КАС НАХОРАД ПУШТИ ТУ
Подшоҳе болои асп ва бо навкарони бешумораш ҳамроҳ аз кӯчаи шаҳр гузар мекард. Ногоҳ чашмаш ба гадое афтод, ки болои замин лучу урён мехобаду пашшаи бисёре ӯро печонидаанд. Гадо ҳар қадаре магасҳоро пеш мекунад, аммо зӯраш намерасад, тамоми бадани гадоро хуншор кардаанд.
Подшоҳ пеши гадо омаду гуфт:
— Имрӯз табъи хуше дорам. Ҳарчӣ мехоҳӣ бигӯ, иҷро хоҳам кард.
Гадо посух дод:
— Мегӯянд Шумо хеле тавонмандед, хоҳиш дорам, ҷалолатмаоб, ҳамин пашшаҳоро аз пеши ман дур созед…
Подшоҳ гуфт:
— Аммо пашшаҳо ба ман итоат намекунанд. Ҳар чизи дигаре бихоҳ, аммо пашшаҳоро ман пеш карда наметавонам…
Гадо ба задани пашшаҳои атрофаш машғул шудаву гуфт, ки дархости дигаре надорад.
Подшоҳ дар ҳайрат монду роҳашро идома дод. Пас аз он ки ӯ рафт, мардумони атроф давидаву пеши гадо омаданд ва гуфтанд:
— Албатта подшоҳи тавонманди мо бароят ҳадяи бисёре кард?
Гадо посух дод:
— Кадом подшоҳи тавонманд? Ӯ, ки ҳатто магасҳоро пеш карда наметавонад!
Мушкили ҳар касро танҳо худаш ҳал карда метавонад!
Кас нахорад пушти ту, ҷуз нохуни ангушти ту,
Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту.
Дар ҷомеаи мо қариб ҳама як мушкил дорад. Нафареро ёфтан душвор аст, ки бе проблема бошад. Аммо мушкил доштан дигар асту мушкилро ҳал кардан ё ба суроғи роҳи ҳаллаш афтодан дигар. Иддае аз одамон барои ҳалли мушкилашон ба таври ҷиддӣ талош намекунанд. Асосан мушкили ин гурӯҳ он нест, ки мушкил доранд, балки он аст, ки ба мушкили доштаашон тан додаанд.
Масалан, онҳое, ки ба кори тиҷорат машғулӣ доранд, ҳамин ки корашон барор нагирифт, “қисмат ҳамин будааст” гӯён таслим мешаванд. Албатта, таваккал кардан хуб аст, вале аз он пештар бояд мо барои ҳалли мушкиламон ҷаҳд кунем. Ё ин ки кори як фурӯшгоҳ худ аз худ пеш намеравад. Барои пешрафт бояд фурӯшандаҳоро ба кор гирад, соле як ду бор аксия ташкил кунад, муомилоту доду гирифти тиҷоратӣ карда тавонад... Мисоли дигар. Дар мактабҳо ҳам зиёд хонандагон ва донишҷӯёне ҳастанд, ки бо сабаби худро “нишон надодан” аз мадди назар дур мемонанд ва аз ҳавасмандгардонӣ ва руҳбаланднамоии омӯзгор маҳрум мегарданд. Дар ин ҷо хонанда/донишҷӯ бояд ки ба омӯзгор наздик шуда, ҳаваси муваффақ шуданро доштанашро ба ӯ маълум намояд. Мисолҳои нисбатан хурде ҳам ҳастанд дар рӯзгори мо. Масалан шумо дар ҷое (мағоза, бонк ё кадом идорае) навбат поида истодаед, мебинед, ки нафаре аз куҷое пайдо шуда омаду бе навбат корашро тамом карда гузашта рафт. (Дар бисёри маврид ӯ ё шиноси мағозачӣ аст ё шиноси мудири бонк ё хеши масъули ҳамон идора). Вале касе ба истиснои қошу қавоқ овехтан ба рафтори он нафар аксуламали ҷиддие намекунад. Ё дар нақлиёт рафта истодаед, ронанда канори роҳ нигоҳ дошта, ду ё се нафарро савор мекунад, дар сурате ки нақлиёт ҳамагӣ барои як нафар ҷои нишаст дорад. Саворшудагон ҳатман ҷои шуморо танг мекунанд ё рӯй ба рӯйи ҳам нишаста вазъияти нобобро ба вуҷуд меоранд. Шумори чунин мисолҳоро метавон афзуд.
Масъалаи асосӣ, чунон ки болотар ҳам зикр шуд, мавҷудияти мушкилиҳо нест, балки адами худбоварии шахс аст, ки барои ҳалли мушкилиҳо нақши асосӣ мебозад. Аз ҷониби дигар онҳое, ки роҳу равиши муносибати солим барпо карданро намедонанд, мушкилаҳалкунии эшон метавонад барояшон дарди сар эҷод кунад ё ба бархурди тезу тунд боис гардад. Масалан, донишҷӯе, ки барои ҳақи худ талош мекунад, бинобар хатои усулӣ содир карданаш метавонад то ба хориҷ шудан аз донишгоҳ бирасад. Ё як нафаре, ки роҳу равиши корро намедонад, “бизнеси худамро шуруъ мекунам” гуфта, метавонад худро ба муфлисшавӣ оварад. Мисоли ин гуфта ҳамон рақобати нонфурӯшон аст. Ду марди нонпаз, ки дӯконҳояшон рӯ ба рӯи ҳам воқеъ гашта буд, рақобат мекунем гуфта, нархи нонро аз ҳолати муқаррарӣ поён фаровардаанд. Давоми як сол кор ба дараҷае расидааст, ки ба муфлисшавӣ оид шудаанд. Нонпазҳо ночор бо ҳам созиш карда, аз нав нархи нонро ба ҳолати пештара баргардондаанд... Бардоштҳо аз ин мисолҳо он аст, ки барои ҳалли масъалаҳои пешомада мо бояд бо худбоварӣ ба пеш ҳаракат кунем ва ин ҳаракат бояд моро ба натиҷаи мусбат расонад.
Онҳое, ки барои ҳалли мушкилашон ҷасорат доранд, вале чи кор кардани худро намедонанд, ҳатман бояд аз нафарони огоҳ ёрмандӣ бипурсанд. Манзур аз ёрмандӣ маслиҳат аст, яъне барои ҳалли мушкили худ ақидаи дигаронро шунавем. Нафари ёрирасон метавонад, ягон нафаре аз оила, муаллимамон ё роҳбарамон дар коргоҳ бошад... Ба ҳар ҳол нафаре буданаш даркор ки ба мушкил дохил набошад. Яъне мушкил ба ӯ ҳам дахл надошта бошад. Масалан агар дар коргоҳ шуморо бо мудири шуъбаи худ мушкиле пеш омадааст роҳи ҳалро на аз мудири шуъбаи худ, балки аз мудири шуъбаи дигар бояд пурсид. Ё бо хушдоманатон проблема доред, барои ҳалли проблема ба хусуратон муроҷиат кардан чандон созгор ё муносиб нест.
Ҳамин тавр, ҳар як нафар, хоса ҷавонон бояд барои ҳалли мушкили худ ба пеш қадам гузоранд, қадамҳо бузург буданашон шарт нест, муҳим ки огоҳона ва натиҷаовар бошанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё