Зеҳн

САБИР (АЛОЭ)

ЗЕ
Зеҳн22 ноябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Ин растаниро ба русӣ алоэ меноманд.

Дар сарзаминҳои мо гиёҳи инро аксар ҳангоми зимистон дар тубакҳо ҷо дода, дар хонаҳо парвариш мекунанд ва дар фаслҳои дигар мумкин аст дар берун, ҳатто заминҳо нашъунамо диҳанд.

Инро баргаш ғафс, шахшӯл, дароз ва нӯгтез, қисми поёни барги он сербар, бисёр обдор, часпак ва каме хор ҳам дорад.

Таъмаш талх аст.

Оби онро фишурда гирифта, дар зарфҳои кушода хушк месозанд.

Сабир се қисм мебошад:

1. Сабири арабӣ, ки беҳтаринаш дар ҷазираи Сақутар, ки наздики мулки Яман аст, мерӯяд.

Ва дар он ҷазира давоҳои кундур, мукл ва дамм-ул-ахвайн бисёр мерӯянд.

Сабири он ҷо зард ва заъфаронии тира, зудшикан ва аълосифат мебошад.

2. Сабири ҳиндӣ, ки зарди камранг ва моил ба сиёҳӣ аст.

Ин дар бобати давогӣ аз сабири сақутарӣ сусттар аст.

3. Сабири самиконӣ, ки ба номи деҳаи Самикони мулки Наҷористон машҳур аст ва инчунин онро сабири форсӣ ҳам меноманд.

Ин аз ҳама заифтарин қисмҳои сабир аст, сиёҳранги тира, шабеҳ ба дурда, дершикан, бадбӯ, сабук ва дар амалҳои табобат хеле камтаъсир мебошад.

Инро фақат аз берун истеъмол менамоянд...

Қуввати сабир баъд аз ҷудо кардан аз танааш то чор сол боқӣ мемонад ва агар аз чор сол гузарад, то ҳафтум сол торафт сусттар мегардад.

Пеш аз истеъмол бояд, ки онро бисёр ва хуб бисоянд, то ки ҳангоми хӯрдан ба патҳои меъда бичаспаду хуб амал кунад.

Аммо инро ҷавонони сафровимизоҷ, одамони гарммизоҷ, касоне, ки узвҳои даруни сина ва шикамашон сусту заиф бошанд, инчунин мосорико ва ҷигарашон суст бошанд, иллатҳои мақъад ва бавосирдоштагон ва шахсоне, ки дар баданашон хун бисёр ва рагҳояшон танг бошад, инчунин дар ҳавоҳои бисёр гарм ва бисёр хунук истеъмол нафармоянд.

Инчунин ҳангоме, ки дар меъда таом мавҷуд бошад, набояд бихӯранд, ки мабодо ба таом омехта гашта, онро мурдор гардонад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Вале талхии таъм ва қабзиятнокии он ба мураккаб-ул-қувват будани он далолат мекунад...

Хислатҳои шифобахши он:

Онро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигар ва дигар гиреҳҳоро дар бадан мекушояд, бодҳои шикамро таҳлил медиҳад; ҳар як моддаи нодаркори дар меъда, сар, буғумҳо ва ғайраи ҷамъшударо башаст бо исҳол дафъ мекунад, вале дар дигар ҷоҳо бошад, таъсираш суст аст.

Моддаҳоро аз ҷоҳои чуқури бадан мекашад, меъда ва рагҳоро аз римҳо пок месозад; савдо, балғами ғафси шаффоф ва сафровиро пазонида ихроҷ менамояд: зардпарвинро бо исҳолкунандагии худ шифо мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, ин беҳтарин давоест барои меъда ва поккунандаю қувватбахши он; қуввати бинишро зиёда мегардонад ва дигар ҳисҳоро некӯ ва сара менамояд; молихулиё, бемориҳои рӯҳӣ ва аксари иллатҳои майнаро, ки вобаста ба меъда бошанд, дафъ мекунад, зеро ки меъда бо онҳо комилан ширкат дорад; хоб меоварад...

Агар инро гузошта банданд, решҳои тарро бидуни дард хушк мегардонад, носурҳои чуқурро ба ҳам часпонида сиҳат мебахшад, захмҳои беҳнашавандаро сиҳат мекунад, хусусан, ки дар мақъад бошанд ва намегузорад, ки моддаи онҳо бадҳол гардад.

Агар пеш аз баромадани ришта, яъне дар аввали намоён шудани аломатҳои он се рӯз пай ҳам рӯзи аввал 1,75 грамм, рӯзи дуввум 3,5 грамм ва рӯзи саввум 5,25 грамм аз он бихӯранд ва миқдореро аз он ба он ҷо ҳам бигузоранд, то ки моддаи онро пароканда ва нест гардонад, шифо мебахшад.

6,75 грамм сабирро бо оби нимгарм бихӯранд, башиддат исҳоли меъдӣ меоварад ва меъдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад; ҳамин миқдор сабирро бо шаҳдоб биёшоманд, балғам ва сафроро бо воситаи исҳол фурӯд меоварад...

Гоҳо ҳодис мешавад чун субҳ ва шом чанд ҳаб (таблетка) бо давоҳои ислоҳкунандаи он, ки шилми санавбар ва асали соф—ҳар дуро даромехта ва ҳамаро бо оби гарм фурӯ баранд, дарунро меравонад ва таомро дар меъда вайрон намегардонад, инчунин дардҳои меъдаро дар як рӯз бартараф месозад; агар онро бо мустако (мастика) бихӯранд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мегардонад; агар бо занбӯруғи сафеди танаи дарахт бихӯранд, барои буғумҳои бадан ва дамкӯтаҳӣ дору мешавад ва узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок менамояд...

3,5 грамм сабирро бо оби хунук бихӯранд, иллати хун қай кардан ва зардпарвинро сиҳат мебахшад; агар ин миқдори онро бо гулисурх ва мустако бихӯранд, ҳамаи бемориҳои меъдаро шифо мебахшад; бо талхшувоқ бихӯранд, барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ, дафъ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, бемориҳои сипурзу гурда ва басанда гардонидани ташнагӣ, ки аз ҷамъ шудани сафрои балғамнок бошад ва инчунин барои барқарор намудани иштиҳои гумшуда дору мебошад, инчунин тафсидани забончаи ҳалқро, ки аз пайдо шудани сафро дар меъда ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад; ва агар бо давоҳои исҳоловар ҳамроҳ карда бихӯранд, намегузорад, ки зарари онҳо ба меъда бирасад.

Чун сабирро бо талхшувоқ даромехта, ба кӯдаки ширмак бихӯронанд ва агар ба он хӯронидан бинобар талхӣ душвор бошад, ба модари тифл бихӯронанд, таъсираш бо воситаи шири модар ба кӯдак гузашта, кирми шиками кӯдакро дафъ мекунад...

Агар се рӯз пайи ҳам ба миқдори 4,5 грамм сабирро бихӯранд ва се рӯз тарк намоянд ва боз се рӯз биёшоманд, гиреҳҳои ғадудмонандеро, ки кӯҳна шуда бошанд, ба таҳлил мебарад, яъне гудохта нест мегардонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз сабир дар як рӯз 4,5 грамм аст;

5,25 грамми он исҳол меоварад ва 10,5 грамми онро бихӯранд, баданро аз ахлоти мурдор пок мегардонад.

Аммо сабирро аз ҳад зиёд ва бардавом бихӯранд, ба исҳоли хунин гирифтор менамояд.

Вале сабирро ёфтан душвор гардад, баробари вазни он талхшувоқ ва ё ним вазни он заъфарон истеъмол намоянд, раво мебошад...

Вале истеъмоли сабир ба дарун ба рӯдаҳо, меъда, ҷигар ва ҷигари заиф, инчунин ба мақъад зарар дорад, зеро ки сустиовар ва кушояндаи рагҳои мақъад мебошад ва рӯдаҳоро, мумкин аст, бихарошад.

Давояш: агар ба рӯдаҳо зиён кунад, катиро бояд хӯрд; агар меъда ва ҷигарро суст гардонад, мустако ва гулисурх бояд истеъмол фармоянд; чун ба мақъад зарар оварад, он мавзеъро бо равғани гулисурх ё равғани бунафша чарб намоянд ё чарбии бузро бимоланд, ислоҳ мепазирад.

Сабирро бо асал ва ҳалилаи зард биёшоманд, қуввати таъсири онро зиёда мегардонад, зеро ҳар дуи инҳо қувватбахши сабир мебошад.

Аммо сабири пастсифатро бе зарурат истеъмол кардан ҷоиз нест, зеро ки вай то се рӯз дар меъда мемонад ва ҳеҷ поён намефурояд, инчунин ғамгин мекунад ва ба изтироб меоварад...

Сабирро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад; шилпуқӣ, хориш ва қӯтури пилкҳои чашмро дафъ мекунад, пилкҳои ғафсгаштаро ба эътидол меоварад, захмҳои чуқури чашмро пур мегардонад ва онро фарбеҳ месозад, хуни ба тарафи чашм барангехташавандаро қатъ менамояд.

Сабирро бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, реши чашм, қӯтур ва дардҳои онро, ки аз ҷониби бинӣ бошанд, дафъ мекунад ва рутубатҳои зиёдатии чашмро хушк мегардонад.

Ин таркибро ба пешонӣ ва чаккаҳои сар бимоланд, майнаро аз моддаҳои зарарноки сафровӣ пок менамояд ва дарди сарро таскин медиҳад...

Сабирро бо намак ва танакори арманӣ (яъне танакори сурх) даромехта, бар пеши сар бимоланд, назлаҳои сардро манъ мекунад, майнаро гарм ва рутубати зиёдатии онро хушк месозад; агар бо оби барги зуф ва сирко сиришта бимоланд, решҳои тари сари кӯдаконро шифо мебахшад; ва агар танҳо бо оби барги зуф даромехта бимоланд, захмҳои гӯш ва биниро ба ибро меоварад; бо равғани кадуи ширин якҷо карда бимоланд, барои ҷароҳатҳои бинӣ даво мешавад; бо мӯрд (мирт) ва шароб сиришта бимоланд, мӯйи сар ва ришро сиёҳ, инчунин шапуши он мавзеъҳоро дафъ мекунад ва мӯйро, ки аз качалӣ (калъяра) рехта бошад, аз нав мерӯёнад; бо асал сиришта бимоланд, узвҳои зарба ва латхӯрдаро, ки хун дар он ҷо мурда ва кабуд гашта бошад, шифо мебахшад...

Сабирро бо асал сиришта бимоланд, доғҳои пӯстро дафъ мекунад, дарди сар ва назлаҳоро ба ибро меоварад, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад; барои доначаҳои мӯрчагазак, вабои сурх, милкаки нохун, решҳои хабиса, дардҳои пушт ва буғумҳо даво мешавад; бавосирро нафъ мебахшад; бо шароб ва асал даромехта бимоланд, барои узвҳои латхӯрда, офати мушакҳои ду тарафи забон, хунравии милки дандон, варамҳои даруни даҳан ва сӯрохҳои бинӣ, решҳои душвор беҳшаванда, хусусан, ки дар рӯйи бинӣ, закарҳо ва мақъад бошанд, дору мешавад...

Бо оби кашнизи тар ва сирко даромехта бимоланд, сурхбод, шаро (аллергия)-ро, бо шароби ширин сиришта бимоланд, донаҳои бавосир ва барҷаставу овехтаи донаҳои бавосирро дафъ месозад ва омадани хунро аз онҳо қатъ мегардонад, кафидани мақъадро ба ибро меоварад; бо оби пиёзи гандано сиришта бимоланд, донаҳои бавосирро меафтонад, аммо бояд ки баъд аз афтодани донаи бавосир он мавзеъро бо омехтаи аз сойидани равғани гулисурх ба сурб (қӯрғошим) бимоланд.

Сабирро бо оби гандано ва пӯсти мор пухта, батакрор бимоланд, донаи бавосирро меафтонад ва дар ин амал назир надорад...

Агар сабирро сойида батанҳоӣ ё бо асал даромехта бимоланд, ҷасади мурдаро аз вайрон шудан ва бадбӯ гаштан нигоҳ медорад.

Сабирро сойида, бо сирко даромехта, бо ин таркиб сарро бишӯянд, сабӯсаки сар ва ширинчаро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Сабирро сӯхта, дудашро бо воситаи найча ва ё бо қиф батакрор бикашанд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад.

Бо сойидаи сабир ҳуқна кунанд, барои бавосир фоида дорад...

Сабирро хушк карда, кӯфта бипошанд, захмҳоро хушк карда сиҳат менамояд; барои захмҳои закар ва фарҷи занон ва узвҳои дигари асабонӣ даво мешавад; агар бо кӯфтаи устухони пӯсида баробарвазн даромехта бипошанд, решҳои хӯранда, бавосир, решҳои хабисаро нест мекунад.

Барги онро аз миёнаш чок карда, ба он кӯфтаи зардчӯба ва афюни маҳинсойидаро пошида, ба варами каши рон, ки хиёрак меноманд, гарм карда банданд, онро таҳлил медиҳад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба