ХУСУСИЯТҲОИ ТАБОБАТИИ ТАРБУЗ
Табибони халқӣ тарбузро ба сифати ғизои парҳезӣ, пешоброн, тақвиятбахш, иштиҳоовар, қабзияткушо тавсия медиҳанд. Истеъмоли он ҳангоми бемориҳои сироятӣ (сил, домана, зардпарвин, исҳоли хунин, диарея ва ғайра) , бемориҳои дил, гурда, ҷигар, меъда, хун, саратон, амрози занона нафъ дорад. Тухми кӯфтаи тарбуз (1:10) барои муолиҷаи дарди санги гурда ва талхадон, рафъи гелминтозҳо истифода мешавад. Ҷавҳари тухми он воситаи пардоз (барои равондани доғи кунҷидак) аст. Бо ҷӯшоби пӯчоқи тарбуз дарди ҷигар ва масонаро дармон мебахшанд. Бо ин мақсад пӯчоқро реза карда дар соя ё тафдон мехушконанд. Сипас онро майда карда ба об (1:1) меандозанд ва дар оташи паст 30 дақиқа меҷӯшонанд. Баъди хунук шуданаш рӯзе 3 – 5 маротиба пеш аз хӯрок 1 – 2 истакон менӯшанд.
Ба ақидаи табибони мардумӣ хӯрдани тарбуз шиддати сафро ва фишори баланди хунро таскин медиҳад, ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, дар бадан хуни тунук пайдомекунад, барои тан рутубат мебахшад. Тарбуз барои ҳазм кардани ғизо ёрӣ мерасонад, санги гурдаро майда карда мерезонад. Беҳтарин вақтҳои тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фаромада бошад. Агар тарбузро аз болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯрдани он, хусусан агар ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад, зарар дорад. Истеъмоли тарбуз ба сипурз, ба касони сардмизоҷ ва ба меъдаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар одамони хунукмизоҷ бихӯранд, пушти камари онҳоро заиф мегардонад, дарди буғумҳоро пайдо мекунад.Тухми тарбуз барои резондани санги гурда ва пешобдон, инчунин зуд гузарондани ғизо аз меъда давои хубест. Мураббои пӯсти тарбуз барои дард ва варами пардаҳои деворҳои даруни сина, васвос, ки аз ҳар сабаб бошад, дарди узвҳои даруни сина ва сустии меъда даво мешавад, меъда, ҷигар ва рӯдаҳоро қувват мебахшад.
Дар тибби муосир тарбуз дар мавриди бемориҳои системаи дилу рагҳо, гурда, дарди санги гурда, варами масона, пиелонефрит, санги талхадон, колити кӯҳна, камхунӣ тавсия дода мешавад. Дар шароити иқлими гарми Осиёи Марказӣ истеъмоли мунтазами тарбуз воситаи хубест барои пешгирии дарди санги гурда.
Дар фасли тобистон қариб тамоми намуди меваю сабзавот пухта мерасад, вале хӯрдани тарбуз ва харбуза кайфияти хоси худро дорад. Дар баробари бомазза буданаш тарбуз ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад. На танҳо дила, балки ҳатто пӯчоқи тарбуз низ фоиданок мебошад.
Ҳанӯз 4000 сол пеш дар Мисри қадим тарбуз чун ғизою даво маълум буд. Он яке аз муфидтарин зироатҳои полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад. Ҳамчунин магний асабониятро рафъ намуда, ба кас оромӣ мебахшад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Аз ин рӯ, агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.
Тарбузро воситаи беҳтарини пешоброн ва давои дарди гурда мешуморанд. Дар он моддаҳои нитрогендор, витаминҳои В1, В2, С кислотаҳои фолиёвӣ, каротин, ки давои беморони қанд маҳсуб меёбад, мавҷуд аст. Тарбузро зимни табобати артрит, фаромӯшхотирӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Тӯлонӣ истеъмол кардани тарбуз илтиҳоби меъдаро даво мебахшад. Донаи тарбуз аз равған (25-30%) бой аст. Хосияти пешобронии тарбуз ба беморони гирифтори гипертония, бемориҳои гурдаву роҳи пешоб фоидаи зиёд дорад.Табибон дар як ҳафта ду рӯз «парҳези тарбузӣ» карданро тавсия медиҳанд. Дар ин рӯзҳо ғайри тарбуз чизе хӯрдан лозим нест, танҳо каме нон истеъмол кардан иҷозат дода мешавад. Гирифторони диабети қанд бояд дигар маҳсулоти карбогидратдорро кам намуда, бештар тарбуз истеъмол намоянд. Барои беморони зардпарвин низ беҳтарин ғизои парҳезӣ тарбуз ба шумор меравад. Тарбуз дар таркибаш 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст, чун оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад.
Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳи ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд, вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хурдани 150 грамм тарбуз кофист. Касоне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Миёни тамоми набототи дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кӯмак мерасонанд. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод. Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Дар ин бобат донаи тарбуз бо донаи каду рақобат карда метавонад. Тарбуз пӯсти рӯйро тароват бахшида, доғи кунҷитакро тоза мекунад. Барои ин, донаи тарбузро кӯфта, аз он малҳам тайёр мекунанд. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, донаи тарбузро напартоед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё