоирона хеле зебою дилкаш ба қалам дода шудаанд, ки ҳамаи ин дили хонандаро ба шўр меоварад. Асар соли 1687, ки он вақт Бедил 43-сола буд, навишта шудааст.
«Ишорот ВА ҳикоёт». Нависанда ин асарро дар як муддати тўлонии ҳаёташ эҷод кардааст. Асар мавзўъҳои гуногунро дар бар гирифта, андешаҳои ахлоқӣ ва фалсафии адиб дар шакли маснавиҳои хурд-хурд, ки вазнҳои гуногун доранд, гирд омадаанд. Баъзе ҳикоёти шоир аз зиндагии инсонҳо буда, характери таълимию тарбиявӣ доранд. Вале қисмати зиёди онҳо барои равшан гардидани моҳияти тасаввуф хизмат кардаанд. Асар аз 1300 байт иборат аст.
«Ирфон». Чи аз ҷиҳати ҳаҷм ва чи аз ҷиҳати дарбаргирии масъалаҳо «Ирфон» калонтарин ва муҳимтарин асари Бедил аст. Шоир асарро соли1712 навишта ба анҷом мерасонад ва он дорои 11 ҳазор байт аст. «Ирфон» аз 10 боби мустақил иборат буда, ҳар як боб то андозае ба ҳам алоқаманд аст. Мавзўи бобҳо мухталиф буда, дар онҳо фикрҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва тарбиявии муаллиф инъикос ёфтаанд. Шоир дар ҳар як боб ҳикояте меорад, ки он ба мавзўи асосӣ алоқаманд буда, афкори файласуфро тақвият медиҳад. Дар ситоиши нон, касби деҳқонӣ шоир батафсил истода, бузургии деҳқонро аз тамоми гурўҳҳои ҷамъиятӣ қайд мекунад:
Дастгоҳи ғурури султонӣ
Сар зад охир зи аҷзи деҳқонӣ.
Достони «Комде ва Мадан» низ яке аз ҳикоятҳоест, ки шоир барои ифодаи ақидаҳои иҷтимоии худ онро овардааст ва ин асар дар поёнтар таҳлил карда мешавад.
Бедил дар «Ирфон» ақидаҳои материалистии худро дар бораи пайдоиши олами набототу ҳайвонот ва инсон ба қалам додааст. Шоир таъкид менамояд, ки олами мавҷуда аз обу оташ, боду хок таркиб ёфтааст, ки инсон ин олами ҳастиро ободу зебо ва агар хоҳад, вайрон мекунад. Инсон ҳам як ҷузъи табиат буда, аз ҳамаи мавҷудоти он болотар меистад.
Ғайр аз ин, Бедил дар жанрҳои хурди лирикӣ - қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра табъ озмуда будааст, ки онҳо ҳам ба мавзўъҳои мухталифи зиндагӣ тааллуқ доранд. Худи Бедил ба ин тарафи масъала ишорат намуда, дар як рубоияш чунин мегўяд:
Дар пардаи сози мо наво бисёр аст,
Айбу ҳунару рангу сафо бисёр аст.
Хохӣ кафк гиру хоҳ гавҳар бардор,
Мо дарёему мавҷи мо бисёр аст
Асарҳои насрӣ
«Дебоча». Ин муқаддимаест, ки Бедил ба девони ашъораш офаридааст. Дар он шоир дар бораи ягонагии шаклу мазмун, каломи бадеӣ, усулҳои ифодаи фикр, душвории пешаи шоирӣ сухан меронад. Ин муқаддима аҳамияти калони илмӣ дорад. Ба ин восита ақидаи шоир доир ба баъзе масъалаҳои адабӣ то андозае равшан мегардад.
«Нукот». Ин асар чандон калон набуда, онро дар тамоми давраи ҳаёташ навиштааст. Адиб дар ҳар маврид доир ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ сухан гуфтааст. Ин суханон андешаҳои фалсафӣ ва ахлоқии Бедилро ташкил медиҳанд. Нависанда дар «Нукот» баъзан барои тасдиқи фикр порчаҳои шеъриро низ истифода бурдааст.
«Руқаот». Ин маҷмўи мактубҳои Бедил аст, ки дар давраҳои гуногуни ҳаёташ ба дўстон ва шогирдони худ навиштааст. Аҳамияти ин асар, пеш аз ҳама, дар он аст, ки мо дар бораи зиндагии адиб маълумоти пурарзиш гирифта метавонем. Баъзе мактубҳои Бедил ба шогирдонаш характери таълимию тарбиявӣ дошта, одамонро ба накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, дўстию рафоқат ҳидоят мекунанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита дар ҳолатҳои гуногун чӣ гуна муносибат доштан ё муносибат намудани устоду шогирд равшан ифода ёфтааст. Бисёр ақидаҳои Бедил доир ба ин масъала ҳанўз қимату арзиши худро гум накардаанд.
«Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедил буда, нависанда онро дар давоми 21 сол иншо кардааст. Ин асар, чунон ки аз номаш маълум аст, фалсафист. Ў дар бораи рўҳи мутлақ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ ва муносибати онҳо батафсил сухан меронад. Баъзе андешаҳои Бедил маҳз дар ҳамин асар инъикос ёфтаанд. Аз ин рў, асар барои равшан намудан ва омўхтани ақидаҳои фалсафии адиб сарчашмаи гаронбаҳоест.
Аҳамияти дигари «Чор унсур» боз дар он аст, ки асар характери ёддоштӣ дорад. Бедил дар он дар бораи сафарҳояш, ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ, солҳои мактабхонӣ, хонадоршавӣ, сўҳбату вохўриҳо бо ашхоси гуногун ва амсоли ин маълумот медиҳад. Ин маълумот барои омўзиши ҳаёту эҷодиёти адиб ва замони нависанда аҳамияти калон доранд.
Зикр кардан лозим аст, ки асарҳои насрии Бедил, нисбат ба назмаш мураккабтаранд. Нависанда аз калимаю ибораҳои арабӣ бештар истифода бурдааст. Ташбеҳоту истиороти мураккаб насри адибро душвортар гардонидаанд.
Андешаҳои Бедил
Бедил на танҳо шоир ва нависандаи забардастаст, балки файласуфи бузургест. Ӯ ҳам дар асарҳои назмӣ ва ҳам насриаш дар бораи олами ҳастӣ, ҷамъият ва мавқеи инсон дар ҷамъият фикру мулоҳизаҳои аҷибе рондааст. Мутафаккир олами ҳастиро аз се чиз: олами наботот, ҳайвонот ва инсонӣ иборат медонад. Бедил олами набототро аввал, олами ҳайвонотро сонӣ ва олами инсониятро дар дараҷаи охир қарор дода, қайд мекунад, ки сабаби бақою зиндагии ҳайвонот ва инсон олами наботот, яъне оламиҳастӣ аст. Зеро аз ин олам ғизо мегиранд ва инкишоф меёбанд:
Аз набот он чӣ ҷилвасомон шуд
Ризқи ҳайвону қути инсон шуд
Гарчи қути сибоъ1ҳайвон аст,
Боз он ҷо набот пинҳон аст.
Ин ҳама эътибори чуну чаро,
Аз бақо ҷўшаду бақо зи ғизо.
Вале Бедил аз ҳама мавҷудоти олами ҳастӣ инсонро бузургтар ва муқаддамтар мешуморад. Инсон ба ҳар кор қодир аст. Вале инсон ҳам узви табиат буда, пайдо мешавад, инкишоф меёбад ва меравад. Аммо боз намегардад, инсони дигар меояд. Яъне ин қонуни инкишофи табиат аст:
Бедил, ба саводи бекарони ин дашт,
Ҳар кас ҳар сў рафт, дигар боз нагашт.
Чун мову ту рафтаҳову бозоянда,
Бисёр гузаштаанду хоханд гузашт.
Сибоъ — ҳайвони ваҳшӣ, даранда.
Бедил таъкид менамояд, ки табиату ҷамъият ҳамеша дар инкишоф ва тағйирёбианд:
Умрест шикасти бому дар мебинам
Бунёди вафо зеру забар мебинам.
Ҳар субҳ, ки сар зи хоб бармедорам,
Ошўби қиёмати дигар мебинам.
Ғайр аз ин, Бедил ҷамъиятро ба ду гурўҳ, ба ду синфи ба ҳам зид тақсим мекунад. Ба гурўҳи аввал шоҳон, яъне аҳли сарват ва ба гурўҳи дуюм камбағалон, яъне гурўҳҳои меҳнатиро дохил намудааст. Мутафаккир доир ба ин масъала дуруст қайд мекунад, ки шоҳон давлату сарват доранд ва ҳаёти худро бо айшу нўш мегузаронанд, вале бечорагон меҳнат мекунанд ва дар хорию забунӣ ҳастанд. Гўё ин қонуни объективонаи ҷамъият аст ва ҳамин тавр дар оянда давом хоҳад кард:
Аъён, ки зуҳур мепарастанд ҳама,
То ҳаст нафас, ҷом ба дастанд ҳама.
Шоҳон ба шавкату гадоён ба аҷз,
Ҳастанд ҳама, чунон ки ҳастанд ҳама,
Вале аз ҳама муҳимаш он аст, ки Бедил аз ҳамаи гурўҳҳо инсони меҳнаткаш, он касеро, ки неъматҳои моддӣ меофарад ва асоси мавҷудияти ҷамъият аст, дар пояи олӣ мегузорад. Гуманизми Бедил ҳам дар ҳамин аст. Шоир барзгар, яъне деҳқонро ба офтобе, ки ба ҳама нуру зиё мебахшад ва сабаби мавҷудияти зиндагист, ташбеҳ намудааст:
Яъне ин ҷо гурўҳи барзгаранд,
Ки саропо ниҳоли симу заранд.
Офтобанду нурпоши ҳама,
Гармии шўълаи маоши ҳама.
Бо ҳама оҷизӣ ба ранги нафас,
Риштаи сози қудрати ҳама кас.
Бедил бо як ҳиссиёти баланд нишон медиҳад, ки ҳамаи давлату сарвати шоҳон, ҳокимон аз деҳқонон аст. Барои мисол шоҳони зулмпешаи таърихӣ Фиръавну Намрудро меорад:
Дастгоҳи ғурури султонӣ,
Сар зад охир зи аҷзи деҳқонӣ
Ҷўши Фиръавну шўхии Намруд.
Ҳар тараф боли иқтидор кушуд.
Аммо шоир бо таассуф хотиррасон мекунад, ки кишоварз, барзгар, деҳқон арақи ҷабин мерезад, дастонаш пуробила мегарданд, шабу рўз меҳнат мекунад ва бо душворӣ неъматҳои моддӣ меофарад, вале ҳамеша шикамаш гурусна, танаш урён ва зиндагиаш қашшоқона аст. Баръакс золимон, шоҳону ҳокимон айшу нўш мекунанд, аз ҳисоби дигарон зиндагии пурдабдаба доранд. Вале боз ба халқ ҷабру ситам раво мекунанд:
Баҳру кон ҷумла толиби нон шуд,
Неку бад меҳмони деҳқон шуд.
Лек аз он ҷо, ки ин куҳандеҳқон,
Ба ҳазор офат аст тухмфишон.
Хўшачинони кишти бекорӣ,
Мекашиданд заҳмати хорӣ.
Ҷамъ гардид жожхое чанд,
Мухталифхосиятҳавое чанд.
Тамаи шум барқсомон шуд.
Малахи киштзори дехқон шуд.
Он чӣ яксола саъйи деҳқон буд,
Музди як дам талоши эшон буд,
Ғайр соғар ба мавҷ мегирад,
Соҳиби чашма ташна мемирад,
Ҳама зулм аст, адлу эҳсон ку?
Худпараст аст нафс, имон ку?
Бар заифон шикаст паймоянд,
То кулоҳи ғурур ороянд.
Оҷизонро диҳанд ғўта ба хун,
То шавад хилъати ҳавас гулгун.
Қиссаи ҳеҷ кас надид пурӣ,
То накард ихтиёри кисабурӣ.
Шоири гуманист дар таҷрибаи зиндагӣ ин гуна ҳодисаҳоро бисёр мушоҳида карда, нафрату адоваташ ба шоҳони золими замонаш боз ҳам зиёдтар мегардад. Онҳоро дар ҷамъият нодаркор меҳисобад. Шоҳонро аз ин рў, ба панҷаи зиёдатии даст (панҷаи шашум, ки гоҳ-гоҳ дар баъзе одамон пайдо мешавад) монанд кардааст:
Шоҳон, ки зи худсарӣ ҷаҳонтасхиранд,
Дар дахли умури ҳақ халалтадбиранд.
Ин бекорони ғарраи ҷоҳу ҳашам.
Ангушти зиёди панҷаи тақдиранд...
Бедил дар ҳақиқат ба хулосаи дуруст омада, ба одамон таъкид менамояд, ки аз шоҳону ҳокимон чизеро умедвор шудан хаёли хом аст. Ин ба монанди он аст, ки сақфи осмон ба сари одамон соя шуда наметавонад. Яъне осмон ниҳоят баланд аст ва аз замин дур:
Аз дунёдор умедро поя махоҳ,
Чуз карру фари либосу пироя махоҳ.
3-ин қавм таваққўи ҳимоят пуч аст,
Аз сақфи баланди осмон соя махоҳ.
Бинобар ин, шоир ба хулоса меояд, ки дар назди сангдилон сари таъзим хам кардан, хушомад задан ва худро ҳақиру бечора намудан нашояд. Баръакс бо сангдилон сахтӣ, сангдилӣ бояд кард. Ин фикри шоир мақоли халқӣ «Бо бадон бад бошу бо некон накў»-ро ба хотир меорад:
Золим пўшад либоси хунбофтаро,
То зер кунад хасми забунёфтаро.
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тафтаро.
Бедил ба қувваю неруи халқ боварии калон дорад. Аз ин ҷост, ки ба халқ хитоб карда, «бо сангдилон сахтӣ кун» мегўяд. Ў мўрчаро ба хотир меорад ва таъкид менамояд, ки мўрча бо ҳама хурдияш бузургу тавоно аст ва шерро аз по меафканад. Ба шарте, ки ҳиммат кунанд, иттифоқ бошанд, на танҳо шерро мағлуб мекунанд, балки осмонро ба замин меоранд:
Ҳиммат он ҷо, ки бастааст камар,
Мўр бар шер бурдааст зафар.
Кўшиши мард агар қадам сояд,
Осмон бо замин ба ҳам сояд.
Ё ки:
Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.
Якчанд фалоҳате ба кўшиши беҳад
Ҳиммат ҳар ҷо пеш кунад кореро
Холӣ созад зи санг кўҳсореро.
Чунон ки аз дарсҳои гузашта медонед, Сайидо ҳам дар образи мўрча табақаи поёни ҷамъиятиро тасвир карда, иқтидору тавоноии халқро нишон ода буд. Аввалан, Сайидо ва Бедил ҳамзамонанд ва аксарияти асар-ҳояшонро дар як давра иншо кардаанд. Вале, бояд гуфт, ки мардони бузург таҷрибаи калони ҳаётӣ дошта, дигар осори бузургони гузаштаро амиқтар омўхта, пас ба ин хулоса омаданд. Ба ин восита онҳо доир ба ин масъала фикри якдигарро тақвият медиҳанд.
Ситоиши Инсон
Бедил қариб дар ҳамаи асарҳояш инсонро ситоиш карда, аз ҳамаи мавҷудот болотар ва олитар мегузорад. Маълум аст, ки инсон аз инсон фарқ дорад. Инсон ба одамони меҳнаткаш, барзгар, коргар, гурўҳҳои меҳнатӣ ва инсони муфтхўр, бекорхўҷа тақсим мешавад. Бедил ҳам мардумони меҳнатиро мадҳу ситоиш намудааст. Шоир барои ҳар як фарди ҷамъият кор кардан, меҳнат намуданро ҳам қарз медонад, ҳам фарз. Аз одами бекор ҳама безор, «кор кунӣ, нон мехўрӣ, чунин ақида дорад Бедил:
Аввалу охир он чӣ шуд маълум,
Кору бор аст, мобақӣ - маъдум
Ситоиши инсони поку некўсиришт чи дар асарҳои насрӣ ва чи назмии Бедил ба назар мерасад. Махсусан инсоне сутуда шудааст, ки ба нафъи ҷамъият кор мекунад ва бори зиндагии инсонҳоро ба дўш дорад. Бедил қасидаи махсусе дорад, ки дар он инсони меҳнаткаш, инсони оддӣ бо тамоми бузургию қудрат, хислату фазилатҳояш тавсиф карда мешавад. Инсон аз ҳар чиз муқаддастар, поктар ба қалам дода шуда, ўро ба гавҳари ноёб, шамъу Офтоб монанд кардааст:
Эй шамъи базми қудс1 надонам чӣ мазҳарӣ
К-аз ваҳм гоҳ равшану гоҳе муқаддарӣ...
Гоҳ аз самуми қаҳр чу гулхан пуроташӣ!
Гоҳ аз насими лутф чу гулшан муаттарӣ!...
Дар чор рукни6даҳр туӣ ҳайрати зуҳур,
Дар ҳафт баҳри чарх7 ту ноёб гавҳарӣ!
Ғофил зи худ мабош ки чун шамъи Офтоб
Иқболи ҳафт маҳфилу нўҳ қасри ахзарӣ...
Аз ҳар шайе, ки ақли ту фаҳмид, афзалӣ.
Аз хар макон, ки фахми ту пай бурд, бартар!
Ҳар ҷо нигоҳ меравад, он ҷо ту рафтаӣ,
Ҳар сў хаёл меравад, он ҷо ту мепарӣ!
Маҳкуми нафси ин ҳама дунҳимматӣ чаро?
К-андар бисоти қудс туӣ садру сарварӣ!
Олам ҳама мусаххари амри замири туст,
Эй бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?!...
Дар қитъаи дигар Бедил, таъкид менамояд, ки шоҳ бошад ё вазир, ҳоким бошад ё дабир, коргар бошад ё барзгар, доро бошад ё камбизоат фарқ надоранд. Пеш аз ҳама онҳо бояд инсони пок, нексиришт, додхоху додгустар бошанд. Мартабаи чунин инсон баланд аст. Ва шумо бояд дар пеши бузургии инсони комил сари таъзим фуруд оред. Яъне ўро чунон ки хонаи Каъбаро зиёрат мекунед, тавоф кунед:
Аз тавофи хона гар мақсуд сохибхона нест,
Сар ба деворе занеду Каъбаҳо вайрон кунед!
Муддао ин аст, к-эй бедонишони ҷаҳлкеш,
Дида бикшоеду тавфи ҳазрати инсон кунед.
Ба ақидаи шоир, шахсе, ки меҳнат мекунад, соҳибэҳтиром аст ва нони ҳалол мехўрад. Албатта, ба мақсад расидан меҳнати зиёд; бедорхобӣ ва саъю кўшиши зиёдеро талаб мекунад. Барои ҳамин Бедил дар бораи аҳами-яти кори босубот чунин мегўяд:
То мард ба ранги лаъл дилхун нашавад,
Дар мулки вафо қиматаш афзун нашавад.
Ҳар сангтабиате нагардад ёқут,
Ҳар қатраи об дурри макнун нашавад.
Нон, ки боиси зиндаги ва пешрафти ҷамъият аст, бо меҳнати душвор, бо арақҳои ҷабини марди дехқон ба даст меояд. Бедил ҳам нон ва марди барзгарро ситоиш менамояд. Оре, онҳо узван ба ҳам алоқаи ҷудонашаванда доранд. Зеро нон гуфтем, деҳқон пеши назар меояд ва деҳқон гўем, нон ба хотир мерасад:
Одамиро ба олами имкон,
Нест чизе заруртар аз нон.
Шахси ҳастӣ агар дўкон дорад,
Моя аз дастгоҳи нон дорад.
Хоҳ зар, хоҳ мол, хоҳӣ ганҷ,
Нон гули зиндагист, боқӣ ранҷ
Ҳар куҷо симу зар ба сомон аст,
Дар ҳақиқат захираи нон аст.
Шоҳ бе нон агар нафас шумурад,
Гӯ, билесад нигину санг хўрад.
Бо ҳама шавкату каруфари ганҷ,
Нон агар нест, хок бар сари ганҷ!
Аҳамияти гуфтаҳои Бедил имрўз ҳам афзунтар шудааст. Ҳурмату эҳтиром ба нону марди деҳқон дар шароити имрўза бештар гардидааст. «Касе, ки кор намекунад, нон намехўрад», «Нон ҳам нону нонреза ҳам нон». «Нонро эҳтиёт кунед» шиори ҳар як фарди ҷамъияти имрўза ба шумор меравад. Оре, нон давлату савлат, сари баланд, рўи сурх, ҳашамату бузургии халқу давлати мост
Масъалаи ҷангу сулҳ дар эҷодиёти шоир
Дар ҳар як давру замон масъалаи ҷангу сулҳ яке аз проблемаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Зеро ҷанг харобию қашшокӣ меовард. Садҳо ҳазор фарзандони ватан дар ин роҳ қурбон мешаванд. Барои ҳамин шахсони пешқадами ҷамъият барои қатъи ҷангу хунрезӣ ва пойдории дўстию якдилии халқҳо кўшишҳои бисёре кардаанд. Мирзо Бедил ҳам, ки чанд сол навкар шуда, дар чандин задухўрдҳо иштирок дошт, ин масъаларо ба хубӣ эҳсос кард. Ӯпеш аз ҳама, мамлакати Ҳиндустонро ба тахтаи шоҳмот монанд карда, таъкид менамояд, ки ҳамеша дар байни феодалон, шоҳзодагон ва дигар саркардагон ҷангу ҷидол аст, муборизаи тахту тоҷталабист:
Гардуни ситамсанҷ чӣ хохад будан?
Ин коргаҳи ранҷ чӣ хоҳад будан?
Он хона, ки ҷангу ҷадал аст асбобаш,
Ҷуз арсаи шатранҷ чӣ хоҳад будан?
Дар ҳақиқат, ҳамин тавр ҳам буд. Дар замони зиндагии Бедил сарзамини Ҳинд майдони куштор, қатлу ғорат ва хунрезӣ гардид. Барои тоҷу тахт дар байни шоҳзодагон бародаркушӣ авҷ гирифт. Махсусан Аврангзеби Оламгир барои ҷоҳу мансаб на танҳо ба халқи худ, балки ба хешу ақрабояш хиёнатро раво дид. Маҳз дар давраи ҳукмронии ў, чунон ки устод Айнй мегўяд: «Хусусан дар охирҳои замони Аврангзеби Оламгир ва баъд аз вай, ки дар натиҷаи ҷангҳои шоҳзодагон ва низоъҳои ҳиндую мусулмонон идораҳои ҳукумат чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо заиф шуда рафтанд ва халқи мехнатӣ аз ҳимоят кардани ҳукмронони худ даст кашид, дар Ҳиндустон барои мустамликачиёни Европа майдони васеъ кушода шуд».
Бедил мақсади шоҳону мустамликадоронро дуруст дарк карда, хотиррасон мекунад, ки онҳо на барои дину мазҳаб оҳанги ҷанг менамоянд, балки барои молу сарват ва давлату ҳокимият дар зери ин шиор мубориза мебаранд:
Умрест, ки дар арсаи найранги ғараз.
Дорад баду нек сулҳ, ё ҷанги ғараз!
Гар рабти каломи «куфру дин» дарёбӣ,
Сози ҳама кўк аст ба оҳанги ғараз.
Барои ҳамин Бедил шоҳу ҳокимони Ҳиндро даъват менамояд, ки ғаразу хусумат, якдигарбадбинии байн худӣ (ҳиндую мусулмонҳо)-ро дур партофта, ба халқ такя намоянд. Агар зулму золимӣ ба омма боз бештар шавад, ғазаби онҳо даҳшатнок аст. Ба по мехезанд ва мисли мўр бошанд ҳам, аждар мешаванд ва золимонро фурў хоҳанд бурд:
Алҳазар з-он фитнае, к-аз табъи мардум гул кунад,
Иттифоқи ин ғубор аз барқ ҳам сўзонтар аст
Аз ҳўҷуми оҷизон ғофил набояд зистан,
Мўри мискин ҳар куҷо ҷўшид бо ҳам, аждар аст.
Бедил, ки ватани хешро дўст медошт, медид, ки бегонагон ба сарза-минаш омада, бойгарию сарваташро мебаранд, халқи бечораашро ғуломвор кор мефармоянд. Умуман истиқлоли Ҳинд дастбурди бегонагон шуда истодааст. Аз ин ҷост, ки шоири ватандўст барои ҳифзи хоки кишвару бум, истиқлоли он мардуми ҳинду мусулмонро ба ягонагӣ, ҳамфикрӣ ва иттифоқ даъват менамояд:
Ёрон, ба тифоқ агар қадам мешикананд,
Ҷайши арабу сафи аҷам мешикананд.
Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,
Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.
Ба ин восита Бедил сулҳу осоиштагиро барои инсон мисли обу ҳаво зарур медонад ва инсонҳоро муқобили ҷангу хунрезӣ ва барои сулҳи пойдор даъват мекунад. Ў ба ин боварии комил дорад. Зеро мутафаккир қувва ва ҳиммати инсонро басо хуб дарк намуда будааст. Агар инсон хоҳад, ҳар мушкилоти дар зиндагӣ рухдодаро бартараф менамояд:
Дар таҷрибагоҳи олами сулҳу набард,
Ҳиммат ҳалли кадом мушкил, ки накард?!
Ҷаҳди инсон бар ин наёмад в-арна,
Гардунро низ бар замин меовард!
Мутафаккири бузург қувваи иттифоқро дуруст дарк намуда, бо ифтихор мегўяд, ки барои ягонагию истиқлоли ватан ҳар як соҳибмеҳан омодаю тайёр бошад.
Албатта, ақидаҳои Бедил имрўз бо садои баланд дар тамоми дунё ба гўш мерасанд ва масъалаи ҷангу сулҳ яке аз проблемаҳои муҳими рўз аст, ки инсонияти тараққипарвари сайёраи мо барои сулҳи пойдор мубориза мебарад. Он чизе, ки Бедил орзу дошт, имрўз ҳам орзуи тамоми инсоният аст.
Фикрҳои панду ахлоқии Бедил
Бедил мардест рўзгордида ва талхию сардии ҳаётро чашида. Барои ҳамин шоир ба ояндагон доир ба масъалаҳои мухталифи зиндагӣ панди судманд медиҳад, то ки дар шоҳроҳи зиндагию рўзгор онро ба назар бигиранд. Бедил, пеш аз ҳама, таъкид менамояд, ки инсон дар кадом дараҷаи дониш ё мартабае, ки бошад, бояд хоксор ва фурўтан бошад:
Ҳарчанд ба дониш аз ҷаҳон афзунӣ,
Ё дар пирӣ муаллими гардунӣ.
Ҳар гаҳ ба пеши кас барӣ ҳоҷати хеш,
Тифлӣ ба ту зебад, на афлотунӣ.
Худро таърифу тавсиф намудан камоли нодонист. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳунар бузургиро ошкор кунад ва аз рўи он мардум ба хулоса ояд:
То айби ту сар наёрад аз парда бадар,
Зинҳор макун талоши изҳори ҳунар.
Дар ойинаҳо назар куну ибрат гир,
Занг аст табассуме, ки дорад ҷавҳар.
Бедил ба хулосаи дуруст омада, кибру ғурур, худписандиро маҳз ба табақаи болои ҷамъиятӣ хос медонад:
Дунёдорон, ки фикри хоме доранд,
В-аз кибру ғурур вазъи доме доранд.
Дидем, ки ин сангдилон ҳамчун нигин,
Аз чини ҷабини хеш номе доранд.
Мутафаккир ба инсон таъкид намуда мегўяд, ки ҳаргиз дар назди ҳар касу нокас сар хам макун, хушомад мазан ва ба ҷое, ки даъват нанамудаанд, нарав, яъне бо ками худ қаноат кун ва ба ҷое нишин, ки пас аз нишастан боз нахезонандат:
Бедил, марав он ҷо, ки намехонандат,
Магзар ба бисоте, ки бурун ронандат.
Бо гарди ятимӣ гуҳари тавъам бош,
Биншин ҷое, ки барнахезонандат.
Агар ин корро накарда тамаъкор шавӣ, аҳволат бад мешавад. Зеро тамаъ мисли шамшери борикест, ки ба ҳар тамаъкор зарару зиён мерасонад:
Бедил, дами шамшери талаб борик аст,
3-ин теғ на турк эмину не тоҷик аст.
Бедил таъкид менамояд ва афсўс мехўрад, ки пояҳои давлатдорӣ аз дасти ашхоси нолоиқ, дайюс, лаим ва ҳасуд ноуствор гардида, дину диёнат хор шудааст:
Афсўс, ки сози салтанат шуд фосид,
Гардид матои дину давлат косид,
Назми Ҳиндустон кунун мункасир аст,
Бар дайюсу бар лаиму хезу ҳосид.
Дар ривоҷи чунин корҳои номатлуб, бесарусомонии давлатдорӣ шоир-они маддоҳ, ки қадри суханро паст намуда, шахсони нолоиқро ба осмонҳо мебардоранд, Сахт гунаҳ коранд:
Эй ки таърифи салотин кардаӣ,
Машқи таълими шаётин кардаӣ!
Чист таълими шаётин? Ҳубби ҷоҳ
Эй шаётин муршидат, рўят сиёҳ!
Дар қитъаи дигараш Бедил хотиррасон мекунад, ки чунин шоирони гадотабъ бо ин кори паст, дурўғу бўҳтон дар назди одамони ҷамъият қимату арзиш надоранд, онҳо то абад рўсиёҳ хоҳанд монд, имрўз агар бо суханони дурўғ сарашон ба афлок расад ҳам, фардо боз ба ҷоҳ меафтанд:
Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст
В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,
Рўсиёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.
Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд.
Гар ҳама пой бар афлок нихад, дар чоҳ аст.
Бедил ба ин гурўҳ худро муқобил мегузорад ва хурсанд аст, ки мисли онҳо тамаъкор, хушомадгў нест, қадри каломи бадеъро ҳаргиз паст назадааст. Он чизе, ки гуфтааст, дар васфи одамони лоиқу арзанда-дўстонаш гуфтааст. Яъне Бедил мегўяд, ки он чизе, ки иншо кардааст, «Ғайр аз исори хизмати ёрон нест». Барои ҳамин хешро хушбахту сарбаланд медонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё