Зеҳн

Омўзиши математика: мушкилот ва дурнамои он

ЗЕ
Зеҳн18 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Дар марҳилаи начандон зиёди солҳои охир татбиқи усулҳои технологияи иттилоотӣ дар риштаҳои гуногуни тадқиқотӣ ва омўзишу рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аҳамияти бештар пайдо карда истодааст.

Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, рушду пешравии ҳар як риштаи илм дар радифи омўзиши мафҳумҳои илмӣ, инкишофи сохтори дохилӣ, унсурҳо ва меъёрҳои он, инчунин аз дараҷаи истифодабарии восита ва усулҳо ва шеваҳои илмҳои табиӣ низ вобастагии зиёд дорад. Дар айни замон, дар улуми муосири ҷаҳонӣ истифода аз шеваҳои риёзӣ, хосатан, шеваҳои оморӣ ва воситаҳои хеле пешрафтаи техникаи компютерию коммуникатсионӣ дар риштаҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ падидаест, ки ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Қайд кардан зарур аст, ки донишҳои математикӣ аҳамияти калони амалӣ дошта, омўзиши ин фан дар ташаккули ҷанбаҳои ахлоқии инсон низ арзишманд мебошад. Омўзиши донишҳои математикӣ саъю кўшиши ақлӣ ва ихтиёрӣ, тамаркузи диққат, фаъолияти тахайюлоти инкишофёфтаро талаб мекунад, ки он ба ташаккули чунин хислатҳои ахлоқии шахсият ба монанди суботкорӣ, мақсаднокӣ, мустақилият, масъулиятшиносӣ, меҳнатдўстӣ ва босуботиро дар ҳама шароити меҳнатию коргузорӣ мусоидат мекунад ва ҳар фарди соҳибақл имкон медиҳад, ки малака ва маҳорати меҳнати ақлӣ – банақшагирии фаъолияти меҳнатии шахс, дарёфти роҳҳои оқилонаи иҷрои он, баҳодиҳии интиқодӣ ба натиҷаҳо, ки дар ҷомеаи муосир хеле муҳим мебошад, ташаккул диҳад. Маҳз тарбияи чунин хислатҳо, ва ташаккули маҳорат ва малакаи шахсият ҳадафи асосии таълими риёзӣ мебошад.

Аҳамияти озмунҳои фаннӣ ва маҳфилҳо имкон медиҳад, ки кор бо бачагони лаёқатнок ва ташаккул додани майлу хохиши устуворонаи минбаъда ба такмил додани дониши шогирдон мусоидат хоҳад кард.

Таҷриба нишон дод, ки озмунҳои фаннӣ барои хонанда ва омўзгор нуқтаи ибтидоии гузаштан ба сатҳи дигар мебошад. Натиҷаи чунин озмунҳо бар он оварда мерасонад, ки шогирдон ба ташаккули кобилияти худ ва муаллим бошад, ба ҷустуҷўи услуби нави таълим иқдом намояд. Дар ин ҳолат на танҳо ҷоиза дар ин озмунҳо муҳим аст, балки иштирок дар он, аз худ кардани таҷрибаи нав низ муҳим аст.

Аксар вақт мо талабаеро ба озмун омода месозем, ки ў аз фанни математика қобилияти муайян дошта бошад ҳам, вале солҳои охир толибилмони «боистеъдод», «ситораҳое»-ро, ки аллакай тафаккури фитрии ғайристандартӣ доранд, пайдо кардан мушкил аст. Аз ин рў, тафаккури шахсонеро, ки ба математика шавқу ҳавас ва кобилияти муайян доранд, инкишоф додан лозим аст ва баҳри ҷалби онҳо ба омўзиши ин фан роҳҳои ҳавасмандкуниро фаъол гардонидан муфид ва муҳим мебошад.

Дар айни замон дараҷаи илмии супоришҳои олимпиадаҳо аз фанни математика хеле баланд буда, хонандаро дар ҳар гуна озмун чӣ интизор аст, пешгўӣ кардан ғайриимкон аст. Зимни тайёрӣ ба озмунҳои фаннӣ, ба мавзуъҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, пеш аз ҳама, адабиёти илмӣ ва методиро дастрас намуда, барои мустақилона машғул шудани хонанда пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин усули омодагӣ имконият медиҳад, ки қобилияти талабаро самаранок фаъол намуд. Барои тайёрӣ ба озмунҳои фаннӣ сарфи назар аз кобилияти бачаҳои ба математика шавқманд, ҳамзамон ташкил ва гузарондани маҳфилҳо зарур аст. Ва танҳо пас аз он ба дарсҳои инфиродӣ гузаштан лозим аст.

Агар мо ба зинаи баландтар - тайёрӣ ба олимпиадаи сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузарем, пас, ин усули кор оқилона намебарояд. Дар ин ҷо муаллим бояд аллакай ҳамчун мураббии варзиш амал карда, тафаккури эҷодӣ ва истеъдоди фитрии хонандаро дар омўзиши донишҳои математикӣ инкишоф дода метавонад.

Мо назари худро оид ба нақши фанни информатика дар ташаккули донишҳои математикӣ баён кардан мехоҳем. Дар давоми 20 соли охир дар рушди технологияи компютерӣ ҷаҳиши шадид ба амал омад, ки ин, албатта, ба раванди таълим таъсири худро расонида метавонад. Ҳоло қариб ҳар як омўзгор имкон дорад, оид ба масъалаҳои мубрами фаннӣ дар шакли электронӣ муаррифинома (презентатсия) таҳия намояд, то ҳадаф ва вазифаи мавзуи дарсӣ аёнтар гардад ва муаллим бо шогирдони худ вақти гаронбаҳоро самаранок истифода бурда тавонад. Набояд фаромўш кард, ки дар аксар мактабҳо тахтаи электронӣ насб карда шудааст, ки ин воситаҳои электронӣ раванди омўзиши донишҳои математикиро боз ҳам ҷолибтар ва ба таври динамикӣ рушдкунанда мегардонад.

Аммо ин навовариҳо ба китоби дарсии мактаб чӣ гуна мувофиқат мекунанд? Ҷаҳиш дар соҳаи иттилоотикунонии маориф воқеан таъсирбахш аст, аммо тавсифи мушаххаси як низоми методологии аз иттилоот бой офарида нашудааст. Ҳамаи инро дар низоми анъанавии таълим чӣ гуна бояд татбиқ кард? Ҳамзамон, китобҳои дарсии инфиродӣ ба забони тоҷикӣ дар шакли электронӣ мавҷуданд ё не?

Умуман, аз китоби дарсии фанни математика барои синфи 1-ум сар карда, то китоби геометрия барои синфи 11 ҳамагӣ як намуд китоб мавҷуд аст. Дар китобҳои дарсии математика дар баъзе масъалаҳо ба хатоӣ роҳ дода шудааст ва ин ғалатҳои соҳавӣ аз ин сол ба соли дигар бетағйир гузашта истодаанд. Агар ду ва ё се намуди китоби дарсӣ аз фанни математика бо мувофиқа бо барномаю стандарти Вазорати маориф ва илм ба мактабҳои миёна пешниҳод шавад, шояд ба беҳшавии сифати таълим мусоидат намояд. Китобҳои таълимӣ дар шароити рақобатпазирии муаллифони соҳибтаҷриба таҳия гарданд, дар он сурат китобҳои дарсии ба талаботи замон мувофиқро чашмдор шудан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки таъминоти аёниятҳои таълимӣ ва фаннӣ, татбиқи методии раванди таълим дар замони ҳозира аз талаботи муосири таҳсилот хеле ақиб мондааст: мактаби муосир дорои захираҳои зиёди электронӣ бошад ҳам, китобҳои дарсии бо усулҳои шахшуда таҳияшуда дорем ва дар аксари маврид шеваҳои низоми муосири таҳсилотро фаромўш карда, аз рўи низоми анъанавӣ таълим медиҳем.

Дар асоси ҳадафҳои таълими фанни математика муаллими имрўз бояд захираҳои иттилоотии мавҷударо самаранок истифода намояд, то сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот рў ба беҳбудӣ орад ва раванди босуръат тағйир ёфтани самаранокии таълим ба амал ояд. Мо дар дарсҳо захираҳои электронии таълимӣ ва навовариҳои техникиро пайваста истифода мебарем, ки ин ба ба босуръат пеш рафтани ҷараёни таълим оварда мерасонад. Худи хонандагон метавонанд аз тариқи шабакаи Интернет маълумоти заруриро пайдо кунанд, дарсҳои видеоиро дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи онҳо тамошо кунанд ва тестҳои интерактивӣ супоранд. Маълум аст, ки ин гуна хонандагон ҳанўз зиёд нестанд, вале афзоиши шумораи онҳо умедбахш мебошад. Мутаассифона, на ҳама дар хона шароити дастрасии маводи Интернетро доранд, то аз захираҳои муосири таълим бо мақсади мувофиқ истифода намоянд.

Вазифаи муаллим дар чунин маврид аз он иборат аст, ки шогирдро роҳнамоӣ кунад ва ба ў дастрасии маълумоти заруриро таъмин намояд. Муаллим аллакай ҳамчун мураббӣ баъзан амал мекунад. Табиист, ки вазъияти фанни математика дар ин бобат нисбат ба фанҳои гуманитарӣ душвортар аст. Бале, дар айни замон байни китобҳои дарсӣ, методҳои таълимии пешқадам, захираҳои электронӣ номувофиқатӣ вуҷуд дорад, вале фикр мекунем, ки омўзгор бо истифода аз маҳорати касбӣ ин норасоиҳоро бартараф карда метавонад. Ҳоло дар бораи он ки хонанда бояд иштирокчии фаъоли ҷараёни таълим бошад, мутахассисон дар чорабиниҳои илмию методӣ бисьёр сухан меронанд. Дар бораи стандартҳои нав, ки мувофиқи онҳо бояд худи талаба дар раванди таълмб фаъол бошад, бисьёр сухан меравад. Фикр мекунем, дар айни замон чунин шароит вуҷуд дорад, соатҳо дар китобхона нишастан лозим нест, маълумот дастраси умум шудааст.

Фақат мо, омўзгорон, бояд ҳама чизро ба як низом оварем. Бояд ба хонанда кумаки методӣ расонем, то ки дар ин ҷараёни пурқудрати иттилоотӣ, ки рўз аз рўз зиёд мешавад, худро гум накунад.

Албатта, хуб мебуд, агар мактаб (ҳар як мактаб!) ба як маркази иттилоотӣ табдил ёбад, ки бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз шудааст: мизҳои интерактивӣ, планшетҳои шахсӣ, таҷҳизоте, ки ба василаи он таҷрибаҳои гуногун ва кашфиёти математикиро дар вақти муайян гузаронидан имкон медиҳанд, тарҳрезии роботҳои интерактивӣ ва моделҳои амалиётии объектҳои гуногуни воқеият мебошанд.

Р.САЪДУЛЛОЕВА,

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба