Мирзо Абдулқодири Бедил - «Тури Маърифат»
«Тури маърифат» яке аз манзумаҳои хурди Бедил буда, соли 1098/1687 навишта шудааст.
Достон аз 1500 байт иборат буда, мазмун ва мундариҷааш ба тасвири табиати зебоманзари кўҳистони Байроти Ҳиндустон, ки дар мақоми муқоиса бо «Тури маърифат»-и афсонавӣ омехта акс меёбад, бахшида шудааст.
Дар ин асар муаллиф аз фалсафаи суфизми исломӣ дурӣ ҷуста, беш аз пеш ба фалсафаи мавҷудияти дунёи ҳақиқӣ ва зинда наздик мешавад.
АЗ «ТУРИ МАЪРИФАТ»
...Зи «Тури маърифат» маънисароям,
Ба чандин кўҳ менозад садоям,
Зи гулгашти ҳақиқат тарзабонам,
Ба сад минқор меболад баёнам.
Навои сози матлаб сурхез аст,
Вале гоҳи рақам хат сурмарез аст. .
Агар аз хат намешуд сурмаандуд,
Маъонӣ шўри чандин ҳашр мебуд.
Ба ҳар ранг ин хурўши ҳайратоҳанг
Ба уммеди шунидан мезанад чанг.
Ба мизробест шўхиҳои ҳар соз,
Тааммул мекашад аз сурма овоз
Ба ҷое мерасад ҳар ҷо хурўшест,
Сарири хома ҳам муштоқи гўшест.
Қалам сад ранг маъниофарин аст,
Яке аз саргузашти шавқ ин аст:
Чу шамъи кушта будам улфатоғўш,
Ба он ҳастӣ, ки буд аз дил фаромўш.
На фикри анҷуман не завқи гулшан,
Қадам чун мавҷи гавҳар маҳви доман.
Чӣ хомўшӣ ниқоби сози изҳор,
Чу во мондан далели аҷзи рафтор.
Камони қабзаи таслими хўй,
Муқими гўшаи беорзуӣ.
Ҳақиқатмашрабӣ, ворастахўй,
Кашид аз барқи дил чун шўъла хўе,
Ки эй унсур, матои мулки эҷод,
Тилисми обу хоку оташу бод.
Дар ин раҳ пухтакориҳост даркор,
Ба хомӣ кардаӣ савдо хабардор.
Латофат рафт аз аҷзои завқат,
Касофат сар зад аз миръоти шавқат.
Фусурд аз обу хокат ҷувзи норӣ,
Чу санг аз ваҳм помоли виқорӣ.
Чӣ кулфат гашт сомони малолат,
Ки ранги байза пайдо кард болат.
Чӣ хушкӣ, офати кишти ту гардид,
Ки ҷўши решаҳо бар тухм печид.
Агар медошт оҳанги вуҷуде,
Зи созат шўълае мекард дуде.
Сафоят гашт маҳви пардаи ранг,
Шарорат хок шуд дар хилвати санг.
Ба ҷо во монданат — дилмурдагиҳост,
Замингирӣ, гили афсурдагиҳост!
Ту оташхонаӣ, то кай фусурдан
Hаёти ҷовидонӣ, чанд мурдан!
Касонеро, ки бар таҳқиқ роҳ аст
Нафас чун шамъ мавқуфи нигоҳ аст.
Чӣ хаффошист, эй маҳруми ҷовид,
Ки аз чашми ту пинҳон монд хуршед.
Дилат ойинаву олам надидан,
Нигоҳат бодаву ғафлат кашидан.
Тағофул бар дили равшан вубол аст,
Ки ахгар аз мижа бастан зуғол аст.
Дар ин маҳфил чӣ шамъи бедимоғӣ,
Ки аз афрўхтан қонеъ ба доғӣ.
Ба ҳар узви ту дорад домгоҳе,
Тамошоиву шавқиву нигоҳӣ...
Даме, к-ойина пинҳон гашт дар занг,
Ситам бар ҷилва рафт, эй сар ба сар ранг.
Муаммоӣ, муаммоӣ, муаммо,
Агар хоҳӣ кушудан, чашм бикшо.
Касе, к-аз маърифат як шева бигзид,
Cаҳони бениҳоят мухтасар дид.
Зиҳӣ, вожунии бахти ҳубобат,
Ки бод омад ба соғар ҷои обат.
Чароғи огаҳӣ хилватгузин нест.
Фурўғи меҳр дар зери замин нест.
Камол он аст, к-аз худ бошӣ огоҳ
Чӣ дар саҳро, чӣ дар хилват, чӣ дар чоҳ...
Агар як зарра з-ин розат шавад фош,
Ва гар дарёст аз шавқи ту об аст
На кўҳ аст санги раҳ, не дар, на девор,
Ду олам пурсадо роҳест ҳамвор...
Намегўям ҷаҳонро пайсипар кун,
Ду гоме ҳам дар ин водӣ сафар кун.
Ҳамин вайронаи ҳайратшиканҷ аст,
Ки хокаш то ба худ болид ганҷ аст.
Ҳамин бунёди вайронӣ бақо баст,
Ки дар таъмираш ободӣ хароб аст.
Зи ҳар гарде, к-аз ин вайрона ҷўшад,
Ҳузури ганҷ чашмак мефурўшад.
Агар саҳрост дар роҳат хароб аст,
Сўи хуршед сайр аз чашми хаффош.
Ба ҳар ҷо гул кунад рамзи саробӣ
Наярзад нози сад Cайҳун ба обе.
Дар ин ҷо зарра хуршедошён аст,
Сароб оғўши баҳри бекарон аст.
Hамоно кӯрӣ аст, эй ҳушдушман,
Ки диданҳот кам шуд дар шунидаӣ.
Ба барқи гуфтугўи оташи Тўр,
Димоғи ҳасратӣ месўзӣ аз дур.
Гузашт он барқ, эй ғофил, зи таҷдид,
Чароғони дигар ҳам метавон дид...
Мазан паймонаи андеша дар хун,
Ки оҳ аз кўҳи Наҷду ҳоли Маҷнун.
Сабақҳои хаёли хом то чанд,
Варақгардонии авҳом то чанд.
Агар ҳушошноӣ дарсӣ маънист,
Cаҳон як нусхаи Маҷнуну Лайлист,
Хаёли шўри Лайлӣ мухтасар кун,
Тамошоҳост сомони назар кун.
Чаро чун теша бояд сарнагун буд,
Ки Фарҳоде муқими Бесутун буд?
Садоҳое, ки шуд то бешааш гум,
Ту кардӣ нағмаи сози таваҳҳум.
Чӣ лозим бошӣ аз ҷўши тафаккур,
Зи санги Бесутун Ширин тасаввур.
Ба чашмат ҳар куҷо хишту сафолест,
Зиёратгоҳи ишқеву ҷамолест.
Ба дил то кай тавон занги ҳавас кошт,
Ки Искандар ғарибойинае дошт.
Ҳақиқат то сари изҳор дорад,
Аз ин ойинаҳо бисёр дорад.
Агар тахти Сулаймон бод мебурд,
Туро баҳри чи бояд хоку хун хўрд.
Надидӣ гарди умри парфишонат,
Ки бар дўши нафас баст ошёнат.
На з-ин ранг аст хоки сустбунёд,
Фалак ҳам коғази бодест бар бод.
Зи Cам умрест ҳастӣ рахт баста,
Садо мафрўш аз ҷоми шикаста...
Бадахшон гар ба роҳат афганад санг,
Нагардӣ ғофил аз ашки ҷигарранг.
Чаро дар ҳасрати кони Нишопур
Шавад рахтат кабуд аз мотами сур.
Ба дурон гар расидан ҳаст мушкил,
Зи наздикон набояд буд ғофил.
Агар таҳқиқи маънӣ нусха орост,
Ба ҳар ҷо чашм во гардад тамошост.
Кунун дар кўҳи Байрот обу ранг асг
Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фаранг аст
Муҳайё кун нигоҳи илтифоте,
Бубар бар санъати бечун бароте.
Гар он ҷо як нигаҳ бо шавқ ҷўшӣ,
Ба боғи ҳулд истиғно фурўшӣ.
Зи ҳусни сабзазораш гар кунад гўш,
Чу наргис сабза хезад чашм бар дўш.
Дигар ёбад ба сайри гулшанаш бор,
Мижа чун шамъ гардад, пойи рафтор.
Ба ёдаш дида гар фонус дўзад,
Чароғи Тўр хомўшӣ фурўзад...
Бувад дар олами мақсад суроғе,
Заифӣ дастгоҳи бедимоғе.
Зи худ рафтан далели аҷзи дил буд
Фиғон мерафту ҷавлон по ба гил буд,
Ки ногаҳ аз насими шавқи тақдир,
Ба мавҷ омад баҳористони тадбир...
Ба завқи илтифоташ аз худам бурд,
Ки осоиш ба рафторам қасам хўрд.
Ба пои шавқаш он ҷо сар кашидам,
Ба ин кайфият он соғар кашидам.
Мақоме ёфт-шавқи ҷустуҷўсоз,
Қи гардаш бо таҳайюр буд гулбоз...
Тавон гар як нафас он ҷо гузар кард,
Ба ҳасрат умрҳо бояд сафар кард.
Ба кўҳаш гар тавон ҷоми ҳаво зад,
Ба ранги абр бояд қатраҳо зад.
Зи бас завқи тавофи он суманзор,
Чу муштоқон ба гирдаш гашта кўҳсор...
Ба ранги бода яксар нашъапарвар,
Тилисми кўҳсораш хатти соғар.
Фалак нозид бар ангуштаринаш,
Ки ҳосил шуд нигине чун заминаш...
Зи хокаш дар назар гоҳи тааммул,
Латофат мавҷзан чун об дар гул.
Нигаҳ то бо ғубораш ошно буд,
Мижа арзи дӯкони тўтиё буд.
Саводи ў ба сомон сурмае бехт,
Ки дар чашми ду олам метавон рехт.
Фазояш он қадар вусъат аён кард,
Ки вақфи машраби дил метавон кард.
Зи тўфони баҳрри ин бисоташ,
Замин то осмон мавҳи нишоташ.
Буни ҳар хор сад гулшан дар оғўш,
Кафи ҳар хок сад ойина бар душ.
Ба кўҳаш аз сафои табъи хоро,
Шарар чун ҷавҳар аз ойина пайдо.
Мапурс аз санги ҳамворӣ ба чангаш
Магў аз хоки ёқут обу рангаш.
Ки аз сангаш тавон гавҳар тарошид,
Зи хокаш бар рухи гул ранг пошид.
Раги абре, к-аз ин кўҳсор хезад,
Тарашшўҳ хуни сад ёқут резад,
Дили ҳар заррааш тухми баҳорӣ,
Куҷо сангу чи хишт ойиназоре...
Ба нозу хуррамӣ, бар сабзазораш,
Биболад саркаше аз кўҳсораш.
Дар ин гулзор чун анбори гандум
Наёбӣ донаеро бе табассум.
Шугуфтан баски лабрез аст ин ҷо,
Замин то чарх гулхез аст ин ҷо.
Чу бўи гул зи тўфони шукуфтан,
Ба дил рози касе, натвон нуҳуфтан.
Чаман гар ғунчаеро нақш баста,
Чу мино рангҳо берун нишаста.
Тасаввур ҳар тараф мебандад аҳром,
Ҳамон бар хандаи гул мезанад гом.
Тавон бастан дар ин раҳ бетааммул,
Ба нақши по тилисми хандаи гул.
Ҳавас гар масти сайри осмон аст,
Табассумҳо чу субҳаш назди бон аст.
Нагардад то абад ҷўши тараб кам,
Cунунтоз аст ин мавҷ аз паи ҳам.
Саҳар ҳаргаҳ ба гул доман фишонад,
Ҳаво аз абр сунбул густаронад.
Агар шомеву субҳе ҷилвафармост,
Кушоду басти мижгон фурсаторост.
Ҳаво то ҷамъ гаштан абр бандад,
Нафас то пар фишонад субҳ хандад.
Агар тўфон кунад ёди қиёмат,
Ғубор ин ҷо насозад рост комат.
Ба ҳукми шавқ, агар ваҳми ғуборӣ,
Диҳад арзи баланди Сабзаворӣ.
Зи таъсири ҳуҷуми мавҷи сунбул
Шавад гум чун шикан дар зулфу кокул.
Такаллуф бар тараф, ин вазъи хуррам,
Надорад ҳулд ҳам воллоҳу аълам.
Чунон ҷонпарвар афтодаст обаш,
Ки умри Хизр болад аз ҳубобаш.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё