Парандаи насиҳатгӯ
Парандаи насиҳатгӯ
Як шикорчӣ, паррандаеро ба дом андохт.
Парранда гӯфт: — Ой марди бузургвор!
Ту дар тӯли зиндагии худ гӯшти гов ва гӯсфанд бисёр хӯрдаӣ ва ҳеҷ вақт сер нашудаӣ. Аз хӯрдани бадани кӯчак ва рези ман ҳам сер намешавӣ. Агар маро озод кунӣ, се панди арзишманд ба ту медиҳам то ба саодат ва хушбахтӣ бирасӣ.
Панди аввалро дар дастони ту медиҳам ва агар озодам кунӣ, панди дуюмро вақте ки руйи боми хонаат нишинам ва панди савумро вақте ки бар дарахт биншинам ба ту медиҳам.
Мард қабул кард.
Паранда гуфт: — Панди аввал он ки сухани маҳолро аз касе бовар макун.
Мард билфосила ӯро озод кард.
Паранда бар сари бом нишаст ва гуфт: — Панди дувум он ки ҳаргиз ғами гузаштаро махӯр ва чизе, ки аз даст додӣ ҳасрат махӯр.
Паранда руйи шохи дарахт парид ва гӯфт: — Ой бузургвор дар шиками ман як марвориди гаронбаҳо ба вазни даҳ дарам аст. Вале мутаъсифона он қисмати ту ва фарзандонат набудаст, вагарна бо он сарватманд ва хушбахт мешудӣ.
Марди шикорчӣ аз шунидани ин сухан бисёр нороҳат шуд ва оҳу нолаҳояш баланд шуд.
Паранда бо ханда ба ӯ гӯфт: Магар туро насиҳат накардаам, ки бар гузашта афсӯс махӯр? Ё панди маро нафаҳмидӣ ё кар ҳастӣ?
Панди дувум ин буд, ки сухани номумкинро бовар накунӣ. Эй содалав!
Ҳама вазни ман се дарам бештар нест, чӣ гуна мумкин аст, ки як марвориди даҳ дарам дар шиками ман бошад?
Мард ба худ омад ва гӯфт: — Ой парандаи доно пандҳои ту бисёр гаронбаҳост. Панди савумро ҳам ба ман бигӯй.
Паранда гӯфт: — Оё ба он ду панд амал кардӣ, ки панди савумро ҳам бигӯям. Панд гӯфтан бо нодони хоболуд монанди базр пошидан дар замини шӯразор аст.
Панди Бобо
Эй авлоди қобилам,
Набераи оқилам.
Ту акнун калон гаштӣ,
Ба мактаб равон гаштӣ.
Ки дар ёд дор ин ҳикмат,
Китоб дӯсти беминнат.
Мӯъҷизаи инсон аст,
Ганҷинаи ирфон аст.
Нуру зиё китоб аст,
Дурахшон чун офтоб аст.
Дар самову баҳру бар,
Роҳи ту з-он мунаввар.
Чун ҳавою обу нон,
Азизу муътабар дон.
Онро гирифта ба пеш,
Гар хонӣ бо азми беш,
Ҳар саҳифаю варақ,
Фаҳмишат диҳад равнақ.
Лаҳзае ту биншаста,
Гашта ба он дилбаста,
Бозиро фаромӯш кун,
Ба арзи китоб гӯш кун!
Дурӯғ ҳаргиз магӯ эй ҷони модар,
Дурӯғ дорад ба худ сад фитнаву шар.
Дурӯғ обат зи рӯй резонад охир,
Дурӯғ шармандаат гардонад охир.
Дурӯғ бар души ту вазнин бор аст,
Дурӯғгӯ байни халқ беэътибор аст,
Дурӯғгӯ доимо дар дил дар хиҷил аст,
Дурӯғгӯ доимо торикзамир аст.
Ҳамегардад дурӯғ ифшо басе зуд,
Сиёҳат созаду созад сафед худ,
Агар аз ростӣ бини газанде.
Худо хоҳад дар охир судмандӣ,
Дурӯғат гар тасодуф роҳат орад.
Вале охир аною меҳнат орад,
Дурӯғ ҳаргиз магӯю ростгӯ бош.
Ба ростии забон дар гуфтугӯ бош.
Ба гӯши дил шунав пандам ҷигарбанд,
Худо хоҳад раҳо гардӣ зи ҳар банд,
Дурӯғ зулматгари имон бошад.
Дурӯғ зиллатгари инсон бошад!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё