Зеҳн

ДАСТГИРИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА СОҲИБКОРӢ ДАР ДОИРАИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД ТО СОЛИ 2030

ЗЕ
зеҳни сунъӣ18 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Мақола ба таҳлили ислоҳот доир ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва натиҷаҳои ба дастомада дар рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва муайян кардани нақши бахши хусусӣ дар Стратегияи нави миллии рушд то соли 2030 бахшида шудааст. Аз он ҷумла, нақши ҳалкунандаи бахши хусусӣ ба сифати манбаи асосии маблағгузории ҳадафҳои гузошташуда дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 таъкид гардидааст.

Калидвожаҳо: Стратегияи миллии рушд, бахши хусусӣ, фазои сармоягузорӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, имтиёзҳои андоз ва гумрук, дастгирии молиявӣ, самтгирии содиротӣ, воридотивазкунанда.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи олии рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии мамлакат дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф Ҳукумати мамлакат дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015 чунин афзалиятҳоро ба монанди беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва тавсеаи дастгирии рушди бахши хусусӣ, афзоиши сармоягузориҳо ва рушди бахши хусусӣ ва дар ин замина, таъмини ҷолибнокии фазои сармоягузории дар арсаи байналмилалӣ муайян намуда буд.

Ин афзалиятҳо тавассути татбиқи ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди нерӯи инсонӣ ба ҳалли аввалиндараҷаи масъалаҳои иҷтимою иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва коҳиши камбизоатӣ равона гардиданд.

Тавре таҳлили нишондиҳандаҳои татбиқи стратегия собит месозанд (ниг. ба намояи 1), дар маҷмуъ ҳадафҳои гузошташуда иҷро гардиданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ фароҳам оварда шуда, ба ин васила саҳми бахши хусусӣ дар ММД аз 30 фоизи соли 2000-ум то 67 фоиз дар соли 2015 зиёд гардид.

Дар навбати худ бахши хусусӣ 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 68 фоизи шуғли аҳолиро таъмин менамояд.

Ба ин васила рушди иқтисодӣ дар ин давра дар доираи 7 фоизи солона таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд.

Дар давраи татбиқи Стратегияи милли рушд барои давраи то соли 2015, ислоҳоти куллии қонунгузорӣ дар бахши сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуда, пойгоҳи ҳуқуқии соҳа мукаммал карда шуд.

Аз ҷумла, қонунҳо «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»,

«Консессия», «Тақсимоти маҳсулот», «Низоми иҷозатдиҳӣ», «Мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», як қатор барномаҳои соҳавӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои чорабиниҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва татбиқ гардиданд.

Рушди инфрасохтори соҳа низ ташаккул ёфта, мақоми алоҳида оид ба сиёсати соҳибкориву сармоягузорӣ дар симои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шуд.

Инчунин бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд.

Шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар зиёда аз 40 шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ таъсис ёфта, рушди муколамаи давлат ва бахши хусусиро дар сатҳи маҳал таъмин менамоянд.

Имрӯзҳо тавассути Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои минтақавӣ ислоҳоти муҳими фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шуда, ҳоло тавассути ин механизм 5 лоиҳа дар бахши энергетика, инфрасохтор ва бахши иҷтимоӣ мавриди амал қарор дорад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи давлатии «Фонди давлатии сармоягузорӣ» таъсис дода шудааст, ки пурра ба дастгирии молиявии соҳибкории истеҳсолӣ дар манотиқи дурдасти мамлакат равона шудааст.

То имруз аз ҷониби Фонди мазкур дар маҷмуъ 132 лоиҳаи соҳибкорӣ ба маблағи зиёда аз 120 млн. сомонӣ дастгирӣ ёфта, маблағҳои аз буҷети давлат ба Фонди дастгирии соҳибкорӣ ҷудогардида 253 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади рушди инфрасохторӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 63 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб гардид.

Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.Ҷиҳати осон ва содда намудани ҷараёни фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Тоҷикистон Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътирофи қарорҳои арбитражии хориҷӣ ва Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани тайиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро ба тасвиб расонид.

Қонунгузории амалкунанда номгуйи зарурии кафолатҳоро, аз ҷумла вобаста ба баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ҳимояи ҳуқуқии сармоягузорон, кафолатҳои молумулкӣ, ба фаъолият дахолат накардани мақомоти давлатӣ, интихоби озоди қарордод ва интиқоли даромад, ҳуқуқ барои моликияти зеҳнӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва пешниҳоди раводиди сармоягузориро муқаррар намудааст.

Тибқи қонунгузории мамлакат барои пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар маҷмуъ зиёда аз 70 намуди ҳавасмандгардониҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда вобаста ба ҳаҷми сармоягузориҳо ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол аз андоз аз фоида озоданд.

Аз ҷумла, воридоти таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои он, молҳо барои лоиҳаҳои аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқшуда, молҳо барои сохтмони НБО ва лоиҳаҳои дорои афзалияти стратегӣ барои ҷумҳурӣ, молҳо барои корхонаҳои навтаъсиси коркарди пурраи нахи пахта аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонунгузории амалкунандаи кишварро муосир арзёбӣ намудан мумкин аст, зеро он қариб ҳамаи шаклҳои иштироки сармоягузоронро дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тариқи таъсиси ширкатҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масулияти маҳдуд пешбинӣ намуда, вобаста ба соҳа кафолати манфиатҳои онҳоро тариқи созишномаи инвеститсионӣ, созишномаи тақсимоти маҳсулот (IA- Investment Agreement), созишномаи консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ (РРР - Public Private Partnership) тавассути усулҳои BOT (Bilding Operation Transfer) ва ВОО (Bilding Operation Owner) таъмин менамояд.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ дар мамлакат чор минтақаи озоди иқтисодӣ; МОИ «Данғара», «Панҷ», «Суғд» ва «Ишқошим» таъсис дода шуданд, ки дар онҳо як қатор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият намуда, аз шароити мусоид ва имтиёзҳои махсус бархурдор мебошанд.

Дар давраи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 дар самти коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ислоҳоти назаррас гузаронида шуд. Аз ҷумла, бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз кам карда шуд.

Ҷиҳати соддагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти танзими соҳибкорӣ дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он кам кардани шумораи иҷозатҳо аз 605 то 77 адад, намунаи беназир буда, ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди бомуваффақ будани ислоҳот арзёбӣ гардидааст. Инчунин раванди дастрас намудани иҷозатҳо содда гардида, низоми электронии пешниҳоди 30%-и ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифизи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати нақлиёт ба таври пилотӣ ба роҳ монда шуд.

Раванди маъмурикунонии андоз низ тадриҷан беҳтар гардида, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид. Инчунин бо мақсади соддаву осон намудан, коҳиш додани вақт ва хароҷоти соҳибкорон низоми электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз ҷорӣ карда шуд, ки аз он соҳибкорон ба таври васеъ истифода бурда истодаанд.

Бо мақсади ҳимоя ва дастгирии субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, таъмини саломатии шаҳрвандон ва амнияти давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва қабул гардид, ки аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.

Бо қабул гардидани қонуни мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш амалӣ карда мешавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба шумор мераванд.

Дар самти татбиқи ислоҳот оид ба соддаву осон намудани ҷараёни воридоту содирот ва транзити молу хизматрасонӣ усули “Истгоҳи ягона” ҷорӣ гардида, низоми «Равзанаи ягона» мавриди таъсис қарор дорад.

Барои дастрасии бештари соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, бюроҳои иттилоотию қарзии «Тоҷикистон» ва «Сомониён» таъсис дода шуд. Дар ин радиф ба роҳ мондани истифодаи васеи омори қарздиҳӣ дар баробари фарогирии молиявии шаҳрвандон имконияти паст намудани сатҳи хавфи қарзиро дар низоми бонкӣ фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ислоҳот дар самти ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, либерализатсия ва диверсификатсияи бахши суғурта, рушди соҳаҳои саноат ва истеҳсолоти ватанӣ, рушди бахши кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ, рушди бахши нақлиёт ва энергетика идома доранд.

Бояд қайд намуд, ки ислоҳоти татбиқшуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, тибқи арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми солҳои 2009, 2010 ва 2015 се маротиба ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил шуд ва бо шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар сарфароз гардид.

Чуноне ки аз намояи 3 аён аст, дар давраи солҳои 2006-2017 татбиқи ислоҳот дар самти соддагардонии танзими соҳибкорӣ барои ба даст овардани таҷрибаи пешқадам аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо ба монанди “Андозбандӣ”, “Химояи сармоягузорон”, “Тиҷорати байналмилалӣ”, “Бақайдгирии соҳибкорӣ” ва “Дастрасӣ ба қарз” мусоидат намудааст.

Боиси хурсандист, ки соли ҷорӣ низ Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” мавқеи худро 4 зина боло бурда, аз ҷои 132 ба 128 баромад ва 55,34%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард.

Ҳамзамон тибқи арзёбии ҳисоботи мазкур мавқеи ҷумҳурӣ аз руи нишондиҳандаҳои гирифтани иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ, бақайдгирии моликият ва ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ ҳоло ҳам паст мебошад, ки идомаи ислоҳотро дар самти соддагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ тақозо менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки ислоҳоти гузаронидашуда ва татбиқи босамари қонунҳо дар самти беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба афзоиши назарраси шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Ҳамин тариқ, дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори мамлакат соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 256 610 адад ва ё 89%-ро ташкил медиҳанд, ки гардиши маблағҳои онҳо дар як сол тибқи патент то 100000 (сад ҳазор) сомонӣ ва тибқи шаҳодатнома то 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ мебошад.

Соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бештар дар бахши тиҷорати хурд фаъолият менамоянд, ки пеш аз ҳама гувоҳи дастрасии маҳдуди субъектҳои соҳибкорӣ ба воситаҳои молиявӣ мебошад.

Дар баробари ин ҳиссаи назарраси хоҷагиҳои деҳқонӣ (45,9%) дар шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ, ки ҳамчун соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома амалкунанда фаъолият менамоянд, рушди соҳибкориро асосан дар манотиқи деҳот нишон медиҳад, ки бо масъалаҳои дастрасии маҳдуд ба инфрасохтори ҷисмонӣ, воситаҳои молиявӣ, таҷҳизоти кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва дурӣ аз бозорҳои истеъмолӣ дучор мегарданд.

Шахсони ҳуқуқӣ, ки пойдевори бахши хусусии мамлакат мебошанд, дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорӣ ҳиссаи хеле ками субъектҳои хоҷагидориро ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин рушди босуръати фаъолияти соҳибкорӣ миёни бонувони кишвар ба назар мерасад. Субъектҳои соҳибкории таҳти роҳбарии соҳибкорзанон фаъолияткунанда имруз 31% ва зиёда аз 90 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидории кишварро ташкил медиҳанд, ки 85908 адад ва 95%-и онҳоро соҳибкорони инфиродӣ ва танҳо 4368 адад ва ё 5%-и онҳоро корхонаҳои соҳибкории таҳти роҳбарии занон фаъолияткунанда ташкил медиҳанд.

Таҳлили вазъи рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як қатор масъалаҳо ва мушкилоти рушди фаъолияти соҳибкориро ошкор намуд, ки дар қатори онҳо чунин мушкилоти асосӣ мавҷуд мебошанд:

• маҳдудияти бозори дохилӣ ва ҳамгироии заифи байналмилалии тиҷоратию иқтисодӣ;

• рушди ғайрикофии инфрасохтори ҷисмонӣ ва камбуди мавсимии қувваи барқ;

• нуқсонҳо дар механизмҳои таъмини ҳуқуқи моликият, риояи бояду шояди қонунҳою муносибатҳои шартномавӣ;

• шароити заифи рақобатпазирӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо (низомҳои андоз, гумрук ва раводид);

• инкишоф наёфтани инфрасохтори сармоягузорӣ (бонкӣ, иттилоотию таҳлилӣ, консалтингӣ ва ғайра);

• норасоии мутахассисон ба монанди топ-менечерхо, рохбарони сатхи миёна дар натичаи мушкилоти таълимоти касби ва мухочирати бардавоми кадрхо

• сатхи пасти саводнокии хукуки ва иктисодии сохибкорон, аз чумла бонувони сохибкор, надоштани малакаи банакшагирии фаъолияти сохибкори.

Бояд тазаккур дод, ки Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар баробари таҳлили вазъ рушди соҳибкорӣ ва ошкор намудани мушкилоти он ҷиҳати ҳалли онҳо ба Ҳукумати ҷумҳури пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, тадбирҳои муайянро андеша менамояд.

Аз ҷумла, дар давоми соли ҷорӣ ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии соҳибкорон оид ба ислоҳоти татбиқшуда, тавсеаи имкониятҳои иқтисодии соҳибкорон ва рушди иқтидори онҳо як қатор чорабиниҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалиро доир намуд.

Моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ мулоқоти гуруҳи кории ҳукуматӣ бо соҳибкорон дар шаҳру навоҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар рафти он мушкилоти рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардида, таклифу пешниҳодоти соҳибкорони манотиқи гуногуни кишвар ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо ҷамъ оварда шуданд.

Дар давоми соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд зиёда аз 20 форумҳои дуҷониба ва байналмилалии соҳибкорӣ, мизҳои мудаввар, конфронсу семинарҳо ва зиёда аз 15 курсҳои бозомӯзӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон баргузор гардиданд.

Чорабиниҳои мазкур ба мубодилаи афкор ва таҷрибаи муваффақи комёбиву бурдбориҳо дар самти пешбурди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ислоҳоти татбиқшуда ва имкониятҳои васеи фароҳамовардашуда, маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ мусоидат менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушд барои 15 соли минбаъда, яъне гузариш аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва тавсеаи шуғли самаранок, рушди бахши хусусӣ воситаи асосии расидан ба ин мақсадҳо ба ҳисоб меравад.

Зеро тибқи ҳаҷми дурнамои воситаҳо барои татбиқи Стратегия дар 15 соли минбаъда, ки беш аз 118,1 млрд. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, аз руи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари ШМА ва ё 46,3 фоизи маблағи пешбинишуда рост меоянд. Ин далели муҳимияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба дастовардҳои назаррас маҳдуд нагардида, ислоҳот дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва пешбурди соҳибкорӣ бо назардошти вазъи кунунии буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар мамлакатҳои ҳамшарики стратегиву тиҷоратии Тоҷикистон идома дода мешавад.

Зеро дар қатори пешравиҳо ва дастовардҳо ҳоло ҳам масъалаҳое ба назар мерасанд, ки ҳалли дуруст ва саривақтии онҳо ба рушди устувори соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди бемайлони бахши хусусӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди мамлакат бо назардошти омилҳои буҳрони иқтисодиву молиявӣ диққати асосӣ ба масъалаҳои рушди устувори бахши хусусӣ дода мешавад.

Бо назардошти ин, ҳукумат ислоҳоти институтсионалиро оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тавассути таҳкимдиҳии заминаи қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ, таъмини ҳуқуқҳои молу мулкӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори сармоягузорӣ ва коҳишдиҳии хавфҳои сармоягузорӣ, идома медиҳад.

Ҷиҳати ноил гардидан ба афзалиятҳо ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 татбиқи чорабиниҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- ташкил кардани муҳити устувор ва самарабахши рақобатнок барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ, рушди соҳибкории ба содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидкунанда;

- коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини низоми мусоидаткунандаи рушди он;

- таъсиси ниҳоди Омбудсмен оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон;

- либерализатсия ва диверсификатсияи бозори молиявӣ, бозори такрории коғазҳои қимматнок ва бозори суғурта, таъсиси бозори мустақили қарзии Тоҷикистон;

- шомил гардидани Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ тавассути фаъолсозии аъзогӣ дар СУС, конвенсияҳои Ню-Йорк ва Апостил, пешбурди лоиҳаҳои минтақавӣ, ба монанди CASA-1000, сохтмони лӯлаи газ ва шабакаи роҳҳои минтақавии роҳи оҳан ва автомобилӣ;

- ҷорӣ намудани низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ХАССП (Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавфҳо ва нуқтаҳои муҳими назорат) дар Тоҷикистон, ки назоратро дар тамоми марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, ҳар як нуқтаи ҷараёни истеҳсолот, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот, ки дар ҷараёни он ҳолатҳои хатарнок метавонанд ба миён оянд, таъмин менамояд;

- ташаккули низоми бисёрсатҳаи институтсионалии дастгирии соҳибкорӣ бо назардошти иқтидори занон дар заминаи кластерҳои ҳудудию соҳавии рушди соҳибкорӣ, фондҳои махсусгардонидашуда ва дастгирии рушди ташкилотҳои инфрасохторӣ;

- такмили низоми баҳисобгирии мушкилиҳои экологӣ ҳангоми ташаккул додани фазои соҳибкорӣ ва беҳсозии иқлими сармоягузорӣ;

- баланд бардоштани самаранокии ҳамкории сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар асоси ҷорӣ намудани низоми соддакардашудаи дастгирии маъмурӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

- таҳия ва қабули барномаи маҷмӯии рушди ШДБХ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нав “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ба роҳ мондани низоми ҳавасмандгардонӣ, дастгирии давлатӣ ва кафолат ҷиҳати ҷалби захираҳои бахши хусусӣ дар амалисозии лоиҳаҳои ШДБХ ва ташкили механизмҳои маблағгузории муштараки лоиҳаҳои ШДБХ аз ҷониби давлат;

- истифодаи механизмҳои ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори роҳи оҳан ва барқарорсозии фурудгоҳҳо, дар соҳаи ХМК, маориф ва тандурустӣ;

- ташаккулдиҳии низоми иттилоотии соҳибкорӣ ва мусоидат ба ташкил намудани бизнес-инкубаторҳо бо назардошти талаботи мардон ва занон, соҳибкорони деҳот;

- таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди Ҳамкориҳои глобалӣ оид ба ҳамкории самарабахш барои рушд (ҲГҲСБР).

Дар хотима инро бояд қайд кард, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда муттаҳид намудани сайъу кушишҳои ҳамаҷонибаи тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба