МУҲАББАТИ МОДАР
Маъмури давлатӣ дари хонаашонро тақ-тақ кард. Пиразан дарро боз намуд.
Маъмур пурсид:
— Дар хона чанд нафар ҳастед? Шиносномаҳоятонро биёваред, то сабти ном кунам.
Пиразан аз дарвоза берун баромад, ба охири кӯча нигоҳ кард ва бо чашмони пур аз ашк гуфт:
— Агар имкон бошад, фардо биё ва саршумори хонаи моро ба фардо гузор.
Маъмур гуфт:
— Модар, чӣ фарқе мекунад? Фардо ҳам мисли ҳамин рӯз аст. Дар як рӯз кам ё зиёд намешавед.
Пиразан гуфт:
— Бале, мешавад. Писарам 31 сол боз рафтааст, шояд имрӯз баргардад ва мо то фардо се нафар хоҳем шуд…
Фардо маъмури давлатӣ дари хонаашонро тақ-тақ кард, аммо пиразанро наёфт.
Ҳамсояи пиразан ба маъмур гуфт:
— 31 сол аст, ки пиразан ҳар куҷое, ки равад, калиди хонаашро ба ман медиҳад ва мегӯяд:
— Шояд дар набудани ман писарам ояд ва хаставу монда шуда бошад, калидҳоро ба ӯ деҳ, ки то омадани ман истироҳат кунад ва ором бошад.
Муҳаббати модар ба фарзанд инчунин аст. Муҳаббати ту чӣ, хонандаи азиз?!
Ҷое хонда будам: «Тилло дар оташу зан дар зиндагӣ» маълум мешаванд. Гумон мекунам, мантиқан ин панде, ки овардем, симои оҳарину нозанин ва покизагии модаронро он соне, ки ҳастанд, бозгӯ мекунад, зеро, қабл аз ҳама, модар отифаи ботаровату зебо ва офаранда аст. Ба таъбири Пешдодиён, ҳеҷ каси дигар дар зиндагӣ наметавонад муҳаббати аниқтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад.
Мани эҷодкор низ ба андешаи тулонӣ рафта, хостам, ки аз меҳру садоқат, самимияти беандоза бузурги модар, аз хушрӯию заҳмати бетакрори ин чеҳраи нуроние, ки мо, фарзандонро ба олами ҳастӣ овардаву чун ватанпарвари асил тарбия намудааст, дурри лолою дилчасп, суханони ноберо мисли шаддаи марҷон ҳамел намояму онро рамзан бар гардани ин олиҳаи ҳусни латиф, нарму нозанин, зебову фаттон ва аз гуҳар ҳам болотар овезаму лаҳзае ҳам бошад, назди руҳаш сари суҷуд оварам.
Бузургон бисёр гуфтаанд, ки модари хуб аз сад устод ва омӯзгор бартарӣ дораду ҳар ҳарф ва ҳиҷои модар муқаддасу гиромист барои фарзанди накухисол. Оре, оре ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро ин олиҳа офаридгору бахшоянда низ мебошад. Ба ибораи дигар, дар оини аҳду вафо ва сидқу сафо аз модар дида, вафодору бахшояндатар дигар касе нест ва буда ҳам наметавонад!
Оғўши модар-биҳишти инсон.
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирии ў гардад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ шодравон Лоиқ хуб ҳам фармудааст:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ўро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ, шоир фармудааст:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ дар ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар…
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршўри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсўзию мушфиқиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромўшӣ месупорем ва гоҳҳо носипосиҳоеро баҳраш раво медорем. Аммо баъд, аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайҳо дер шудаасту дигар ўро пайдо карда наметавонем. Моро тарк гуфтани модар дар ин дунёи бевафо фоҷиаи хеле гарон аст:
Модар, модар, каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ў ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.
Ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлўи модар ва хоб дар рўйи зонуи модар беҳтарин лаҳзаи умри мо буду ҳаст:
Такя дар паҳлўи модарҷон, ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.
Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии ўро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно ва сӯфии беназир Шайх Аттор ин ҳадисро дар пироҳани назм пешкаши хонандагон қарор додааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шўҳратёр мегардад:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар…
Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои устод Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:
…Аз сарвату зи шўҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар. Зиҳӣ, модарам. Зиҳӣ, давлати бедорам. Зиҳӣ, модарам, ки бо ҷону дил дўсташ медорам. Зиҳӣ, модар!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё