Зеҳн

ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛИИ РАҚОБАТПАЗИР ҲАМЧУН ФИШАНГИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ БЕРУНА

ЗЕ
Зеҳн18 ноябри 2024 · 20 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти миллии рақобатпазир ҳамчун фишанги асосии таъмини амнияти иқтисодии беруна баррасӣ карда шудааст. Муаллиф дар мақола нишондиҳандаҳои асосии таъмини амнияти иқтисодии берунаро таҳлил намуда, ба сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ баҳо додааст.

Калидвожаҳо: амният, амнияти иқтисодӣ, амнияти иқтисодии беруна, қарзи берунӣ, савдои берунӣ, гардиши савдои берунӣ Самти стратегӣ барои таъмини амнияти иқтисоди давлатӣ дар бахши таркибии иқтиссоди берунии он, баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии ҷумҳурӣ дар системаи хоҷагидории ҷаҳонӣ ва татбиқи самараҳои дарозмӯҳлати стратегӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Муҳимияти коркарди самти мазкурро инчунин дар сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ дарк кардаанд, аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мушкилоти рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор гирифтааст.

Рақобатпазирӣ – ин дараҷаи мушкил, бисёрҷабҳа буда, онро дар якчанд сатҳ, аз ҷумла маҳз ҳамчун рақобатпазирии маҳсулот, истеҳсолкунандагони соҳаҳо ва ҷумҳурӣ барраси намудан мумкин аст. Миёни сатҳҳои мазкури номбаркардашуда алоқаи зичи мутақобила вуҷуд дорад, зеро ҳам рақобатпазирии миёни кишварҳо ва ҳам миёни соҳаҳо дар ниҳоят, ба қобилияти мушаххаси истеҳсолкунандагоне вобаста аст, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд. Дар айни замон аз ҳама мафҳуми мураккабе, ки пешбурди маҷмӯиву бисёрсамтаи масъаларо медиҳад, мафҳуми рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Равишҳои илмии дар иқтисодчиёни муосир ба амаломадаро барои муайян намудани рақобатпазирии давлат ба ду қисм ҷудо намудан мумкин аст: - дар як вақт яке аз онҳо ҳолати мазкурро танҳо дар доираи маҷмӯи категорияҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад, мутахассисони дигар дар ин хангом ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро ҷудо намуда, бо мафҳуми иқтисодӣ ва амнияти миллӣ алоқаманд месозанд. Ташаббускорон ва пайравони варинати аввал экспертҳои Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо консепсияи умумии рақобатпазирии иқтисодиёти ҷумҳуририро ихтироъ кардаанд, ки чи гуна ба қобиятнокии ширкатҳо, соҳаҳо, минтақа ва миллат барои рақобати байналхалқӣ кушода боқӣ монда, мутаносибан сатҳи баланди даромад ва музди маошро таъмин намоянд. Ҳамин тариқ, рақобатпазирии байналмилалӣ дар ниҳояти кор ҳамин маъноро медиҳад, ки маҳсулоти худро аз рӯи қобилияти давлат дар сатҳи макро ё ширкатҳо дар сатҳи микро ба фурӯш мебароранд. Маҳз бо максади татбиқи ҳадафҳои мазкур Тоҷикистон узви СУС шуд.

Дар гурӯҳи дуюм мафҳуми рақобатпазирии хоҷагии миллӣ танҳо бо ҷанбаҳои иқтисодӣ маҳдуд намешавад, вале ҳамчун қобилияти «ҷумҳурӣ – субъекти геополитикӣ ба рушди сиёсии мустақил ва мусобиқаи бомуваффақи иқтисодӣ бо кишварҳои дигар» тавсиф карда мешавад». Бинобар ин А.Селезнев шаклҳои зерини рақобатпазириро пешниҳод кард: «ракобатпазирӣ – ин вобастагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, омилҳои сиёсии вазъи ҷумҳурӣ ё истеҳсолкунандагони маҳсулот дар бозори дохилӣ ва берунӣ, ки ба воситаи нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) инъикос меёбанд, чунин ҳолат ва динамикаи он ба таври мувофиқ шарҳ меёбад». Иктисодчии амрикои М. Портер детерминантҳои асосии рақобатпазирии муосири чумҳуриро аз қабили шароитҳои омилӣ, шартҳои талабот, мавҷудияти соҳахои хешу таборӣ, стратеияи ширкатҳо ҷудо намуда, кайд кардааст, ки «ҳиссаи давлат дар бунёд ва дастгирии бартарияти миллӣ назаррас аст». Дар ин чо ӯ мухимияти чунин омили сиёсии рақобатпазириро ҳамчун ба танзимдарории давлатии иқтисодиёт кайд намудааст, ки ба воситаи сиёсати иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва дар доираи сиёсати мазкур қабул намудани санадҳои қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳисоботи ҳарсолаи Форуми иқтисодии умумиҷаҳонӣ «Рақобапазирӣ, Обзори глобалӣ» рақобатпазирии кишвар аз нуқтаи назари перспективаи миёнамӯҳлати рушди иқтисодӣ муайян (маънидод) карда мешавад ва ҳамчун қобилияти пуштибонии суръати баланди рушди устувори даромади воқеии сари аҳолӣ, ки бо суръати рушди ММД дар ҳисоб ба сари аҳоли дар нархҳои ҳамешагӣ чен карда шудааст, маънидод мешавад.

Зимнан, яке аз омилҳои муайянкунандаи шохиси рақобатпазирии ҳар як давлат «Ба танзимдарории давлатӣ» ном дорад.

Дар рейтинги кишварҳо оид ба омили «Ба танзимдарории давлатӣ» гурӯҳҳои зерини нишондиҳандаҳо истифода мешаванд: дараҷаи дахолати давлатӣ, сатҳи салоҳиятнокии ҳукуматӣ (ихтисомандии ҳайат, самаранокии хароҷотҳои ҳукумат, кӯшиш, сатҳи фишори сиёсӣ ва ғайра) андозҳо, (низоми андозӣ, гурез аз андоз, ҳаҷми андозҳо) андозаи ҳукумат, сиёсати фискалӣ

Ҳамин тариқ, муносибати дуюм дар муайян намудани рақобатпазирӣ аз нуқтаи назари таъминоти амнияти иқтисоди берунӣ нисбатан пурмаъно ба назар мерасад, чунки на танҳо омилҳои иқтисодӣ, балки сиёсиро низ дар бар мегирад. Зеро, низоми сиесии давлат ҳоло нақши муҳим дар таъмини рақобатпазири дорад. Бо назардошти ин мумкин аст, ки фаҳмиши рақобатпазирии ҷумҳуриро ҳамчун таркиби иқтисодиёт дар ҷараёни таъсири мутақобилаи омилҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки болоравии самараноки иқтисоди миллиро аз иштирок дар бозори ҷаҳонӣ ва рақобати байналхалқӣ таъмин мекунад, ба таври комил чудо кард.

Иқтисодиёти хурди Ҷумҳурии Тоҷикситон кушода ба ҳисоб меравад ва ин ба талаботи татбиқи ҳадафҳои рақобатпазирии – иқтисодиёт ҷавобгуй аст. Таҳлили муқоисавии маълумотҳои оморӣ миёни кишварҳои мутарақӣ, ки аз тарафи иқтисодчиёни алоҳида гузаронида шудаанд, тасдиқ мекунад, ки тезис дар бораи кушодагии хоҷагидории миллӣ барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ заминаи мусоид, дорад. Хулосаҳои муҳим ба фоидаи дастрасии васеъ дар бозори сармоя ва технология хеле зуд-зуд аз тарафи тарафдорони мактаби классикӣ истифода бурда мешаванд. Агар аз воқеияти алоқаҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ ва таҷрибаи ҷалби сармоя ва технология дар бисёр минтақаҳо, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ берун оем, пас метавон хулоса кард, ки арзиши сармоя инҷо ё назорат ба манбаъҳо аз тарафи соҳибмулки (ё сохибмулкон) сармоя ҳангоми сармоягузории мустақим баромад мекунад ё пардохтҳои фоизӣ ва ё дивидентҳое, ки соҳибмулки (ё соҳибмулкони) сармоя дар сурати пасандозҳои ҳамёнӣ мегиранд. Дар ҳолати технология низ ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар минтақаи ИДМ технология пеш аз ҳама дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок (нафт, гази табиӣ, тилло, нуқра ва ғайра) ҷалб карда мешавад ва ҳамчун қисми сармоягузории хориҷӣ ворид мешавад.

Бо ибораи дигар агар сармоягузории хориҷиро дар бахшҳои иқтисоди кишварҳои ИДМ назорат кунем, хулоса мекунем, ки сармоягузорӣ ба бахши истихроҷ, минҷумла истихроҷи манбаъҳои энергетикӣ ва рушди соҳаҳои энергетикӣ пештоз аст. Бояд қайд кард, ки дар айни замон баҳсҳои ширкатҳои хориҷии истхроҷкунанда дар бозори дохилии кишварҳои алоҳидаи ИДМ рафта истодааст, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳое, ки бо нархҳои баланд дар маҳсулоти соҳаҳои мазкур дар бозори ҷаҳонӣ алоқаманданд.

Мутаносибан, дастрасӣ ба бозорҳои нави сармоя ва технология бо хароҷотҳои муайян ҳамроҳ аст, аз ҷумла бо алоқамандии суст шудани мавқеъ дар нақшаи идоранамоӣ ва ҷоришавии арзиши иловагӣ, ки дар дохили кишвар истеҳсол шудааст.

Дар навбати худ, лозим мешуморем, қайд намоем, ки кушодагӣ ва шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ бе назардошти мутобиқшавии вай бо таъсирҳои мавҷуда ва ӣқтидорнокии манфӣ аз тарафи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар давлатҳо дар аввал на ба болоравӣ, балки ба поёнравии рақобатпазирии давлат оварда мерасонад ва чунин амал бо иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз либерализатсиякунонии фаъолияти иқтисоди берунӣ дучор омад.

Гардиши савдои хориҷӣ мутобиқи таснифи тавозуни пардохт дар соли 2015 андозаи 3396,9 млн. долл.ИМА-ро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,2 фоиз кам мебошад. Коҳишёбии воридоти молҳо ба 19,9 фоиз вобаста аст.

Бақияи манфии тавозуни савдо (бо назардошти ислоҳоти фарогирӣ, тасниф (бо нархҳои ФОБ), арзиши молҳое, ки ташкилотҳои нақлиётӣ дар бандаргоҳҳо харидорӣ намуданд) дар соли 2015 маблағи 2252,9 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9 фоиз кам мебошад.

Шарики асосии савдои Тоҷикистон дар соли 2015 Федератсияи Россия шуд. Мутобиқи маълумоти Хадамоти гумрук гардиши дутарафаи савдои байни кишварҳо 1 миллиарду 274 миллион доллар ё 24 фоиз аз ҳамаи гардиши савдои берунии ҷумҳуриро ташкил дод.

Дар ҷойи дуюм дар савдои беруни Тоҷикистон Хитой қарор дорад, ки Тоҷикистон бо ин кишвар 777 миллион доллар савдо кардааст (ин 14,6 фоиз аз ҳамаи ҳаҷми савдои берунии Тоҷикистон аст).

Дар рӯйхати сегонаи аввал Қазоқистон қарор дорад, ки савдои Тоҷикистон дар соли гузашта бо ин кишвар ба 740,2 миллион доллар (13,9 фоиз аз ҳаҷми умумӣ) баробар шуд. Содирот ба Қазоқистон ба 176,22 миллион доллар (18 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот), воридот бошад аз Қазоқистон аз 564 миллион доллар (13 фоиз аз ҳаҷми умумии воридот) гузашт.

Дар асоси таҳлили сохтори гардиши савдои берунӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки эҳтимолан тағйироти сифатӣ на дар натиҷаи кадом як амал дар самтҳои алоҳида, балки дар асоси азнавшаклгирии сохторӣ дар иқтисодиёт, яъне ба воситаи ташаккули чунин модели рушд, ки ба дастовардаҳои илмӣ - техникии прогресс ва татбиқи онҳо дар иқтисоди миллӣ ба амал омадааст.

Яке аз омилҳои асосӣ ва шарти рақобатпазирӣ ва амнияти иқтисоди берунии ҷумҳурӣ дараҷаи иқтидори илмӣ-техникии кишвар ба ҳисоб меравад. Лекин гуфтан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарни XXI, замоне ислоҳоти иқтисодии худро оғоз кард, ки дар иқтидор иқтисодиёти заволёфта, дигаргуншуда ва ба даҳсолаҳо ақибпартофташударо дошт. Ва агар ба стратегияи номинерсионнӣ - бозорӣ такя кунем, ҳолати мазкур махкам карда шуда, ҳадди ақал то ним аср бознагаштанӣ хоҳад шуд. Баъзе муаллифони ватанӣ, бо такя ба далелҳои поёнравии ангезаҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ манзараи ояндаи ноумедкунанда ва беоқибатро пешгӯи мекунанд. Дар Тоҷикистон шароите нест, ки тавонад ҳангоми ҳатто мусоидтарин шароит ба локомотиви рушди илмии ҷаҳонӣ табдил ёбад. Вай қодир нест, ки аз вазъияти ба амал омада танҳо бо такя ба нерӯи худ берун ояд ва бояд бо ҳама усулҳои имконпазир кӯшиши ҷалби маҷрои воридоти сармоя ва технологияи хориҷиро кунад.

Дурнамои рахнашавии Стратегия инноватсионнӣ - технологӣ, элементҳои алоҳида, ки ба таври равшан дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ба назар мерасанд, дар сурати дастгирии бузурги давлатӣ, эҳтимолан метавонад ба кишвар охирин имкониятро диҳад, ки самти пастравиро тағйир дода, ҷойи устуворро дар баъзе самтҳои аз худ намудан ва паҳн кардани қоидаҳои технологӣ ҳамчун пояи ҷамъияти постиндустриалӣ ишғол намояд. Эътирофи далели мазкур аз тарафи роҳбарияти кишвар бо азнавтабдилдиҳии охирини сохторӣ-ташкилӣ тасдиқ мешавад: ҷудо намудани бахше аз соҳаҳо ва фазои иқтисодӣ, ки таваҷҷӯҳи махсуси давлатро талаб мекунад - маориф, энергетикаи обии барқӣ, саноати коркард ва истихроҷи кӯҳӣ, инфрасохторҳо. Мабалғгузорӣ ба соҳаҳои мазкур, бахусус дар корҳои илмӣ - техникӣ дар ҷумҳурӣ ҷоннок мешавад.

Муттаносибан самти баланди пасандозҳои миллӣ, ки метавонист бартарияти ҳам технологӣ ва ҳам инноватсиониро пуштибонӣ кунад, бо низоми хеле қафомондаи молиявӣ-бонкӣ маҳдуд аст ва дар ниҳоят захираҳо ба объекти сармоягузорӣ, балки фасод табдил меёбад, дар ин хусус фарқияти зиёди меъёри ҷалб ва тақсимоти %, инчунин дастрасии фоида барои тиҷорат

(ҷои 54) шаҳодат медиҳад. Сифати пасти ҳаракати ҷараёнҳои молиявии дохили кишвар (дастнорасии пасандозҳои миллӣ барои сармоягузорон) ва шўҳрати бади ҷумҳурӣ ҳамчун қарзгирандаи байналхалқӣ имконият намедиҳад, ки бартариятҳои мавҷудаи технологӣ истифода бурда шаванд.

Дар ҳолати мазкур шинохти он ки ҷараёни рушди рақобатпазирӣ дарозмўҳлат муайян карда мешавад, вале фоида аз дастгирии истеҳсолкунандаи маҳсулоти бесифат метавонад танҳо кўтоҳмўҳлат бошад.

Бинобар ин дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти пастсифати ватанӣ хеҷ гоҳ рақобатпазирии ҷумҳуриро баланд намебардорад, баръакс барҳам дода, имкон медиҳад, ки дар қатори корхонаҳои зиёновар қарор гирад ва бо ин роҳ ба корхонаҳои рушдкардаи самаранок монеа эҷод мекунад.

Карзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати 1 январи соли 2016 ба 2194,5 млн. доллари ИМА расид, ки 27,9% -и ММД –ро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки суръати рушди иқтисодиёт, баъд аз бўҳрони охирин дар давраи барқароршавӣ хусусияти мусбиро касб кардааст. Қарзи мустақими берунии давлатӣ 23,1 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва дар шакли ҳавасмандии давлат барои нигоҳ доштани ҳолати устувори қарзӣ асосан аз контсессияи иқтибосҳои берунӣ иборат аст. Солҳои охир дар сохтори хароҷотҳои буҷавӣ ба самти афзоиши барномаҳои иҷтимоӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда шуда буданд. Ҷумҳуриро муяссар шуд, ки ба камомади умумии буҷаи давлатӣ (бе назардошти барномаи сармоягузории давлатӣ, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои беруна маблағгузорӣ мешаванд) ба андозаи 0,2% маҷмўи маҳсулоти дохилӣ даст ёбад, ки ин бинобар рушди динамикии даромади буҷа, аз нишондиҳандаҳои мақсадӣ бештар аст. Дар муқоиса бо соли гузашта дар баёни фоизӣ дар муносибат ба ММД аз 22,7% то 27,9 % боло рафт.

Бонки содироти-воридотии Хитой чун кредитори бузургтарини Тоҷикистон боқӣ монда, қарзи ҷудонамудаи бонки мазкур 43,1 % -ро аз қарзи умумии берунии давлатӣ дар санаи 1 январи соли 2015 ташкил медиҳад. Кредиторони бузурги дигар Бонки умумиҷаҳонӣ ва БРО (АБР) ба ҳисоб мераванд, ки ҳиссаи онҳо 15,6 % ва 13,3 % аз қарзи умумии берунии давлатиро ташкил медиҳад.

Татбиқи бомувваффақи сиёсати идонамоии қарзи давлатӣ имконият дод, ки қарзи давлатӣ дар сатҳи қобили қабул нигоҳ дошта шавад. Қабули ўҳдадориҳои қарзӣ дар вақташ ва пурра иҷро карда шуданд. Ихтисороти якбораи нархҳои байналхадқӣ ва кам шудани талабот ба маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ дар яке аз нишондиҳандаҳои устувории қарзии тоза гузаронидашуда инъикос ёфтааст, ки арзиши қарз ба содирот, аз қимати ҳудудӣ 100% боло рафт.

Коэффитсиенти хизматрасонии қарз ба воридоти маҳсулот ва хизматрасониҳо дар соли 2015 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 то 2,4% боло рафт. Нишондиҳандаи мазкур дар таносуби фоизҳо 13,9 %-ро ташкил медиҳад. Рушди нишондиҳанда дар навбати аввал бо афзоиши содироти соҳаҳои истихроҷ, металҳои киматбаҳо, воситаҳои нақлиёт ва газ асоснок карда шудааст.

Давлати моро зарур аст, ки иқтидори дастгирии баратарияти захиравии истеҳсолкунандагонро нисбатан васеътар ва пурра истифода барад. Дар контексти стратегияи мазкур зарур аст, ки ба танзимдарории тарофавӣ ва ғайритарофавӣ ва кӯмакпулии (субсидирование) мустақими баъзе соҳаҳо ворид карда шавад. Масалан, ИМА ва аксари иштирокчиёни савдои байналхалқӣ дар муносибат бо истеҳсолкунадагони хоҷагии қишлоқи худӣ чораҳои муҳофизатии мустақимро истифода мебаранд. Бо назардошти шароити объективии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ҷумҳурӣ, ки ба фарқ аз ин кишварҳо хеле камтар созгор аст, ба зарурияти ҷуброни фарқияти рентӣ ҳеҷ шубҳае боқӣ намемонад. Зиёда аз он, инчунин чораҳои мустақими дастгирии давлатӣ барои соҳаҳои дорои технологияи баланд зарур аст, ки ба маҳдудкунии объективии амали механизми бозоргонӣ дар бахшҳои мазкур сабаб мешавад, зеро доираи дарози НИОКР (корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва ихтироъҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ) ва хавфи баланди лоиҳаҳои сармоягузорӣ рушд ва болоравии оммавии бозори фурўш ва сарчашмаҳои мабалағгузории хусусӣ дар соҳаҳои муайянро нигоҳ медорад.

Дар нақшаи макроиқтисодӣ сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ васеънамоии таъхирнопазири истифодаи воситаҳои дастгирии ғайримустақими итеҳсолкунандагони давлатӣ, аз ҷумла андозӣ ва қарзиро тақозо мекунад. Аз нуқтаи назари хулосаҳои ниҳоӣ, чораҳои мазкур он қадар самаранок нестанд ва дар айни замон барои буҷаи давлатӣ камтар мушкиловар ба ҳисоб мераванд. Қарори ҷиддӣ барои иқтисодиёти муосири ҷумҳурӣ мушкилоти соҳавии сохтории рушди иқтисодӣ ва ҷои ҷумҳурӣ дар тақсимоти меҳнати байналхалқӣ бо тағйирёбии маҳсулоти хоми дар солҳои охир шаклгирифтаи ММД ва содирот алоқаманд аст. Бинобар ин фикр мекунем, ки дар шароити мо баланд бардоштани дараҷаи коркарди ибтидоии ашёи хом –вазифаи мухими аввалиндараҷа барои кишвар аст.

Дар соҳаи болоравии фаъолияти инноватсионӣ дар иқтисодиёт ва ба танзимдарории афзоиши бартарияти рақобат дар бахши воқеии иқтисодӣ, бо мақсади баланд баодоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ бояд аз таҷрибаи бои ИМА истифода бурда шавад. Бо назардошти мавҷудияти зделҳои илмӣ-техникӣ ва ақибмонии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳавасмандагардонии корпоратсияи илмӣ-техникии субъектҳои гуногун, бахшҳои иқтисодӣ ва сифати механизмҳои интиқоли технология самти мазкур ба таври назаррас ояндадор ба чашм мерасад.

Дар асоси далелҳои овардашуда, як қатор хулосаи дахлдор баровардан мумкин аст. Давраи муосири рушди иқтисодӣ бо тағйири тамоюл аз қонунҳои геополитикӣ ба геоиқтисодии рушди низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ шарҳ дода мешавад, ки ба сиёсати сарфакории давлат оварда мерасонад.

Ҳангоми сохтани нақшаи амнияти иқтисоди берунӣ барои бартараф намудани хавфҳо ва таҳдидҳое, ки бинобар амали ҷараёнҳои муосири интернатсионализация ва ҷаҳонишавӣ дар системаи координати геоиқтисодӣ ба амал омадаанд, бунёди блоки стратегӣ зарур аст. Дар ин замина, таркиби муҳими самти стратегии мазкури амнияти иқтисоди берунӣ баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ ва татбиқи самараҳои дарозмўҳлати стратегӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ба назари таҳлилгарони зиёд, дараҷаи рақобатпазирӣ, на танҳо тавсифи сатҳи муайяни вазъи воқеии иқтисодиёт, балки иқтидори бузургӣ низ ба ҳисоб меравад ва ҳангоми мониторинг на танҳо сатҳи ҷорӣ, балки иқтидори рақобатпазирии давлат низ бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Сатҳи муосири мониторинги рақобатпазирии байналхалқии ҷумҳурӣ, мавҷудияти норасоиҳои зиёди рақобатӣ, дар бораи зарурияти гузаронидани сиёсати нисбатан фаъоли давлат дар соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад. Ҳангоми коркарди дурнамои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди байналхалқӣ бояд соҳаҳои нисбатан ояндадор ва самтҳо ба назар гирифта шаванд, аз ҷумла тағйири тамоюл дар дастрас намудани шаклҳои навтарини маҳсулоти таъиноти шаҳрвандӣ, самараҳои стратегӣ, ки онҳо нисбатан дарозмўҳлат ва перспективӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамин тавр, давлат бахусус дар доираи рушди ҷаҳонишавӣ рақобатпазирии иқтисодиёти хуро афзоиш медиҳад. Аммо, бо сабаби чунин нишондиҳандаҳои пасти ҷумҳурӣ, бояд дар бораи таъмини амнияти иқтисоди берунӣ воқеан таваҷҷўҳ кард. Дар акси ҳол (дар ҳолатҳои номатлуб) ин ба аз даст додани истиқлолияти давлатӣ оварда мерасонад. Барои роҳ надодан ба ин ҳолат, кишвар ба рушди иқтисодии устувор ниёз дорад ва аз рўи баъзе мониторингҳо барои ин сармоягузории зиёд, тақрибан 10-13 миллиард доллари ИМА ба иқтисодиёт зурур аст. Зарур аст, ки сифати фазои макро ва микрорақобатнокӣ ва ширкатҳои соҳибкории ҷумҳурӣ бо сифати аналоги бозори чаҳонӣ наздик карда шавад. Барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии шабакаҳои пешрафтаи (молиявӣ, инноватсионӣ, сармоягузорӣ, дистрибюторӣ, иттилоотӣ, тарғиботӣ ва ғайра) бозори ҷаҳонӣ пардохт намудан зарур аст, аз ҷумла бо роҳи фурўши аксияҳо ба сармоягузорони стратегии хориҷӣ. Ба истиснои ин, консепсияи рақобатпазирии байналхалқии ҷумҳурӣ бояд дар якҷоягӣ бо намояндагони давлат, тиҷорат, илм ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ тартиб дода шавад. Инчунин бояд соҳаҳои нисбатан рақобатпазири иқтисодӣ муайян карда шавад, дар он ҷое, ки сармояи миллӣ ба Ширкатҳои трансмиллии ҷаҳонӣ ворид шуда тавонад, ва инчунин бунёди бахшҳои рақобатпазир таҳти сарпарастии сармояи шахсии корпоратсияи навъи ғарбӣ мувофиқи мақсад аст. Дар айни замон ин барои соҳаҳои гидроэнергетикӣ муҳим аст. Дар ниҳоят фаъолона ташкил намудани ширкатҳои «иқтисоди нав», коркарди интернет- технологияи дорои бартариятҳои муосири рақобатпазирӣ зарур аст.

Танҳо вақте ки иқтисодиёти мо ба мисли кишварҳои зиёди дигар ба қимати ҳудудии нишондиҳандаҳои амнияти иктисодӣ наздик шуда, баъдан аз он гузаштааст, ба баррасии мушкилоти аманияти иқтисодӣ оғоз намуданд.

Дар айни замон сиёсати иқтисодӣ бо равшаниву возеҳият фарқ намекунад ва дар навбати аввал сиёсати дақиқ андешидашуда ва дурнамо нест, барномаҳои дақиқкоркардшуда оид ба таъминоти амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд. Дар ин шароит асоси дурнамои давлатӣ бо назардошти бартариятҳои стратегии манфиатҳои миллӣ ва кўшиши кам намудани таҳдидҳои бехатарӣ ба минимум, бояд сиёсати ташаббускории саноатӣ ва стратегияи рушд бошад. Дар ҳолате ки, агар нерўҳои бозорӣ худ аз худ кишварро аз бўҳрон бароварда натавонанд, зарур меояд, ки дар базаи таҳлили амиқи вазъияти бозорӣ асосҳои болоравии саноат ба роҳ монда шавад. Бе муносибати бартариятнок ба болоравии саноатӣ ва илмӣ-техникӣ ҳалли чунин масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, аз қабили пахши таваррум, таъмини сатҳи имконпазири шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ғайриимкон аст.

Ҳамин тариқ, ҳадафи асосии стратегияи иқтисодӣ – ин болоравии устувори иқтисодӣ ва бо мақсади татбиқи масъалаи мазкур бояд барқарор намудани пардохтпазирии талаботи дохилӣ бошад, зеро маҳз талабот истеҳсолкунандаи маҳсулотро маҷбур мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти худ ва васеъ намудани ҳаҷми истеҳсолӣ иқдом кунад. Яъне асоси сиёсати макроиқтисодӣ бояд бунёди шароити муносиб барои фаъолияти истеҳсолӣ бошад. Бинобар ин, вазифаи давлат пиёдасозии маҷмўи чорабиниҳо барои диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ба хисоб меравад, ки дар ниҳоят кафолати амнияти иқтисодии берунии ҷумҳурӣ хоҳад гашт.

Мутаассифона, он гуна ки таҷриба нишон медиҳад, ҷумҳурии мо, инчунин Россия танҳо ба он кўшиш мекунанд, ки маҳз аз фурўши маҳсулоти хом даромади бештар гиранд ва барои ин таваҷҷўҳи худро бештар ба ҷустуҷўи сарчашмаҳои нави канданиҳои фоиданок ҷалб мекунанд.

Шароити дигари ҳатмии ноилшавӣ ба талаботи бехатарии иқтисоди берунӣ, татбиқи лоиҳаҳои ситемавӣ ва барномаҳои дорои хусусияти ояндадошта, аз ҷумла илмӣ ва инноватсионӣ, истеҳсолӣ ва ҳам сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин сабаб маълум мешавад, ки сиёсати иҷтимоӣ- иқтисодӣ бояд вазъияти устувори иқтисодии шаҳрвандон, ва инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин намояд, ҷараёни ҷудо намудани аҳолӣ ба бой ва камбағал идома дорад, ки албатта омили тезутунд намудани вазъият ба ҳисоб рафта, боиси таҳдидҳои эҳтимолӣ дар пайдоиши низоъҳои иҷтимоӣ мегардад. Ба замми ин сиёсати иқтисодӣ бояд на ба таври амиқ дар як сатҳ қарор додани ҷамъият (поляризация), балки баробар тақсим намудани вазнинии давраи бўҳронӣ миёни гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ амалӣ карда шавад. Дар чунин шароит бояд механизми амалкунандае сохта шавад, ки барои ба танзимдарории рушди иқтисодии гурўҳи пурқувват равона шавад. Барқарор намудани вазифаи асосии музди маош, хамчун омили меҳнати пурмаҳсул, сабук кардани шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷамъият зарур аст.

Бо мақсади дастгирӣ ва мукаммалсозии иқтидори илмӣ-техникии таъминкунандаи манфиатҳои стартегии ҷумҳурӣ талаб карда мешавад, ки бартариятҳои сиёсати илмӣ-техникии давлатӣ, мувофиқакунӣ бо вазифаҳои таъмини амнияти иқтисоди берунии ҷумҳурӣ муайян карда шавад. Дар чунин ҳолат зарур аст, ки барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти тадқиқотҳои фундаменталӣ ва бунёди фазои мусоиди инноватсионӣ-сармоягузорӣ дар иқтисодиёт бо қабули усулҳои гуногуни ҳавасмандкунонии давлатии паҳн намудани технологияи пешрафта ва ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ коркард карда шавад.

Дар давраи гузариш самти асосии сиёсати инвеститсионӣ бояд ба бунёди фазои мусоиде нигаронида шавад, ки ба болоравии фаъоли сармоягузорӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои азнавбарқароркунии иқтисодиёт мусоидат намояд.

Дар сурати татбиқи принсипҳои зерин баланд бардоштани самаранокии сиёсати сармоягузорӣ имконпазир аст: марказикунонии мураттаби ҷараёни сармоягузорӣ; баланд бардоштани саҳми сарчашмаҳои ғайритаваррумии пасандозҳо (сарчашмаҳои дохилии захираҳои корхонаҳо ва пасандозҳои аҳолӣ); ба таври назаррас васеъ намудани таҷрибаи сармоягузории муштараки (хизматӣ) давлатӣ -тиҷоратии лоиҳаҳои сармоягузорӣ; кўчонидани маркази вазнинӣ аз маблағгузории бебозгашти буҷавӣ ба қарздиҳӣ дар асосӣ баргардониш; ҷой намудани пасандозҳои марказии капиталӣ ва сармоягузории давлатии лоиҳаҳои инвеститсионии хусусияти истеҳсолидошта дар асоси рақобатпазирӣ; истифодаи бахше аз воситаҳои марказонидашудаи (қарзӣ) сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ниҳоят самараовар ва зуд хароҷоташро бароваранда ва объектҳои тиҷорати хурд аз вобастагии соҳавии онҳо ва шакли моликият барои тезонидани бозсозии сохторӣ-технологии истеҳсолот; ҳавасмандкунии ҷалби сармоягузории хориҷӣ.

Маҷмӯи чораҳобиниҳои мазкур бе ошкор кардани руйхати истеҳсолоти барои сармоягузории хориҷӣ «пўшида» аз нуқтаи назари амнияти иқтисоди берунӣ ва вазифаҳои нисбатан муҳим дар соҳаи фаъолияти иқтисоди берунӣ нопурра хоҳад буд, таъминкунандаи амнияти иқтисодӣ бояд инҳо бошанд: баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисоди берунӣ дар хоҷагии ҷаҳонӣ; рушди минбаъдаи иқтидори содирот, дар навбати аввал аз ҳисоби васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва ниҳоӣ, пеш бурдани сиёсати ҷойгирии воридотӣ (импортозамещения); бо риояи манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ идома додани курси либерализатсиякунонии савдои берунӣ ва таъмини амнияти иқтисодии он; дастгирии манфиатҳои содироткунандагони ватанӣ дар бозорҳои беруна бо мақсади барқарор намудан ва ҳифзи мавқеи онҳо дар бозори маҳсулоти ҷаҳонӣ; дар доираи қоидаҳои умумиқабулшуда сиёсати оқилонаи протексионимӣ дар муносибат бо истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки дар бозори дохилӣ монополист ҳисобида намешаванд, ташкили кори бетаваққуфи артрияҳои нақлиётӣ, ки ҷумҳуриро бо бозорҳои беруна мепайвандад (нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан; таъмини шароити нисбатан мусоидтар барои пардохти қарз ва хизматрасонии он дар ҷумҳурӣ.

Ҳамин тариқ, натиҷаи ишораҳои дар боло овардашударо хулоса карда, қайд намудан зарур аст, ки таъмини амнияти иктисоди берунии Тоҷикистон мустаҳкам намудани ҳокимияти давлатӣ, болобарии боварӣ ба институтҳои давлат, инчунин ба таври ниҳоӣ такмил додани механизмҳо ва ташкили сиёсати иқтисодиро талаб мекунад.

Инчунин хулосае пайдо мешавад, ки миёни омилҳои муайянкунандаи амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ, устувории иқтисоди миллӣ, ҳам дар таъсирҳои номуносиби берунӣ ва ҳам дохилӣ, ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ пайдо шудаанд дар нақшаи аввал қарор дорад.

Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодӣ ва гирифтор нашудан ба вобастагии кишварҳои дигар, ҷумҳурии моро воқеан зарур аст, ки мушкилоти амнияти иқтисодиро ҳал намояд, то ҳамчун пешниҳодкунандаи маҳсулоти хом бо сатҳи пасти маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд боқӣ намонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба