ҲУРМАТИ ВОЛИДАЙН
Пирамарди 80-сола бо писари таҳсилкардаи 45 солаи худ рӯи кати хона нишаста буданд. Ногаҳон зоғе канори панҷараашон нишаст.
Падар аз фарзанд пурсид:
— Ин чӣ аст?
Писар посух дод:
— Зоғ аст.
Пас аз чанд дақиқа дубора пурсид:
— Ин чӣ аст?
Писар гуфт:
— Падар, ман ҳамин ҳоло гуфтам, ки ин зоғ аст.
Баъд аз мудати кӯтоҳе падар бори савум пурсид:
— Ин чӣ аст?
Писараш асабонӣ шуд ва бо ҳамон ҳолат гуфт:
— Зоғ аст, зоғ!
Падар ба утоқаш рафт ва бо дафтари хотироти қадимааш баргашт. Саҳифаеро боз кард ва ба писараш гуфт, ки онро бихонад. Он ҷо чунин навишта буд: «Имрӯз писари кӯчакам, ки се сол дорад, рӯи кат бо ман нишастааст. Ҳангоме, ки зоғе канори панҷара нишаст, ӯ аз ман 23 бор пурсид, ки ин чӣ аст? Ман гуфтам, ки номи ин зоғ аст. Ҳар бор, ки ӯ мепурсид, ошиқона бағалаш мекардам ва ба ӯ ҷавоб мегуфтам. Асло асабонӣ намешудам, баръакс меҳраш ба дилам бештар ҷой мегирифт».
Азизон, ҳеҷ вақт ба волидон бо дуруштӣ сухан магӯед, чунки онҳо ба шумо ҳаёташонро бахшидаанд.
Дар рафти талошу саргардониҳои зиндагӣ инсон гоҳо ба як худхоҳии басе бемурувват табдил мегардад. Чунонки мехоҳад ҳама чиз ба коми вай, ба хосту муроди дили вай анҷом шавад. Мутаассифона, кор ба он ҷо ҳам мерасад, ки мо нафаҳмида, балки тамоми марзҳоро убур карда, нисбат ба падар ва модари хеш, ки барои ҳастии мо васила ва сабаб гаштаанд, носипосӣ мекунем ва ба муқобилашон байрақи исён бармедорем.
Ҳол он ки падар ва модар ду мавҷуди муқаддасеанд, ки инсон бояд пештар аз ҳама эҳтиромашонро ба ҷо биёрад. Зеро ҳар ки дар эҳтироми падару модар кӯтоҳӣ кард, ба фармудаи Худованд муқобил баромадааст. Ва ҳар ки онҳоро хор кард, дер ва ё зуд худаш ҳам ба хорӣ мубтало мегардад.
Ин ҳам пӯшида нест, ки инсон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси як мавҷуди кӯчак ба ҳаёт оғоз карданаш мудом рӯи дасти волидон аст. Мисле ки бор аст ба онҳо. Яъне, машаққату ранҷе, ки мо дар айёми тифлӣ ба падару модари хеш медиҳем, хеле зиёд аст, вале дар муқобили он волидон ҳамеша ба мо меҳрубонӣ ва дӯстдорӣ мекунанд. Меҳрубонии онҳо ба ҳадест, ки сарҳади бузургии шафқати падару модар ва азобҳои кашидаи онҳоро муайян кардан барои мо ғайриимкон мебошад. Аз ин нуқтаи назар ҳурмату қадршиносии падар ва модар барои кас ҳам қарзи инсонисту ҳам вазифа маҳсуб мешавад.
Онҳое, ки қадру қиммати волидонро медонанду эшонро барои расидан ба саодати абадӣ ва ноил шудан ба марҳамати Офаридгор васила қарор додаанд, бешубҳа, нафарони толеъбаланданд. Ва онҳое, ки падару модарро ранҷ додаву барои пайдо шудани осори ғаму андуҳ дар чеҳраи эшон сабаб мешаванд ва нисбаташон беэҳтиромӣ кардаанд, як зумра бадбахтоне ҳастанд, ки мудом ба нобарориву шикаст мувоҷеҳанд.
Бузургии волидон аст, ки мегӯянд, ҳар ки ба падару модараш эҳтиром дорад, нисбат ба Парвардигораш низ боэҳтиром аст ва ҳар ки нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кард, пеши Худованд низ беэҳтирому қадрношинос мебошад.
Мутаассифона, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва озурдани хотири эшон кори хатое, балки гуноҳест, ки бештар дар айёмӣ ҷавонӣ содир мешавад. Ва маҳз дар ҷавонӣ ноогоҳона ва аз сари ҷаҳлу ғафлат волидонро меранҷонем, ба онҳо гап мегардонем, дилашонро мешиканем. Ёдовар шудани ин масъала ҳам ба ҳамин хотир аст. Яъне, як нав таъкид, балки хотиррасон кар
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё